Бо ворид шудани соли нави 2020 орзуву ҳавасҳои мардуми ҷаҳон дар зери имтиҳони ҷиддӣ қарор гирифт. Имсол як қатор рӯйдодҳои ҷиддии табиӣ ва сиёсиро ба бор овард. Ба монанди оташсӯзиҳои Австралия, сипас ташдиди низоъҳои Амрикову Эрон ва ҷанги ҷаҳонии нафт сурат гирифт. Аммо дар муқобили ҳамаи ин ҳодисаҳои имсола, вируси Covid-19, ки дар таърихи муосир бесобиқа буд, дар ҷаҳон ҳамчун коронавирус маъруф аст, ҳама нависандаҳо, табибон, сиёсатмадорон ва ғайра аз оммаи васеъи мардумро дар асосҳои пешгирӣ ва паҳншавии ин беморӣ машғул намуд. Ҳоло дар тамоми ҷаҳон гирифторони ин беморӣ беш аз чаҳор миллион нафар расидааст.
Имрӯз кишварҳои ҷаҳон бо вуҷуди мушкилиҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ, низоъҳоро як тараф гузошта, кушиши худро ҷиҳати пешгирии ин хатари шумулӣ сарф менамоянд. Дар ин раванд қишрҳои арабӣ низ ҷудо намебошанд. Ҷазираи арабӣ, ки дар асрҳои гузашта чунин ҳолатҳоро дар андозаи хурди минтақавӣ гузаронида бошад, аммо имрӯз бо фарогирии ин вабо ҳамагон рӯ ба мубориза ба ин вабо шудаанд. Дар ин асно Президенти Фаронса Эммануэл Макрон мубориза бо короноро чунин тавсиф намуда буд, ки “Мо бар зидди душмани пинҳонӣ ҷанг карда истодаем”.
Дар кишварҳои арабӣ ҳикматҳои қадимаи машҳурро дар мактабҳо аз хурдӣ меомӯзонанд, ки як навъи сипар дар рӯзҳои сахт шуморида мешавад, ба мисоли «Як дирҳам барои пешгирӣ, арзиши як ҳазор дирҳами давои табобатро дорад», ё «Пешгирӣ беҳтар аз дармон аст». Ба маънои тибби муосир “Воситаҳои ҳифзи саломатӣ ва кӯмаки аввалияи тиббӣ” ё равишҳое, ки барои ҳимояти ҳар фард аз беморӣ ё пешгӯии беморӣ ва кам кардани паёмадҳои он муҳофизат намояд. Ин ҳикматро дар тамоми гуфтору кирдори зиндагӣ шунидан мумкин аст. Зеро пешгирӣ роҳе барои нигаҳдорӣ аз ҳар гуна гирифториҳо буда ва шарти нигаҳдории саломатии ҳар фард мебошад. Аммо дар сарлавҳаи газетаву мақолаҳои арабӣ мушоҳида намудани ин ҳикмати қадима огоҳӣ намудани мардум ба ҳамбастагӣ ва ҳамкорӣ ҷиҳати пешгирии вабои муосир як амри тасодуфӣ нест. Имрӯз тамоми кишварҳо тадбирҳои пешгириро гирифта, аз як кишвар ба дигар кишвар тафтишоти сахтро роҳандозӣ намуданд. Мушкили вабои имрӯза кишварҳои абарқудратро дар баробари Ковид-19 ба шакли назаррас заифу ночор гардонидааст. Ва ҳамагон дар пайи ҷустани давои муносиб кушиши зиёд ба харҷ медиҳанд. То ҳол ҳамин ҳикмати арабӣ бори дигар ба илоҷи қадимаи гузаштагон баргардонида, баъзе кишварҳои арабӣ дар ҳолати паст шудани шиддати ин вабо шудаанд.
Огоҳ будан барои нигоҳдоштани сиҳатию саломатӣ воҷиби ҳар фарду ҳар ҷомеъа мебошад. То ҳол ин касалро ҳамчун вабо мешуморанд. Аз ҳамин хотир аз даст ба даст салом намудан, ҷамъ шудан миёни афроди ҷомеа, таҷаммуъоти калонро манъ намуданд, ки паҳн шудани ин вабо маҳдуд шуда, дар зери тасарруф қарор гирад.
Аз ин лиҳоз кишварҳои арабӣ дар кам намудани сирояту паҳншавии ин вабо саҳми назаррас доранд. Аммо баъзе муҳаққиқони арабӣ, махсусан нависанда Абдулборӣ Атвон дар кушиши дастаҷамъонаи кишварҳои арабӣ баъзе кишварҳоро мавриди таҳсин қарор додааст, зеро ин кишварҳо побанди чунин ҳикмати арабӣ буданд.
Аз ҷумла кишварҳои арабии Лубнон ва Урдунро намунаи хубу таҳсин қарор дод. Зеро пирӯзии ҳарду кишварро дар ҳамбастагӣ, якҷоягӣ ва ҳамкорӣ миёни мардуму давлаташон ишора намуд. Мардуми ин ду кишвар пайраву побанди насиҳатҳои давлатдорон бо такя бар тавсияҳои Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ буда, баъзе паҳлуҳои таҷрибаи комёбии кишварҳои ҷаҳон ба монанди Хитой гирифтанд.
