Дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Қатар дар асоси МҲТБО

Автор: ИИПСАЕ

Расм

   Тоҷикистон Раёсати Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиёро барои солҳои 2018-2020 бар ӯҳда дорад, ки ҳамоиш панҷумини он 15 июни соли 2019 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Ин маъракаи байналмилалие, ки зиёда аз 27 кишвар ва созмонҳои байналмилалӣ узви он ҳастанд, барои муаррифӣ ва баланд гардидани обрӯю эътибор ва нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ такони ҷиддӣ бахшид. Аз кишварҳои арабӣ, давлати Қатар, Лубнон, Фаластин, Урдун, Баҳрайн ва Амороти Муттаҳидаи Араб низ ба ин созмони байналмилалӣ шомиланд. Тоҷикистон бо кишварҳои арабӣ низ равобити амиқи фарҳангию дӯстӣ дорад, ки дар он раванди муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуда, ҷиҳати ҳамкории масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмиву фарҳангӣ як қатор дастовардҳои мондагорро анҷом додаанд.    Давлати Қатар яке аз давлатҳои пуриқтидори ҷаҳони араб маҳсуб шуда, бо қудрати сиёсату иқтисод ва савдову нафту газ дар байни мамолики арабӣ ҷои дуюмро баъди Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ишғол мекунад. Муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистону Қатар 13 декабри соли 1994 барқарор гаштааст. Моҳи ноябри соли 2012 Сафорати Қатар дар шаҳри Душанбе ва моҳи майи соли 2013 Сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Давҳа кушода шудаанд. Дар таърихи ҳамкории сиёсӣ ва муносибатҳои дуҷониба сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Қатар 6-7 майи соли 2007 саҳифаи нав кушода, ба рушди босуръати минбаъда замина гузошт. Далели ин гуфтаҳо сафари расмии ҷавобии Амири Давлати Қатар Шайх Ҳамад ибни Халифа Оли Сонӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тобистони соли 2007 - аваллин сафари роҳбари давлати арабӣ ба Тоҷикистон мебошад. Дар заминаи ин ду сафар пояи ҳуқуқӣ - шартномавии муносибатҳои ҳамкории дуҷониба бо ҳафт санади иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ, ташвиқ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ таҳким гардид. Заминаи ҳуқуқии ҳамкориҳои муносибатҳои Тоҷикистон ва давлати Қатарро созишномаи муҳими ҳамкорӣ ташкил медиҳад.
   Созишномаҳое, ки байни Тоҷикистон ва Қатар оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникианд, инҳо Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ (6 майи соли 2007), Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба ташвиқ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ (6 майи соли 2007), Ёддошти тафоҳум байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Давлати Қатар, Ёддошти тафоҳум байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷиқистон ва Палатаи савдо ва саноати Давлати Қатар (6 майи соли 2007), Ёддошти тафоҳум дар хусуси бастани Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба алоқаи ҳавоӣ (16 январи соли 2008) ва Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба ҳавасмандкунӣ ва кафолати сармоягузорӣ (25 августи соли 2011) мебошанд.
   Гуфтушунид ва ҳамкориҳои оянда, ки дар заминаи Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё миёни ин ду кишвар ба роҳ монда мешавад, як қатор санадҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои сармоягузорӣ, савдо дар баррасии мақомоти марбутаи ду кишвари дуст қарор мегирад. Боиси ёдоварист, ки моҳи августи соли 2007 Амири давлати Қатар Шайх Ҳамад ибни Халифа Оли Сонӣ бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард. Зимни музокирот ҷонибҳо ба мавофиқа расидаанд, ки бо сармоягузории Қатар як масҷиди бузург бо тарҳи замонавӣ ва бо риояи нозукиҳои меъмории тоҷикӣ дар шаҳри Душанбе бунёд шавад ва ин масҷид, ки калонтарин дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад, рӯзҳои наздик ба истифода супорида мешавад.
