Нақши Назруллоҳи Назар дар густариши равобити адабии тоҷику араб

Автор: ИИПСАЕ

Расм

 
Дар замони мо муколамаи фарҳангҳову тамаддунҳову адабиёти миллӣ бузургтарин роҳи бозкарди уқдаҳои иҷтимоӣ ва тариқи даррасидан ба маърифати мафоҳими муштаракест, ки ақвоми башарро иттиҳод мебахшад. Хосса, фарҳангҳое, ки дар гузашта низ собиқаи мадиди ошноиву иртиботу ҳамбастагӣ доштанд ва ҳамеша аз файзу футӯҳи ҳамдигар истиқбол менамуданд, дар рӯзгори кунунӣ низ бо ҳам пайванд ҳастанд. Таъсири мутақобилаи адабиёти тоҷик ва адабиёти араб дар ҳамин шумор аст, зеро удабову шуарои тоҷику араб тӯли қарнҳо даст ба дасту дӯш ба дӯш ҷодаи рушд мепаймуданд ва аз таровишҳои маънавии ҳамдигар шодоб мегаштанд. Ин пайванди муборак дар айёми истиқлоли кишвари тоҷик низ тоза ба тоза рӯнамо мешавад.
“Фарҳанги исломӣ ва бозтоби он дар оинаи ҳунар ва андешаи мардумони форсизабон, дар эҷоди муҳити комилан нави адабӣ ва ба вуҷуд овардани тамаддуни муштараки ба истилоҳ арабиву форсӣ ё арабиву эронӣ нақши муассир гузошт. Муҳимтарин падидае, ки аз ҳосили ин таъсир берун омад, ба зуҳур расидани адабиёти дузабона буд. Дар вусъати осори бузургтарин адибони форсу тоҷик мо ба намунаҳои барҷастаи шеъри арабӣ ва партави фарҳанги арабиву исломӣ дучор меоем, ки дар ғаномандии адаби порсӣ хидмат кардаанд.”
Ба василаи хидматҳои арҷманди чанд тан арабшиноси номвари тоҷик, ки ҳамеша армуғонҳои рӯҳонии шеъру адаби моро барои мардуми араб эҳдо мекунанд ва ҳамзамон офаридаҳои беҳини назму насри арабро барои тоҷикон тақдим менамоянд, ин силсилаи заррини дӯстиву ошноӣ бо таъбири Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ “Силсилату-л-заҳаб» ҳолиё низ поянда аст. Дар миёни ин адибону тарҷумонону ҳофизони муждарасон ба монанди устодон Тоҷиддин Нуриддин Мардонӣ, Саидраҳмон Сулаймонӣ, Абдушукури Абдусаттор, Умеда Ғаффорова, Низомиддин Зоҳидӣ, Нурулло Ғиёсов, Фахриддини Насриддин ва дигарон номи фархундаи мумтозтарин донандаи адабиёти араб, сафиру дабири муҳаббати ин ду миллат - Назруллоҳи Назар тулӯи тобанда дорад.
Назруллоҳи Назар – шоир, ховаршинос ва мутарҷими номвари тоҷик соли 1967 ба шӯъбаи арабии факултаи забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон барои таҳсил қабул шудааст. Соли 1974, ҳанӯз дар вақти донишҷӯи курси панҷум будан, барои кор ба ҳайси тарҷумони забони арабӣ ба Ироқ фиристода шудааст. Аз солҳои 1975 то соли 1978 ба унвони корманди аршади Ҷамъияти дӯстӣ ва робитаҳои мадании Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ фаъолият бурда, аз соли 1978 то соли 1982 ҳамчун тарҷумони забони арабӣ дар Ироқ хидмат намудааст. Инчунин аз соли 1982 то соли 1987 корманди аршади Шӯрои оид ба умури дини назди Совети вазирони ҶШС Тоҷикистон маҳсуб мерафт. Солҳои 1987 – 2002 котиби масъул, сипас вазифаи муовини раиси Кумитаи ҳамдилии Тоҷикистон бо кишварҳои Осиё ва Африқоро ба ӯҳда дошт.
