Музокирот, аҳамият ва вазифаҳои он дар муносибатҳои байналхалқӣ

Автор: ИИПСАЕ

Расм

Ҷомеи инсонӣ то имрӯз ҷанг ва низоъҳои зиёдеро аз сар гузаронидааст. Аксари вақт кӯшишҳои башарият ҷиҳати пешгирии ҷангу ҷидолҳо бо усулҳои гуногун роҳандозӣ шудааст. Музокирот яке аз роҳҳои маъмули бартараф кардани ин мушкилиҳо ба ҳисоб рафта, ки муҳаққиқон ва донишмандон ақидаҳои гуногуни зудро иброз намудаанд. Дар ин миён   сухани нависандаи  машҳури амрикоӣ   У.  Шекспир ин ки “Тамоми олам театр аст ва мо дар он саҳна ҳунарпешаем”  зикр намуда, метавон дилпурона гуфт, ки “Тамоми зиндагии мо гуфтушунид аст ва мо дар он раванд  иштирокчиёнем”.
Музокирот яке аз истилоҳҳои қадимаест, ки дар баробари муносибатҳои байналхалқӣ пайдо шуда, имрӯз яке аз  воситаҳои муҳими дипломатия ба ҳисоб меравад. Дипломатия дар мадди аввал ҷараёни иртибот байни намояндагони давлатҳо буда, ҳадафи он ба табодули иттилоот, ҷиҳати ноил шудан ба ҳамдигарфаҳмӣ, бартараф кардани ихтилофот  оид ба ягон масъалаи баррасишаванда ва бо ҳадафи  расидан ба иттифоқ равона шудааст.[3, 11]
Бештари пажуҳишҳо таърихи пайдоиши музокиротро  ба таърихи нумуъ ва сар задани ҷанг миёни башарият медонанд. Ҳанӯз дар  даврони Юнони Қадим барои  бартараф кардани баҳсҳои миёни шаҳр- давлатҳои юнонӣ ва пешгирии ҷанг гуфтушунидҳо ташкил менамуданд.
Новобаста аз он ки ходимон, файласуфон ва сиёсатмадорон аҳаммияти гуфтушунидро дар муносибатҳои байни давлатҳо таъкид намуда буданд, аммо то асри XVIII ягон осори илмии дақиқе асосу  роҳҳои гузаронидани гуфтушунидҳоро ҷудогона наомӯхтааст. Нахустин маротиба  китоби муҳаққиқи фаронсавӣ Франсуа де Калер дар  соли 1714  “Оид ба усулҳои гузаронидани гуфтушунидҳо бо давлатҳо” аз чоп баромад, ки то асри XX  ин асар дар Ғарб ягона таҳқиқоти илмӣ оид ба  ҷараёни гуфтушунид буд. Аммо дар Шарқ бошад, масалан, дар давлатҳои тобеи Иттиҳоди Шӯравӣ курсҳои таълимӣ оид ба усулҳои гузаронидани музокирот солҳои 80-уми асри гузашта дар Институти муносибатҳои байнанхалқии Маскав ва Академияи дипломатӣ ба омӯзиш шуруъ намуда буданд [8, 10].
