Донишманди фозил ва дипломати беҳамто

Автор: ИИПСАЕ

Расм

Ба ифтихори 80 солагии
профессор Абдунабӣ Сатторзода
 
 
Имрӯз  вақте сухан аз боби илмҳои ҷаҳоншиносӣ ва адабиётшиносии муосири тоҷик равад, дар радифи аввали он номи олими забардаст, муҳаққиқи соҳибзавқ, адабиётшиноси маъруф, дипломати беҳамто, устоди мумтоз, инсони нексиришту фозил, доктори илм, профессор Абдунабӣ Сатторзода вирди забон меояд.
Профессор Абдунабӣ Сатторзода аз чеҳраҳои  тобноки диёри беканори суханшиносӣ ва ҷаҳоншиносии  тоҷик буда, бо андеша ва афкори бикру гаронмоя, бо сухани тозаву ботадбир, бо қалами муъҷизаофарин ба олами адабиёт ворид гардида, дар ин диёр бармаҳал воломақом ва соҳибэҳтиром гардидаанд. Андешаҳои бикр ва суханҳои пурмӯҳтавои устодро борҳо аз чакидаҳои қаламашон, аз гуфторҳои баландмазмунашон дар чандин нишастҳо ва ҳамоишҳои илмии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ба мушоҳида бардоштаем.
Уфуқҳои андешаҳояшон хеле васеъ, мантиқи баёнашон хеле қавӣ, шеваи гуфторашон хеле фасеҳу муассир ва хотирмон аст.
Истеъдоди фавқулодда табиии устод ҳангоми таҳсил дар омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Панҷакент зуҳур ва эшонро миёни толибилмони омузишгоҳ ангуштнамо кард. Дар воқеъ омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Панҷакент дар нимаи дуюми садаи ХХ гаҳвораи парвариши истеъдодҳо маҳсуб мегардид. Як зумра шахсиятҳо ва чеҳраҳои тобноки илму адаби ҷумҳурии мо маҳз дастпарварони ин боргоҳи маърифат мебошанд.
Таҳсил дар риштаи адабиёти Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ) барои устод давраи омӯзиш, давраи ҷонгудозиҳои бедареѓ, ҷустуҷӯҳои дурри маънӣ дар баҳри беканори адаб буд, ки кулбори устодро бо гаронмоятарин сармояи инсон-илму дониш пурбор сохт. Завқи баланд, ишқи адабиёт, дониши амиқу фароҳ, қобилияти фавқуллодаи пажӯҳандагии Абдунабӣ Сатторзода аз диди нозукбини устоди устодон профессор Шарифҷон Ҳусейнзода дур намонд.
 Баъди хатми донишгоҳ бо тавсияи мудири кафедраи адабиёти классикӣ Шарифҷон Ҳусейнзода А. Сатторзода фаъолияти меҳнатӣ ва илмии худро соли  1963 дар Донишгохи миллии Тоҷикистон оѓоз намуданд. Дар ин боргоҳи номвари маърифат аз коршиноси калон то мудири кафедра, доктори илм, профессор камол ёфта, дар илми адабиётшиносӣ, нақди адабии тоҷик тадқиқотҳои арзишманди илмиро анҷом доданд, ки
устодро дар қаламрави илму адаби Хуросону Мовароуннаҳр
шуҳратёр гардонид. Асарҳои устод «Афкори адабӣ ва эстетикии Абдураҳмони Ҷомӣ (1975)», «Нуқтаи пайванд (1982)», «Таърихчаи назариёти адабии форсии тоҷикӣ (2001)», «Арасту ва афкори адабии тоҷикӣ-форсӣ (2002)» аз назари муқарризони адабӣ таълифоти хеле гаронмоя ва арзишманд буданд. Як зумра олимони намоёни шуравӣ
таҳқиқотҳои устодро хеле муҳим ва ҷидди арзёбӣ намуда, онҳоро
дар адабиётшиносӣ таҳаввулоти амиқ пиндоштаанд. Аз чумла адабиётшиноси маъруфи шуравӣ узви вобастаи АИ ҶТ И.С. Брагинский ба китоби устод чунин баҳо додааст: «Дар рисолаи Абдунабӣ Сатторзода Арасту ва назариёти адабии форсӣ-тоҷикӣ (асрҳои 9-15) ҳама чиз нав аст: ҳам усули тадқиқи мавзӯъ ва ҳам натиҷаҳои он». Директори
Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии АИ Федератсияи Россия, профессор В.В.Наумкин дар ситоиши устод менигорад: «Ман профессор, доктори илми филологияАбдунабӣ Сатторзодаро ҳамчун донишманди маъруф хеле хуб мешиносам. ӯ аз зумраи беҳтарин намояндагони зиёиёни тоҷик ба шумор меравад, ки бо фарҳанги олӣ, чашмандози васеъ, покиву ҳалолкорӣ ва содиқ будан ба манфиатҳои миллии худ фарқ мекунад». Адабиётшиноси намоёни Озарбойҷон, профессор Торкан Гулиев дар ҳаққи устод чунин мегӯяд: «Бузургтарин хидмати профессор Абдунабӣ Сатторзода дар он аст, ки вай ба мавзуе даст зад ва мавриди баррасӣ қарор дод, ки то кунун касе ба он ҷуръат ва ҷасорат накарда буд. Вай дар андешаҳои шеършиносии мо як инқилоби илмиро ба вуҷуд овард». Ҳамаи ин суханҳо аз сатҳи баландӣ осори илмӣ ва адабии профессор А.Сатторзода башорат медиҳанд. Дар маснади устодӣ профессор А.Сатторзода ҳамто надоранд, дарсҳои устод нотакрор, басо ҷаззоб ва хотирмонанд.Мо, донишҷӯёни таърихшиноси солҳои 60-70-уми асри гузашта, ки бо филологҳо хамзисту шарикдарс будем, аз китобҳо, мақолаҳо, аз маҳорати баланди мударрисии устод Сатторзода огаҳӣ доштем. Ҳар дам донишҷуён дар суҳбатҳову маҳфилҳо аз сабку услуби хоси иншо ва шеваи камназири гуфтори устод бо меҳр сухан мекарданд. Дарсгӯиҳои устод ба фасонаҳо мубаддал гардида буд. Барои гуш кардани лексияҳои устод аз дигар донишкадаҳо донишҷӯён ба дарсҳои устод меомаданд. Бо ҳамин шеваи ба худ хос устод имрӯз низ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба донишҷӯёни риштаи муносибатҳои байналхалқӣ аз фанҳои ихтисосии равобити байналмилалӣ дарс мегуянд. Сафи ихлосмандонашон чун солҳои пешин хеле сершуморанд. То ҳануз, мо надидаем, ки устод Абдунабӣ Сатторзода ба дарсҳо дер монда, ё ҳозир нашуда бошанд. Ҳамон фарҳангӣ балан­ди корӣ, профессионализм, ҳисси баланди масъулиятнокӣ, покиву халолкорӣ аз фазилатҳои неки устод А. Сатторзода аст. Мо аз он ифтихор дорем, ки устод бо мо ҳамкорӣ доранд ва сабақашон хеле ибратомуз аст. Ҳаводиси сиёсии солҳои 90-асри сипаришуда, чархи таьрихро дагаргуна сохт, сарнавищти инсонхо ва давлатҳоро куллан дигар кард. Устод Абдунабӣ Сатторзода чун фарди бедордилу меҳанпараст дар ин айёми пуртуѓён дар канори неруҳои тараққихоҳ ва созанда ҷой гирифта, барои эъмори ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд дар Тоҷикистон талошҳои пайгирона намуданд. Дар роҳи истиқрори сулҳ ва оштии миллӣ дар кишвар хеле заҳмат кашида, худгузариҳо ва талошҳо кардаанд.
Фаъолияти сиёсӣ ва давлатии устод Абдунабӣ Сатторзода дар мақоми муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 1999-2006 ро дар бар мегирад. Дар ин маком паҳлуҳои дигари маҳорат ва истеъдоди ӯ чун сиёсатмадори тавоно ва дипломати беҳамто ба тозагӣ зуҳур кард. Маҳз дар ҳамин давра бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти ҶТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида ба тасвиб расид, ки дар коркарди он саҳми гурӯҳи кории вазорати корҳои хориҷӣ бо сарварии А. Сатторзода хеле назаррас аст. Дар заминаи ин Консепсия Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2003 дар сиёсати хориҷии худ сиёсати «дархои кушод» ро эълон намуд,  ки ҳадафи он дарефти тавозуни  оқилона ва одилона дар робита бо кишварҳои хориҷӣ аст. Сиёсати хориҷии «дарҳои кушод» дар тули солҳои истиқлолият дурустии худро собит сохта имкон дод, ки Тоҷикистон мавқеи худро дар ҷаҳони муосир дарёбад, онро мустаҳкам созад ва имкониятҳои ѓании байналмилалиро барои ҳалли масъалаҳои дохилӣ равона намояд. Барқарор ва рушди мутавозини робитаҳои дустона ва ҳамкориҳои судманд бо Ҷумҳурии Исломии Эрон, Федератсияи Русия, ИДМ, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҷумҳурии Ҳиндустон, мамолики Араб ва Иттиҳоди Аврупо дастоварди бузург ва манфиатбахши ин стра­тегия мебошад, ки дар роҳандозии он дар баробари Сарвари давлат нақши вазорати корҳои хориҷӣ  низ хеле  назарас  аст.
Чи тавре, ки академик Талбак Назаров-собиқ вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд кардаанд: «Абдунабӣ Сатторзода дар эътибор ва нуфуз пайдо намудани сиёсати хориҷии ҶумҳурииТоҷикистон дар ҷомеаи байналмилалӣ саҳм дорад».
