Чашмандозе ба таҷлили Баҳору Наврӯз дар Покистон (бардоштҳо аз кишвари ҳавзаи Наврӯз)

Автор: ИИПСАЕ

Расм

  Омадани фасли баҳору шукуфтани гулу лолаҳо, навидбахши фарорасии Наврӯз мебошад, ки бештари мардумони ҷаҳон бо барпо кардани ҷашнҳои рангин онро истиқбол мегиранд. Қавму миллатҳои ҷаҳон бо доштани фарҳангу тамаддун, ҷашну маросим бозгӯ ва эҳёгари ҳувияти миллӣ мебошанду пайваста талош мекунанд, то тамаддуну фарҳангашонро эҳё карда, рушд диҳанд.
  Мавриди зикр аст, ки Наврӯз яке аз қадимтарин ҷашнҳои ниёконамон ба шумор рафта, мутобиқи тақвими солшумории шамсӣ ва низоми ҳаракати сайёраҳо 21-уми март шабу рӯз баробар шуда, аввалин рӯзи Баҳор оғоз мегардад. Дар ин зимн, соли 2010 Наврӯз бо ташаббуси Тоҷикистон ва кишварҳои дигар дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун ҷашни ҷаҳонӣ пазируфта шуд.
  Дар «Наврӯзнома»-и Умари Хайём ва «Ал-тафҳим»-и Абӯрайҳони Берунӣ зикр гардидааст: Наврӯз дар даврони гуногун таҷлил карда мешудааст ва албатта, бо шаклҳои гуногун таҷлил мегардидааст.
  Бояд қайд кард, ки минтақаи Осиёи Марказӣ ва қораи Ҳинд бо фарҳангу забонашон дар байни дигар фарҳангҳо мақоми хосро доранд. Тибқи сарчашмаҳои таърихӣ кишварҳои Ҳиндустону Покистон минтақаеанд, ки дорои қавму русуми гуногун мебошанд. Кишвари Покистон яке аз аввалин кишварҳоест, ки истиқлолияти Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва боиси ифтихор аст, ки шаҳри Душанбе ва Лоҳур аз солҳои 1973 инҷониб бародаршаҳр эълон гаштаанд. Муштаракоти зиёде байни Тоҷикистону Покистон вуҷуд дорад, ки яке аз онҳо маросими ҷашни Наврӯз мебошад, ки тибқи сомонаи расмии Вазорати хориҷаи Тоҷикиситон дар таърихи 5-уми апрели соли 2018 аввалин бор дар таърихи Покистон ҷашни байналмилалии Наврӯзи Аҷам дар Вазорати корҳои хориҷии Покистон расман ҷашн гирифта шуд, ки он бо ибтикори сафоратҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Исломобод ба вуқӯъ пайваст. Дар соли 2016 ЮНЕСКО бо қарори худ Покистонро ба рӯйхати кишварҳое, ки Наврӯз дар онҳо ҷашн гирифта мешавад, илова намуд ва он дар ин кишвар ба номи «Новроз» ва ё «Ҷашни баҳорон» маъмул аст. Сомонаи Вазорати хориҷаи Тоҷикистон. Ҷашни байналмилалии Наврӯзи Аҷам дар Покистон https://mfa.tj/tg/main/view/3139/jashni-bainalmilalii-navruzi-ajam-dar-pokiston
  Наврӯз аз замони ҳукмронии сулолаи Пешдодиён сарчашма гирифта, то ба имрӯз дар миёни аҳолии Осиёи Марказӣ, Қафқозу Шарқи Наздик, соҳили Баҳри Сиёҳ ва Шарқу Ғарб ҷашн гирифта мешавад. Ҷашни Наврӯз дар маҳаллаҳои гуногуни Покистон ба шеваҳои мухталиф баргузор мешавад.
  Мардуми Покистон Наврӯзро хеле самимӣ ва шоён пешвоз мегиранд. Рӯзи аввали Наврӯзро «Олами рӯшноӣ» номида, бар он боваранд, ки бо омадани Наврӯз олам мунаввар мегардад. Баъзе аз аҳолии Покистон Наврӯзро ҳамчун ҷашни динӣ пазируфтаанд ва онро бо ояту дуо пешвоз мегиранд. (Сомонаи Парс тодай. Наврӯз дар Покистон 23.03.2021https://parstoday.ir/tg/news/world)
  Дар Покистон ҳангоми фарорасии иди Наврӯз шаби шеъру суруд ва рақс баргузор мегардад. Наврӯз дар миёни мардум «Ҷашни гули сурх» ва дар тақвими расмӣ «Иди Наврӯз» номида мешавад. Дар рӯи хони идона гузоштани Қуръон, оина, шамъ, гул, сабзавот ва парчам рамзи ин сарзамин буда, ғизо ва ширинӣ (суманак) хайр мекунанд. Аёдати хешу табор, зиёрати оромгоҳ ва дидор бо дӯстон аз суннатҳои ҳатмии ин кишвар мебошад. (Фараж. Ҳавзаи Наврӯз 12.03.2022 https://farazh.tj/sahifai-asosy/farhang/avzai-navruz/)
  Табиист, ки омад-омади фасли баҳор рангорангии табиатро афзун дода, мардуми ҷаҳон, аз ҷумла Ҳиндустон онро тавассути ҷашни “Ҳолӣ”, Покистон ва минтақаи Панҷоб бо “Басант” ва Гилгету Чатролу Свот онро чун “Оғози мавсими кишти баҳорӣ ё Наврӯз” истиқбол менамоянд. Истилоҳи Наврӯз ба забони форсӣ-тоҷикӣ маънои «Рӯзи нав» буда, омадани аввали баҳорро мефаҳмонад. Наврӯз ва маросими он хоси тамаддуни аҳли форс мебошад, ки собиқаи ҳазорсола дорад. Дар даврони салтанати Муғулҳо низ дар қораи Ҳинд ин ҷашнро қайд мекарданд.
  Роҷеъ ба он муаррихон ва нависандагону шоирони Осиёву Аврупо китобҳои зиёде навиштаанд. Яке аз адибон ва рӯзноманигорони минтақаи Осиёи Ҷанубӣ Сайид Сибти Ҳасан (тав. 31 июли 1916 - ваф. 20-уми апрели 1986) дар китобаш зери унвони “Мози ке мазор” (Мазори гузашта) оид ба аҳамияти таърихии ҷашнҳо чунин менигорад: «Дар замонҳои қадим ҷашни мавсимӣ ин Наврӯз буд ва ин ҷашн дар ҳама ҷо дар фасли баҳор барпо мешуд. Дар ин асно расму тамаддуни ақвоми гуногун мавриди намоиш қарор мегирифт»...
