Дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Қатар

Автор: ИИПСАЕ

Расм

Таҷрибаҳо собит намудаанд, ки танҳо муносибати неку самимӣ ва дӯстонаи байни кишварҳо дар арсаи сиёсат, фарҳанг ва ҳамкории доимии рушди иҷтимоию иқтисодии кишварҳои ҷаҳон метавонад самару манфиати зиёде ба бор оварад. Ҳамин аст, ки ҳамкорию таъовун миёни кишварҳо рӯз ба рӯз бештару беҳтар мегардад. Дар муносибатҳои байналмилалӣ бештари робитаҳо байни кишварҳои рӯ ба тараққиниҳода, дар ҳоли рушд қарор доранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо кишварҳои Шарқу Ғарб рӯз ба рӯз ҳамкории худро беҳтару хубтар ба роҳ монда истодааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати хориҷии «дарҳои кушода»-ро пайгирона дар амал татбиқ н амуда, эҷоди воситаҳои самарабахши онро дар ба ҳам овардани манфиатҳои миллӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ, муттаҳид намудани саъю талошҳои ҳамаи давлатҳоро барои омода намудани аксуламали муносиб дар баробари таҳдид ва хатарҳои замони муосир имконпазир мешуморад [4, с.50].

Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари пешбарандаи сиёсати хориҷии сулҳҷӯёнаву созанда эътироф гардида, пазируфта шудааст. Ба шарофати сиёсати «дарҳои кушод», ки ҷавҳари равобити байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташаккул медиҳад, мо тавонистем бо аксари давлатҳои дунё муносибатҳои нек ва ҳамкориҳои судманди гуногунҷанбаро дар соҳаҳои мухталиф ба роҳ монда, тақвият бахшем [6].

Зимнан, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи сиёсати хирадмандони худ бо давлатҳои арабӣ низ ҳамкориҳои судманди дуҷонибаро ба роҳ мондааст, ки ин амал омили пешравии кишвар ба шумор меравад.

Давлати мо бо мақсади роҳ ёфтан ба бозорҳои босуръат инкишофёбандаи сармоя, технология, ашёи хом ва маҳсулоти саноатӣ рушду таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судмандро бо кишварҳои араб ва Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, ба монанди Арабистони Саудӣ, Қатар, Кувайт, Баҳрайн, Миср, Алҷазоир, Амороти Муттаҳидаи Араб, Ветнам, Индонезия, Малайзия, Ҷумҳурии Корея ва Япония, аз самтҳои афзалиятноки хеш меҳисобад [4, с.12].

Тоҷикистон ин сиёсатро, бо дарназардошти раванди ҷаҳонишавӣ ва воқеиятҳои нави байналмилалӣ, идома дода, кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки ҳамкориҳояшро бо шарикони стратегӣ ва минтақавию байналмилалӣ ба сатҳи сифатан нав барорад.

Бо таҳкими истиқлолияти давлатӣ муносибатҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои арабӣ рӯ ба афзоиш ниҳода, алоқаҳои дипломатӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ байни онҳо тақвият меёбад. Ифтитоҳи сафоратхонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Миср ва ба кор шурӯъ кардани консулгариҳо дар Арабистони Саудӣ ва Амороти Муттаҳидаи Араб, сафарҳои расмии сатҳи олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давлатҳои арабӣ ва дидори бархе аз мақомоти баландпояи давлатҳои арабӣ аз Тоҷикистон далели рӯшани тақвият ёфтани равобити Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои арабӣ мебошанд.

Бояд гуфт, ки олами араб аз ҷиҳати ҳудуд ягона аст: дар масоҳати калон аз соҳилҳои халиҷи Форс ба воситаи ҳудудҳои Осиёи Ҷанубу Ғарбӣ ва Шимоли Африқо то соҳилҳои уқёнуси Атлантика тӯл кашида, 23 давлати Араб (бо шумули Фаластин) бо ҳайати якхелаи қавӣ ҷой гирифтааст. Дар ин ҳудуд зиёда аз 345 млн. нафар аҳолӣ иқомат дорад, ки 90% арабҳо ва 10%-ро намояндагони гурӯҳҳои дигари этникӣ ва миллатҳо ташкил медиҳанд. Арабҳо новобаста аз кишваре, ки дар он умр ба сар мебаранд, худро ба ин миллат мансуб медонанд [1, с.15].

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар беш аз 20 кишвари дунё забони адабии арабӣ забони давлатӣ буда, барои беш аз 330 миллион бошандаи ин кишварҳо забони модарӣ маҳсуб мешавад. Теъдоде аз ин кишварҳо аз қабили Кувайт, Қатар, Амороти Муттаҳидаи Араб ва Арабистони Саудӣ дар қатори давлатҳои пешрафтаи дунё ҷой гирифтаанд.

Яке аз чунин кишварҳои пешрафтаи ҷаҳони араб Давлати Қатар аст, ки бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории қавӣ дорад. Равобити ҳамкорӣ ва густариши табодули афкор бо кишвари арабии Қатар аз масъалаҳои муфиди иқтисодӣ, ҷалби сармоя ва ҳамкориҳои судманди дуҷониба мебошад.

Дар мақолаи мазкур муносибатҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо Қатар ҳамаҷониба мавриди баррасӣ ва омӯзиш қарор медиҳем.