Қобили тазаккур аст, ки устод Н. Назар аз соли 2001 то инҷониб Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буда, муаллифи теъдоди бисёри асарҳои бадеӣ ва тарҷумавӣ мебошад.Аз соли 2002 то соли 2007 ба ҳайси муовини сардор, сипас сардори Раёсати кишварҳои Осиё ва Африқои Вазорати корхои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа намудааст.
Ҳамчунин, 6 августи соли 2007 сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мисри Араб таъин шудааст.
Чун ба зиндагиномаи ин ховаршиноси донишвар менигарем, бароямон равшан мегардад, ки ӯ барои пайванди фарҳанги арабу тоҷик бисёр хидматҳои шоиста анҷом додааст.
Дар воқеъ, устод Назруллоҳи Назар тавонистааст, ки тавассути тарҷумаҳои хеш дари фарҳангу адаби пурғановати тоҷикро ба мардуми араб боз намояд. Осори гаронмояи устод роҳнамову иршодбахши кулли арабшиносони тоҷик аст. Бояд зикр кунем, ки тарҷумаҳои устод китобҳои сершуморро офаридааст:
  1. Қаҳрамони кишвари офтобӣ. Ҳикояҳои халқии узбекӣ. Тарҷума аз русӣ ба арабӣ (ҳамроҳ бо дигар тарҷумонҳои араб), нашриёти «Прогресс», Тошканд, 1978
  2. В стране царицы Савской, ба забони русӣ, «Ирфон», Душанбе, 1989.
  3. Абуҳомиди Ғазолӣ. Насиҳату-л-мулук. Тарҷума аз арабӣ ба тоҷикӣ бо тавзеҳот. «Ирфон», Душанбе, 1989
  4. Абдулазиз ал-Мақолеҳ, Ҷоми ашк. Тарҷума аз арабӣ ба тоҷикӣ (ҳамроҳ бо устод Гулназар), «Ирфон», Душанбе, 1990
  5. Рубоиёт. Тарҷума аз тоҷикӣ ба арабӣ, «Ирфон», Душанбе, 1992
  6. Луғати мухтасари арабӣ ба тоҷикӣ. «Шарқи озод», Душанбе, 1992
  7. Зирахшанда кавокиб ёздаҳ. Тарҷума аз тоҷикӣ ба арабӣ. «Шарқи озод», Душанбе, 1992
  8. Гулназар. Диёрам Тоҷикистон. Тарҷума аз тоҷикӣ ба арабӣ. «Шарқи озод», Душанбе, 1992
  9. Миршакар. Табассуми ғунчаҳо. Тарҷума аз тоҷикӣ ба арабӣ. «Шарқи озод», Душанбе, 1998
  10. Луғати тоҷикӣ ба арабӣ. Душанбе, 1998
  11. Ҳафтяки шариф. Матн, тарҷума ва тафсир (ҳамроҳ бо Муҳаммадҷон Умаров), Душанбе, 1999 ва 2006
  12. Суод ас-Сабоҳ. Хаймаи қудсии сухан. Тарҷума аз арабӣ ба тоҷикӣ (ҳамроҳ бо устод Гулназар), Душанбе, 1998 ва Москва, 1999
  13. Низор Қаббонӣ. Садои дард. Тарҷума аз тоҷикӣ ба арабӣ (ҳамроҳ бо устоб Қутбӣ Киром ва устод Гулназар), Душанбе, 2002
