(дар ҳошияи ду конфронси байналмилалӣ (18-19 октябри соли 2022) зери унвони“Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз таҳарруки террористон” ва (20-21-уми октябри соли 2022) «Аз Волга то Ганга тавассути Трансоксиана» шаҳри Душанбе, Тоҷикистон)
“Барои ҷилавгирӣ аз фаъолияти террористон давлатҳоро зарур аст, ки зимни ҳифзи сарҳад тадбирҳои назоратиро мувофиқи уҳдадориҳо ва дар доираи ҳуқуқи байналмилалӣ амалӣ намоянд”. Иқтибос аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси байналмилалии шаҳри Душанбе зери унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз таҳарруки террористон”.
Мавриди зикр аст, ки эҷод ва нақши созмону ҷамъиятҳо ва ҷаласаву маросимҳо дар ҳампайвандӣ ва ҳамгироии мардумони сайёра ва ҷомеаҳои ҷаҳон хело муҳим арзёбӣ мешавад. Ҳамаи он барои эҳёву эҷоди пайвандҳои умумии башар таҳия ва барпо мегардад, то мардумони сайёра зери соябони озодӣ, ободӣ, оромӣ, хираду дониш ва ҳамкориҳои судманду созманд зиндагии худро софдилона идома диҳанд.
Тоҷикистон бо дарёфти Истиқлол дар таърихи 9-уми сентябри соли 1991 чун кишвари озоду соҳибихтиёр муносибати дипломатии худро бо тамоми мамолики дунё оғоз намуд. Бо вуҷуди фарозу нишебиҳои даврони Истиқлол ва сар задани кашмакашиҳои таҳмилӣ ва тахрибӣ, мардумони бохираду бофаросат, фарзандони бономусу боорият ва роҳбарии Президенти ғамхору ҷасури миллат тавонист Ватанро аз ин вартаи ҳалокату даҳшат раҳонида, онро дар партави Озодӣ, Оромӣ ва Ободӣ гулгуншукуфон намояд. Ҳамин ҳадафҳои олӣ ва донишмандона буданд, ки роҳбарияти Тоҷикистон барои эҷоди ҳамкориву ҳамдилии мардумони кишвару ҷаҳон нақши созмонҳову ҷамъиятҳоро муҳим арзёбӣ карда, аз машваратҳои хубу ҳасанаи онҳо ба маврид истифода карданд.
Тоҷикистон дар Осиё мавқеи хос дошта, дар бисёре аз барномаҳои ҷаҳонӣ ташаббускор буда, меҳмону мизбони саммиту ҷаласаҳои минтақавиву ҷаҳонӣ аз ҷумла, СММ, САҲА, МҲТБО, СҲШ ва ғайра буд ва боқӣ хоҳад монд.
Бо ташаббусу андешаву хираду созандагӣ дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе конфронси дурӯза дар ҳамбастагӣ бо Дафтари зиддитеррористии Созмони Милали Муттаҳид (UNOCT), Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ (UNRCCA), Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), Иттиҳоди Аврупо (ИА), Подшоҳии Арабистони Саудӣ ва Давлати Қатар баргузор шуд, ки ҳадафи асосии он ҷилавгирӣ аз хатару даҳшатҳо ва амну ҳифзи сарҳадот дар минтақа ва ҷаҳон мебошад. Дар конфронси мазкур намояндагони зиёда аз панҷоҳ кишвари ҷаҳон, роҳбарияти созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, доираҳои илмӣ ва дигар коршиносони байналмилалӣ, ки дар самти мубориза бо терроризм ва мудирияти сарҳадот, аз ҷумла пешгирии ҳаракати террористҳо, фаъолият мекунанд, иштирок карда, суханронӣ намуданд. Масоили мубраму печидаи ҷаҳон аз ҷумла Афғонистон, ки бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, Ҷанубӣ ва Шарқӣ ҳаммарз ҳаст, баррасӣ шуд.
Ҳамин тавр, дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Институти Осиё ва Аврупои АМИТ ва факултети муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Аз Волга то Ганга тавассути Трансоксиана» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ санаи 20-21-уми окябри соли 2022 баргузор гардид.
Дар оғоз ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Хушвахтзода Қ.Х. қайд намуд, ки конференсияи имрӯза бешубҳа инъикоскунандаи ҳадафҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ноил гардидан ба чор ҳадафи стратегӣ ва берун баромандан аз бунбасти коммуникатсионӣ нигаронида шудааст.