 

Маълумоти мухтасар аз таърихи истиқлолияти Давлати Қатар

Давлати Қатар, яке аз кишварҳои арабӣ буда, номи расмиаш Ҳукумати Қатар аст, ки дар қисмати ҷанубу ғарбии қораи Осиё дар минтақаи Ховари Миёна ва дақиқан дар Шарқи нимҷазираи арабӣ ва дар канори Халиҷи Форс воқеъ аст.

Пойтахти он шаҳри Давҳа мебошад. Қатар бо Арабистони Саудӣ, Эрон, Баҳрайн ва бо Аморати Муттаҳидаи Араб ҳамсарҳад аст.

Қатар сурати ҳокимияти мутлақ ва ҷудонашаванда ворисе аз миёнаи асрҳои XIX мелодӣ ҳукмронӣ мекунад. Пеш аз ошкор шудани нафти хом, Қатар асосан ҷойгоҳи шикори марворид ва истгоҳи тиҷорати баҳрӣ шинохта мешуд. Ин кишвар то соли 1971 дар зери ҳимояи Бритониё буд. Пас аз истиқлолият дар соли 1971, ба сабаби бойигарии зери заминӣ даромади саршори нафту гази табиӣ, ин кишвар ба яке аз сарватмандтарин кишварҳои минтақа табдил ёфт. Ҳамаи мансабҳои калидӣ дар Қатар аз ҷониби оилаҳои Оли Сонӣ ё наздикони онҳо идора мешаванд. Аз соли 1992 инҷониб, кишвар бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико муносибатҳои васеъ дорад.

Қатар дорои захираҳои фаровони табиӣ мебошад. Маҷаллаи Forbes аввалин бор замоне давлати Қатарро сарватмандтарин кишвари ҷаҳон муаррифӣ карда буд. Қатар ҳамчунин дорои нишондиҳандаи баланди рушди инсонӣ дар байни давлатҳои араб шинохта шуд.

Забони расмии кишвар забони арабӣ буда, забони англисӣ забони дувуми гуфтугӯии муомилот дар Қатар ба шумор меравад. Дини расмии ин давлат дини Ислом буда, асъори он риёл ва масоҳати он 11, 493 км мураббаъ аст [9].

Агар чанде боз кардани дари сафоратҳо дертар расман кушода шуда бошад, аммо робитаҳои мутақобилан судманди тарафайн ба сатҳи олӣ расида буд.

 

Муносибатҳои дипломатӣ

Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати арабии Қатар 13 декабри соли 1994 барқарор шуданд [7]. Аз ин санаи таърихӣ гомҳои устувор гузошта шуда, моҳи ноябри соли 2012 Сафорати Давлати Қатар дар шаҳри Душанбе ва моҳи майи соли 2013 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давҳа кушода шуданд. Ҳоло Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Ардашер Қодирӣ ва Сафири Фавқулодда ва Мухтори Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доктор Алӣ Муборак ал-Муҳаннадӣ фаъолияти сафоратхонаҳоро роҳбарӣ доранд.

 

Ҳамкориҳои сиёсӣ

Дар таърихи муносибатҳои дуҷониба сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Қатар 6-7 майи соли 2007 саҳифаи нав оғоз карда, ба рушди босуръати ҳамкориҳои минбаъда замина гузошт. Далели ин гуфтаҳо сафари расмии ҷавобии Амири Давлати Қатар шайх ибни Халифа Оли Сонӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тобистони соли 2007 - аввалин сафари роҳбари давлати арабӣ ба Тоҷикистон мебошад. Дар заминаи ин ду сафар пояҳои ҳуқуқӣ-шартномавии муносибатҳои ҳамкории дуҷониба бо ҳафт санади ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ, ташвиқ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ таҳким гардид.

Баргузории сафари расмии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Қатар 5 – 7 феврали соли 2017 бо даъвати амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ ва музокироти сатҳи олӣ дар шаҳри Давҳа, ҷиҳати тавсеаи муносибатҳои гуногунҷанбаи ду кишвар такони ҷиддӣ бахшид ва самтҳои дурнамои ҳамкориҳоро дар арсаҳои сиёсию амниятӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорию бонкдорӣ ва фарҳангию башарӣ мушаххас кард. Бо дастури роҳбарони олии ду кишвар байни вазоратҳои корҳои хориҷӣ мулоқоту машваратҳои сиёсӣ дар сатҳи вазирон, муовинони вазирон ва роҳбарони раёсатҳо сурат гирифт. Тамосҳои мунтазам дар сатҳи олӣ, эътимоди мутақобил ва мавқеи ягонаи ду кишвар нисбат ба ҳалли масъалаҳои мубрами минтақавию ҷаҳонӣ ва инчунин тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар ҳошияи СММ ва дигар созмонҳои ҷаҳонӣ тақвият ёфт. Тавсеаи ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангию башарӣ миёни Тоҷикистон ва Қатар дар тақвияти ҳамкориҳои байниминтақавӣ ва таъмини суботу амнияти минтақавию ҷаҳонӣ нақши созанда ва муассир дорад [8].

Дар чорабиниҳои муҳимми Тоҷикистон Давлати Қатарро ҳайатҳои воломақом намояндагӣ мекунанд. Аз ҷумла, иштироки вазири молияи Қатар Юсуф Ҳусейн Камол, вазири ҳифзи муҳити зист Аҳмад ал-Ҳумайдӣ, вазири Корҳои хориҷии имрӯза (он замон дар сатҳи вазири давлатӣ) Холид ибни Муҳаммад ал-Атия ва вазири энергетика ва саноати он доктор Муҳаммад ибни Солеҳ Ал-Сода дар нишасти 38-уми Шӯрои мудирони Бонки исломии рушд, конфронси байналмилалии сатҳи баланди ҳамкорӣ дар соҳаи об ва ҷаласаи ёздаҳуми вазирони корҳои хориҷии Муколамаи Ҳамкории Осиё нишонаи нек ба дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба мебошад.