  14. Муҳовараи тоҷикӣ-арабӣ. Душанбе, 1999 ва 2002
  15. Се саҳна аз Тоҷикистон (асарҳои саҳнавии С.Улуғзода, М.Бахтӣ Ҷ.Қуддус).Тарҷума аз тоҷикӣ ба арабӣ (ҳамроҳ бо тарҷумони суриягӣ Ғассон Муртазо), Димишқ, 2002
  16. Гулирухсор ва гули назар. (маҷмӯаи ашъори Гулназар ва Гулрухсор). Тарҷума аз тоҷикӣ ба арабӣ. Кувайт, 2006
Ҳамчунин, шоҳасари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих» дар 3 муҷаллад дар зери назар ва таҳрири Назруллоҳи Назар ба забони арабӣ тарҷума ва соли 2009 дар Қоҳира нашр карда шуд. Зикр кардан ҷоиз аст, ки маҷмӯаи мақолаҳои Сарвари давлат таҳти унвони "Назаре ба мероси Имоми Аъзам Абуҳанифаи Нӯъмон" дар зери назари ӯ ба арабӣ тарҷума ва соли 2009 дар Ар-Риёз чоп карда шудааст.
Қобили зикр аст, ки тарҷумаҳои устод аз тарафи хонандагони араб хеле хуш пазироӣ ёфтаанд. Дар сомонаҳои интернетӣ якчанд тақризҳои мардуми арабро роҷеъ ба кутуби тарҷума намудаи муаллифи мазкур пайдо намудан мумкин аст, ки порчае аз онро рӯи саҳифа меорем. Аднон Фурзот, яке аз суханварони Кувайт перомуни китоби тарчуманамудаи устод Н.Назар “Гули рухсор ва гули назар” чунин навиштааст: [12.1]
صدر ديوان الشعر الجديد المترجم إلى العربية عن الشعر الطاجيكستاني بعنوان : «وردة في الخد وأخرى في النظر» للشاعر جولنظر والشاعرة جولر خسار، وقد ترجمه نذر الله نزار وراجعته الشاعرة سعدية مفرح وقدمه إبراهيم بابايف.
يضم الديوان مجموعة من القصائد معظمها قيل إبان الحرب الطاحنة التي عصفت بطاجيكستان في مطلع التسعينات، لذلك تتميز الأشعار باكتنازها بالمفردات الوطنية. وبدا واضحا أن الشاعرين يمتلكان ثقافة كونية واسعة
Тарҷумаҳои суханҳои Аднон Фурзотро барои хонандагон пешкаш менамоем: Девони ашъори ҷадиде, ки аз тоҷикӣ ба арабӣ тарҷума шудааст, бо номи “Гули рухсор ва гули назар” – и шоир Гулназар ва шоира Гулрухсор, ки он дар тарҷумаи Назруллоҳи Назар зери назари ташаббускори нашри китоб шоира Саъдия Муфарреҳ ва Иброҳим Бобоев аз чоп баромад.
Ин девон маҷмӯи қасидаҳоеро, ки бештари он роҷеъ ба тӯфони ҷангҳое, ки солҳои 90-ум буданд, дар бар мегирад. Яке аз хусусиятҳои ин шеърҳо дар он мебошад, ки ин шеърҳо дорои вижагиҳои ватанӣ мебошанд. Инчунин возеҳ аст, ки шоирон соҳибфарҳанг ҳастанд...
Шояд яке аз мӯҷиби муваффақ гардидан дар он бошад, ки устод шоир аст. Яъне, танҳо шоир метавонад шеъри як шоири дигарро эҳсос намояд ва бо ороишоти лафзӣ, шеваи ширини баён онро ба забони мақсад баргардон кунад. Қобили зикр аст, ки тарҷумаи арабии “Суруди миллӣ” –и Тоҷикистон низ ба қалами ӯ мутааллиқ аст: [10,1]
 
