Парчамафрози ховар

Автор: ИИПСАЕ

Расм

Пеши ҳамагон ин нукта мусаллам  аст, ки робитаҳои адабии мардуми  тоҷику араб ҳанӯз аз давраҳои қадим, ҳатто дар марҳалаи пеш аз ислом вуҷуд дошт.  Бисёр олимону донишмандону фарҳехтагони тоҷик, ки ҳамзамон ховаршиносони номвари кишваранд, робитаҳои адабии Аҷаму Арабро таҳқиқу баррасӣ  намудаанд ва дар ин ҷода тадқиқотҳои арҷманд анҷом додаанд. 
Дар ин масир метавон китобҳои устодон Тоҷиддин Мардонӣ  “Саҳифаҳое аз равобити адабии арабу аҷам”, “Арабско-таджикские литературные связи” (сборник статей), Низомиддин Зоҳидӣ  “Адабиёти арабизабони форсу тоҷик” (аз истилои араб то аҳди Сомониён),  Умеда Ғаффорова “Робитаҳои адабии арабу аҷам”-ро ном бурд, ки дар рушду тарвиҷи илми ховаршиносии тоҷик сафҳаҳои тоза боз кардаанд. Ҳамчунин китобҳои устод Абдушукури Абдусаттор “Таърихи адабиёти араб” (дар ду муҷаллад), Саидраҳмон Сулаймонӣ, ки қомуси бузурги “Фарҳанги арабӣ-тоҷики”-ро таълиф намудаанд ва ё китобҳои сершумори тарҷумони гимни ҶТ Назруллоҳи Назар, ба амсоли “Авроқу-л-мутафарриқа”, “Гули Рухсор ва Гули Назар”, “Хамосаи панҷгона” ва ғ, ки ашъори шоирону суханварони  муосири тоҷикро ба забонӣ арабӣ тарҷума намудаанд, дорои арзиши бузург ҳастанд.
Чун сухан аз таърихи робитаҳои адабии арабу аҷам ва саҳми арабшиносони тоҷик меравад, воҷиб аст, ки чанд ҳарфе дар бобати  фаъолияту пажӯҳишҳои яке аз олимони номвари Тоҷикистон,  забоншиносу ховаршиноси камназир, қдоктори илмҳои филологӣ  устод Нуруллоҳхон Ғиёсов, ки дар риштаи робитаҳои забонӣ ва адабии арабу аҷам хидматҳои арзандае намудаанд, зикр шавад.  Устод Н. Ғиёсов муаллифи беш аз 350 асари илмӣ ва мақолаҳои илмӣ-методӣ  ва оммавӣ оид ба масоили забоншиносии тоҷикӣ ва арабӣ, сомонишиносӣ ва адабиёти араб мебошанд.  Китобҳои таълифнамудаи эшон “Сомониён дар оинаи таърих” (дар ду ҷилд, Хуҷанд, 1998, бо ҳаммуаллифии Н.Салимов, Н.Зоҳидов,  А.Ҳасанов), “ “Сарфи забони арабӣ” (Хуҷанд, 2002), “Наҳви забони арабӣ” (Хуҷанд, 2004), “Тарҷумаи Тафсири Табарӣ” (дар ду китоб  ва ҳафт муҷаллад, Хуҷанд, 2007, бо ҳаммуаллифии Н.Салимов, Н.Зоҳидов, А.Ҳасанов, А.Самеев), “Ҳизби таҳрир ва хатарҳои он” (Хуҷанд, 2007), “Донишномаи Сомониён” (бо ҳаммуаллифон), (ҷ.1, Хуҷанд, 2008, ҷ. 2, 2009), (ҷ.3, Хуҷанд, 2019), “Забони арабӣ” (барои синфи 4, Хуҷанд, 2010), “Маноқиби Имоми Аъзам”, (Хуҷанд, 2011), Назарияи луғатшиносӣ (Хуҷанд, 2012), “Забони арабӣ” (барои синфи 3, Хуҷанд, 2012), “Донишномаи Қадархон” (бо ҳаммуаллифии Р.Низомиддинова, Хуҷанд, 2013), “Тарҷумаи Таърихи Яминӣ” (Хуҷанд, 2013), “Сӣ мақола” (Хуҷанд, 2014) “Луғати Фурс” (Хуҷанд, 2015), “Тӯҳфат-ул-хонӣ” (бо ҳаммуаллифӣ бо Ҷ.Ҷӯразода, Хуҷанд, 2017), Муқаддимаи забоншиносӣ (Хуҷанд, 2018), Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ (Ҳарфи “Д”), (бо ҳаммураттибии Ф.Нуруллозода, ба чоп супорида шуд) ва чандин  таҳрирномаҳои  дигари устод  имрӯз барои пажӯҳишгарон сарчашмаҳои муҳими илмӣ ҳисобида мешаванд.