 

Заминаҳои шартномавӣ-ҳуқуқӣ

Заминаи ҳуқуқии ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Қатарро созишномаҳои зерин (14 Созишнома ва Ёддошти тафоҳум) ташкил медиҳад. Феҳристи созишномаҳое, ки байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати арабии Қатар ба имзо расидаанд:

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ (6 майи соли 2007); 2. Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба ташвиқ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ (6 майи соли 2007); 3. Ёддошти тафоҳум байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Давлати Қатар (6 майи соли 2007); 4. Ёддошти тафоҳум байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Давлати Қатар (6 майи соли 2007); 5. Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар оид ба ҳавасмандкунӣ ва кафолати сармоягузорӣ (25 августи соли 2011); 6. Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бо ҷинояткорӣ ва таъмини амният (6 феврали соли 2017); 7. Созишномаи ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар дар соҳаи фарҳанг (6 феврали соли 2017); 8. Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи варзиш байни Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Кумитаи олимпии Қатар (6 феврали соли 2017); 9. Ёддошти тафоҳум байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки марказии Қатар оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фаъолияти молиявӣ ва бонкӣ (6 феврали соли 2017); 10. Созишнома байни Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати адлияи Давлати Қатар оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳуқуқ (6 феврали соли 2017); 11. Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, таҳсилоти олӣ ва таҳқиқоти илмӣ (6 феврали соли 2017); 12. Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба алоқаи ҳавоӣ (6 феврали соли 2017); 13. Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ (6 феврали соли 2017); 14. Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Маркази байналмилалии Давҳа оид ба муколамаи динҳо ва Маркази исломшиносии назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (21феврали соли 2018) [8].;

Инчунин 4 Санади ҳамкорӣ дар соҳаҳои сармоягузорӣ, савдо, парвариши занбӯри асал ва чорводорӣ байни мақомоти дахлдори ду кишвар ба имзо расидааст ва лоиҳаи 13 санад, ки соҳаҳои мухталифи ҳамкориро дар бар мегирад дар баррасии мақомоти марбутаи ду кишвари дӯст қарор дорад.

 

Табодули сафарҳо ва музокироти дуҷониба

Боздиди расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Давлати Қатар (6-7 майи соли 2007) ба вуқӯъ пайваст. Сафари мазкур пояҳои ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаро гузошт. Дар ҷараёни ин сафар 4 санади ҳамкорӣ байни ду кишвар ба имзо расид.

Амири Давлати Қатар Шайх Ҳамад ибни Халифа Оли Сонӣ бо сафари расмии ҷавобӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон (августи соли 2007) ташриф овард. Зимни музокирот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки бо сармоягузории Давлати Қатар як масҷиди бузург бо тарҳи замонавӣ ва бо риояи нозукиҳои меъмории тоҷикӣ дар шаҳри Душанбе бунёд шавад. Ин масҷид дар ҳоли омодабош қарор гирифта тасмим аст, ифтитоҳ гардад. Ҳамчунин мувофиқа ба даст омад, ки байни ду кишвар хати мустақими ҳавоӣ фаъол гардад. Дар шаҳри Душанбе 4 санади муҳимми ҳамкорӣ дар соҳаҳои сармоягузорӣ, савдо, парвариши занбӯри асал ва чорводорӣ ба имзо расидааст.

Вазири давлатӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалии Давлати Қатар ҷаноби Холид ал-Атийя ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари кории кӯтоҳмуддат анҷом дода, Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба ҳавасмандкунӣ ва кафолати сармоягузорӣ аз ҷониби Давлати Қатар ба имзо расонид (25 августи соли 2011).

Вазири давлатӣ оид ба корҳои хориҷии Қатар Холид ибни Атия ҷиҳати иштирок дар нишасти ёздаҳуми вазирони корҳои хориҷии Муколамаи ҳамкориҳои Осиё бо ҳайати ҳамроҳ ба Тоҷикистон сафар анҷом дод. Дар ҳошияи ҷаласаи мазкур Вазир аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур пазируфта шуда, масоили рушди ҳамкориҳо миёни ду кишвари дӯстро баррасӣ намуданд (28 - 29 марти 2013).

Вазири молияи Давлати Қатар ҷаноби Юсуф Камал ҳайати Давлати Қатарро дар нишасти 38-уми Шӯрои мудирони Бонки исломии рушд, ки дар Душанбе баргузор гардид, роҳбарӣ намуд (18 - 22 майи 2013).

Дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об ҳайати қатарӣ зери роҳбарии Вазири ҳифзи муҳити зисти Давлати Қатар Аҳмад бин Амир ал-Ҳумайдӣ иштирок намуд. Зимни сафари худ Сардори ҳайат бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 20 август ва 21 август бо Вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ мулоқот анҷом дод (20 - 21 августи 2013).

Сафари муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Лола Бобоҳоҷиева ба Давлати Қатар ҷиҳати иштирок дар Анҷумани байналмилалӣ оид ба инноватсия дар соҳаи тандурустӣ сурат гирифт. Дар ҷараёни сафари мазкур мулоқотҳои Лола Бобоҳоҷиева бо Вазири тандурустии Давлати Қатар баргузор гардид, ки зимни вохӯрӣ мавзӯи ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд (17 - 18 феврали соли 2015).

Бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар, Котиби генералии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Қатар ҷаноби Солеҳ ибни Алӣ ал-Муҳаннадӣ бо ҳайати ҳамроҳ ба мақсади густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва шиносоӣ аз вазъи кунунии соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард. Зимни сафар мулоқотҳои ҳайати мазкур бо роҳбарияти Вазорати тандурустӣ, Фонди хайриявии “Лона”, Фонди ҷамъияти хайрияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҳамзамон, байни ҷамъиятҳои Ҳилоли Аҳмари Қатар ва Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои минбаъда ба имзо расид (23 - 27 феврали соли 2015).

Тибқи даъвати Вазири молияи Қатар сафари расмии Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Қурбонов ба Давҳа сурат гирифт (16 - 20 марти 2015).

Ҳайати Давлати Қатар зери роҳбарии Вазири энергетика ва саноати он кишвар ҷаноби доктор Муҳаммад ибни Солеҳ Ас-Сода барои шитирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба натиҷагирӣ аз Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, 2005 – 2015 ва талошҳои минбаъда ҷиҳати ноил гардидан ба рушди устувори захираҳои об ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафар намуд (9 - 10 июни 2015).

Гурӯҳи кории қатарӣ ҷиҳати мувофиқа намудани лоиҳаи “Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя” дар Душанбе қарор дошт (9 - 14 январи соли 2017).

Сафари кории Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Аслов С.М. ба Давҳа баргузор гашт. Дар ҷараёни машваратҳои сиёсӣ вазирони корҳои хориҷӣ масоили мубрами ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қатар дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ, бонкдорӣ, энергетика, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми муштаракро баррасӣ намуданд (12 - 14 майи соли 2017).

Фиристодаи махсуси Амири Қатар Шайх Халифа ибни Ҳамад Оли Сонӣ (бародари Амир) ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафар намуд. Дар мулоқот бо Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷмуъи васеи масоили ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Қатар дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, саноат, гидроэнергетика, фарҳанг, алоқаи ҳавоӣ, бонкдорӣ, сайёҳат ва дигар бахшҳои афзалиятноки барои ҳар ду ҷониб судмандро мавриди баррасӣ қарор доданд (9 октябри соли 2017).

Ҳайати қатарӣ таҳти роҳбарии Вазири давлатӣ оид ба корҳои хориҷии Қатар Султон Саъд ал-Мурайхӣ дар ш. Душанбе дар иҷлосияи дуюми Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон ширкат варзид. Дар мулоқоти Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Султон ибни Саъд ал-Мурайхӣ маҷмӯи васеи масоили ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд (15-16 октябри соли 2017).

Сафари кории Раиси Бонки марказии Давлати Қатар ба Тоҷикистон баргузор гардид. Зимни музокироту вохӯриҳо дар Душанбе масоили рушди ҳамкориҳо миёни низомҳои бонкию молиявии ду кишвар баррасӣ шуданд. Аз ҷумла, ташкили низоми бонкдории исломӣ ва тавассути он вусъат додани ҳамкориҳо бо сармоягузорони кишварҳои арабӣ таъкид гардид ва ҷониби Қатарӣ омодагии худро барои таъсиси бонкҳои исломӣ дар Тоҷикистон изҳор намуд (31 октябр - 1 ноябри соли 2017).

Сафари ҳайати қатарӣ иборат аз намояндагони вазорати корҳои хориҷӣ ва ширкати энергетикии Қатар “Небрас” ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт. Дар рафти сафар ҳайати мазкур бо роҳбарияти вазоратҳои корҳои хориҷӣ, энергетика ва захираҳои об ва инчунин бо роҳбарияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ мулоқот намуд (7 - 9 январи соли 2018).

Дар Давҳа мулоқотҳои Раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода бо вазири корҳои исломӣ ва авқофи Қатар, доктор Ғайс бин Муборак ал-Куворӣ ва Раиси Маркази байналмилалии Давҳа оид ба муколамаи динҳо, доктор Иброҳим Солеҳ ан-Наимӣ баргузор шуданд. Дар ҷараёни суҳбатҳо масъалаҳои рушди ҳамкориҳо дар самти ҳифзи арзишҳои созандаи динию фарҳангӣ, мубориза бо ифротгароӣ ва ғояҳои иртиҷоӣ ва инчунин ташкил намудани чорабиниҳои муштараки илмию маърифатӣ оид ба мавзӯъҳои ҳамзистии адён ва нақши арзишҳои динию фарҳангӣ дар пешрафти ҷомеа баррасӣ гардиданд (27 - 28 январи 2018).

Дар шаҳри Давҳа ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 13-уми муколамаи динҳо дар мавзӯи “Дин ва ҳукуқи инсон” ширкат варзид (20 - 21 феврали соли 2018).

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода бо сафари корӣ дар шаҳри Давҳа қарор дошт. Дар ҷараёни мулоқотҳои ӯ бо Сарвазири Давлати Қатар Шайх Абдуллоҳ бин Носир бин Халифа Оли Сонӣ ва Мудири кулли Кумитаи танзими кумакҳои хайриявии Қатар Иброҳим Абдуллоҳ ад-Дуҳеймӣ масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар самти пешгирии офатҳои табиӣ ва рафъи паёмадҳои онҳо баррасӣ шуданд (27 - 29 марти соли 2018).

Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода ба шаҳри Давҳа сафари корӣ аҷном дод. Бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар шаҳри Давҳа форуми сайёҳӣ таҳти унвони “Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон” баргузор шуд. Вохӯриҳои раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Н. Абдуғаффорзода бо раиси Анҷумани соҳибкорони Қатар, раиси Шӯрои мудирони ширкати «Файсал Ҳолдинг» Шайх Файсал ибни Қосим Оли Сонӣ ва роҳбари маъмурияти сайёҳии Давлати Қатар Ҳасан Абдурраҳмон Иброҳим баргузор гардиданд (29 - 30 апрели соли 2018).

Ҳайати ҳукуматии Қатар таҳти роҳбарии Намояндаи махсуси Давлати Қатар оид ба мубориза бо терроризм доктор Мутлақ Ал-Қаҳтонӣ дар кори Конфронси байналмилалии “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” иштирок намуд. Дар ҳошияи конфронси мазкур раҳбари ҳайати Қатарро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ба ҳузур пазируфтанд (3 - 4 майи соли 2018).

Ҳайати Давлати Қатар бо роҳбарии Вазири энергетика ва саноати Қатар доктор Муҳаммад ибни Солеҳ ас-Сода дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд – Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, 2018-2028 дар шаҳри Душанбе иштирок намуд. Дар ҳошияи сафар роҳбари ҳайати Қатарро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба ҳузур пазируфтанд. Ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қатарро баррасӣ намуда, дар оянда боз ҳам густариш додани равобити дуҷонибаро муфид арзёбӣ карданд. Зимни мулоқот ҷонибҳо ба соҳаҳои афзалиятноки барои ҳарду ҷониб манфиатовар, аз ҷумла, обу эенергетика ва ғайра таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуданд (20 - 21 июни соли 2018).

Ҳайати давлати Қатар бо сарварии мудири кулли Кумита оид ба танзими кумакҳои башарии давлати Қатар ҷаноби Иброҳим Абдулло ад-Дуҳаймӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон боздиди корӣ анҷом дод. Дар ҳошияи сафар самтҳои ҳамкорӣ ва роҳҳои татбиқи лоиҳаҳои муштарак аз ҳисоби кумакҳои хайриявии Қатар дар самти пешгирии офатҳои табиӣ ва бартарафсозии оқибатҳои он, маориф, тиб ва соҳаҳои дигари иҷтимоӣ мувофиқа шуданд. Намояндагони созмонҳои хайриявии Қатар аз як қатор ноҳияҳо ва иншоотҳои кишвар, ки бар асари ҳолатҳои фавқулодда зарар дидаанд, боздид ба амал оварданд (26 - 29 июли соли 2018).

Ҳайати ҳукуматии Давлати Қатар бо роҳбарии Шайх Аҳмад ибни Ҷосим ибни Муҳаммад Оли Сонӣ, вазири иқтисод ва тиҷорати Қатар ба Душанбе сафари корӣ анҷом дод. Дар ҳошияи сафар мулоқоти ӯ бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, Вазири рушди иқтисод ва тиҷорат ва роҳбарияти Вазорати нақлиёт ва Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон баргузор шуданд. Зимни мулоқотҳо масъалаҳои кушодани хатсайри ҳавоӣ, содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба Қатар, қабули муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ва интиқоли бору сармоягузориҳои муштарак баррасӣ шуданд (27 - 31 августи соли 2018).

Ҳамин тариқ, дар самти музокироти роҳбарияти Маъмурияти авиатсияи граждании Давлати Қатар ва Ширкати миллии ҳавопаймоии Қатар бо роҳбарияти Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон шаҳри Душанбе сурат гирифтанд (30 августи соли 2018).

Дар шаҳри Давҳа ширкату корхонаҳои Тоҷикистон –ҶДММ “Ноқили Талко”, ҶСП “Оби Зулол”, корхонаи муштараки “Аввалин” ва ҶДММ “Реал” дар аввалин Намоишгоҳи байналмилалии маҳсулоти ватанӣ иштирок ва маҳсулоти ватаниро муаррифӣ карданд. Дар ҳошияи чорабинии мазкур Конфронси байналмилалии сатҳи баланд “Таъмини рушди босуботи иқтисодӣ дар ҳамкорӣ бо Қатар” доир гашт, ки дар кори он ҳайати кишварамон бо роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода ширкат варзид (8-10 октябри соли 2018).

Дар ҳошияи иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нахустин Намоишгоҳи байналмилалии маҳсулоти ватанӣ дар шаҳри Давҳа рӯзҳои 8-10 октябри соли 2018 вохӯриҳои дуҷонибаи Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода бо Сарвазири Давлати Қатар Шайх Абдуллоҳ ибни Носир ибни Халифа Оли Сонӣ, Вазири иқтисод ва тиҷорати Қатар Шайх Аҳмад ибни Ҷосим ибни Муҳаммад Оли Сонӣ, Вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Қатар Ҷосим ибни Сайф ал-Сулайтӣ ва Раиси Шӯрои мудирони минтақаҳои озоди иқтисодии Қатар Аҳмад Муҳаммад ас-Сайид баргузор шуданд.

Дар шаҳри Душанбе зери роҳбарии собиқ муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ ва Вазири давлатӣ оид ба корҳои хориҷии Давлати Қатар Султон ибни Саъд ал-Мурейхӣ нахустин машваратҳои сиёсӣ баргузор гардид. Дар рафти машваратҳо роҳҳои густариши минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, пешбурди ибтикороти созанда дар ҳошияи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ шуданд (24 октябри соли 2018).

