НАХУСТСАФАРИ ПРЕЗИДЕНТИ ТУРКМАНИСТОН СЕРДАР БЕРДИМУХАММЕДОВ БА ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН: ОҒОЗИ ҲАМКОРИҲОИ ҶАДИД

Автор: Давлиёрова Сафаргул

Расм

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввалини соҳибистиқлолӣ бо тамоми давлатҳои ҷаҳон, бахусус кишварҳои Осиёи Марказӣ муносибатҳои инсондӯстонаро ба роҳ монда, барои боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкориҳои гуногунҷанба ва пешрафти соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳанг, санъат, илм, маориф, гуманитарӣ, сармоягузорӣ, андоз, гумрук бо давлатҳои минтақа ҳамкориҳоро дуруст ва ба мавқеъ ба роҳ гузоштааст. Мисоли равшани ин гуфтаҳо дар робитаҳои гуногунҷанбаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон инъикос мегардад. Муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон 27-уми январи соли 1993 тибқи санад “Доир ба барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон” ибтидо гирифта буд. Ин аст, ки тайи 30 - соли ҳамкориҳои пурсамар ин ду кишвар дар минтақа ва ҷаҳон обрӯю эътибор пайдо намуда, якдигарро дар чорабиниҳою машваратҳои сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ дастгирӣ менамоянд. Чуноне ки маълум аст, халқҳои тоҷику туркман аз чандин ҷиҳат ба ҳам наздиканд. Тибқи маълумоти коршиносони соҳа тоҷику туркман аз қадимулайём ба ҳамдигар наздикӣ дошта, дорои мероси бойи фарҳангиву адабӣ ҳастанд, ки шуҳрати ҷаҳонӣ доранд.

Тайи солҳои истиқлолияти давлатӣ асоси шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳоро зиёда аз 110 санад ташкил медиҳад, ки фарогири самтҳои муҳимми ҳамкориҳо, аз қабили соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳанг, санъат, илм, маориф, гуманитарӣ, сармоягузорӣ, андоз, гумрук ва дигар мебошанд. Зикр намудан ба маврид аст, ки соҳаҳои фарҳанг, илм ва маориф дар ҳамкориҳои дуҷониба яке аз самтҳои афзалиятнок дониста мешавад. Агар 30 соли барқарорсозии ҳамкориҳову муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистонро таҳлил намоем, мебинем, ки бо ибтикори Сарони ду давлат Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Туркманистон ва Рӯзҳои фарҳангии Туркманистон дар Тоҷикистон пайваста доир мегарданд, ки пеш аз ҳама ба таҳкими дӯстии халқҳои ин ду сарзамини офтобӣ ва бо ҳам дӯст мусоидат менамояд. Ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Туркманистон дар самти илму маориф низ шаҳодати он аст, ки теъдоди бештари донишҷӯён аз Ҷумҳурии Туркманистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва донишҷӯёни тоҷик дар муассисаҳои таҳсилоти касбии Туркманистон таҳсили илм менамоянд. Тибқи маълумоти оморӣ, шумораи умумии донишҷӯёне, ки аз Туркманистон дар муассисаҳои таҳсилоти касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, дар соли таҳсили 2022-2023 116 нафар мебошанд.