Бояд зикр кард, ки дар назарияи дипломатия ду шарҳи асосӣ- васеъ ва маҳдуд роиҷ аст, ки мафҳуми "гуфтушунид"- ро возеҳтар мекунанд. Дар фаҳмиши васеъи гуфтушунидҳо тамоми ҳолатҳое мансубанд, ки дар он ду ё зиёда аз ҷонибҳо дар байнашон тафриқаи манфиат ва арзишҳо бударо эътироф мекунанд, бо хоҳиши худ ё бо таҳрики тарафи дигар маҷбуранд, ки созиш намоянд. Аммо дар фаҳмиши маҳдуд бошад, гуфтушунидҳо ҳамчун як шакли махсуси ҳамкории иҷтимоиест, ки дар он ҳадди ақал ду субъект ҷалб шуда, дар ин сурат масъалаҳои умумии мавҷуда, тафовут дар муносибат ва мулоҳизаҳо оид ба роҳҳои ҳалли он, алоқаи шахсии бевосита байни иштирокчиён ва роҳҳои лафзии алоқа дар назар дошта мешавад.[1, 19]
Инчунин агар ба фарҳанги тафсирии тоҷикӣ назар андозем, дар он истилоҳи музокиротро чунин таъриф кардааст, ки: «Музокирот- ин гуфтугӯ бо касе оид ба масъалае ва мубоҳиса оид ба масъала мебошад». [5. с. 829]
Бисёр вақт гуфтушунидҳо шабеҳи дипломатия мешаванд. Муҳаққиқони тоҷик Нуриддинов Р. Ш. ва Нуриддинов П. Р. дар китоби “Сӯҳбатҳои дипломатӣ”дипломатияро чун “илм ва санъати музокирот”, яъне суҳбат тавсиф намудаанд [4,  15].
Ҳамин тавр, аз таърифҳои мазкур чунин хулоса баровардан мумкин аст, ки гуфтушунид - усулест, ки бо воситаи он инсонҳо метавонанд ихтилофотро бартараф намоянд.
Дар ҷараёни гуфтушунид одамон кӯшиш менамоянд то созиши дуҷонибаро дар масъалаҳое, ки ифодакунандаи манфиатҳо аст, ба даст оваранд; сазоворона тақобулро дар сурати вайрон накардани муносибате, ки бо сабаби ихтилофи манфиатҳо ба амал омадааст, нигоҳ доранд. Барои ба даст овардани ин ҳама ҳалли масъала, ба танзим даровардани ҳамкории байнишахсӣ ва идораи эҳсосот лозим аст.
Мувофиқи ин гуногуниҳои боло буда  рафти гуфтушунидҳо низ фарқ мекунад. Ҳайъати музокира метавонанд, ки аз усули тез ва осон истифода баранд. Музокиротчиён метавонанд ба осонӣ ё бо ҷидду ҷаҳди зиёд бо ҳам аҳд банданд ё ин ки умуман ба ягон иттифоқ наоянд.
Бинобар ин муқаррарсозии луғати дипломатии фаронсавӣ гуфтушунидҳо на танҳо ба маънои ҳузури вакили дипломатиро ҳамчун роҳбари супориши махсус, балки дар маҷмуъ тамоми дипломатияро дошта, шакл ва намудҳои боқимондаи фаъолияти дипломатӣ ба гуфтушунид мавқеи тобеъро ишғол мекунанд.
         Гуфтушунидҳои байналхалқӣ яке аз шаклҳои асосии алоқаи байни намояндагони кишварҳои гуногун бо мақсади табодули афкор, ҳалли масъалаҳои ба манфиати тарафҳо, танзими ихтилофот, рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногун, таҳия ва бастани созишномаҳои байналхалқӣ ва ғайра ба ҳисоб меравад.
Вобаста ба сатҳи ҳайъати намояндагӣ гуфтушунидҳоро чунин тақсим кардаанд:
  1. Гуфтушунидҳои сиёсӣ;
  2. Гуфтушунидҳои дипломатӣ. [8, 18]
         Гуфтушунидҳои сиёсӣ дар ҳайъати сатҳи олӣ (саммитҳо) (байни раҳбарони давлат ва ҳукуматҳо) ва сатҳи баланд (байни вазирони корҳои дохилӣ) баргузор мешаванд. Дар гуфтушунидҳои сиёсӣ бештар масъалаҳои мубрами робитаҳои байналхалқӣ ва байнидавлатӣ баррасӣ мешаванд. Иштирокчиёни онҳо чун қоида ба ваколатҳои махсус эҳтиёҷ надошта, ҳуқуқи қабули қарорҳоро бо назардошти манфиатҳои миллии давлати худ доро мебошанд. (Масалан, мутобиқи қонунгузории Қазоқистон чунин ваколат ба Президент, Сарвазир ва вазири корҳои хориҷӣ дода шудааст).