  Бояд қайд кард, ки адиби мазкур дар моҳи июли соли 1916 дар маҳаллаи Амбарии Утар Прадеши Ҳиндустон таваллуд шуда, хатмкардаи донишгоҳи Алигарҳ мебошад. Таҳсилоти олиашро дар донишгоҳи Колумбияи Амрико ба итмом мерасонаду соли 1948 ба шаҳри Лоҳури Покистон кӯч баста, дар маҷаллаи "Неё адаб" (Адабиёти навин) ва "Лайлу наҳор" (Шабу рӯз) фаъолият мекунад. Таълифоташ, аз ҷумла "Маркс аур Машриқ" (Карл Маркс ва Шарқ) дар бораи афкори Маркс, Энгелс ва тамаддуни Шарқу бунёди ҷомеа чоп шуда, пешкаши хонанда гаштанд. Аз эҷодиёти дигараш "Афкори тоза", "Адаб аур рушан хаёле", "Сухан дар сухан", "The battles of ideas in Pakistan", "Инқилоби Эрон", "Навиди фикр", "Шаҳри нигарон", "Мусо се Маркс так", «Pakistan main Tehzeeb ka Irtaqa" ва  "Мазе ке мазор" низ мебошанд.
  Мутобиқи таҳқиқот ва бозрасиҳои илмии Сибти Ҳасан дар водии дарёи Даҷла ва Фурот се ҷашни мавсимӣ мавҷуд буданд, ки Наврӯз яке аз онҳо мебошад. Ин ҷашн дорои се унсури асосӣ мебошад. Аввал намоиши тасвирии коинот, ки дар он подшоҳ қаҳрамонӣ нишон медиҳад. Дувум тоҷпӯшии подшоҳ аз нав сурат мегирад ва савум оиладоршавии шоҳу хонумаш мебошад.
  Ёдовар мешавем, ки Покистони имрӯзаро қавмҳои гуногун ба мисли Синдӣ, Панҷобӣ, Сарҳад ташкил медиҳанд, ки дорои расму русуми хоси худ мебошанд. Ва ҳар қавму қабила ин русумоташро дар барномаҳои гуногун намоиш медиҳанд.
Омодагӣ ва истиқболи Наврӯз дар манотиқи гуногуни Покистон ба таври хос сурат мегирад. Инро мардум чун ҷашни эронӣ мешиносанд, ки оғози баҳор буда, зироаткорон ва деҳқонон аввалин донаро ба замин пошида, барои ободӣ ва зиндагии гуворо умеди тозаеро истеҳком мебахшанд. Мардум Наврӯзро "Оламафрӯз" низ мегӯянд, ки ба маънои рӯзи тоза расида, ки вурудаш ҷаҳонро равшан ва дурахшон мекунад. Дар ин айём мардуми атроф ба мисли Дера Исмоилхон, Кувайта ва Порочанор маросимҳо ва расму русуми худро бозкушоӣ карда, тамоми хона, кӯчаву хиёбон, ибодатхона ва боғҳоро тоза карда, онҳоро чароғон мекунанд.  
  Баъзе аз мардуми Покистон дар шаби Наврӯз дар хонаҳои худ маҳофили наъту ғазалсароӣ баргузор карда, дар он ғазалсароён ва наътхонони машҳурро барои боз ҳам хубу ҷолиб шудани маҳфил даъват мекунанд. Дар шаҳри Кувайта кулчаҳои махсус ва шириниҳои хос ба монанди "Рас малоӣ", "Суҳон ҳалво" ва "Барфӣ" пухта, мардум якдигарро муборакбод менамоянд. Дар манотиқи шимолии Покистон алалхусус Гилгет, Балтистон, Свот ва Чатрол ба таври расмӣ Наврӯзро ҷашн гирифта, сокинон аз омадани фасли баҳор ва ниҳолшинониву донашинонӣ, хурсандиҳо барпо мекунанд. Ҳадя додани тухми мурғҳои рангин ба якдигар, боздид аз хонаводиҳои якдигар ва бозӣ ва тамошои бозии чавгонро метавон расму русуми асосии мардуми инҷо шуморид.
  Бештари мардуми вилояти Панҷоб онро "Ҷашни баҳорон" номида, дар шаҳри Лоҳур ҳар сол бо омадани баҳор маросиме бо номи "Рӯзи басант" ё "Ҷашнвораи парвози бодбодак" баргузор мекунанд. Дар ин айём мардум анвои хӯрок таҳия карда, хурсандиҳо мекунанд. Тибқи ривоятҳо Басант дар асл Васанта мебошад, ки дар забони санскритӣ маънои баҳорро мефаҳмонад, нахустин маротиба бо ташаббуси Маҳараҷа Ранҷит Синкҳ бодбодакбозӣ барои дилхушии мардум муаррифӣ шуд. Мардум бо матои хос ё коғазпораҳои рангкарда, бодбодакҳои хурду калон сохта, зери садои мусиқиҳои классикии худ "ҳавопаймобозӣ" мекунанд.
  Ҳамин тавр, феставали "Ҷашни Баҳорон" ҳамасола дар нимаи охири моҳи феврал оғоз шуда то 23 март идома меёбад, ки дар он намоиши ҳунармандон, намоиши гулҳо, маҳоратҳои варзишӣ, озмунҳои гуногуни сурудҳои анъанавӣ барпо мегарданд. (Рӯзномаи Трибуни Покистон 06.03.2022 https://tribune.com.pk/story/2346653/jashan-e-baharan-mela-from-march-18)
  Чорабинӣ барои ҷавонон имкон медиҳад, ки аз фарҳанг, ҳунарҳои дастӣ ва ғизои чаҳор музофот, Озод Кашмир ва Гилгит-Балтистон огоҳӣ пайдо карда, дар партави рафоқату ҳамдилӣ бо коштани донаи меҳру муҳаббат умр ба сар баранд.
  Хулоса, ҷашни Наврӯз дар ҳамаи атрофи олам аз замонҳои хеле қадим бо зиндашавии табиат ва фарорасии фасли баҳор ҷашн гирифта мешуд, ки тавассути он мардуми сайёра зебоиҳои муҳити оламро қадр карда, барои равнақу шукуфоии он дастаҷамъона барномаҳои хоси иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ташкил менамуданд, то тавонанд якдилона ин табиати зеборо бо дили соф, меҳри инсонӣ ва чашми хирад мусаффову зиннат бахшанду озоду орому обод умр ба сар баранд.