Чуноне ки мардуми шарифи Тоҷикистон огоҳ аст, 10 майи соли 2023 Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимухаммедов бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд [1]. Дар чаҳорчӯби сафари давлатии Президенти Туркманистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Туркманистон баргузор шуд. Баррасии масоили ҳамкории ду кишвар дар мулоқоти хоссаи Сарони давлатҳои Тоҷикистону Туркманистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Сердар Бердимухаммедов оғоз гардида, бо иштироки ҳайатҳои васеи ду давлат идома ёфт. Дар мулоқот, ки дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳуми комил сурат гирифт, Сарони давлатҳо доираи васеи муносибатҳои байнидавлатии ду кишварро муфассал баррасӣ намуда, оид ба масъалаҳои мубрами муносибатҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор намуданд. Дар оғози мулоқот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимухаммедовро ба Тоҷикистон самимона хайрамақдам гуфта, аҳамияти робитаҳои мунтазами сиёсӣ дар сатҳи оливу баланд ва нақши калидии онҳоро дар пешбурди пайвастаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Туркманистон таъкид карданд. Ҳамзамон изҳори боварӣ карда шуд, ки сафари давлатии Сарвари давлати дӯст ба Тоҷикистон ба рушди тамоми маҷмӯи ҳамкориҳои ду кишвар такони нав хоҳад бахшид. Президенти мамлакат иброз доштанд, ки тайи сӣ соли равобити дипломатӣ муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистон дар бисёр соҳаҳо бо суръат рушд карда, ҷонибҳо дар таҳкими ҳамкориҳои худ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд. Зимни мулоқот масъалаи рушди устувори ҳамкории ду кишвар дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва дигар соҳаҳои ҳамкорӣ муҳокима гардид. Тавсеаи фаъоли ҳамкории байнипарлумонӣ ҳамчун ҷузъи муҳимми маҷмӯи робитаҳои гуногунҷанба мавриди арзёбӣ қарор гирифт. Масъалаҳои ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ба таври муфассал баррасӣ шуда, ҷонибҳо дар бораи андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати рушди минбаъдаи ин ҷанбаи муносибатҳо ба мувофиқа расиданд. Дар ин замина ҷонибҳо ба чунин самтҳои ҳамкорӣ, аз қабили кооператсияи саноатӣ, бахшҳои энергетика ва кишоварзӣ, нақлиёт ва коммуникатсия таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Таъкид гардид, ки дар соҳаи кооператсияи саноатӣ барои амалисозии лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои саноати сабук, истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ ва металлургия, таъминоти мутақобилаи ашёи хом имкониятҳои зиёд мавҷуд аст. Дар бахши нақлиёту транзит масъалаи аз ҷониби сохторҳои давлатӣ ва тиҷоратии Тоҷикистон босамар истифода кардани имконоти транзитии Туркманистон ҷиҳати ҳамлу нақли бор баррасӣ шуд. Ҷонибҳо дар рафти мулоқот ба масъалаи муносибатҳои ду кишвар дар бахши гуманитарӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда, ҷиҳати густариши минбаъдаи робитаҳо дар соҳаҳои фарҳанг, маориф, илм, варзиш, сайёҳӣ андешаронӣ намуданд. Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба маҷмӯи масъалаҳои мубрами дорои хусусияти минтақавӣ ва байналмилалӣ ба таври муфассал мубодилаи афкор анҷом доданд. Ҳамчунин зимни вохӯрӣ робитаҳои фаъоли ҷонибҳо дар чаҳорчӯби сохторҳои бисёрҷониба таъкид гардид. Президенти мамлакат ба ҷониби Туркманистон барои дастгирии фаъол аз ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об ва иқлим изҳори сипос карданд. Дар рафти мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Туркманистон ҳамчунин ҷонибҳо оид ба масоили дигари мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯйи судманд анҷом доданд [2].

Ба имзо расидани санадҳои нави ҳамкорӣ барои ин ду кишвар аҳамияти стратегӣ дошта, ҷиҳати фароҳам овардани фазои боварибахши ҳамкориҳои судманд ва ҳалли мушкилоти марбута пешбинӣ шудаанд:

1.Эъломия оид ба таъмиқи шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон;

2. Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ;

3. Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини амнияти киберии байналмилалӣ;

4. Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи техникии иттилоот;

5. Протокол байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон оид ба ҳамкории мутақобила дар доираи созмонҳои байналмилалӣ;

6. Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи карантини растаниҳо;

7. Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи байторӣ;

8. “Харитаи роҳ” барои вусъат додани ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Туркманистон барои солҳои 2023-2025;

9. Ёддошти тафоҳум байни Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон ва Хадамоти мониторинги молиявии назди Вазорати молия ва иқтисоди Туркманистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом;

10. Ёддошти тафоҳум байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки марказии Туркманистон;

11. Созишнома байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти давлатии гумруки Туркманистон оид ба ташкили мубодилаи иттилооти пешакӣ дар бораи мол ва воситаҳои нақлиёти тавассути сарҳади гумрукӣ интиқолшаванда;

12. Созишнома байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳокимияти вилояти Марии Туркманистон;

13. Созишнома байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳокимияти вилояти Балкани Туркманистон оид ба ҳамкорӣ дар самтҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангӣ-гуманитарӣ;

14. Барномаи чорабиниҳои якҷоя (“Харитаи роҳ”) дар бораи густариши ҳамкориҳои минбаъда дар соҳаи зиёд кардани ҷараёни бор ва фаъолгардонии боркашонии мултимодалӣ байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии нақлиёт ва комуникатсияи назди Девони Вазирони Туркманистон барои солҳои 2023-2025;

15. Ёддошти тафоҳум байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва истеҳсолоти сохтмонии Туркманистон;

16. Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории тиҷоратӣ байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати савдо ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Туркманистон;

17. Ёддошти тафоҳум байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Туркманистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ;

18. Ёддошти тафоҳум байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии “Туркменавтоулаглары”-и Агентии нақлиёт ва комуникатсияи назди Девони Вазирони Туркманистон оид ба рушди ҳамлу нақли байналмилалии нақлиётӣ;

19. Ёддошти тафоҳум ва ҳамкорӣ байни Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии Туркманистон оид ба омор;

20. Ёддошти тафоҳум байни Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳуриии Тоҷикистон ва Хадамоти давлатии асосии “Туркменстандартлари”;

21. Ёддошти тафоҳум байни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази илмии тадқиқоти стратегии Донишкадаи муносибатҳои байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон;

22. Ёддошт оид ба ҳамкорӣ байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи саноатчиён ва соҳибкорони Туркманистон;

23. Ёддошти тафоҳум байни Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар” ва Агентии давлатии иттилоотии Туркманистон “TDH”;

24. Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкориҳои мутақобила байни Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази миллии иттифоқҳои касабаи Туркманистон[3].  

