Автор: Рахмонов Мирсаид
«Ҷавонон бояд номбардори ниёгони хирадманд, сулҳпарвар, эҷодкор ва баору номуси хеш бошанду дар роҳи созандагиву бунёдкорӣ, ватандӯстиву масъулиятшиносӣ тарбият ёфта, рушд намоянд». Аз суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати таҷлил аз Рӯзи ҷавонони кишвар.
Нақши донишмандону муҳаққиқон, донишгоҳу пажӯҳишгоҳҳои илмӣ дар тарбия ва таълими ҷомеаи солиму созандаву сарфароз муҳим буда, яке аз воситаву роҳҳои калидӣ маҳсуб меёбад. Барои камина мояи ифтихор аст, ки санаи 23-юми июн дар конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Таҳдидҳо ва хатарҳои эҳтимолӣ ба суботу амният ва равандҳои интегратсионӣ дар Осиёи Марказӣ”, ки дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ баргузор гардид ва рӯзҳои 4 – 6-уми июл Анҷумани байналмилалии “Хонишҳои V-уми Артуч” бахшида ба “Масоили мубрами илмҳои педагогӣ, иҷтимоӣ-гуманитарӣ ва фанҳои дақиқ дар замони муосир”, ки дар лагери кӯҳнавардии Артучи шаҳри Панҷакент баргузор гашт, иштирок намуда, аз масъалаҳои муҳимми илмҳои гуманитарӣ, табииву риёзӣ ва мубрами замони муосир огаҳӣ пайдо кардам. Зеро ҳам дар Анҷуман ва ҳам дар конференсияи баргузоргардида олимону донишмандони зиёд оиди масоили мубрами педагоиву иҷтимоӣ, илмҳои дақиқ, таҳдиду хатарҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок ва фаъолона сухаронӣ карданд.
Нигорандаи сатрҳо низ дар форуми байналмилалии “Хонишҳои V-уми Артуч”, (4-6 июли 2023)-и Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент) дар мавзуи “Ҷавонон заминагузору замонагузори ҷомеаи ҳушманд” баромади илмӣ намудам.
Бояд таъкид кард, ки гузаштагони мо аз қадимулайём дорои илму маърифат, ҳунару маҳоратҳое буданд, ки оламиёнро бо чунин шарофат, санъат тасхиру мафтуни худ гардониданд.
Илму маърифат, забону адаб ва меъморӣ аз васоиле мебошанд, ки тавассути онҳо фарҳанг, сиёсат ва ҳунару маҳоратҳои халқӣ шаффофу ошкоро инъикос меёбанд. Забону адаб, фарҳангу тамаддуни ҷаҳонӣ аз рӯи дастовардҳо арзёбӣ ва баҳо дода мешаванд.
Имрӯз осори онро мо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷумла, Тоҷикистону Ӯзбекистон, Қазоқистону Туркманистону Қирғизистон ва Осиёи Ҷанубӣ ба хусус Ҳиндустону Покистон ва дигар манотиқ мушоҳида менамоем, ки аз он шаҳодат медиҳад, ки гузаштагони мо ҷаҳонро бо чунин заковату санъат ва ҳунарашон зебову тазйин додаанд. Дар ин зимн, ҷойгиршавии макону минтақаҳои гуногун аз ҷумла Душанбе, Бухорову Самарқанду, Тошканду Куқанду Хуҷанд аз шаҳрҳои бостоние мебошанд, ки навоҳии Шоҳроҳи бузурги Абрешим қарор дошта, заминаҳоро дар рушду нумуи илму маърифат, сайру сайёҳат ва савдову тиҷорат фароҳам овардааст.
Қобили зикр аст, ки донишмандону аҳли адаб, санъату маҳоратҳо ва маконҳо на танҳо комёбию бозёфтҳои онҳо буда, балки таҷассумгари анъанаи бой ва нозукиҳои илму маърифат, забону адаб ва санъати меъмории Осиёи Миёна низ мебошад, чунки бо ҳамдастии донишмандону муҳаққиқон ин манотиқ зебову шодон ободу дизайнкорӣ шудаанд.
Дар ҳақиқат, халқу миллатҳо, кишвару давлатҳо бо шаҳрвандони донову доро, муаддабу бовиқор ва зираку ҳушёр, маконҳову шаҳрҳо ва деҳаҳову маҳаллаҳо дар партаву чаҳорчӯбаи хираду дониш, фарҳангу фаросат ва худшиносиву худогоҳӣ, рушду нумуъ ёфта, дараҷабандиву раддабандӣ шуда, сазовори мақому мартаба гардида, дар ҷаҳон боқӣ мемонанд. Онҳо тавассути таълиму тарбияи аҳолӣ аз ҷумла, ҷавонон ҷомеаи солиму созанда ё ба истилоҳи дигар ҷомеаи ҳушманд месозанд.