Диёри арҷманди мо,
Ба бахти мо сари азизи ту баланд бод,
Саодати ту, давлати ту бегазанд бод.
Зи дурии замонаҳо расидаем,
Ба зери парчами ту саф кашидаем, кашидаем.
Зинда бош эйВатан,
Тоҷикистони озоди ман!
(Гулназар Келдӣ)
 
Тарҷумаи Назруллоҳи Назар: [3, 57]
 
عَزيزةٌ أنتِ عَلينا يَا بِلادَنا
وفي سبيـلِ عِزِّكِ اجْتِهادُنا..
جِهادُنـا
وجاءَ مِنْ عُمقِ القُرونِ امْـتدادُنا
خَفَّاقَةٌ راياتُـكِ فوقَ الرُّؤُوسِ
واصْطِـفـافُنا بِظِلِّها .. وإتحادُنا
 فَلْتَعِشْ يـا وَطـَنْ
طاجكستانُ حُرَّةً !

Вақте тарҷумаи шеърро бо арабӣ мехонем, ҳамон мусиқиву ҳамон савти мутантани суруди миллӣ ба гӯш мерасад. Яъне, ҳар як мисраи шеър хеле зебову равон тарҷума ёфтааст ва фикр мекунам, ки на танҳо ба мардуми араб, балки ба онҳое, ки барои омӯзиши забони арабӣ шурӯъ намудаанд, фаҳмрас аст, зеро устод калимаҳои оммафаҳму дилнишинро истифода бурдааст, ки бешак, арзиши тарҷумаро меафзояд. Масалан, мисраи аввал“عَزيزةٌ أنتِ عَلينا يَا بِلادَنا” –тарҷумаи мисраи “Диёри арҷманди мо”аст. Яъне, агар таҳтуллафзӣ тарҷума намоем, “Барои мо азиз ҳастӣ, эй диёри мо” аст. Дар ин ҷо калимаи арҷманд–عَزيزةٌ ва диёр бо калимаи-بِلادَ ифода ёфтаанд, ки барои ҳама мафҳум аст. Ҳамчунин, агар ба сохтори 5 мисраи аввали шеъри тарҷумашуда назар афканем“аа, аа, аа, аб, аа” аст, ки савти шеърро ҳифз шудааст.
Ба наздикӣ китоби тозае бо номи “Хамосаи панҷгона” дар шаҳри Риёз нашр шуд, ки дар он ашъори панҷ шуарои муосири тоҷик: Низом Қосим, Гулназар, Гулрухсор, Фарзона ва Доро Наҷот ба забони арабӣ аз тарафи устод Нарзуллоҳи Назар тарҷума шудааст.
Ҳамчунин китоби шоир Доро Наҷот зери унвони “Хаёлвораи Шеър”, ки мутарҷими шеърҳои эшон низ устод Нарзуллоҳ Назар мебошанд, дар Кувейт соли 2019 нашр шуд.
Дар воқеъ, нақши устод Назруллоҳи Назар барои пайванди робитаҳои адабии арабу аҷам хеле назаррас аст. Гарчанде, ки тарҷума кардани осори паҳлавиву форсӣ ба забони арабӣ ҳанӯз аз замонҳои қадим роиҷ буд ва тавассути арабшиносони машҳури дунё ашъори бузургоне чун Мавлонову Ҳофизу Саъдӣ кайҳо ба дунёи араб ворид шуда, боиси таъсирпазирии чандин шоири араб гардидааст, итминон дорем, ки тарҷумаҳои устод низ чунин муваффақиятро дарёб хоҳад кард. Маҳз ба василаи тарҷумаҳои ӯ шеъри муосири тоҷик дар мамолики араб ҷойгоҳи хешро пайдо намуда истодааст. Ҳамчунин, луғатҳои таълифнамудаи устод Назруллоҳи Назар беҳтарин ҳодиву роҳнамои тамоми донишомӯзони забони арабӣ хоҳад шуд, ки ин бешак, беҳтарин хидмат арзёбӣ мегардад.
 
Каримова Ш.Т.,
ходими илмии Шуъбаи
Шарқи Миёна ва Наздики
Институт
 

НАЗАД