А.Абдусаттор, доктори илмҳои филология, профессор дар китоби “Ховаршинос” чунин навиштаанд: “Баршумурдани тамоми осори баргардон ва таҳия намудаи Нурулло Ғиёсов суханро ба дарозо мекашад. Ҳамин қадар гуфтан кофист, ки ӯ дар таҳаввули матншиносии тоҷик дар тӯли даҳсолаҳои охир нақши бориз дорад.” [9, 38]
Пеш аз он ки ба осори ин олими фарҳехта рӯ оварем,  лозим донистем, ки чанд ҳарфе оид ба зиндагинома ва шарҳи ҳоли устод Ғ.Н гуфта шавад.  Ғиёсов Нурулло Исматович 26-уми октябри соли 1954 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудаанд. Соли 1977 факултаи забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро хатм намуда,  дар маҷаллаи “Садои Шарқ” ба ҳайси мусаҳҳеҳ корро шурӯъ намудаанд.  Баъдан,  соли 1978  ба пажӯҳишгоҳи шарқшиносии АИ ҶШС Тоҷикистон ба кор даъват шуда, ба сифати муҳаққиқ -  коромӯз  ба  шӯъбаи забонҳои  Институти шарқшиносии  АУ ИҶШС ба шаҳри Маскав фиристода шуданд. Дар Маскав таҳти роҳбарии арабшиноси номвар,  профессор Г.Ш. Шарбатов ба илмомӯзӣ машғул шуданд.  Мавсуф  соли 1980 ба шӯъбаи рӯзонаи аспирантураи ин институт дохил шуда, сипас, аз соли 1982 то 1985 дар Ҷумҳурии Халқии Демократии Яман ба ҳайси тарҷумон адои хизмат намуданд. Ба ҷуз тарҷумонӣ устод ба корҳои тадқиқотӣ ва пажӯҳиш низ машғул буданд.  Баъди адои хизмат ба Маскав баргашта, аспирантураро бомуваффақият хатм карданд.   Устод Ғиёсов  рисолаи номзадии хешро таҳти унвони “Вазъи луғавӣ ва сиёсати забонӣ дар Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Яман” таҳти роҳбарии профессор В.Э. Шагал дар Маскав соли 1987 дифоъ намуданд. Сипас, фаъолияти хешро дар шӯъбаи арабшиносӣ ва исломшиносии ПШ АИ ҶШС Тоҷикистон ба ҳайси сарлаборант ва ходими хурди илмӣ  идома доданд.   Баъдан,  соли 1988 ба шаҳри Хуҷанд омада, дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров ба ҳайси муаллими кафедраи забони тоҷикӣ кор намуданд. Ҳамчунин, устод дар ин донишгоҳ ҳамчун муаллими кафедраи таълими забон ва адабиёти тоҷикӣ, сармуаллим ва дотсенти кафедраи забони тоҷикӣ, дотсенти кафедраи забоншиносии умумӣ ва таърихи забон, ҷонишини декани факултаи филологияи тоҷик, ходими калони илмӣ, мудири кафедраи грамматикаи забони арабӣ, декани факултаи забонҳои шарқи ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров, ходими пешбари илмӣ ва директори Маркази пажӯҳиши тамаддуни Сомониён фаъолият бурдаанд. Қобили тазаккур аст, ки устод аз соли 1990 то соли 1995 раиси Шӯрои олимони ҷавони ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров буданд. Ҳамчунин, аз соли 2001 то 2005  вазифаи котиби илмии Шӯрои дифои рисолаҳои номзадиро ба ӯҳда доштанд.
Дар баробари ин, устод Ғиёсов Н.И. “Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2002), барандаи Ҷоизаи ба номи Камоли Хуҷандӣ (1999), Ҷоизаи байналмилалии “Бунёди Манучеҳри Фарҳангӣ” (Испания), “Бунёди Рӯдакӣ” (Фаронса 2010) ва Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон “Пайванд” (2010) мебошанд. Мавсуф иштироккунандаи зиёда аз 30 конфронсу ҳамоишҳои байналмилалӣ дар Маскав (1998, 2004), Ӯш (1991, 2009), Душанбе (1990, 1994, 1999, 2000, 2001, 2002), Тошканд (1996), Теҳрон (2003), Амороти Муттаҳидаи Араб (2002), Деҳлӣ (2009), Бишкек (2012), Шанхай (2013), Исфаҳон (2014) ва ғайра ҳастанд.