Мавриди зикр аст, ки ибора ё термини “шаҳри интеллектуалӣ” ё ҳушманд, “smart city” бо забони англисӣ «умный город» бо забони русӣ имрӯз байни мо маъруфият ёфта, забонзадаи ҳама гаштааст. Барои нигорандаи сатрҳо хело ҷолибу хотирмон аст, ки дар яке аз биноҳои баландошёнаи шаҳри Душанбе ибораи “Хона ё бинои ҳушманд” (“smart home”) навишта шудааст, ки аз эҷоду сохтани шаҳрвандони ҳушманд гувоҳӣ медиҳад.
Тибқи баррасиҳо, ин термин нисбат ба шаҳру маҳаллаҳое гуфта мешавад, ки барои ҷамъоварии иттилоот аз намудҳои гуногуни абзору дастгоҳҳои сенсорӣ ва усулҳои электронӣ истифода карда, ба сокинон шароиту имконоти саривақтиву заруриро фароҳам меоваранд.
Ҳамин тариқ, маълумот тавассути шаҳрвандон, дастгоҳҳо ва захираҳои шаҳрдорӣ, идоракунии ҳаракати нақлиёт ва системаҳои нақлиётӣ, нерӯгоҳҳои барқӣ ва иншооти шаҳрӣ, шабакаҳои обтаъминкунӣ, идоракунии партовҳо, ошкоркунии ҷиноятҳо, системаҳои иттилоотӣ, мактабҳо, китобхонаҳо, беморхонаҳо ва дигар хадамоти иҷтимоӣ ҷамъоварӣ шуда, мавриди амал қарор мегиранд, ки мақсаду ҳадафи асосии “шаҳри интеллектуалӣ” ин ҳамгироии технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ ва дастгоҳҳои гуногуни физикии ба шабакаҳои пайвастшудаи интернетӣ барои фароҳамсозии хадамоти фарогир ва иртибот бо шаҳрвандон мебошад. Истифодаи дурусти он ба роҳбарону мансабдорони шаҳр имкон медиҳад, ки мустақиман бо ҷомеа ва зерсохторҳо робита дошта, ба талабу ниёзҳо ва арзу шикоятҳо фавран ҷавоб диҳанд.
Халлоқият, омӯзиш ва донишмандӣ аз хусусиятҳои чунин “шаҳрҳои ҳушманд” мебошад, ки ҷомеаҳои озоду ободу ором месозанду умр ба сар мебаранд. Кишвари мо низ бо дарёфти Истиқлолият дар санаи 9-уми сентябри соли 1991 муносибати дипломатии худро бо тамоми мамолики дунё оғоз намуда, бо мардумони бохираду бофаросат ва роҳбарии Президенти бономусу ҷасорат Ватанро аз ин вартаи ваҳшату даҳшат раҳонида, дар партави озодӣ, оромӣ ва ободӣ онро гулгуншукуфон сохтанд.
Конфронси мазкур зери роҳнамоӣ ва дастуру машваратҳои олимону муҳаққиқон ва адабиётшиносону коршиносони варзида Муаззамхон Ансорӣ, Шодмон Воҳидов, Иброҳими Наққош, Ф.Маҳумудов, Саъдулло Носиров, Бунафша Ғаниева ва дигарон дар бинои Кумитаи фарҳангии шаҳри Панҷакент оғоз шуда, дар давоми се рӯз аз ҷониби иштирокчиён оиди масоили мубрам маърузаҳои назариву амалӣ ироа гардид.
Бештари масоили педагогӣ, иҷтимоӣ ва фанҳои дақиқ аз ҷониби коршиносон бо зикри мисолу масъалаҳои таҷрибавӣ маънову мафҳум ва шарҳу тавсифҳо барои иштирокчиён фаҳмондадиҳӣ гардид, ки аз нукоти муҳими Форум ба ҳисоб меравад, то ки аз масоили мубрами рӯз огаҳии дуруст ёфта, малакаву касбияти худро боз ҳам қавитар гардонида, ҷомеа ва аҳли онро солиму созгору сарфароз тарбият намуд.
Ҳамин тариқ, вазифаҳои асосии забону адабиёт, муҳаққиқу мутааллим ва таҳлилгар бо истифода аз ченаки санҷишии чӣ, кӣ, кай, чарову чӣ хел, дар куҷо ва роҳҳои муосири таълиму тарбия аз маърузачиён бо мисолҳои ҷаззоб ва бозиҳои интерактивӣ баён гардид. Масоили мубрам ва доғи рӯз аз қабили ҳамгироии илмиву фарҳангии кишварҳои Осиёи Марказӣ, рушди илму маърифат ва баҳсҳои илмӣ ва роҳҳои пешгирии хатару хатарафсоиҳо миёни мамолики ҷаҳон ва пайомадҳои манфии он ба мардумони осоиштаи ҷомеа ва роҳҳои ҷилавгирӣ аз онҳо бо истифода аз доштани нақша, ҳамқадами замон, дақиқу кӯтоҳу пурмазмун будан ироа шуда, таҳлилу баррасӣ гардиданд, ки аз муҳимтарин нукоти омӯзиш ва дарки масоили мубрами замони муосир мебошанд.
