Дин ва чолишҳои постмодернӣ

Автор: ИИПСАЕ

Расм

Қисми - 8
 
Вижагиҳои боризи даврони посмодерни мо ҳамлаи доимӣ ба мафҳумҳо ва ҳақиқати модернизм аст. Модернизм моҳиятан лоиҳаи чорсад солаест, ки дорои раванди дур шудан аз имон ва эътиқод (инчунин хурофоти оддӣ) ҳамчун асос барои дарки корҳои ҷаҳони моддист.
Модернизм дарбаргирандаи ақл, хирадгароӣ (ратсионализм), илм, мусбатгароӣ (позитивизм) ва таҷрибагароӣ мебошад. Дар натиҷа, ҳар дине маҷбур шудааст, то дар бисёре аз мавзуъҳои амиқи худ дар мавриди масъалаҳои ҷаҳони моддӣ таҷдиди назар кунад ва моҳият, манбаъ ва мизони иқтидори диниро дар назар бигирад.
Ҳама динҳо маҷбуранд эътироф кунанд, ки афкори модернистӣ асоси фалсафии ҳукмрон ҷомеаи муосир буд .
Рушангарӣ имони ҷадидеро ба неруҳои таълим ва ақлгароӣ бино ниҳод ва хушбинии наверо эҷод мекунад, ки ба василаи он инсонҳои огоҳ ва боақл, оқилона аз ин ру интихобҳои ахлоқӣ барои беҳзистии худ ва ҷомеа анҷом медиҳанд. Ҳокимият акнун метавонад танҳо бо нишон додани маҳоратҳо ва дониши қобили исбот ва на бо маҷбур кардан ба эҳтироми анъанаҳо ва бузургон пазириши худро ба даст оварад.
Дар ҳоле, ки таҷрибагароӣ ҷойгузини тавзеҳоти асосҳои имон ё ирфони дунёи моддӣ шуд, аммо динро дар масоили арзишҳои маънавӣ ва ахлоқӣ ҷойгузин накарда ва ҳаргиз нахоҳад кард. Илм ҳаргиз наметавонад ба саволҳои фалсафӣ ба мисли чаро мо дар дар рӯи замин ҳастем, ҳадаф аз зиндагии фардӣ бояд чӣ бошад ва маънои марг чист, ҷавоб диҳад. Ин хел бояд набошад.
Аммо шакку тардидҳое, ки дар мавриди фоидаҳои ақлгароӣ ва позитивизм вуҷуд дорад аз ҳамон аввалҳо дар интиқодҳои мухталифе аз проекти рушангарӣ вуҷуд доштааст - ҳатто ба ин нигоҳ накарда позитивизм дар асри мо аз пешрафтҳои чашмгири технологӣ ва илмӣ баҳравар гардид. Ва бисёре аз мунаққидони модернизм дар воқеъ исботи тарсҳои худро дар поин омадани арзишҳои ахлоқи қарни бистум дарёфтанд; даҳҳо миллион нафар аз мардум тавассути равандҳои “ақлонӣ”-и давлат ва идеологияҳои моддӣ бо равише воқеан беназир дар таърихи ҷаҳон кушта шуданд ва ба арзишҳо ва ҳатто эътибори асосҳои ахлоқии модернизмро зер шакки ҷиддӣ қарор доданд.
Модернизм суннатгароиро (анъанавӣ) барҳам пошид. Боварӣ ба фармонҳои муқаддаси осмонӣ, ки ҳама чизро дар як макони муқаддаси низоми илоҳӣ вогузор мекунад, онро бо далели норушане (бештар аз назари ахлоқӣ норавшан) бюрократияи ғайриахлоқӣ расмӣ, саноаткунонии неруҳои ғайри инсонӣ ва корбурдҳои бозорӣ ҷойгузин кард.
