Се саммити кишварҳои араб бо Чин

Автор: ИИПСАЕ

Расм

  Сафари расмии серӯзаи Раиси Чумҳурии Халқии Чин Си Ҷинпин ба Арабистони Саудӣ 7-9 декабри соли 2022 дар сархати расонаҳои чаҳон қарор гирифта, ҳамчун рӯйдоди муҳими таърихӣ, пирӯзии дипломатияи Чин ва вуруди густурдаи сармояи чинӣ ба иқтисоди Араб арзёбӣ шудааст.
  Дар ин сафар мулоқоту гуфтушунидҳои Раиси Чин бо роҳбарияти Арабистони Саудӣ, ки воқеан аз бузургтарин иқтисодиёти ҷаҳони араб ба шумор меравад, маҳдуд нашуда, балки зиёда аз он сарони тамоми давлатҳои арабро фаро мегирад.
  Ба муносибати ин боздиди таърихӣ дар шаҳри ар-Риёз се саммити арабҳо бо Чин баргузор гардид: саммити Арабистони Саудӣ бо Чин, саммити 6 давлати арабии Халиҷи Форс бо Чин ва ниҳоят саммити 21 давлати араб бо Чин.
  Дар ҷараёни ин се саммит тарафҳо алоқамандии худро ба густариши минбаъдаи робитаҳои мутақобилан судманди иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангию гуманитарӣ изҳор намуданд.
  Дар воқеъ, Чин ба ҳайси як абарқудрати иқтисодӣ дар шароити имрӯзаи бархурдҳои геополитикӣ  имкон дорад ҷаҳони араб, ба хусус давлатҳои аз лиҳози сарватҳои энергетикӣ қудратмандро аз мадори то ҳол вуҷуддошта берун кашад.
  Санадҳои ҳамкорие, ки дар ҷараёни ин сафар ба имзо расиданд, ҳамчунин ҳаҷму муҳлатҳои иҷрои он бар он далолат мекунад, ки Чин ба минтақаи Ховари Наздик ба муддатҳои тӯлонии доманадор ворид шуданист. Ҳамчунин нафту гази Халиҷ бозори устувор ва ҳамешагии худро дар Чин бо пули ватанӣ хориҷ аз имлоҳои доллари амрикоӣ пайдо хоҳад кард.
  Ҳамзамон мулоҳиза кардан мумкин аст, ки таваҷҷуҳи минбаъдаи ҷаҳони араб, пеш аз ҳама Арабистони Саудӣ ва дигар давлатҳои арабии Халиҷ ба тадриҷ ба самти Чин ва сармояву иқтидорҳои технологии он равона шуда, то рафт таъсири геополитикии Амрико ва Ғарб ба он заиф шудан мегирад, зеро рӯйдодҳои солҳои охир ба таври возеҳ нишон доданд, ки муносибати Амрико ва Ғарб бо дигар давлатҳои ҷаҳон танҳо бар пояи манфиатҳои якҷониба қарор доштаанд.
 
Шаҳлохон Муродалӣ
ходими хурди илмии шуъбаи
Шарқи Миёна ва Наздик

НАЗАД