БАРГУЗОРИИ ХОНИШИ СИЁСӢ

Автор: ИИПСАЕ

Расм

БАРГУЗОРИИ ХОНИШИ СИЁСӢ

“Вақтҳои охир тамоюли бегонапарастӣ ва ба фарҳанги бегона майл намудани занону духтарони кишвар, ташвиқи либосҳои бегона дар баъзе шаҳру ноҳияҳои мамлакат низ ба як раванди ташвишовар табдил ёфтааст. Ҳисси бегонапарастӣ ва тақлидкорӣ дар мавриди сару либос ва рафтору гуфтор дар байни занону духтарон метавонад ба устувории рукнҳои фарҳанги миллӣ таъсири манфӣ расонад. Агар иддае ба хотири тақлид ба ин тарзи либоспӯшӣ завқ пайдо карда бошанд, баъзеҳо бо мақсади таблиғи ақидаҳои таҳмилӣ ин либосро миёни занону духтарони мо паҳн карда, мехоҳанд дар кишвар боз як ҷараёни нави ифротиро ҷорӣ намоянд”.

Эмомалӣ Раҳмон

12 июни соли равон бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии “Дипломат” ва Шурои занони Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонбахшида ба соли “Маърифати ҳуқуқӣ”, “30 солагии ҲХДТ” ва “Ваҳдати миллӣ” хониши сиёсӣ бо иштироки меҳмонон ва кормандони Институт баргузор карда шуд.

Тибқи барнома, директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, д.и.ф., профессор Ҳайдарзода Рустам Ҷӯра суханронӣ намуда, оид ба масъалаҳои мубрами рӯз андешаронӣ намуд. Р.Ҷ. Ҳайдарзода қайд намуд, ки либоси миллии тоҷикӣ як ҷузъи фaрҳaнги бою ғaнии миллaти соҳибтaмaддуни мо бa шумор мерaвaд. Он ёдгор aз aҷдодони соҳибхирaд вa тaърихофaрaмон будa, дaр тӯли қaрнҳо зебоӣ вa ҷaззобияти худро гум нaкaрдaaст. Хушбaхтонa, бaъди бa дaст овaрдaни Истиқлоли дaвлaтӣ бо тaвaҷҷуҳи роҳбaрияти кишвaр бa эҳёи ҳунaрҳои мaрдумӣ вa тaшвиқу тaрғиби либоси миллӣ, бори дигaр ин ғaновaти фaрҳaнгӣ вa тaърихии миллaти тоҷик дaр кишвaр вa берун aз он мaҳбубият пaйдо нaмуд.

Бояд ёдрас гардид, ки чунин хонишҳои сиёсӣ бо иштироки намояндагони боломақоми ҳукуматӣ пайваста дар Институти мазкур гузаронида мешавад. Бинобар ин дар чорабинии мазкур, муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аҳмадзода Дилноза Даврон иштирок ва суханронӣ намуда, қайд намуд, ки дар баробари ҳамаи ин таваҷҷуҳи роҳбари мамлакат нисбат ба баланд бардоштани мавқеи занону бонувон кам нагардида, дар кишвар бо мақсади дастгирии минбаъдаи занону бонувон “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” ва нақшаи амалисозии онро барои солҳои 2021-2025 таҳия ва амали он ба роҳ монда шудааст.

Сипас, мудири шуъбаи Аврупо, д.и.т., профессор Воҳидова Санавбарбону дар мавзуи “Таърихи атласу адрас дар фарҳанги тоҷик” баромад намуда, иброз дошт, ки атлас матои мунаққашест, ки тораш аз абрешиму пудаш аз ресмони пахтагин буда, дар дастгоҳи махсус бофта мешавад ва ба саломатӣ манфиатбахш аст. Атлас матои рангаю сернақшунигор буда аз рӯзи пайдоишаш то ба имрӯз сифат ва мавқеи хоси худро гум накарда, дар байни газворҳои дигари бофандагӣ “шоҳи матоъҳо” ба ҳисоб меравад.

Инчунин, ходими пешбари илмии шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздик н.и.ф. Ваҳобова Назирахон дар мавзуи “Нақши занон дар таҳкими оила” баромад карда, иброз намуд, ки “Оила бо ҳама соддагии зоҳириаш, ҷаҳони мураккаб аст ва таҳкиму солимии он аз зан сахт вобастагӣ дорад. Аз суханрониҳои Пешвои муаззами миллат низ мисолҳо оварда қайд карданд, ки “Нақши зани босавод дар тарбияи кӯдакони солиму солимандеша ниҳоят муҳим аст”.

Ходими пешбари илмии шуъбаи Аврупо, н.и.ф. Мадимарова Гулҳаё дар мавзуи “Либосҳои миллӣ бозгӯяндаи арзишҳои миллист” гузориши илмӣ намуда, оид ба фарҳанги либоспӯшии тоҷикон суханронӣ намуд. Инчунин, дар баромадаш қайд намуд, ки либоси чакан нақшҳои ба худ хос дошта, дар аксари матоъ офтоб ва гулҳои гуногун тасвир ёфтааст.

Дар фарҷоми барнома устодони ботаҷриба мулоҳизаронӣ намуда, ҷиҳати баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ ва арҷ гузоштан ба фарҳангу миллат ба иштирокдорон тавсия ва пешниҳодҳои муфид намуданд. Ҳамчунин, нерӯи созандаи занону бонувони ватандӯсти ободгари тоҷик давоми солҳои соҳибистиқлолии кишвар нақши онҳоро дар устувор гардонидани тамоми паҳлӯҳои ҳаёти ҷамъиятиву сиёсии кишвар афзун намудааст. Имрӯз бо қаноатмандӣ метавон қайд намуд, ки тайи зиёда аз 32 соли соҳибистиқлолии мамлакат занону бонувон дар тамоми соҳаҳо баробари мардон хизмати босамар намуда истодаанд.

Бознашр:

https://amit.tj/tj/barguzorii-khonishi-siyosi

НАЗАД