Аммо бо пайдоиши пайомадҳои зиндагии сиёсии қарни ХХ имконияти материалистӣ ва руҳонии ақлгароӣ ва ақл ба таври физояндае тарсафкан шуд. Ниче кайҳо дар бораи арзишҳои ахлоҳӣ ва иҷтимоии “марги Худо” мулоҳиза кард. Фрейд эҳтимоли вуҷуди хирадгароии воқеии дар зеҳни инсонро низ мавриди омӯзиш қарор додааст. Ҳамон тавре, ки ӯ кашф кардааст (зеҳни инсон) таҳти султаи ангезаи шайтонҳои пинҳон, такон диҳанда ва васвасакунандаи идеяҳо дар масириҳои нохудогоҳ аст, ки фақат то ҳадде аз роҳи ҳунари ноқиси равонковӣ (психоанализ) ошкор мешавад. Ҳамла ба дин ва ҳикмати иктишофии илоҳӣ бо зуҳури тадриҷии андешаи посмодернизм як қадам фаротар рафт. Бо посмодернизм, худи вуҷуди “ҳақиқат” машкук шуда, ба унвони як мафҳуми комилан нисбӣ бозтоб шуд. Чашмандози бузурги посмодернистӣ дар он ҷамъбаст карда мешавад, ки ҷаҳонбиниҳои бисёр, нисбигароӣ, носозгории маҷозии ривоятҳои мухталиф дар мавриди ҳар яке аз зиндагии ҷудогонаи мо ва баёни ин ки қудрат таъин мекунад, ки “ҳақиқат” чист тақвият ёбанд. Чигуна дарки як марди сафедпусти амрикоӣ аз “воқеияти” таърихӣ ва иҷтимоӣ аз дарки як зани сиёҳпуст фарқият надошта бошад? Оё дидгоҳи амрикоии муваффақ бо дидгоҳи мусулмони заиф нисбат ба ҳамон воқеият дар ҷаҳон ҳеҷ иртиботе надорад? Ҳақиқати ривояти як шахс ё як фарҳанг дар ҳоло ҳозир аз ривояти дигаре ба шиддат фарқ дорад?
Шинохти ин теъдоди ривоятҳо ва нақши дурнамои (чашмандоз) нисбӣ дар арзёбии “ҳақиқат” ба ҳеҷ шарте амиқан аз назари тақдиси фард, ташвиқи баробарии иҷтимоӣ ва сиёсӣ ва маҳори арзишҳои ахлоқии таҳмилшудаи зеҳние, ки дар зери мутлақият пушонида шудаанд, озод мекунад. Ҳамин тавр барои дин аз замонеки модернизм ҷойгузини имон бо илм ва ақл шуд ва посмодернизм, ки на ақлонияти ягона ва на ягон ҳақиқат ё дурнамои воқеияти ягона дар баҳри нисбиятро инкор мекунад, замони сахтест. Ё ҳамонгуна ки тавассути Муқтадир Хон шево баён шудааст: вуҷудияти посмодернизм, ки қалбаш аз имон холӣ нест ва зеҳн бе ақл ноболиғ аст метавонад пояҳои шиканандаи модернизмро аз байн бибарад, хотироти суннатгироиро масхара кунад, аммо наметавонад дарк ва на бо бозгашти имони посмодерн муомила кунад... Касоне, ки дар ҳоли бохт барои модернизм зидди посмодернизм ҳастанд, эҳёи имонро ба унвони бозгашт ба собиқаи промодернитаро рад мекунанд. (8). Муқтадир Хон ҳамчун далел меоварад, ки дар он вақте ки аҳамияти қариб тамоми динҳо ҳамчун “ҳавзаи хусусӣ” буд ё ҳатто ба одоб ва русум ва аҳком гоҳу ногоҳ эҳтиёҷ пайдо мекарданд, Ислом эҳё ё таҷаддуди бузургеро дар асри ХХ таҷриба кард. Ин бешак аз бисёр ҷиҳатҳо дуруст аст, аммо мо бояд чанд суоли ҷиддӣ бипурсем, нисбати ин ки, он дар воқеъ чи маъно дорад.
Оё ин муаррифии давраи дигаре аз падидаи классикии таҷдиди ислом нест, ки дар давраҳои мухталифи буҳрон дар таърихи мусулмонҳо зоҳир шудааст? Ё ин бор вай ҳақиқатан чизҳои дигареро муаррифӣ мекунад ва пешниҳоди тафаккури ҷадид дар мавриди нақши ислом дар ҳукмронӣ ва ҷомеа таҳти шароити нав ва бесобиқаи зиндагии мусулмонон: ҷаҳонишавии куллӣ ва демократи кардани давлат ва ҷомеа дар дунёи посмодерн мебошад?
