ХУСУСИЯТҲОИ СТРАТЕГИИ МУНОСИБАТҲОИ МУОСИРИ ЧЕХИЯ ВА МАҶОРИСТОН

Автор: ИИПСАЕ

Расм

  Муносибатҳои Чехия ва Маҷористон, ки қаблан чандон фаъол набуд, ба марҳилаи нави динамикӣ ворид шуд. Инро натиҷаҳои музокироти расмии Виктор Орбан, вазири Маҷористон бо Милош Земан, раиси Ҷумҳурии Чехия ва бо вазир Андрей Бабиш дар Прага тасдиқ кардаанд (1).
  Дар охири соли 2018 гардиши мол миёни ду кишвар ба 10 миллиард евро расидааст. Бахусус ҳамкориҳои фаъолона дар соҳаҳои энергетика, дорусозӣ, саноати хӯрокворӣ, нақлиёт ва кишоварзӣ ба таври қобили мулоҳиза ҷараён дорад.
  Маҷористон муаллифи лоиҳаи инфраструктураест, ки Будапешт, Прага, Варшава ва Братиславаро бо роҳҳои мукаммали автомобили пайваст мекунад. Ҷониби Маҷористон омода аст, ки то соли 2020 4,6 миллион € барои арзёбии кори коршиносон дар ин самт ҷудо намояд.
  Навоварии охирон ин баррасии дурнамои ҳамкориҳои низомӣ мебошад. Маҷористон аз Чехия ду ҳавопаймои омӯзишӣ ва ду ҳавопаймои иктишофӣ харид ва ният дорад лётчикҳои низомиро барои омӯзиш ба Чехия бифиристад. Илова бар ин, тибқи иҷозатномаи Чехия Маҷористон 200 ҳазор силоҳи тирандозӣ истеҳсол хоҳад кард (2).
  Тибқи маълумотҳои иҷтимоии соли 2017, 36% дарсади чехҳо аз узвияти кишварашон дар Иттиҳодияи Аврупо (ИА) розӣ набуданд - ва ин баландтарин нишондод дар миёни ҳамаи кишварҳои Иттиҳод аст (3).
  Будапешт хамчун як тарафе баромад намуд, ки чораҳои сиёсиро оғоз менамояд, ки ба талаботи Брюссел мувофиқат намекунанд. Аз ин ҷост, ки Будапешт барои нигоҳ доштани мавқеъи худ дар муколама бо Брюссел дар Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ платформаи мустаҳками иқтисодӣ ва дипломатӣ фароҳам меорад. Будапешт «чаҳоргонаи Вишеград»-ро (Маҷористон, Чехия, Словакия, Лаҳистон (Полша)) дар чунин барнома (платформа) мешиносад. Маҷорҳо умедворанд, ки аз рӯи як қатор масъалаҳо ба мустаҳкамшавии мавқеи мамлакатҳои чоҳоргонаро ноил мегарданд.
  Дар баробари ин дар дохили «Чоҳоргонаи Вишеград» як қатор ихтилофҳо низ мавҷуданд, ки дар арсаи сиёсии Европа барои озодона амал кардан монеъ мешаванд. Дар байни ин ихтилофҳо, аз ҷумла:
- назари мухталифи Маҷористон ва Лаҳистон (Полша) Лаҳистон ба сиёсати таҳримии ИА ва ИМА нисбат ба Русия, ки дар он Маҷористон тарафдори сабук кардани таҳримҳо (санксияҳо) ва Лаҳистон бошад, тарафдори ташдиди онҳост;
- назари мухталифи Маҷористон ва Лаҳистон дар бораи ҳузури низомии ИМА дар Аврупо: Маҷористон онро нисбат ба Лаҳистон бо таҳаммулона қабул мекунад;
- дидгоҳи гуногуни Маҷористон ва Лаҳистон оид ба ҳамкорӣ бо Русия дар бахши энергетика;
- бархӯрди мухталифи кишварҳои “чаҳоргона” ба ҳаводиси Украина: Лаҳистон ошкоро аз режими миллатгаро дар Киев пуштибонӣ мекунад, Маҷористон онро барои поймол кардани ҳуқуқи ақаллияти маҷорӣ ошкоро интиқод мекунад, Словакия бетарафии қатъиро риоя мекунад, мавқеи Ҷумҳурии Чехия дар байни дастгирӣ ва бетарафӣ қарор дорад.
  Лаҳистон ва Маҷористон роли пешвоёни идеологӣ ва сиёсиро дар дохили “чоҳоргона” даъво доранд, дар ҳоле, ки Ҷумҳурии Чехия ва Словакия бидуни идеологияи ошкоро бештар ғайрифаъолона рафтор мекунанд. Аз рӯи бисёр масъалаҳо ихтилофи мавқеъҳои Варшава ва Будапештро ба назар гирифта, хамкориро бо Прага ва Братислава вусъат медиҳанд.
  Словакия ба тавсеаи ҳамкориҳо бо Маҷористон бинобар тағйир додани таркиби дохилии ИА дар робита ба хуруҷи Бритониё (Брексит) таваҷҷуҳ дорад. Иқтисоди Словакия ба содирот нигаронида шуда дар ММД 0,4% коҳиш ёфтааст. Ин аз ҳисоби миёна аз ҷониби ИА камтар аст (1.5%), аммо ин нишондиҳанда нест, ки онро ба назар гирифта шавад (4,5).
  Дар соли 2017 ба Британияи Кабир 6% содироти Словакия ва 2,5% воридотро ташкил медиҳад (4). Британияи Кабир дар рӯйхати самтҳои асосии содиротии Словакия дар ҷои шашум қарор дорад. Интизор аст, ки саноати мошинсозӣ дар Словакия истеҳсолшуда, ки барои бозори Бритониё пешбинӣ шудааст, зарар бинад.
  Бо назардошти ин Братслава роҳҳои гуногуни содиротро меҷӯяд ва Маҷористон яке аз он самтҳо буда метавонад. Илова бар ин, Словакия интизор аст, ки Маҷористон низ лоиҳаҳои муштараки иқтисодиро дар минтақаҳои сарҳадии худ амалӣ карда метавонад.
  Бо назардошти гуфтаҳои боло метавон тахмин кард, ки вектори Чехия ва Словакия дар доираи “чаҳоргонаи Вишеград” барои Маҷористон афзалият хоҳад дошт, дар ҳоле ки муносибатҳои Лаҳистон ва Маҷористон бо суръати суст инкишоф меёбанд ва ҳамкориҳо дар соҳаи низомӣ яке аз самтҳои камфаъол мебошад.
 
                                                         Манбаъҳои интернетӣ:
1.http://abouthungary.hu/blog/pm-orban-in-prague-on-the-rough-terrain-of-european-politics-only-the-brave-ones-survive/
2.http://www.kormany.hu/en/ministry-of-foreign-affairs-and-trade/news/hungarian-czech-economic-cooperation-has-moved-up-a-level
3.https://globalriskinsights.com/2018/08/euroscepticism-czech-republic-central-european-disaster-waiting-happen-hot-air/
4. https://rmx.news/slovakia/slovakia-prepares-hard-brexit
5. https://interaffairs.ru/news/show/21237
 
Юсуфӣ Фарзонаи Шуҳрат
ходими хурди илмии
шуъбаи Аврупо ва Америка

НАЗАД