Ба мақсади роҳандозӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои байнисоҳавӣ дар самтҳои амнияти ҷамъиятӣ, тартиботи ҳуқуқӣ, муборизаи муштарак бар зидди терроризму ифротгароӣ ва дигар ҷиноятҳои муташаккил сафари ҳайати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Давлати Қатар баргузор шуд (29 - 31 октябри соли 2018).

Рӯзҳои 12-15 ноябри соли 2018 ҳайати Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Давҳа дар Ҳамоиши байналмилалии навовариҳо дар соҳаи тандурустӣ (WISH 2018) ширкат варзид. Муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода ва ҳайати ҳамроҳро Вазири тандурустии Давлати Қатар, хонум доктор Ҳанон ал-Каворӣ ба ҳузур пазируфт. Дар рафти суҳбат мавзӯъҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла роҳҳои татбиқи амалии (банди 11)-и Протоколи ҷаласаи сеюми Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ баррасӣ шуданд.

Рӯзҳои 26-29 ноябри соли 2018 ҳайати Вазорати корҳои дохилии Давлати Қатар аз Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид анҷом дод. Дар ҳошияи сафари мазкур мулоқотҳои ҳайат бо роҳбарият ва сардорони раёсатҳои дахлдори Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт ва масъалаҳои тақвияти ҳамкории мақомоти корҳои дохилии ҳарду кишвар дар самти мубориза бар зидди ҷинояткории трансмиллӣ, терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор, мубодилаи иттилоот ва мусоидат дар боздошт ва истирдоди ҷинояткорон баррасӣ шуданд. Аз натиҷаи сафар Протоколи дахлдор ба имзо расид.

 

Ҳамкориҳои фарҳангӣ

Шурӯъ аз 7 октябри соли 2018 дар шаҳри Давҳа ба муносибати «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» чорабинии идона баргузор шуд. Дар рафти ҳамоиши идона филмҳои мустанад оид ба талошҳо ва дастовардҳои таърихии мардуми тоҷик таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи тақвияти асосҳои давлати миллӣ, татбиқи се ҳадафи стратегии кишвар, таъмини рушди босубот ва баланд бардоштани некуаҳволии шаҳрвандони Тоҷикистон намоиш дода шуданд. Меҳмонон ҳамчунин аз Намоишгоҳи аксҳо бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон» дидан намуданд.

Дар ростои иҷрои дастури роҳбарияти олии кишвар оид ба тақвияти ҳамкориҳо бо Давлати Қатар дар соҳаи фарҳанг ва муаррифии фарҳангу тамаддуни мардуми тоҷик дар арсаи байналмилалӣ дар заминаи татбиқи ҳадафҳои “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, сафари ҳайати расмӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 то 27 ноябри соли 2018 зери роҳбарии собиқ вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ба Давҳа ва нахустин Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Қатар баргузор шуданд.

Аз 22 декабри соли 2018 то 4 январи соли 2019 дар ҷашнвораи байналмилалии фолклорию фарҳангии “Баҳори Давҳа” театр-студияи “Падида” таҳти раҳбарии Ҳунарпешаи хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарофат Рашидова бо барномаҳои ҷолиби рақсию мусиқӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ ширкат варзид [8].

 

Ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ

Давлати Қатар аввалин кишвари арабӣ мебошад, ки дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кардааст ва маҳз сафари расмии Амири қаблӣ Ҳамад ибни Халифа Оли Сонӣ дар соли 2007 ба ин замина гузошт. Самараи он дар татбиқи лоиҳаи Диёри Душанбе ва калонтарин Масҷиди ҷомеъ дар Осиёи Марказӣ зоҳир мегардад (ҳаҷми умумии сармоя то 300 млн. доллар).

Ба мақсади тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва техникӣ амал мекунад ва ҳамраисони комиссия вазирони иқтисод ва тиҷорати ду кишвар мебошанд. Октябри соли 2012 аввалин нишасти он дар Душанбе доир гашт. Нишасти дуюми Комиссияи муштарак моҳи феврали соли 2016 дар шаҳри Давҳа баргузор гашт.

Ҷаласаи сеюми Комиссияи мазкур 29-31 августи соли 2018 дар Душанбе сурат гирифт. Дар Протоколи ҷаласа зарурати тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратию техникӣ ва сармоягузории байни ду давлат ва инчунин тақвияти ҳамкориҳо дар арсаҳои молия ва бонкдорӣ, тиб, илму маориф, фарҳанг, варзиш, ҷавонон ва сайёҳат таъкид шудааст.

Гардиши мол байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар дар соли 2014 ба 57,1 ҳазор доллари ИМА (воридот 2 ҳаз.долл ИМА ва содирот 55,1 ҳаз.долл ИМА) ташкил намудааст.

Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва техникию илмӣ байни ду кишвар амал мекунад ва октябри соли 2012 аввалин нишасти он дар Душанбе доир гашт.

 

Ҳамкориҳои байналмилалӣ

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар номзадиашонро ба Шӯрои ҳуқуқи инсон барои соли 2015-2017 пешниҳод намуданд. Байни ду кишвар бо ташаббуси Қатар табодули ёддошт ҷиҳати дастгирии ҳамдигар сурат гирифтааст.