Агар ислом ба соддагӣ инчунин чархаи дигаре аз ренесанси исломиро дар тули буҳрон тай кунад, пас эҳёи исломи ҳозира, як бори дигар нақшаҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ маҷбур ба бозсозӣ ва тағйир дар ҷаҳони исломро амалӣ мекунад, ки мумкин аст пас аз он ба ҳамин далелҳо маҳв шавад, ки мо маҳв шудан дар амалкарди умумии ҳамаи боварҳои динҳоро мушоҳида мекунем. Ба ибораи дигар, агар бештари динҳои ҷаҳонӣ “посухҳои муносиб” барои буҳронҳои муҳими сиёсӣ ва иҷтимоии асри мо пайдо накардаанд, оё ислом беҳтар анҷом медиҳад. Аммо дар воқеъ мушкилоти модернисм ва посмодернисм тавассути ҳеҷ мазҳабе посух дода нашавад, ҳадди ақал аз назари бунёди институтҳо ва қонунҳои нав. Саҳми ҳамаи динҳо аз ҷумла ислом, мумкин аст ниҳоятан дар сатҳи хусусии виҷдон бошад, ки ба сабаби он фард ҳангоме, ки сохторҳои умумии мавҷуд натавонанд ниёзҳои маънавӣ ва ахлоқии ҷомеаро қонеъ кунанд, роҳнамоии ахлоқиро барои сохтори зиндагӣ пайдо кунанд. Дар воқеъ барои гуруҳҳои майлдошта ба даъват, фақат аз тариқи ислоҳоти фардӣ метавонанд поя ва асоси таҳаввулоти ахлоқӣ дар сатҳи иҷтимоӣ ва институтсионалӣ (ниҳодӣ) эҷод шавад.
Дар воқеъ ин раванд мумкин аст ояндаи ҳамаи динҳоро тавсиф кунад. Мо вориди даврае аз фардгароии шадид ва нисбияти арзишҳо шудаем. Вижагиҳои фосидкунандаи иҷтимоии модернисм ва посмодернисм ва ҳамчунин мафҳумҳои ҳастаи демократикунонӣ, гуногунақидавӣ ва таҳаммулгароӣ бори сангини наверо руи шонаҳои фард қарор диҳанд, то битавонад наҳваи зиндагии худро дар атрофи як маҳфили фарҳангӣ ва мазҳабӣ мушаххас кунад. Ин дар ҳоли ҳозир ҷанбаи наве зиндагии мазҳабии имрӯз дар Амрико мушоҳида мешавад, ки “ин корро анҷом деҳ”, ҷойе, ки шахс барои худ тасмим мегирад, то муносибтарин баданаи эътиқодҳо барои зиндагии худаш бошад. Ва он чи имрӯз барои ҷомеаи Амрикоӣ муътабар аст, тамоюлест, ки фардо дар Аврупо ғарбӣ мутобиқат мешавад, на ба хотири тақлид аз Амрико, балки ба ин далел, ки Амрико аввалин кишвар аст, ки инъикоскунандаи вижагиҳои афзоиши посмодернизм аст. Бо таваҷҷуҳ ба ин ки дигар кишварҳо тағйироти объективии иқтисодию иҷтимоӣ таҷриба мекунанд, онҳо инчунин кушиш мекунанд, бисёр намунаҳои амеркоиеро, ки инчунин ба шароити объективӣ инкишоф ёфтааст пайгирӣ мекунанд, ки оҳиста - оҳиста, вале устувор паҳн мешавад. Ман пешниҳод мекунам, ки мумкин аст дар мубодилаи он бо фарҳанги ҷаҳонӣ, чизе аз як масири умумӣ барои дин вуҷуд дошта бошад, ки таҳти таъсири табиии ихтилофҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ қарор дорад, аммо дар ниҳояти тулонимуддат дар ҳамон ҷиҳат гароиш пайдо мекунад. Неруҳои рӯ ба рушди протестантҳои инҷилӣ имрӯз ҳушдори баробар аз тағйирро пешниҳод мекунанд, ба вижа дар Амрикои Лотинӣ, ки дар он ба шиддат шоҳиди Католитсизми суннатӣ аст. Дар инҷо католикҳо дер боз аз рӯзи қабули имон дар ёфтани ҳар фарде расидагӣ мекунанд, ки дар он калисо ба ҳамаи ҷанбаҳои зиндагӣ аз гаҳвора то гур бо равиши падарона назорат мекунад. Бо ин ҳол, протестантизми инҷилӣ ин суннатро ба чолиш мекашад. Вақте мебинем, ки як шахси хос дар як макони хос ва дар як замони муаян пазириши нав ва ихтиёрона бо Худоро эълон мекунад - як амали хос аз иродаи як шахси худмухтор, ки ба шиддат бо як пазириши соддаи ғайрифаъол ё ғолибан бефикр қабули зиндагӣ дар чаҳорчуби мазҳабӣ - фарҳангии кохоми католикие, ки аз рӯзи таваллудаш мавҷуд аст, фарқ мекунад.