          Гуфтушунидҳои дипломатӣ дар ҳайъти сатҳи намояндагони дипломатӣ сурат мегиранд. Фарқияти хосси онҳо дар он мебошад, ки иштирокчиёни гуфтушунид дар асоси дастурамали дақиқ амал намуда, ҳуқуқи қабули қарорҳои мустақилонаро надоранд.
Вобаста ба манфиати ҷонибҳо муҳаққиқи амрикоӣ Ҷ. Дин се шакли гуфтушунидҳоро ҷудо мекунад:
  1. Гуфтушунидҳое, ки дар он иштирокчиён (ё яке аз иштирокчиён) ба натиҷаи мусбии масъала на он қадар манфиатдор мебошанд;
  2. Гуфтушунидҳое, ки дар он иштирокчиён барои ба даст овардани натиҷа манфиати миёна доранд;
  3. Гуфтушунидҳое, ки дар он иштирокчиён барои ҳалли муштараки масъалаҳо манфиати ҳақиқӣ доранд.
Ҷ. Дин чунин мешуморад, ки агар иштирокчиён дар шакли сеюми гуфтушунидҳо мавқеъ дошта бошанд, имкон аст, ки гуфтушунидҳо бо муваффақият анҷом ёбанд.
Гуфтушунидҳо дар шароити низоъ миёни тарафҳо ҳамчун қоида бо муваффақият гузаронида мешаванд, агар:
  • мавзӯи низоъ муайян бошад;
  • ҷонибҳо аз истифодаи таҳдидҳо канораҷӯӣ намоянд;
  • иштирокчиён аз баррасии низоъ ҳамчун як ҳолати сифр дурӣ ҷӯянд.
-         муносибатҳои ҷонибҳо танҳо бо ҳалли низоъ маҳдуд нашаванд, балки фарогири бисёр соҳаҳое бошанд, ки дар он  манфиатҳои тарафҳо бо ҳам мувофиқат кунанд.
  • ҳиссаи иштирокчиён на он қадар баланд бошад;
  • ҷонибҳо тақрибан қувваи баробар дошта бошанд;
  • масъалаҳои на он қадар зиёд зери баҳс қарор гиранд.
Вазифаи асосии ҳама навъи гуфтушунидҳо муҳокима ва ҳалли  муштараки масъалаҳои баҳснок бо роҳи созиш мебошад. Гуфтушунидҳо  одатан ҳамчун воситае барои татбиқи стратегияи сиёсати хориҷии давлатҳо шуда метавонанд. Аз ин рӯ ҳайяати гуфтушунидҳо метавонанд дар баробари вазифаҳои асосии худ дигар вазифа, интихоб ва мувофиқате, ки аз ҳадафҳои дар назди худ гузошташудаи музокиракунандаҳо вобаста аст, иҷро намоянд.
Аз ин лиҳоз аксари муҳуққиқон вазифаҳои асосии гуфтушунидҳоро ба таври зайл  ҷудо мекунанд:
 Вазифаи иттилоотӣ ва алоқа. Ҳадафи вазифаи иттилоотӣ ба ин ё он масъалаи ҷониби дигар муайян намудани нуқтаи назар ва маълумотдиҳи оид ба манфиат ва мушкилиҳои  худ мебошад. Аммо ҳадафи вазифаи коммуникативӣ бошад, ин ба роҳ мондани воситаҳои муоширатӣ ва табодули нуқтаи назар мебошад. Вазифаи иттилоотӣ ва коммуникативӣ аксаран омезиш ёфта, дар як вақт амалӣ мешаванд, ки  татбиқи омехтаи ҳардуро ҳамчун вазифаи умумии иттилоотӣ ва коммуникативӣ тасвир менамоянд. Муҳаққиқ Г. Уинхем аҳамияти ин вазифаро таъкид намуда, чунин мегӯяд, ки гуфтушунидҳо худ ифодакунандаи ба даст овардани иттилоот бо роҳи фаҳмиши тадриҷии ҷонибҳои мавқеи якдигар мебошанд.[9 , 121]
Вазифаи танзимкунанда. Маънии вазифаи танзимкунанда  татбиқи танзим ва назорати амали музокиракунандагон мебошад. Аксаран ин вазифа дар марҳилаҳои тафтиши иҷрои созишномаҳо амалӣ мешавад.