   Натиҷаи дигари ҳамоиши МҲТБО ин ҳамкорӣ ва ҳавасмандкунӣ ва кафолати сармоягузориро миёни Тоҷикистону Қатар ташкил медиҳад. Аз ҷумлаи ҳамкориҳое, ки Тоҷикистону Қатар ба роҳ мондааст, метавон ҳамкорӣ дар соҳаи об, соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бо ҷинояткорӣ ва таъмини амният, Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар дар соҳаи фарҳанг, Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи варзиш байни Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Кумитаи олимпии Қатар, Ёддошти тафоҳум байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки марказии Қатар оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фаъолияти молиявӣ ва бонкӣ, Созишнома байни Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати адлияи Давлати Қатар оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳуқуқ, Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, таҳсилоти олӣ ва таҳқиқоти илмӣ, Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба алоқаи ҳавоӣ, Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустиро номбар намуд ва умедворем, ки дар натиҷаи гуфтушунид ва ҳамкориҳои минбаъда, ки дар МҲТБО дар шаҳри Дуҳанбе баргузор гашт ба ин ҳамкориҳо тақвият хоҳанд бахшид. Дар мулоқоти МҲТБО муколамаи сиёсии мунтазами Тоҷикистону Қатар дар сатҳи олӣ заминагузории рушду тавсеаи минбаъдаи муносибатҳои неку манфиатбори ду давлат арзёбӣ хоҳанд гардид. Вобаста ба ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ бояд гуфт, ки Давлати Қатар аввалин кишвари арабӣ мебошад, ки дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кардааст ва маҳз сафари сарвари Давлати Қатар ба ин замина гузошт. Самараи он дар татбиқи лоиҳаи Диёри Душанбе ва бунёди калонтарин масҷиди ҷомеъ дар Осиёи Марказӣ зоҳир мегардад.
   Дар самти ҳамкориҳои байналмилалӣ, Тоҷикистон ва Қатар номзадиашонро ба Шӯрои ҳуқуқи инсон барои соли 2015-2017 пешниҳод намуданд. Байни ду кишвар бо ташаббуси Қатар табодули ёддошт ҷиҳати дастгирии ҳамдигар сурат гирифтааст. Дар нишасти қаблии сарони давлатҳои Тоҷикистону Қатар ба рушди бештари ҳамкориҳои иқтисодӣ, бахусус робитаи доимии доираи соҳибкорону тоҷирон ҳавасмандии зиёд зоҳир гардида, барои роҳандозии ҳамкориҳои манфиатбахш соҳаҳои гидроэнергетика ва об, нақлиёт, кишоварзӣ, бунёди корхонаҳои муштарак, саноати сабук, коркарди сангу металлҳои қиматбаҳо, металлҳои рангаву сиёҳ, иштирок дар бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои илмиву тадқиқотии байни олимону табодули донишҷуёну омӯзгорон пешниҳод карда шуда буд. Бо боварӣ метавон гуфт, ки ин масоили муҳим низ дар ин Саммити МҲТБО роҳҳои ҳалли худро меёбанд ва барои рушди бемайлони ҳарду ҷониб мусоидат мекунанд.
   Дар мулоқоти Саммити МҲТБО инчунин, масъалаҳои ҳамкории байниҳукуматӣ дар соҳаи таъмини амният, дастёбӣ ба созишу ризоият ва таъмини сулҳу субот дар кишварҳои мусулмонӣ, ҳалли вазъи мураккаби сиёсии Афғонистони ҳамсоякишвари мо баррасӣ шуд ва дар оянда ба ин масоил диққати махсус дода мешавад.
   Бояд ёдовар шуд, ки ҳадафи асосии баргузории 5-умин саммити Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ин пешгирӣ аз зуҳуроти номатлуб, терроризм ва экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва роҳҳои сулҳофариниву бахшидани ҳаёти осоишта барои ҷомеаи кишварҳои Осиё ва гуфтушунид ва роҳи ҳалли ҳама мушкилот  мебошад. Ҳадафи дигари баргузорӣ ва ташкили ин машварат ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисодиёт буда, сарони аъзои ин машварат кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки ба воситаи чунин машваратҳои ҳамкорӣ сатҳи зиндагии аҳолии минтақаро боло бардоранд ва сулҳу суботро дар ин минтақаи серташвиш ба роҳ монанд. Баргузории ин машварати ҳамкориро метавон заминаи хубе барои муаррифии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ донист ва дар ояндаи наздик натиҷабахш будани ин машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои бовариро миёни Тоҷикистон ва Қатар эҳсос хоҳем кард.
Субҳиддин ЗИЁЕВ,
Ходими калони
илмии Институт

НАЗАД