 

Сафарбаршавии муҳоҷирон ба Қатар

Ба иттилои Ҷабборзода Гулрӯ, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи пандемияи Covid-19 аз кишварҳои Русия, Украина ва Туркия 778 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи хатсайрҳои чартерӣ ба кишвар баргардонида шуданд. Ёдовар мешавем, ки нишасти матбуотии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон саннаи 23.07.2020 баргузор гардида буд. Дар ин нишаст ба суоли хабарнигори СССР дар мавриди тақдири созишномаи Тоҷикистону Қатар дар бораи сафарбар намудани муҳоҷирони меҳнатӣ ба ин кишвари арабӣ масъулини вазорати мазкур чунин посух гуфтанд:

“Созишномаи мазкур аввали соли ҷорӣ ба имзо расида, ратификатсия шуд. Мо гурӯҳи корӣ ташкил дода, муколамаро бо ҷониби Қатар оғоз намуда будем, ки пандемия оғоз гардид. Баъди рафъи ҳолати пандемия ин масъала дубора бозбинӣ мешавад. Дар созишнома теъдоди муҳоҷирон маҳдуд нест ва вобаста ба талаботи давлати Қатар ва омодагии касбии муҳоҷирони меҳнатӣ онҳо ба ин кишвар сафарбар мегарданд” [10].

 

Баргузории бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2032

Кумитаи миллии олимпии Қатар пешниҳоди дархости худро ҷиҳати баргузории Бозиҳои олимпӣ ва паралимпии соли 2032 эълон кардааст [11].

Пас аз он ки Қатар ҳаққи баргузории Ҷоми ҷаҳонии футболро дар соли 2022 ба даст овард, дар ин кишвар дар бораи доир кардани Олимпиада ба андеша афтоданд. Қатар қарор додааст, ки барои баргузории Бозиҳои олимпӣ дар соли 2032 дархост пешниҳод кунад. Рақибони Қатар Австралия, Чин, Ҳиндустон ва инчунин Кореяи Ҷанубӣ ҳамроҳ бо Кореяи Шимолӣ хоҳанд буд.

"Эълони мазкур оғози муколамаи пурмаҳсул бо Комиссияи мизбони ояндаи Кумитаи байналмилалии олимпиро барои таҳқиқи минбаъдаи манфиати мо ва муайян кардани он ки чӣ гуна Бозиҳои олимпӣ метавонанд ҳадафҳои рушди дарозмуддати Қатарро дастгирӣ кунанд, нишон медиҳад", гуфтааст раҳбари Кумитаи миллии олимпии Қатар Ҷавъон бин Ҳамад бин Халифа Ас-Сонӣ.

Гуфтан ба маврид аст, ки дар пойтахти Қатар – шаҳри Давҳа - соли 2006 Бозиҳои Осиё баргузор шуда буд. Соли 2019 бошад, ин шаҳр мизбони қаҳрамонии Осиё ва қаҳрамонии ҷаҳон оид ба варзиши сабук буд. Соли 2022 бошад, дар Давҳа чемпионати ҷаҳон оид ба футбол доир мегардад. Қатар, ҳамчунин, довталаби баргузории Ҷоми Осиё оид ба футбол дар соли 2027 ва Бозиҳои Осиё дар соли 2030 мебошад.

 

Хулоса

Дар ниҳояти баррасии мавзӯъ бояд қайд кард, ки Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷиҳати омӯзиши ҳамкориҳо ва робитаҳои муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қатар, қадамҳои назаррасро гузошта, ин пажӯҳишро барои ҳамкориҳои иқтисодӣ, илмӣ ва фаннии мутақобилан судманд, ба иттилои васеи хонандагон мерасонад.

Барои қавитар ва пурсамартар гардонидани робитаҳои илмию фарҳангӣ бо кишварҳои арабӣ, аз ҷумла, бо Қатар хеле муҳим мебошад. Тоҷикон моликони сарвати ғании илмию фарҳангӣ буда, метавонанд мавриди таваҷҷуҳи доираҳои илмию фарҳангии мардуми Қатар ва тамоми Шарқи араб қарор гиранд ва бо онҳо ҳамкориҳои самарабахши баробарҳуқуқ барқарор намоянд, дар ҳамаи чорабиниҳои байналмилалии дуҷониба ва бисёрҷониба, аз ҷумла ҳамоишҳо ва конфронсҳои илмию фарҳангӣ, фаъолона ширкат варзанд. Тоҷикон метавонанд аз тариқи намояндагони хеш мероси илмию фарҳангии худро ба маърази намоиш гузоранд, роҳҳои ҳамкориҳои тозаро ҷустуҷӯ намоянд. Ҳамзамон, намояндгони илму адаби кишварҳои араб ва Қатарро хусусан ба Тоҷикистон даъват карда, ҳамроҳи онҳо семинарҳо, мизҳои мудаввар ва конфронсҳо, мулоқотҳои дӯстона ва ғайра ташкил диҳанд.

Ба ин восита, ҷониби Тоҷикистон дастоварҳои гуногуни худро ба мардуми Қатар нишон дода, худ аз пешравиҳои қатариён дар соҳаи иқтисод, иҷтимоиёт, илму адаб ва ғайра иттилоъ пайдо менамоянд. Ин кор дар татбиқи эълони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудани солҳои 2019-2021” басе мувофиқ меояд.

 Бояд қайд намуд, ки майдони ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои Шарқи Миёна ва Наздик васеъ аст. Академияи миллии илмҳои Тоҷикисон қудрати онро доранд, ки саҳми намоёни худро дар таҳкими равобити дӯстӣ ва ҳамкории илмӣ бо онҳо гузоранд.

