Кори матбуоти тоҷик «гул карданист»!

Автор: ИИПСАЕ

Расм

Матбуоти тоҷик беш аз 100 сол умр дорад. Аммо агар ба матбуоти тоҷикии форсизабон биандешем таърихи он бештар аст ва пайдоиши он дар Хинду Эрон ва дигар қорахо ба вуҷуд омадааст.
Вале матбуоти миллии мо то кунун се марҳаларо пушти сар намудааст, ки марҳалаи аввали он оғози асри 20 , баъдан даврони шуравӣ ва мархилаи саввум ҳоло замони истиқлолро дар бар мегирад.
Набояд фаромуш кард, ки марҳалаи аввал марҳалаи хеле муҳим аст. Чун нашри «Бухорои Шариф» огози матбуоти миллии мо тоҷикон гардид ва имрӯз 11 март, рӯзи таъсиси ин рӯзнома ба унвони Рӯзи матбуоти миллии тоҷикӣ эътироф шудааст.
Дар бораи «Бухорои шариф» мешавад соатҳо гуфт, аммо ҳамин ки нахустин рӯзномаи тоҷикӣ аст ва сароғози матбуоти мост худ хеле ҳарф аст.
Банда аз наздик ин рӯзномаро дидаам ва онро ламс кардаву ҳар шумораашро мутолиа кардаам.
Бо ҳидояти устоди равоншод Пайванди Гулмуродзода, ки аз маорифпарварони давр буд,  ҳамрох бо яке аз ҳамкурсонам Абдухолиқ Мусозода, дар соли чоруми таҳсиламон ба Узбекистон барои таҷрибаомӯзӣ рафта будем ва маҳз мутолиаву таҳкики «Бухорои шариф» ҳадафи мо буд. Чун тибки дастури устодамон барои рисолаи дипломии Абдухолиқ бояд каталоги ин рӯзномаро таҳия мекард ва ман мақолаҳои публитсистии Мирзо Чалол Юсуфзодаро ба баррасӣ мегирифтам. Худоро шукр мекунем, ки ба ин ҳадафамон расидем.
Бо он ки форсии Абдухолиқ заиф буд, банда тамомии сарлавҳаи мақолаҳо ва навиштаҳои рӯзномаро мехондам ва ӯ навишта мекард, ки тавонистем дар таҳияи рисолаи дипломии вай кумаке кунем.
Худам бештар маколахои Мирзо Чалолро мутолиа карда ва ба хатти сириллик баргардон менамудам.
Бояд ба ифтихор бигуям, ки ман ва Абдухолиқ ду тан донишҷӯёне будем, ки дар ҳамон солу замони вазнин (муносибатҳо бо Узбекистон хуб набуд) ба Узбекистон рафтем ва ба гуфти равоншод Пайванди Гулмуродзода нахустин донишҷӯёне будем, ки рӯзномаи «Бухорои Шариф» -ро дар шакли асл дидему мутолиа кардем.
Пас аз бозгашт бо ҳидояти устод мақолаҳои дигари рӯзномаро баргардон кардам ва баъдан дар бархе аз рӯзномаҳо нашр шуданд.
Баъдан то ҷое вокифем шакли электронии рӯзнома ба Китобхонаи Миллӣ оварда шуд, ки албатта кори хуб аст.
Чаро ин лахзахоро ёддовар шудам?
Фикр мекунам хуб мешуд бо таваҷҷух ба вазъи феълӣ, ки осоишта ва муносибатҳо бо Узбекистони ҳамсоя хуб аст, донишҷуёни мо тавонанд сафарҳое ба ин кишвари ҳамсоя дошта бошанд ва аз ганҷинаҳои нодири миллати тоҷик дидан ва мутолиаву таҳқиқ намоянд.
Хуб, марҳалаи дуввуми журналистикаи тоҷик ба даврони шуравии пешин рост меояд, ки хеле давраи муҳим аст. Чун агар дар давраи аввал чанд рузномаи тоҷикӣ ба майдон омада буд, давраи дуввумро мешавад давраи осоиштаи чопи нашрияву маҷаллаҳои тоҷикӣ унвон кард.
Рӯзномаҳо ва маҷаллаҳои фаровон чоп шуд ва тиражашон низ аз 1 миллион гузашт…..
Аммо марҳалаи саввуми рушди журналистикаи точик, ки холо мо зиндагӣ дорем, замони истиқлол аст.
Ин замонест, ки воқеан журналистикаи миллии тоҷик ба вучуд омад.  Истиқлолхоҳии мо бештар шуд. Матбуоти миллӣ руҳу илҳоми тоза касб кард. Мо тавонистем озодтар ва шафофотар ва ошкор бигуему бинависем. Зеро замони истиқлол инро ба мо эҳдо кард. Шумо хуб медонед, ки бо вуҷуди даврони хуб будани шуравӣ баста будем, бисёр чизро шафоф гуфта наметавонистем.
Аммо ҳоло нашриёти мо озод аст ва касе мудохила  намекунад. Мардум низ он чӣ дар дил доранд онро баён месозанд.
Яъне хар давр хосияти хоссе дорад.
Аммо набояд фаромуш кард, ки дар даврони мушкилтарин барои миллати мо бузургони майдони сиёсату фарханг ҳарфи худро бо ҳар рохе гуфтанд. Инҷо месазад аз устод Садриддин Айнӣ ёд кард, ки ба хотири миллати хеш зарби 75 чубро тоқат ва таҳаммул кард.
Корнамоии бузурги ин абармард бесобиқа аст ва таърихи мо ва миллати мо набояд ҷонннисориҳхои ӯро фаромуш кунад. Махз мақолаҳои ӯ миллати моро бедор кард…..
Ин буд, ки Асосгузори сулху вахдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти муҳтарами Тоҷикиситон ба ин марди шариф, абармарди сиёсату фарҳанг ва ман мегуям журналисти матинирода устод Садриддин Айнӣ унвони Каҳрамони Тоҷикиситонро насиб донист.  
Пешвои муаззами миллат зимни суханрониаш ба муносибати 100 солагии матбуоти точик (10.03.2012) таъкид карданд, ки:

