Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ин созмони бонуфузи минтақавиест, бо ташаббуси Қазоқистон дар соли 1992 асос гузошта шуда, мақсади он ҳамкории сиёсӣ, низомӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар доираи кишварҳои аъзои созмон буда, амнияти дастаҷамъии Осиёро дар назар дорад. Ҳамзамон моҳи феврали соли 2002 Шоҳигарии Таиланд дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Ассотсиатсияи давлатҳои Осиёи Ҷанубӣ-Шарқӣ ғояи машварти ҳамкории Осиёро бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкории байниминтақавӣ, ки тавонад дар оянда ҳамчун асоси ҳамкориҳои умумиосиёӣ хизмат кунад, пешниҳод кард.
Ба ин созмони бонуфузи минтақавӣ 27 кишвар аъзо мебошад ва ҷаласаҳои он бо раисии Қазоқистон, Туркия ва Чин дар солҳои мухталиф доир гардида, масъалаҳои амниятӣ, низомӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиро баррасӣ карданд, ки он натиҷаҳои назаррас ба бор овардааст. Имрӯз кишварҳои Афғонистон, Озарбойҷон, Баҳрайн, Бангладеш, Камбоҷа, Чин, Миср, Ҳиндустон, Эрон, Ироқ, Исроил, Урдун, Казоқистон, Корея, Қирғизистон, Муғулистон, Покистон, Фаластин, Қатар, Россия, Шри-Ланка, Тоҷикистон, Таиланд, Туркия, Аморати Муттаҳидаи Араб, Ӯзбекистон ва Ветнам дар доираи машварати ҳамкорӣ ба ҳам омадаанд ва узви доимии Машварати ҳамкорӣ мебошанд. Япония, Беллорусия, ИМА, Индонезия, Лаос, Филиппин, Малайзия ва Украина кишврҳои нозири машварати ҳамкорӣ ҳастанд. Барои шомилшавӣ ба машварати ҳамкорӣ дар Осиё Яман, Непал ва Австралия ҳавасманд мебошанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи панҷуми Вазирони корҳои хориҷии Машварати ҳамкории Осиё, ки 5 июни соли 2006 доир гардида буд, ба узвияти он шомил гардид. Имрӯз раисии ин машварат ба дӯши Тоҷикистон вогузор гардидааст, ки ин аз боварии аъзоёни ин созмон ба Тоҷикистон буда, обрӯ ва нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи сиёсати ҷаҳонӣ боз ҳам боло хоҳад бурд.
Мақсади ниҳоии машварати ҳамкорӣ амнияти минтақаи Осиё мебошад. Чуноне маълум аст, ҳама ноамниҳо маҳз аз минтақаи Осиё сар задааст. Аз ҷумла, ноамниҳо дар Ироқ, Сурия, Фаластин, Афғонистон. Барои бартараф кардани ноамниҳо баҳамоии кишварҳои Осиё омили миҳимест ва машварате, ки дар шаҳри Душанбе 15 июни соли равон доир мегардад, бевосита ба масъалаи амнияти Осиё низ равона карда шуда, дар ин самт тадбирҳои назаррас низ андешида мешавад. Таъсиси машварати ҳамкорӣ дар Осиё амри зарурӣ аст ва он метавонад ба ҳалли проблемаҳои минтақавӣ мусоидат кунад.
Барои дар сатҳи зарурӣ татбиқ кардани қарорҳои машварати мазкур роҳбарияти кишварҳоро зарур аст, ки ба ноамниҳои минтақавӣ дастаҷамъона мубориза баранд. Бахусус, қазияи Афғонистон ба густариши равобити ҳасанаи кишварҳои Осиё монеъа эҷод мекунад. Бахусус ба рушди равобити иқтисодӣ-тиҷоратӣ таъсири манфӣ мерасонад. Масалан, аксар кишварҳои Осиёи Марказӣ бо кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ тариқи марзи Афғонистон ба ҳам мепайванданд. Агар аминияти интиқоли молу коло таъмин бошад, чи барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва чи барои кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ аз нигоҳи рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ натиҷаи мусбат ба бор меоварад. Дар ин самт дар доираи Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё таъсис додани гуруҳи корӣ доир ба ҳалли қазияи Афғонистон ва ба ҳам овардани тарфҳои даргир бо ширкати созмони бонуфузи байналмилалӣ ба манфиати кор бояд бошад.
Терроризму ифротгароӣ таҳдидҳои глобалии замони муосир буда, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ба он бастагӣ дорад.
Яке аз мақсадҳои дигари машварати ҳамкорӣ мубориза ба мубоқили теророризму ифротгароӣ ва кочоқи маводи мухаддир мебошад. Дар ҳолати ба эътидол омадани вазъияти Афғонистон ин масъалаҳо низ то дараҷае коҳиш меёбад ва амнияти том дар доираи кишварҳои Осиё таъмин мегардад.
Дар машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ширкати Ҷумҳурии Исломии Эрон ба боз ҳам беҳтар шудани муносибатҳои ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг муҳим мебошад.
Дар доираи машварати мазкур тақвияти ҳамкориҳои иқтисодии ин кишварҳо бо Тоҷикистон сурат мегирад ва ҷалби сармояи кишварҳои рушдкарда барои густариши соҳаҳои саноат, энергетика ва туризми Тоҷикистон мусоидат менамояд.
Бо боварӣ метавон гуфт, ки машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ, ки рӯзи 15 июни соли 2019 дар шаҳри Душанбе доир мегардад, дар рушди ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи кишварҳои узви машварат ва ҳалли масъалаҳои доғи рӯз, аз қабили терроризму ифротгароӣ, кочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ ва дигар хатару таҳдидҳои глобалӣ ва коҳиш додани онҳо нақши назаррас мегузорад.
Т. Турсунов
ходими пешбари
илмии Институт