МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НАМОИШГОҲИ “ҲАФТАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САБЗ” ДАР БЕРЛИН МУАРРИФӢ ШУД

Автор: ИИПСАЕ

Расм

  Дар оғози соли 2023 дар маркази намоишгоҳҳои Берлин Messe Berlin 88-умин Намоишгоҳи байналмилалии маҳсулоти кишоварзӣ - “Ҳафтаи байналмилалии сабз” баргузор гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар баробари дигар кишварҳо имкониятҳои васеи кишоварзиро ба иштирокчиён муаррифӣ кард.
  Бо ташаббуси Сафорати Тоҷикистон дар Олмон, даъвати Вазорати федеролии озуқа ва кишоварзии Олмон, ҳамчунин бо мусоидати Ҷамъияти ҳамкориҳои байналмилалии Олмон дар Тоҷикистон (GIZ) иштироки ҳайати кишвар дар намоишгоҳ таъмин гардид.  
  Ба ҳайати расмии кишвар муовинони Вазири кишоварзӣ, Вазири корҳои хориҷӣ, Вазири саноат ва технологияҳои нав, муовинони раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Агентии содирот, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гурӯҳи соҳибкорони ватанӣ шомил буданд.
  Маврид ба зикр аст, ки намоишгоҳи “Ҳафтаи Сабз” аз соли 1926 инҷониб ҳамчун майдони муҳими муаррифии маҳсулот ва дастовардҳои соҳаи кишоварзӣ, роҳандозии ҳамкориҳои баъдӣ бо шарикони ба ҳисоб рафта, Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин маротиба гӯшаи худро дар намоишгоҳ ташкил кард.
  Дар гӯшаи Тоҷикистон зиёда аз 160 номгӯи маҳсулоти ватанӣ, аз ҷумла саноати хӯрокворӣ, дорусозӣ, меваҳои тару тоза ва хушк, афшураҳо, обҳои ташнашикан, ҳамчунин брошюраҳо дар бораи зарфиятҳои кишоварзӣ ва сармоягузорӣ дар ин самт пешкаши тамошобинон гардиданд.
  Илова бар ин, ба меҳмонон имкониятҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ низ муаррифӣ шуд.
  Ҳамзамон, бо даъвати Вазири федеролии озуқа ва кишоварзии Олмон Ҷем Уздемир 15-умин Конфронси вазирони кишоварзии Берлин зери унвони “Табдил додани системаҳои озуқаворӣ: вокуниши глобалӣ ба буҳронҳои сершумор” баргузор гардид, ки дар он ҳудуди 70 вазирони кишоварзӣ ва намояндагони 14 созмонҳои байналмилалӣ ҳузур доштанд.
  Имсол “Ҳафтаи байналмилалии Сабз” маротибаи 88-ум бо масоҳати умумии беш аз 113.000 метри мураббаъ доир шуда, дар он 1400 намоишгарон аз 60 кишварҳои мухталиф маҳсулоти гуногуни озуқаворӣ, ҳайвоноти хонагӣ, чорвои калон, мошинаҳои кишоварзӣ намоиш доданд. Тақрибан 400.000 тамошобин аз ин намоишгоҳ дидан карданд.
  Шурӯъ аз соли 2008 дар рӯзҳои баргузории намоишгоҳи “Ҳафтаи байналмилалии сабз” Ҳамоиши умумиҷаҳонии озуқа ва кишоварзӣ (Global Forum for Food and Agriculture) доир гардид. Вазирони кишоварзии давлатҳои мухталиф ва намояндагони доираҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ роҷеъ ба масъалаҳои мубрами рушди босуботи кишоварзӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва дигар мавзуъҳо мубодилаи афкору таҷриба анҷом доданд.
  Дар ҳошияи чорабинӣ намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзони тамоми дунё баргузор гардида, дар натиҷа садҳо қарордоду шартномаҳои нави ҳамкорӣ ва хариду фурӯши маҳсулоти ҳаётан муҳим ба имзо расид.
  Ҳамин тариқ, маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи “Ҳафтаи байналмилалии Сабз” бо муваффақият намоиш дода шуд. Инчунин, инро метавон ҳамчун имконоти хубу судманд арзёбӣ кард. Илова бар ин, ин намоиш имкон медиҳад, ки маҳсулоти худро ба ҷаҳониён пешкаш намуда, дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир буда, харидорони гуногунро дарёфт кунанд. Аз ин рӯ, барои кишоварзони Ҷумҳурии Тоҷикистон фоли неке мебошад, ки дар оғози баҳор киштукор муфид ва фоидонок мебошад.
 
Санавбарбону Воҳидова,
д.и.т, профессор, мудири шуъбаи
Аврупо ва Америка

НАЗАД