 

Пешниҳодот

 Ниҳоят, ҷиҳати рушду такомул бахшидани ҳамкориҳои судманди ин ду кишвар зарур аст, ки пешниҳоди зеринро ироа намоем:

Якум. Ҳамкорӣ дар масъалаи тарҷума ва нашри мақолаву китобҳои илмию адабии олимон ва адибони тоҷик ва қатарӣ ба забонҳои тоҷикӣ ва арабӣ.

Дувум. Ҳамкории олимони тоҷик ва қатарӣ барои омӯхтани таърих, вазъияти сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангии Давлати арабии Қатар ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони муосир.

Савум. Тарҷума ва пахши филмҳои баландмазмуни қатарӣ ва тоҷикӣ дар телевизиони Қатар ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон ташкили гӯшаи илмию фарҳангии қатарӣ дар Академияи милли илмҳои Тоҷикистон ва гӯшаи илмию фарҳангии тоҷикӣ дар донишгоҳҳои шаҳрҳои бузурги Давлати арабии Қатар.

Чаҳорум. Мубодила ва намоиши китобҳои тозанашри тоҷикӣ ва қатарӣ дар китобхонаҳои ҳар ду кишвар бо ҳамин радиф          боз кардани давраҳои омӯзиши забони арабӣ барои мутахассисони тоҷик ва забони тоҷикӣ барои мутахассисони қатарӣ.

Панҷум. Пайгирию омӯзиши осори адабиётшиносони мисрӣ перомуни осори гузашта ва муосири тоҷик ва зиёрати марказҳои илмию адабии қатарӣ бо мақсади ҷустуҷӯии дастхатҳои осори муаррихон, олимон ва адибони форсу тоҷик дар он марказҳо ва китобхонаҳо.

Шашум. Даъвати олимони қатарӣ барои ошноӣ бо дастнависҳои осори арабзабони форсу тоҷик дар марказҳои илмию адабӣ ва китобхонаҳои Тоҷикистон ва ташкили ҳамоишҳои илмию адабии муштарак дар пажуҳишгоҳҳои Тоҷикистон ва Қатар.

Ҳафтум. Ширкати мутахассисон ва олимони арабшиноси тоҷик дар кору фаъолияти Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Қатар.

Ҳаштум. Гузаронидани ҷаласаҳои машваратӣ ва тадқиқотии муштарак дар соҳаи сиёсати хориҷии кишварҳои Ховари Миёна ва Наздик. Анҷом додани баррасиҳои муштарак дар масъалаҳои доғи рӯзи мамлакатҳои Ховари Миёна ва Наздик.

Бо дарназардошти сатҳи баланди робитаҳо ва азму иродаи роҳбарони сиёсии ду кишвар, мутмаинем, ки дар ояндаи наздик шоҳиди беш аз пеши ҳамкориҳо дар дигар бахшҳои илмиву фарҳангӣ ва сиёсиву иқтисодӣ ба вуқӯъ хоҳад пайваст.

Аз навгонию таҳаввулоти мусбат дар ҳамкории ду кишвар дар солҳои охир изҳори қаноатмандӣ карда шуда, ҳамкории ду кишвар дорои дурнамои умедбахш, хусусан дар соҳаҳои энергетика ва саноат, нақлиёту коммуникатсия, кишоварзӣ, илму фарҳанг ва сайёҳӣ арзёбӣ шудааст. Ҳамчунин, оянда таваҷҷуҳи зиёд ба густариши ҳамкории миёни соҳибкорони ду кишвар зоҳир карда шавад.

 

Адабиёт:

  1. Александров И.А. Монархия персидского залива: Этап модернизация. М. 2005. -67 с.
  2. – Давлятов З.Қ., Тоҷикистон ва Шоҳигариҳои арабӣ: хамкорӣ ва дурнамо Душанбе: «Дониш», 2018, - 231 с.
  3. Давлятов З., Кишварҳои арабӣ, Душанбе-2009, - 65 с.
  4. Ҳамрохон Зарифӣ Саҳифаи нави дипломатияи тоҷик. – Душанбе: Ирфон. 2015. – 160 с.;
  5. Ҳафтаномаи “Дунё” №22 (790) 29 май – 4 июни соли 2019 - с. 4 –
  6. http://www.president.tj/node/21975 Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон12.2019 13:02, шаҳри Душанбе;
  7. http://www.mfa.tj/index.php?l=tj&cat=91&art=150 аз торнамои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон;
  8. https://tajembqatar.tj/tj/about-embassy/ Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар;
  9. https://fa.wikipedia.org/wiki/%D9%82%D8%B7%D8%B1 قطر دولتwikipedia.org;
  10. http://cccp.tj/tj/ijtimo/item/7344-muhojiron-ba-katar-safarbar-meshavand.html?tmpl=component&print=1&fbclid=IwAR0BLPHYpy2OF16QAYc3ewYTfDtQK2pxR8FwjdVwO9QzuGFSRPEV-xMXc3U Ҳафтаномаи СССР, Муҳоҷирон ба Қатар сафарбар мешаванд.
  11. https://www.ozodi.org/a/30751684.html Қатар мехоҳад Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2032-ро доир намояд (санаи истифодабарӣ: 29.07.2020).

                                                                                                                               

Умед Пудинаев, 

 ходими илмии Институти омӯзиши масъалаҳои

давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

 

НАЗАД