(дар ҳошияи Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ)
Дар ҳар давру замон ҳар фарди ҷомеа пайваста барои беҳтар ва хубтар намудани зисту зиндагӣ кӯшишҳои зиёдро ба харҷ медиҳад. Барои осон намудани сатҳи зиндагӣ технология ва самтҳои афзалиятноки он хизмати беандоза калонро дорад. Технология ҳамчун илми ҷудогона дар асрҳои XVIII-XIX дар Аврупо, Амрико, Олмон, Шветсария, Ҷопон, Чин (Хитой), Русия ва дигар абарқудратони ҷаҳон ба баландтарин қулла расид.
Бояд қайд кард, ки технологияро барномаҳои рақамӣ (Digital Programs) вусъат мебахшанд. Барномаҳои рақамӣ натанҳо дар технология, балки дар тамоми соҳаҳо, ба мисли иқтисодиёт, саноат, илм ва ғ. нақши муҳим мебозад.
Ҳангоми истифодаи пурраи ҳамаи «барномаҳои рақамӣ» раванди «иқтисоди рақамӣ» низ ҳалли худро низ меёбад. «Иқтисоди рақамӣ» бо номҳои дигар, ба мисли «иқтисоди интернетӣ», «иқтисоди нав» ё «иқтисоди электронӣ» низ маълум аст.
Истилоҳи «иқтисоди рақамӣ» (Digital Economy) нахустин маротиба солҳои 90-уми асри гузашта дар Ҷопон ба вуҷуд омадааст. Бо мурури замон ин вожа дар ҷаҳони Ғарб, ба хусус ба Аврупо роиҷ гардид ва баъдтар ҳамчун илми ҷудогона омӯхта шудааст. Соли 1995 асари бузургҳаҷм зери унвони «Иқтисоди рақамӣ» («The Digital Economy: Promise and Peril in the Age of Networked Intelligence») аз тарафи олими англис Дон Тэпскот чоп шудааст. Асари мазкур таҳлилҳои навтарини иқтисодӣ ва тиҷоратиро дар бар мегирад.
Инчунин дар заминаи масъалаи мазкур олими амрикоӣ Томас Месенборг 3 нуктаи муҳимро зикр кардааст:
- Иқтисоди электронии саноатӣ (E-business infrastructure) – компютерӣ, телефонӣ ва ғ.)
- Иқтисоди электронии онлайн (раванди доштани алоқа бо ширкат, созмон ва дигар сохторҳои давлатӣ, хусусӣ ва ғайрдавлатӣ ва ғ.)
- Иқтисоди электронии молу маҳсулот (фурӯши китобҳои электронӣ, либос, хӯрока ва ғ.)
Қобили зикр аст, ки айнӣ ҳол ин иқдом на танҳо дар мамолики Ғарб, балки дар кишварҳои Шарқ низ мавриди истифода қарор дода шудааст. Ин беҳтарин усули навтаринест, ки аз фарди одии ҷомеа то баландтарин зинаи ашхос хизмат мекунад. Албатта истифода аз ин усул сарфаи вақт ва заҳмат камтар мегардад. Бинобар ин ҳамаи кишварҳои дунё кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки аз ин усул бархӯрдор гарданд.
Дар баробари дигар давлатҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нахустин рӯзҳои истиқлолияти худ барои баланд бардоштани сатҳи аҳолии кишвар талош меварзад. Дар зарфи 29 соли истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист қисми зиёди сохторҳои давлатиро ба барномаҳои рақамӣ иваз намояд. Дар айни замон пурра иваз намудани барномаҳои рақамӣ дар иқтисодиёт ба назар мерасад. Вазорати иқтисод ва савдои назди Президенти ҶТ тавонист тибқи барномаи мазкур дар тамоми бонкҳои давлатӣ ва ғайрдавлатӣ (хусусӣ) пардохти ғайрнақдиро ба роҳ монад.
Ба ин воситаи муосир зисту зиндагии шаҳрвандон, ба хусус нафақахӯрон, маъюбон ва дигарон ба маротиб осон гардидааст.
Ҳамзамон, дар соҳаи нақлиёт, дар мошинҳои мусофиркашӣ - микроавтобус, автобус ва троллейбусҳо пардохти ғайрнақдӣ ҳалли худро ёфта истодааст.
Соли сипаришуда Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супоришҳои қатъӣ дода, таъкид намуданд: «Ҳукумати кишвар вазифадор карда мешавад, ки минбаъд ба ҷанбаҳои сифатии рушди иқтисоди миллӣ, тақвияти нерӯи инсонӣ, бо истифода аз технологияҳои муосир ва ҷорӣ намудани инноватсия вусъат додани истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ, такмили низоми дастгирии соҳибкориву сармоягузорӣ ва тавсеаи иқтисодиёти рақамӣ диққати аввалиндараҷа диҳад».
Бояд гуфт, ки барои тақвият додани иқтисоди рақамӣ дар дохили кишвар на танҳо Вазорати иқтисод ва савдо, балки Вазорату сохторҳои дигарро низ лозим меояд, ки ҳар чи зудтар онро ба роҳ монанд. Кӯшишу талошҳои Ҳукумати кишвар маҳз барои баланд бардоштани сатҳу сифати иқтисодӣ ва иҷтимоии аҳли ҷомеа мебошанд.
Шозиёева Г.П.,
котиби илмӣ