«Вақте ки ба таърихи матбуотамон назар меафканем, қабл аз ҳама хизматҳои бузурги Қаҳрамони Тоҷикистон - устод Садриддин Айниро ба ёд меорем, ки ба хотири гузоштани асосҳои давлати мустақили мо анҷом додааст. Маҳз устод Айнӣ бо мақолаҳои ватандӯстонаву маорифпарварона ва сухани миллатсози худ ба бедории мардуми тоҷик такони ҷиддӣ бахшидааст.

Дар як мақолааш устод Айнӣ таъкид намудааст: «Ҳар одаме, ки дуруст фикр мекунад, медонад, ки Ватан модари ӯст, Ватан хеш ва табори ӯст, Ватан шараф ва номуси ӯст, Ватан ҳама чизи ӯ ва ҳаёти ӯст! Ба ин сабаб ҳар фарзанди одам, ки сифати инсонии худро гум накардааст, Ватани худро мисли модари худ, ҳатто аз вай ҳам зиёдтар дӯст медорад, ӯро ҳимоят ва мудофиа мекунад».


Ин суханони воқеан пурарзиш ва ин панди устод барои ҳамаи мо ва хусусан барои аҳли қалам ва рӯзноманигорон сабақи бузург ва чароғи роҳнамо дар фаъолияти ҳаррӯзаамон бояд бошанд!
Марҳалаи саввумро марҳалаи сарнавиштсози миллат унвон кардан низ мешояд. Зеро маҳз дар ҳамин давра Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Рахмон барои журналистону намояндагони васоити ахбори омма имконияту шароити зарурӣ муҳаё карданд.
Ба журналистон имконияти озод гуфтану навиштан ва аз танқид пархез накарданро доданд. Хатто гуфтанд, ки «танқид ҳамчун падидаи созанда яке аз омилҳои асосии рушди ҷомеа мебошад, зеро озодии андеша, назари интиқодӣ ва таҳлилӣ ба далелу рӯйдодҳои ҷомеа боиси ошкор шудани нуқсу камбудиҳо ва ислоҳу пешрафти фаъолияти ин ё он соҳа мегардад. Гузашта аз ин, танқид ҳатто худи инсонҳоро дигар мекунад ва ба рушду камоли онҳо сабаб мешавад.»
Мутаассифона ҳанузам ҳастанд нафароне, ҳатто мансабдорону масъулон, ки аз танқид меранҷанд ва онро барои худ ор медонанд.
Аммо ман итминон дорам, ки давлату ҳукумат ва ба хусус Пешвои Муаззами Миллат ба кори рӯзноманигорон бо таваҷҷух менигаранд ва аҳамияти ҷиддӣ медиҳад.
Ин аст, ки худашон мегуянд, «Хотирнишон месозам, ки аз бисёр навиштаҳои рӯзноманигорон огоҳ ҳастам ва онҳоро дар мавридҳои зарурӣ мавриди истифода қарор медиҳам.»
Ман боварӣ дорам, ки фаъолияти рӯзноманигорон аз ин ба баъд хуб хохад шуд. Ба истилоҳи устод Садриддин Айнӣ: «Кори Тоҷикистон гул карданист!».
Дар охир ҳамаи шуморо ба муносибати иди миллиамон - Рӯзи матбуоти точик самимиона шодбош гуфтаниам ва барои якояки шумо рузу рузгори хушро таманно дорам. Сарбаланду сарафроз бошед!
 
Хуршед Андамов, журналист

НАЗАД