Роҳу равишҳои навини педагогӣ бо истифодаи методҳои муосир, ки аз мақсадҳои семинари омӯзишӣ аз ҷумла, ҳалли мушкилоти мавҷуда, таҳияи стратегияҳои нави рушд, ба роҳ мондани мусоҳибаҳои дуруст бо коршиносони соҳавӣ чӣ аз иқтисод, сиёсат, фарҳанг, иттилоот, ҳамлу нақл ва бехатариву экологӣ буд, барои камина бениҳоят ҷолибу хотирмон ва саривақтӣ ба шумор мерафт.
Дар ниҳоят бояд зикр кард, ки чунин конфронсу форумҳо бо ҷалби олимону мутахассисони моҳиру барҷастаи кишварҳо заминаро барои сохтани ҷомеаи огоҳу ҳушманд ба мисли шаҳру маҳаллаҳои ҳушманди ҷаҳон нақши калидӣ гузошта, зери шиори “Ҳамбастагӣ барои рушду нумуи ҷомеа созгору солиму сарфароз” бо қадамҳои устувор ва ҷасорату маҳорату фаросат ва зиракии сиёсӣ ба сӯи қуллаҳои баланд раҳсипор гашта, мардумонро аз хатару таҳдидҳои номатлуб огоҳ карда, минтақа ва ҷаҳонро Озоду Ободу Ором нигоҳ медоранд.
Зеро таълиму тарбияи ҷомеа аз ҷумла, ҷавонони бохираду ҳушманд муҳим арзёбӣ шуда, ба қавли Иқболи Лоҳурӣ, ҳадафи таълим аз як сӯ интиқоли муассири мероси фарҳангӣ, низомҳои эътиқод ва салоҳиятҳо аз як насл ба насл ва аз сӯи дигар роҳи тавонбахшӣ ва таҳкими зеҳни инсон аст. Шоир ва файласуфи машриқзамин аллома Муҳаммад Иқбол шефтаи мардумон аз ҷумла, ҷавонон шуда, дар яке аз ашъораш ба онҳо чунин хитоб мекунад:
Чун чароғи лола сӯзам дар хиёбони шумо,
Эӣ ҷавонони Аҷам, ҷони ману ҷони шумо!...
Иқбол тавассути илму донишу таълим мехоҳад, ки ҷавонон раванди тафаккури интиқодӣ, таҳлили амиқ ва пурсишҳои доимӣ ба худшиносӣ комёбӣ ҳосил намоянд. Иқбол ҷавононро ташвиқ мекунад, ки тафаккури саволу пурсиш таълиму тарбия гирифта, баҳсҳои боандеша дошта бошанд. Ба эътиқоди Иқбол, таҳсилот бояд ҷавононро барои амалӣ сохтани нерӯи эҷодии худ, ки метавонад ба манфиати бештари ҷомеа истифода шавад, илҳом бахшад. Маҳз ҳамин дастёбӣ ба фардият ё худшиносии онҳо заминаҳо гузошта, онҳоро бо донишу малака ва хирад ба фардои нек омода месозад. Илова бар ин, Иқбол ҷавононро ташвиқ мекунад, ки ҳамчун донишманди эҷодкор тарбият ёфта, ба тавоноии шуури инсон ва бештар ба динамизми чавонии худ боварӣ дошта бошанд.
Дар кори конференсияи мазкур олимону мутахассисон ва коршиносони байналмилалӣ аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Федератсияи Россия ширкат доштанд.
Дар фарҷоми чорабинӣ иштирокчиён бо гувоҳномаҳо сарфароз гардонида шуданд.
Дар ин зимн, бояд таъкид кард, ки донишмандону муҳаққиқон мушатаракона метавонанд дар партави мактаби сулҳу созандагӣ ва формулаи эҷодшудаи камина аз “PEACE” ё ба ибораи дигар
Promotion-тарвиҷу тарғиби сулҳу субот
Economization-сарфаҷӯии иқтисодӣ
Activation-фаъолсозии барномаву лоиҳаҳо
Cooperation-ҳамкорӣ
Elimination-маҳву бартарафсозии хатарҳои ҷомеа мардумони минтақа ва ҷаҳонро ОЗОДУ ОБОДУ ОРОМ нигоҳ доранд.
Дар воқеъ чунин маҳфилу форумҳои илмӣ дар маконҳои хуби сайёҳии кишварҳои минтақа барои рушди илму маърифат муфиду муҳим буда, муҳаққиқонро сари дастархони хираду маърифат ҷамъ оварда, тавассути онҳо масоили мубрамро ҳаллу фасл намуда, ҷомеаро ба сӯи қуллаҳои олӣ дар партави озодиву оромиву ободӣ рушд медиҳад. Ташаббусҳову ташаббусгарони чунин маҳфилҳоро метавон аз фуруғдиҳандагони машъали илму маърифат донисту икдомҳои онҳоро бояд дастгирӣ карда, амалӣ намуд.
Мирсаид РАҲМОНОВ,
таҳлилгар, ходими калони илмии
Институти Осиё ва Аврупои АМИТ