Дар мақоми муовини вазири корҳои хориҷӣ устод А. Саттор­зода корҳои илмӣ - тадқиқотии худро пайваста идома медоданд.
Аз ин баъд самти фаъолияти илмӣ ва эҷодии устод ҷанбаи нав ба худ гирифт. Дар таҳқиқотҳои илмии устод марҳилаи  нав оѓоз ёфт, дар баробари нақди адабӣ А. Сатторзода ба таҳқиқ ва баррасии масъалаҳои назариявӣ ва амалии сиёсӣ, бахусус сиёсати хориҷии мамлакат даст зада, дар ин ҷода муваффақ ҳам шудаанд. Дар ин марҳила устод як силсила мақола ва асарҳои илмӣ таълиф ва нашр намудаанд, ки муҳимтарин масъалаҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷанбаҳои мухталифи дипломатияи тоҷикро дар бар мегирифт. Арзишмандтарин китобе, ки устод дар ин солҳо таълиф намуданд, таҳти унвони «Дипломатияи муосири тоҷик» (бо ҳаммуалифии Т.Назаров) соли 2006 дастраси хонандагон гардид.Ин китоб яке аз аввалин асарҳои муфид ва назарраси илми дипломатияи муосири тоҷик мебошад. Дар китоб сайри таърихии дипломатияи тоҷик аз даврони қадим то ба имрӯз, марҳилаҳои. асосии ташаккул ва таҳаввули дипломатияи тоҷик возеҳ баён ёфтаанд. Қисми зиёди китоб ба таҳлилу шарҳи Консепсияи сиёсати хориҷии ҶТ дар даврони истиқлолият, давраҳои шаклгирии дипломатияи тоҷик ва сохторҳои он, самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистон, муҳимтарин дастовардҳои дипломатияи муосири тоҷик дар арсаи байналмилалӣ, нақши сарвари давлат, Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон дар истиқрори сулҳу субот дар кишвар ва минтақа, густариши робитаҳои байналхалқии Тоҷикистон хеле эътимодбахш ва илман асоснок таҳлил ва таълиф гардидаанд.
Давоми мантиқии таҳлили равобити байналмилалии ҷумҳурӣ дар китоби дигари тозанашри устод А.Сатторзода «Диплома­тияи парлумонӣ ва сиёсати хориҷии ҶТ (2000-2010)» (бо xaммyaлифии М.Султонов)» (с.2012) инъикос ёфта, дар он раванди таҳаввули равобити байналмилалии парлумонии мамлакат ва масъалаҳои умдаи сиёсати хориҷии кишвар дар даҳаи аввали асри XX1 ба риштаи тадқиқ кашида шудааст. Китоб дар ҳамоҳангӣ бо Консепсияи сиёсати хориҷии ҶТ таълиф гардида, дар мисоли робитаҳои байнипарлумонӣ пойдор ва устуворшавии равобити бисёрҷанбаи сиёсати хориҷии мамлакатро дар даврони соҳибистиқлолии кишвар инъикос менамояд.
Пажуҳиши арзишманд ва бунёдие, ки профессор Абдунабӣ Сатторзода солҳои охир анҷом доданд «Актуальные проблемы внешней политики Таджикистана (многовекторность в действии)» мебошад, ки соли 2014 ба чоп  расидааст. Дар китоб ҷанбаҳои назариявӣ  ба амалии сиёсати созанда ва муваффақи хориҷии Тоҷикистон ва саҳми арзандаи Сарвари давлат, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масоили мубрами сайёра возеҳ бозтоб гардидааст. Асар дар таҳлил ва ташфиқи  ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ  нақши назаррас дорад.
Дар маҷмӯъ профес­сор Абдунабӣ Сатторзода дар заминаи, адабиётшиносӣ, сиёсатшиносӣ, фарҳангшиносӣ беш аз 20 китоб ва 400 мақолаҳои илмӣ ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ,: англисӣ, форсӣ, олмонӣ, ҷопонӣ, туркӣ, куриёи таълиф намуда­анд, ки дар нашрияҳои Россия, Эрон, Афѓонистон, Покистон, Англия, Шветсия, Корея, Япо­ния, Озарбойҷон, Арманистон ва ѓайра ба табъ расидаанд. Дар ин кишварҳо ва кишварҳои дигар дар ҳамоишҳои илмии сатҳи байналмилалӣ ӯ мунтазам ширкат ва суханронӣ карда, Тоҷикистони азизи моро ба ҷаҳониён муаррифи намудаанд.
Имрӯз, профессор Абдунабӣ Сатторзода ба баҳорӣ камолоти умрашон расиданд. Мо ҳама шогирдон, ҳампешагон, дӯстон аз ин фурсати муносиб истифода карда, устодро ба ин ҷашни фархунда муборакбод гуфта, барояшон сиҳатии комил, саодату осоиши рӯзгор ва комёбиҳои нави илмӣ таманно менамоем.
 
Мирзоев Н.М.
д.и.т., профессор
 

НАЗАД