Ин ду кишвар аз мушкилиҳо сарфи назар карда, то андозае ба пешгирии ин вирус ва кам намудани зарараш бо ҳамкорӣ бо ситодҳои давлатӣ, мутахассисони беҳдошӣ ва дастгирии мардум комёб гаштаанд. Масалан дар Лубнон дар таърихи 24.04.2020 теъдоди гирифторон ба 682 нафар расида буд, ки аз он 22 нафар ҷон бохта, боқӣ наҷот ёфтанд. Тибқи гузориши рӯзномаи “Вошингтон пуст” ин хело рақами кам дар муқобили дигар кишварҳо мебошад.
Муҳаққиқи араб бо як нуктаи аҷиб низоми тандурустӣ ва ҳукуматдории ин ду кишвари арабиро худкифо ва пешрафтатар, ҳатто аз кишварҳои абарқудратҳо мешуморад. Бо вуҷуди фарқи зиёди ин ду кишвар аз дигар кишварҳо дар имкониёт ва мероси тиббӣ.
Агар ба дигар ҳикмату масалҳои арабӣ ё ҳадисҳои набавӣ назар афканем, ки онро дар шеъри форсӣ-тоҷикӣ мушоҳида кардан мумкин аст. Тамоми қудратҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ даъват мекунанд, ки низоъҳо ва ҷангҳоро канор гузоранд ва ба муқобили мушкилоту офатҳо ва эпидемияҳо мубориза бурда, сулҳу амниятро дар тамоми ҷаҳон пеш баранд. Ин вабо инсонҳоро ҷудо накарда, ба одамон бидуни табъиз дар муқобил аст. Чуноне, ки дар шеъри Саъдии Шерозӣ омадааст:
Бани одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.
Чу узве ба дард оварад рӯзгор,
Дигар узвҳоро намонад қарор.
Ту к-аз меҳнати дигарон бе ғамӣ,
Нишояд, ки номат ниҳанд одамӣ.
Абдулбори Атвон чунин мешуморад, ки мушкилии ахбору таблиғоти имрӯза дар паҳлуҳои хабарҳои манфӣ равона шуда интиқодҳоро дар мадди аввал нигоњ медорад. Шояд ин нахустин рӯзномаи маҷозӣ бошад, ки ин усулро пайравӣ накарда, ба паҳлуҳои мусбии хабарҳо такя менамояд. Мавсуф ба пешсафони намунаи комёб дар ин марҳилаи сахту душвор аҳсан мегӯяд. Зеро дар вақтҳои охир, вокуниш ба эпидемияи ҷаҳонии «коронавирус (Ковид-19)» тарсу ҳаросро дар миёни мардумони ҷаҳон мушоҳида кардан мумкин буд. Бо мақсади пешгирӣ ҷорӣ кардани карантини маҷбурӣ таваҷҷуҳи мардумро ба васоити ахбори омма гардонд, ки ба психологии инсон таъсири равшан гузошт. Аммо хатар дар он аст, ки бисёриҳо ба фишори равонӣ ва тарсу ҳарос афтода, бидуни дарк кардани роҳҳои пешгирии он, худро дучанд гирифтори коронавирус карданд. Агар ба гуфтаи Ибни Сино назар афканем, алалхусус дар китоби маъруфи ӯ «Шифо», мо мебинем, ки вай яке аз аввалинҳо дар бораи аҳамияти ҷанбаи равонӣ ва робитаи он ба ҷанбаи физиологии инсон аҳамият додааст, ки баъдтар таҳқиқоти ғарбӣ дар шакли таҷрибавӣ онро исбот кардаанд. Шояд ҳикояи навбатӣ, ки дар яке аз асарҳои Ибни Сино зикр шудааст, мувофиқ аст. Ибни Сино мегӯяд, ки «рӯзе пандемия (Вабо) ба шаҳре мерафт ва як мард инро дида, аз ӯ пурсид: Эй “Вабо”, ба куҷо меравӣ?. “Вабо”ҷавоб дод: ба ман фармуданд, ки ба ин шаҳр равам, то ҳазор нафарро бикушам. Вақте ки “Вабо” аз шаҳр баромад, он мард “Вабо”-ро дида, ба вай гуфт: Ин қадар золим будаӣ! Бист ҳазор сокинони ин шаҳрро куштӣ. “Вабо” ҷавоб дод: Ман танҳо ҳазор нафарро куштам, боқимондаҳо аз ваҳм фавтиданд. Воҳима ними беморӣ аст, эътимод нисфи давост ва сабр қадами аввалини шифо мебошад».
Зиёев С.Н., н.и.ф.
мудири Шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики
Институти Осиё ва Аврупои АМИТ,
Одинаев А.С.,
ходими пешбари илмии
Институти Осиё ва Аврупои АМИТ
Барои маълумоти бештар:
-
-
-
-
-
-