Санаи 12.12.2020, шарқшинос - Элчибеков Қудратбек нобаҳангом дар сини 82 - солагӣ дунёро ба қасди охират тарк намуд.
Ёди номи неки инсони комил, шарқшиноси барҷаста ва шахсияти сарсупурдаи илми тоҷик Қудратбек Элчибеков дар дили ҳамкорону шогирдон ҷовидон боқӣ хоҳад монд.
Зиндаву ҷовид монд ҳар ки накӯном зист,
К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро!
Бояд гуфт, ки Устод Қудратбек Элчибеков 23 ноябри соли 1938 дар қишлоқи Вери ноњияи Шуғнон ВМКБ таваллуд шудааст. Таҳсилоти ибтидоиро дар зодгоҳаш кишлоқи Вер ба охир расонида, баъдан ба мактаб-интернати шаҳри Хоруғ дохил шуда, онро соли 1956 ба итмом мерасонад. То соли 1959 ба сифати колхозчии қатории колхози ба номи Куйбишеви ноҳияи Шуғнон кор кардааст.
Соли 1959 ба Донишгоҳи давлати Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин ба факултаи таъриху филология, шуъбаи забони арабӣ дохил шуда, онро дар соли 1964 хатм намудааст. Баъди хатми донишгоҳ дар мактаби миёнаи ба номи В.И. Ленини шаҳри Хоруғ ба сифати муаллими забони форсӣ кор карда, сипас ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ даъват шудааст. Баъдан ба курсҳои олии Кумитаи бехатарии давлатии СССР ба шаҳри Минск фиристонида шуд. Баъди хатми курсҳои мазкур дар Кумитаи бехатарии давлатии назди Шӯрои вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Пас аз хатми хизмати сарбозӣ ба аспирантураи назди Института шарқшиносӣ ва мероси хатти АИ Тоҷикистон дохил шуд ва онро дар соли 1973 ба охир расонд ва дар мавзўи «Силсиламаротиби рӯҳоният дар исмоилия» рисолаи номзадиашро таҳти роҳбарии профессор Андрей Евгеневич Бертелс дифоъ намудааст.
Солҳои 1977 -1980 ба сифати тарҷумони низомӣ дар давлати Эрон кор кард ва пас аз бозгашт дубора ба сифати тарҷумони низомӣ ба кишвари Афғонистон сафарбар шудааст. Дар чандин амалиёти низомӣ ширкат намуда, барои хизматҳои ҷангиаш бо ордени «Красная звезда», медали «За боевые заслуги» мукофотонида шудааст.
Баъд аз бозгашт ба Ватан боз ба Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ (ҳоло Маркази мероси хаттӣ наздӣ Раёсатӣ АМИТ ) дар шуъбаи нусхаҳои хаттӣ ва таҳияи фехристҳо ба кор шурӯъ намуда, то охирин лаҳзаи умри пурбаракати худ дар ҳамин самт кору фаъолият мекард. Аз корҳои мондагори Элчибек Қудратбеков тарҷумаи феҳристи даҳҷилдаи “Нусхаҳои хаттии ганҷинаи дастнависҳои АМИТ” аз забони русӣ ба форсӣ дар ҷаҳор ҷилд ва ҳамчунин феҳристи олимони шинохтаи шӯравӣ Андрей Бертелс ва Муҳаммадвафо Бақоев ба номи “Алфавитный каталог рукописей, обнаруженных в ГБАО экспедицией 1959- 1963” мебошад. Инчуни марҳум Элчибек Қудратбеков бо ҳамдастии олими зиндаёд Саиданвар Шоҳхуморов рисолаи “Пандиёти ҷавонмардӣ”, “Шаш фасл” –и Носири Хусрав ва матни комили “Кимиёи саодат”-и Муҳаммад Ғаззолиро бо ҳамкории Дӯстмуҳаммади Дӯст, дар ду ҷилд ва бо муқаддимаи муфассалу тавзеҳот ба нашр расонидааст. Марҳум рисолаи “Силки Гуҳаррез” –ро аз ҳуруфоти кириллӣ ва форсӣ баргардонидааст. Мақолаҳои устод Қудратбек Элчибеков дар даҳҳо маҷаллаи илмии дохил ва хориҷи кишвар ба чоп расидаанд.
Ҳайати кормандони Институти Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон даргузашти ин олими сарсупурдаи ватанро ба ҳамкорон, ёру дӯстон, аҳли хонавода ва ҷомеаи илмии кишвар тасаллият арз менамояд.
Равонаш шоду ёду номи некаш гиромӣ бод!