  Дар ҳақиқат неруи протестантизм дар таърихи ғарб зуҳури фарди худмухторро дар саҳнаи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ нишон дод, ки қодир аст дар як муҳити иқтисодии нав, ки боиси ташаббуси амали фардӣ мешавад барои худ биандешад. Дар бисёре аз ҷунбишҳои исломгаро акнун мушаххас шудааст, ки афрод масъулияти ҷадидеро ба даст меоваранд, то худашон роҷеъ ба маънои Қуръон ва суннатҳои паёмбар фикр кунанд, на ин ки онро сирфан куркурона ва тақлидӣ бипазиранд. Дар равияи ислоҳотпазирӣ муфассир ё мутарҷими динии соҳибихтиёр қодир ба пешрафти чашмгири иҷтимоӣ мебошад, аммо он ҳамчунин тавони ба самти ҷомеаи радикалӣ, ҳошиявӣ ва ба боварии иҷтимоӣ кашонданро дорад. Мо имрӯз ин раванди яксонро дар Ислом мебинем.
Омӯзиш ва парвариш як раванди қудратманд аст, ки ҳамаи афродро маҷбур мекунад барои худашон фикр кунанд. Дигар як модели (намунаи) ягона вуҷуд надорад, балки чандин моделҳо барои зиндагии ахлоқӣ, хуб, дар бозори рақобатпазир ва омехта мавҷуд мебошад. Бинобар ин мумкин аст воқеан вориди асри фардгароӣ шавем. Намунае (улгуе) аз зиндагие, ки масъулияти фардии бештареро барои эҷоди зиндагии худ, ба таври физояндае ҷудо аз ҳимоятҳои суннату анъанаҳо ва маҳдудиятҳои хонаводагӣ ё қабилагӣ, озод аз ҷомеаи суннатӣ (ҳомоҷетикӣ) ва статикӣ (ивазнашаванда) ва озод аз сахтгириҳои падарӣ ва иқтидоргароӣ талаб мекунад. Таҳти шароити нави зиндагӣ, фард маҷбур мешавад барои рушду нумуи худ ба маротиби бештар аз гузаштаи таърих посух диҳад. Як ҷомеа ва давлати касратгаро дигар тавони фароҳам кардани чорчуби ҳаётӣ ё такягоҳи ахлоқӣ ва пуштибонии муфид дар улгуи суннати падарона нахоҳад дошт.
Нисбатан тафсири дин матраҳ кардан, дақиқан дар чунин шароит зарурӣ мешавад, зеро фарди мустақил ва хурдшуда ба чунин раҳнамудҳои бештар аз гузашта ниёз дорад. Иқтидор (қудрат) ва муҳимияти арзишҳои динии фард, ки бештарашон ба таври ғайриинтиқодӣ, бидуни фикр ва таҳлил ба таври мустақил дарёфт шудаанд. Арзишҳои дунявиро низ метавон пазируфт, аммо ҳануз ҳам онҳо бояд комилан ба таври мушаххас ва ҳатто ба шакли таҷлилӣ ва ё ташрифотӣ анҷом дод, то дараҷа ё вазни эҳсосӣ ва иҷтимоии комил дошта бошанд, поягузорӣ шавад.