Дар умум, метавон зикр намуд, ки вазъи кунунии ҳамкориҳои дуҷониба ва гуногунҷанбаи Тоҷикистону Туркманистон дар самтҳои ҳаётан муҳимми сиёсат, иҷтимоиёт, иқтисодиёт, фарҳанг, илм, маориф, сармоягузорӣ, андоз ва гумрук мунтазам рӯ ба тараққӣ мебошанд.

Инак, натиҷаи нахустсафари Президенти Туркманистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масири ҳамкориҳои ҷадид қадами устуворе мебошад дар роҳи таҳкими босуботи ҳамкориҳои судманд ва ояндаи дурахшони ин ду миллати сарбаланди тоҷику туркман. Ҳангоме ки муносибатҳо дар тамоми соҳаҳо рушд мекунанд, ин худ нишондиҳандаи ҳамкориҳои босубот мебошад, ба монанди гузоштани санги асос барои кушодани мактаб дар вилояти Хатлон, ки ин худ як робитае буд дар рушди муносибатҳои маърифатӣ ва рушди сармояи инсонӣ байни кишварҳои Тоҷикистону Туркманистон. Ҳамзамон, ҳамин гуна мубодилаи таҷриба байни донишҷӯён ва устодон, табодули сарчашмаҳои илмию фарҳангӣ байни ин ду кишвар, табодули таҷрибаҳо дар соҳаҳои тиб, тандурустӣ, фарҳанг, илм, маориф, содироту воридоти маҳсулотҳои доруворӣ ва дигар соҳаҳои иҷтимоиёт барои ин ду кишвар муҳим мебошад.

Аз натиҷаи нахустсафари Президенти Туркманистон Сердар Бердимухаммедов метавон чунин натиҷагирӣ кард:

  • сарчашмаи баромадан ба баҳри Каспий, дарёфт намудани рушди муносибатҳои транзитӣ тавассути Туркманистон, ҳамзамон пешниҳод намудани имкониятҳо барои транзити молу маҳсулот тавассути роҳҳои Тоҷикистон;
  • рушди соҳаи энергетика бо роҳи ҷалб намудани сармояи Туркманистон, коркарди тамоми маҳсулоте, ки барои саноатикунонии кишвар зарур аст;
  •  омӯзиши таҷрибаи Туркманистон ва истифодаи он дар кишвари мо дар мисоли рушди соҳаҳои саноати коркарди газу нафт дар Туркманистон;
  •  бунёди корхонаҳои муштараки коркарди захираҳои нафту газ дар ҳудуди Тоҷикистон ва ҷорӣ намудани таҷрибаҳои муштарак ва рушди он дар Туркманистон ва Тоҷикистон.

Ҳамин тариқ, ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи ин кишварҳо дар шароити кунунӣ заминае фароҳам меоранд, ки дар оянда муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, тиҷоратӣ ва илмӣ-техникӣ боз ҳам қавитар гардида, имкониятҳои нави ҳамкорӣ ҳам барои Тоҷикистон ва ҳам Туркманистон таъмин гардад. Дар ҳамин замина, муносибатҳои дӯстона ва бародарона барои ҳар ду ҷониб манфиатовар аст. Зеро ба роҳ мондани чунин муносибатҳо имкон медиҳад, ки кишварҳо бо назардошти густариши равобити мутақобилан судманд рушд намоянд, ба зинаҳои ҷадиди ҳамкориҳои гуногунҷанба қадам гузошта, ҳамқадами кишварҳои рӯ ба тараққӣ гарданд.

Сарчашмаҳо:

1. Сафари давлатии Сердар Бердимухаммедов ба Ҷумҳурии Тоҷикистон. Манбаи электронӣ: https://www.ahd.tj/tj/novosti-o-prezidente/2412-safari-davlatii-prezidenti-turkmaniston-dar-um-urii-to-ikiston. (санаи муроҷиат: 15.052023с).

2. Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Туркманистон. Манбаи электронӣ:http://president.tj/node/30638,( санаи муроҷиат: 15.05.2023с).

3. Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ ва нишасти матбуотии Сарони давлатҳои Тоҷикистону Туркманистон. Манбаи электронӣ: https://mts.tj/marosimi-imzoi-sanadҳoi-navi-ҳamkorӣ-va-nishasti-matbuotii-saroni-davlatҳoi-toҷikistonu-turkmaniston/. (санаи муроҷиат: 15.05.2023с).

 

Давлиёрова Сафаргул Тешаевна, н.и.ф.,

ходими пешбари илмии

шуъбаи Осиёи Марказии

ИОМДОА АМИТ

 

НАЗАД