            Вазифаи таблиғотӣ аз таъсир ба афкори умум, ташаккули афкори умум бо мақсади муайян намудани мавқеи худ, сафед кардани амалҳои худ ё бефаъолиятӣ дар вазъияти муайян ва ҷалби иттифоқчиён ё айбдоркунии ҷониби дигар иборат мебошад. Вазифаи мазкур ба воситаи роҳҳои гуногуни муошират дар васоити ахбори умум (конференсия матбуотӣ, нишастҳо, баромад дар телевизон ва радио) татбиқ мешавад.
Бо вуҷуди ин ҳама кӯшишҳо гуфтушунидҳо гоҳо ба натиҷаи дилхоҳ бурда намерасонанд. Зеро гуфтушунидҳои хуб омодагии қаблӣ, донистани усули гузаронидани он ва таҷибаи ғаниро талаб мекунанд.
Аз ин лиҳоз муҳаққиқи рус Нахратова Е. А. раванди гуфтушунидҳоро ба шаш марҳилаи зерин ҷудо намудааст: 1. Омодагӣ ба гуфтушунид; 2. Тавзеҳот; 3. Пешбарии масъалаҳо; 4.Созиш; 5.Қабули қарорҳо; 6. Уҳдадориҳои тарафайн [6, 23].
1). Омодагӣ ба гуфтушунид 90% фоизи комёбиро таъмин месозад. Албатта, омодагиҳо фурсати зиёдро талаб менамоянд, ки инро на ҳамеша масъулин дар ихтиёр доранд. Дар ин ҳолат на омодагӣ ба гуфтушунид, балки моҳирона ба маҷрои лозими дигар равона намудани гуфтушунид мебошад. Имкон аст, ки сари мизи гуфтушунид ҳарифе шинад, ки ба ҳамаи масъалаҳо гузашт кунад. Вале вазъияти баръаксро низ бояд дар назар дошт, ки ҳангоми дар гуфтушунид ҳарифи корозмуда ва таҷрибадори гуфтушунид ҳузур дорад, дар ин ҳолат гуфтушунидҳо метавонанд бенатиҷа ва ё бидуни натиҷаҳои имконпазири марҳилаи омодагии гуфтушунидҳо анҷом ёбанд. [2, 78]
Бояд қайд кард, ки интихоби макони гузароинидани гуфтушунид низ ба марҳилаи омодагӣ ба гуфтушунид дохил мешавад. Ин масъала метавонад баҳсталаб бошад ва ҳар як ҷониб оид ба макони гузаронидани гуфтушунид интихоби худро дошта бошад ва ё сарҳади худро пешниҳод кунад. Мисол, охирҳои соли 1953 байни намояндагони Иттиҳоди Шуравӣ, ИМА, Фаронса ва Британияи Кабир оид ба даъвати Вазорати коҳои хориҷии ин мамлакатҳо дар аввали соли 1954 созиш ба миён омад. Барои ҳалли як қатор масъалаҳои ташкилӣ гуфтушуниди пешакӣ гузаронида шуд, ки дар он масъалаи муайян кардани макони вохурӣ ба роҳ монда шуд. Аз ҷониби Ғарб ҳамчун рамзи ҳамкории иттифоқчиёни собиқи бинои шурои Назоратӣ пешниҳод шуд. Аз сабаби дар минтақаи амрикоии Берлин ҷойгир шудани ин бино боиси норозигии ҷониби шӯравӣ шуд, ки дар навбати худ қароргоҳи комиссари Олии Иттиҳоди Шӯравиро пешниҳод намуда буд. Баъд аз баҳси тулонӣ ҷонибҳо ба қароре омаданд, ки ду маҷлисро дар собиқ бинои шурои Назоратӣ ва як маҷлисро дар қароргоҳи комиссарияти Олии Иттиҳоди Шӯравӣ гузаронанд. [3, 122]
2) Тавзеҳот. Набояд якбора бо пешниҳодот музокираро  оғоз намуд. Гуфтушунидҳоро мебояд моҳирона оғоз кард. Қабл аз он, ки ба муҳокимаи масъалаҳо шуруъ намуд тарафҳо бо ҳарифони худ робита барқарор менамоянд. Баъдан низоми аломатҳои раводид ва меъёрҳои он муайян карда мешаванд. 