Имони фарди модерн намоёнгари интихоби фаъол аст, ки барои посухгӯӣ ба ниёзҳои фард тарроҳӣ шудааст. Мо ба таври доимӣ дар ин китоб зикр кардем, ки читавр масалаҳои ғайри динии гуногун исломи сиёсиро тақвият дода, онро ба унвони васила барои шикоятҳо ва ормонҳо тавонманд гардониданд. Сипас суоли зерин пеш меояд: Оё коҳиши тадриҷии ҳамин норизоятҳо метавонад барои аз байн бурдани онҳо ҳамчун манбаъи пуштибонии исломгароӣ - ҷудо аз пайғоми маънавии Ислом хидмат кунад? Албатта Ислом ҳамеша ба унвони як имони муътабар боқӣ хоҳад монд, аммо эҳтимолан он на он қадар муҳтарам дар (гаризонти) уфуқи сиёсӣ мебошад, зеро дигар неруҳо низ барои коҳиши ҳамин норизоиятиҳои ғайрируҳонӣ дар хидмат ҳастанд. Ҳизбҳои сиёсии алтернативӣ (ҷойгузин) таҳти шиори озодсозии сиёсии бештар, бисёре аз барномаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии ҳамранг ба исломиҳоро дунбол мекунанд, ки дар натиҷа инҳисори умдаи исломгаёнро дар ҳоли ҳозир заиф мегардонанд.
Ба ибораи дигар, ҳануз рушан нест, ки эҳёи исломи имрӯз дар дараҷаи аввал як падидаи динӣ аст ё падидае аз ҷомеашиносии дин дар посух ба масъалаҳои қобили таъриф барои ҷомеаи исломӣ дар даврони модерн аст ё не. Бисёре аз мусулмонҳо ҳатто аз категарияҳои мухталифи фикрӣ нороҳат бошанд. Исломгароёнро зарур нест аз мансух шудан (куҳна шудан) битарсанд, зеро инқилоби демократӣ ва тағйир дар ҷаҳони ислом ҳануз ҳам дар аксари кишварҳои заиф аст. Агар ҷунбишҳои исломӣ наметавонанд дар даруни сохторҳои демократӣ муваффақияти сиёсиро, ки ҷустуҷӯ доранд, пайдо кунанд мумкин аст аз ин раванд ноумед шаванд.
Дар он ҳолат онҳо ба буҳрони қабули қарори пазириши ҷойгоҳи ақаллияти доимӣ дар чаҳорчуби парлумон ва низоми сиёсӣ бо имкони таъсиргузор, на муаянкунандаи рафти баҳс боқӣ монанд ё тамоман аз бозӣ бароянд, рӯ ба рӯ мешаванд. Ин дар воқеъ тасмимест, ки оё исломгароён хоҳони ҳукм кардан ё таъсиргузор буданро доранд.
Дар ҳамин ҳол исломи сиёсӣ лаҳзаи нодиреро дар таърих аз сар мегузаронад, ки метавонад нисбатан бе рақиб, қонунҳои сиёсии мавҷудаи ҷаҳони исломро ба мубориза кашад, қудраҳоро тағйир диҳад ва исломро тибқи чорчуба ё нақшаи фарҳангӣ ва равшанфикрӣ боз гардонад. Мо намедонем, ки ин фосила то кай давом мекунад, аммо он аллакай оқибатҳои амиқ дошт ва Ғарб беҳтар буд, ки бо ҳамаи ин танавуъҳо ба таври ҷиддӣ муносибат кунад, вагарна оқибатҳои он метавонад барои ҳарду ҷониб нохушоянд тамом шавад.

Аз китоби “The Future of Political Islam”-и
Граҳам Э. Фуллер, хатмкардаи Донишгоҳи Ҳорворд,
 нависанда ва таҳлилгари масоили сиёсӣ
(санаи тав. 28 ноябри 1937).
Аз англисӣ тарҷума ва таҳияи
Ёрмаҳмад Ниёзӣ, номзади илмҳои фалсафа,
Мирсаид Раҳмонов, ходими илмии
Институти Осиё ва Аврупои АМИТ.

НАЗАД