Дар идомаи он зикр гардид, ки саммити душанбегии Созмони Ҳамкории Шанхай ба самтгирии нави Созмон, ки пеш аз Шарқ ба Ғарб ҳаракат мекард, дигаргуниҳои сифатан навро ворид намуд. Пайвастани Ҷумҳурии Исломии Эрон ва қаблан гирифтани узвияти он аз ҷониби Ҳиндустону Покистон ва изҳори таваҷҷуҳи як гурӯҳ кишварҳои араб, самти нави ҳамкориҳо – ҳамкориҳо дар самти “Шимол- Ҷануб” оғоз намуд. Акнун АвруОсиёи Шимолӣ (Русия) бо АвруОсиёи Ҷанубӣ (нимҷазираи Ҳинд) тавассути Осиёи Марказӣ равобити бисёрҷонибаи худро боз ҳам қавитар месозад.
Дар кори конференсия ҳамзамон, муовини аввали вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, коршиносону муҳаққиқон аз Институти Осиё ва Аврупо-и АМИТ, Донишгоҳи ҶНЮ ва Маркази Эроншиносии Ҳиндустон, Донишгоҳи Кобули Афғонистон, Донишгоҳи Пешовари Покистон, сафири Фавқулода ва худмухтори Қазоқистон дар Тоҷикистон, намояндагони сафоратҳои Федератсияи Русия, Ҳиндустон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон, намояндаи Бунёди Горчаков, раиси Фонди миллии “Шоҳроҳи Абрешим – Шоҳроҳи Ваҳдат” иштирок ва суханронӣ намуданд.
Иштикорчиён қайд карданд, ки мақсаду мароми конфронси мазкур, пеш аз ҳама, ҳалли мушкилоти мавҷуда, таҳияи стратегияҳои нави рушд ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаи кишварҳои ба ҳам дӯст дар соҳаҳои иқтисод, сиёсат, фарҳанг, иттилооту ҳамлу нақл, бехатарӣ мебошад.
Мавриди зикр аст, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои доимии САҲА рӯзи 3 апрели соли 2003 зери қарори №537 дар бораи ба Афғонистон додани мақоми шарик барои ҳамкорӣ бо САҲА пазируфта, мавриди қабули кишварҳои аъзо гардид.
Коллеҷи сарҳадии САҲА (BMSC) барои баланд бардоштани дониши мансабдорони баландпояи амнияти сарҳадӣ ва идоракунӣ ва мусоидат ба ҳамкориҳои бештар ва табодули иттилоот санаи 27 майи соли 2009 дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт. Давраҳои омӯзишии гунонугун ва курсҳои таълимии солонаи он барои кормандони соҳа ба монанди мақомоти сарҳадӣ ва дараҷаи аспирантураи яксола дар соҳаи амният ва идоракунии сарҳад, бо низоми аккредитатсия шуда, ба таври доимӣ амал мекунад.
Тоҷикистон бо ташаббусҳои созанда ва модели сулҳофаринии намунавии нодираш, метавонад ҳамкориҳояшро бо созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳо таҳкиму тавсеа дода, минтақа ва ҷаҳонро аз хатарҳои мавҷуда ҷилавгирӣ намояд.
Барои хубтар ба роҳ мондани ҳамкориҳо Тоҷикистон, созмонҳову форумҳо ва давлатҳои ҷаҳон метавонанд бо истифода аз формулаи зерин кор гирифта, масоилро ҳаллу фасл намоняд.
Формула аз ибораи англисӣ зери унвони “PEACE” маъхаз мегирад, ки маънои сулҳро мефаҳмонад. Ҳар ҳарфи он мафҳуми хосе дорад, ки шарҳу тавсифи ибораи мазкур бо пешниҳоди камина ба таври зайл маънидод шудааст:
Promotion-тарвиҷу тарғиби сулҳу субот
Economization-сарфаҷӯии иқтисодӣ
Activation-фаъолсозии барномаву лоиҳаҳо
Cooperation-ҳамкорӣ
Elimination-маҳву бартарафсозии хатарҳои ҷомеа
Бо истифодаи дурусту саривақтӣ аз формулаи мазкур чун ченак ё тарозу барои рушди ҳамкориҳои муштарак кишварҳо метавонанд, ҷомеаро аз хатару даҳшатафканиҳо ҷилавгирӣ намуда, бо доштани сатҳи огоҳии хубу олӣ, дониш ва таҳкими иқтидору ибтикор зиндагии хушу гуворо ва фараҳу шодиро барои мардумони худ фароҳам оваранд.
Раҳмонов Мирсаид,
ходими калони илмии
Институти Осиё ва Аврупои АМИТ
шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