         Марҳилаи «Возеҳкунӣ» барои ҳарчи беҳтар шиносоии қаблии тарафҳо ва мувофиқаи онҳо ҳангоми гуфтушунидҳо равона карда мешавад. Вале бояд қайд кард намуд, ки ҳарифони омодагардида ба усули зарбавӣ метавонанд гуфтушунидро бо ҳамлаи эҳсосотӣ оғоз намуда, ҷониби муқобилро дарҳол ба пешниҳоди мавзӯъ маҷбур намоянд. Дар ин ҳолат дар назди ҳарифон барканорӣ аз ошкори манфиатҳои худ ва ҳамчунин гузаронидани «кашшофӣ дар ҷанг» боқӣ мемонад. Инчунин, яке аз тарафҳо метавонад барои равшансозии манфиатҳо пас аз пешниҳоди тарафи дигар баргардад.
3) Пешбарии масъалаҳо. Вазифаи асосии гуфтушунид ҳалли ҳамдигарнофаҳмиҳо мебошад. Барои он ки манбаи ҳамдигарфаҳмӣ муайян шавад, лозим аст, ки пешниҳодоти худро омода намуд, пешниҳодоти ҷониби муқобилро ба назар гирифт, сипас онҳоро муқоиса намуда, масъалаҳои мавриди баҳсро муайян намуд.
         Дар ин марҳила тамоми муҳтавои гуфтушунидҳо ҳамчун воситаи ҳалли ихтилофот баррасӣ мегарданд. Тарафҳо табодули пешниҳодот намуда, дар кадом шартҳо ба миён омадани ихтилофотро муайян месозанд. Имкон аст, ки миёни  онҳо ихтилофот набошанд. Дар ин сурат зарурати созиш нест ва тарафҳо ин шартҳоро ҳамчун мувофиқашуда қабул менамоянд. Сипас ихтилофотро аз рўи дигар шартҳо ҷамъоварӣ намуда, ба марҳилаи созиш мегузаранд. Ин марҳила мураккаб нест, вале хеле муҳим аст. Ҳариф ҳамаи пешниҳодоти худро ба миён мегузорад, вагарна хатари сустшавии мавқеи худӣ ногузир аст.
4) Созиш (савдо)- қисми асосии гуфтушунид ба ҳисоб меравад, ки мустақиман ба созишномаи басташуда таъсир мерасонад. Дар ин марҳилаи гуфтушунидҳо ихтилофот тавассути табодули гузаштҳо, иттилоот, ишораҳо ва албатта эҳсосот ҳал мегарданд. Сирри асосии самарабахши созиш дар мубодилаи нархҳои гуногун ва арзишҳо барои тарафҳо ба ҳисоб меравад.
5) Қабули қарорҳо. Тарафҳо савдоро гузаронида бо ҳариф имкониятҳоро барои бастани созишнома, ки онҳоро қонеъ месозад, муайян менамоянд. Онҳо ба анҷоми гуфтушунид наздиканд, фақат бояд гуфт, ки муомилот баста мешавад. Дар ин лаҳза бисёриҳоро эҳсоси қаноатмандӣ фаро мегирад ва омодаи фушурдани дасти ҳамдигаранд. Вале набояд саросема шуд. Дар ин ҳолат бояд андеша намуд, ки ин созишнома то чи андоза манфиатнок аст ва кадом имкониятҳо барои боз ҳам беҳтар намудани он мавҷуд аст.