Адабиёт:
  1. Сомонаи Вазорати хориҷаи Тоҷикистон.Ҷашни байналмилалии Наврӯзи Аҷам дар Покистон https://mfa.tj/tg/main/view/3139/jashni-bainalmilalii-navruzi-ajam-dar-pokiston
  2. Фараж. Ҳавзаи Наврӯз 12.03.2022 https://farazh.tj/sahifai-asosy/farhang/avzai-navruz/
  3. Faiz festival-Tribute paid to Sibte Hasab,The Express Tribune newspaper Retrieved 22 February 2018
  4. Naeem Raza "100 years with Sibte Hassan-Understanding the life and legacy of Sibte Hasan, The News International, Retrieved 22 February 2018
  5. Pakistan Chronicle,Aqeel Abbas Jafri,Virsa/Fazlee Sons,Karachi,Pakistan,2010,page 595
  6. pakistaninfo.com/2017
  7. Camille Mirepoix,Grenich,1967 –Now Pakistan-Karachi -Pakistan-350 pages
  8. Сомонаи Парс тодай. Наврӯз дар Покистон 23.03.2021https://parstoday.ir/tg/news/world
  9. Рӯзномаи Трибуни Покистон 06.03.2022 https://tribune.com.pk/story/2346653/jashan-e-baharan-mela-from-march-18
 
Мирсаид РАҲМОНОВ,
ходими калони илмии
Институти Осиё ва Аврупои АМИТ

НАЗАД