6) Уҳдадориҳои тарафайн марҳилаи ниҳоии гуфтушунидҳо мебошад. Имкон аст ба назар расад, ки ҳамаи масъалаҳо ҳалли худро ёфта, тарафҳо якдигарро хуб фаҳмидаанд ва пурра ба созиш расидаанд. Вале пас аз дастфишорӣ ва парокандашавӣ, аллакай дар рўзи дигари амалисозии созишнома метавонанд нофаҳмиҳо дар иҷрои созишнома ба миён оянд. Бояд дар хотир дошт, ки ҳар қадар гуфтушунидҳо самарабахш анҷом ёбанд ҳам, танҳо як иштибоҳ метавонад ҳамаро барбод диҳад. Ин иштибоҳ набудани уҳдадориҳои созишнома мебошад.
Хулоса, гуфтушунидҳо дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии инсон нақши ниҳоят муҳим доранд. Олами гуфтушунидҳо васеъ аст чун соҳаҳои гуногуни фаъолияти ҷомеаро равандҳои гуногуни гуфтушунидҳо фарогир аст.
Дар ҷаҳони муосир қариб, ки ҳар рӯз дар ҷанбаҳои гуногуни  ҳаёт бо гуфтушунидҳо рӯ ба рӯ мешавем. Зеро инсонҳо барои ба даст овардани манфиатҳои гуногун ва бо мақсади бартараф кардани ихтилофоти худ гуфтушунидҳоро истифода мебаранд. Аксари масъалаҳои бӯҳронӣ ва  қазияҳои рӯзгор маҳз бо роҳи гуфтушунид ҳал мешаванд. Гуфтушунид ин як раванди бисёрнақшавиест, ки кӯшиш ва вақти бисёр, таҷриба, дониш ва ҷалби доираи васеи мутахассисонро талаб мекунад. Айни замон нақш ва аҳамияти он дар низоми муносибатҳои байнанхалқӣ, хусусан дар ҳалли низоъҳои байнанхалқӣ афзоиш меёбад.

Рӯйхати адабётҳои истифодашуда:
  1. 1. Василенко И. А. Политические переговоры – Москва, 2011. –396 с.
  2. Каррас Ч. Л. Искусство ведения переговоров. - М.: ЭКСМО,
1997.-390с.
  1. 3. Лебедева М. М. Политическое урегулирование конфликтов – Москва, 1999.-161 с.
  2. Нуриддинов Р. Ш., Нуриддинов  П. Р. Сӯҳбатҳои дипломатӣ, Китоби дарсӣ. Душанбе: “Эр-граф”, 2016. 236 с. 
  3. 5. Назарзода С., Сангинов А., Каримов С., Мирзо Ҳасани Султон. Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ – 2 ҷилд. АМИТ. – Душанбе, 2008.-849с.
  4. 6. Нахратова Е. А. Переговоры как способ урегулирования международных противоречей – Екатеринбург, 2018.- 105 с.
  5. 7. Фаст Ларисса, Назария ва амалияи музокирот ва миёнравӣ //  Муқаддимаи низоъшиносӣ. Китоби дарсӣ барои мактабҳои олӣ. Вазорати маорифи Ҷ Т.- Душанбе: “Эр-граф”, 2006.-272 саҳ. – С.76-87
  6. 8. Шеретов С. Г. Ведение международных перговоров – Алматы: «Данекер», 2004, - 154 с.
  7. Winham G. Practitioners Views of International Negotiations // World Politics. 1979. V.32. № 1. P. с.111-135.
 
Фарида Давлатова, корманди Институт
 
 
 

НАЗАД