Нуктаи ҷолиби таваҷҷӯҳ ин аст, ки  устоди соҳибкиром яке аз муассисони факултаи забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров мебошанд. Эшон чандин маротиба бо супориши раёсати донишгоҳ ба вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон рафта, ҳуҷҷатҳоро пешниҳод кардаанд.  Ниҳоят бо кӯшишу талошҳои зиёд факултаи забонҳои шарқ  соли 1999 дар назди факултаи филологияи тоҷик ташкил шуд ва соли 2003 факултаи шарқшиносӣ факултаи мустақил дар ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров маҳсуб ёфт.  Зимнан, устод аз соли 2001 то соли 2006 мудири кафедраи грамматикаи забони арабӣ ба ҳисоб мерафтанд. Инчунин, аз солҳои 2006 то 2011 вазифаи декании ин факултаро ба ӯҳда доштанд. 
Саҳми Н. Ғиёсов дар тайёр кардани кадрҳои баландихтисос муассир аст.  Ҳамчунин,  барои омода кардани чандин китобҳои дарсӣ аз фанни сарфу наҳв ва инкишофи нутқи забони арабӣ  барои мактаббачагону донишҷӯёни тоҷик низ  устод Н. Ғиёсов бисёр заҳматҳо кашидаанд. Устод барои тақвият додани ҳавзаи арабшиносӣ дар донишгоҳ  хидматҳои бузург намудаанд.  Худи устод дар бобати тайёр намудани кадрҳои баландихтисос дар муассиаҳои давлатӣ, хусусан дар факултаи забонҳои шарқ чунин мешуморанд:
 “...Гузориш ва ҳалли ин масъалаҳо то андозае метавонанд фаъолияти таълимӣ ва илмии кафедраҳои мутахассиси ин соҳаро дар донишгоҳҳои Тоҷикистон ва алалхусус факултаи забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо як самти муайян раҳнамоӣ кунанд. Ба назари мо ин вазифаҳо иборатанд аз:
  1. Таълими забони арабӣ бо мақсади азхудкунии томи он ва истифодаи фаъоли ин забон дар соҳаҳои гуногуни фаъолият.
  2. Таълими забони арабӣ бо мақсади тайёр кардани муаллимони забони арабӣ дар мактабҳои таълимоти умумии ҷумҳурӣ.
  3. Тайёр кардани кадрҳои илмӣ, ки тавонанд дар риштаҳои гуногуни забоншиносии тоҷикӣ, арабӣ, адабиётшиносии тоҷик ва алалхусус дар мавзӯъҳои робитаҳои забонии арабӣ-тоҷикӣ, типология, забоншиносии муқоисавӣ, тарҷума ва нашри интиқодии осори ниёкон, робитаҳои адабӣ дар сатҳи талабот ва рушди забоншиносӣ ва адабиётшиносии муосир тадқиқотҳои илмӣ баранд ва дар ояндаи наздику дур таълими забони арабиро дар сатҳи баланди илмӣ –методӣ ҷараён таълим диҳанд.” [5, 61-62]
Доктори илмҳои филологӣ, профессор Умар Сафар роҷеъ ба таълифи китобҳои дарсии устод Н. Ғиёсов чунин андеша доранд:
“Лозим ба таъкид аст, ки солҳои тӯлонӣ барои аксари донишкадаҳои ҷанбаи забонӣ дошта набудани китобҳои дарсӣ мушкилии азим маҳсуб мешуд. Агар китобе ҳам буд, навиштаи мардуми бегона буд. Хушбахтона, пас аз ифтитоҳи донишкадаи шарқшиносӣ дар ДДХ устод дастуру китобҳои дарсии пуршуморе барои донишҷӯён навиштаанд, ки на ҳар кас аз ӯҳдаи он бармеояд. «Забони арабӣ», «Наҳви забони арабӣ», «Сарфи забони арабӣ» намунаи китобҳои дарсие ҳастанд, ки мавсуф барои донишҷӯёни соли дувум ва сеюми донишкадаи мазкур таълиф намудаанд” [10, 62].  Соли 2019 Вазорати маориф ва илми ҶТ китоби “Муқаддимаи забоншиносӣ”-и устодро, ки соли 2016 дар ДДҲБСТ ва соли 2019 бо таҳриру такмил дар ДДХ ба номи акад. Б.Ғафуров бори дуюм чоп шуда буд, ба ҳайси китоби дарсӣ барои факултетҳои филологии Ҷумҳурӣ  пазируфт ва ба чопи он иҷозат дод.
Устод Ғиёсов барои ҳосил намудани малакаи озоди нутқи хаттӣ ва даҳонии донишҷӯён дар ҳар як семестри хониш ҳадафҳои мушаххас гузошта, барои ба ҳадаф расидани донишҷӯ  ба омӯзгорон тавсияҳо додаанд, то матнҳоеро интихоб намоянд, ки иборат аз ҷумлаҳои сода бошанд. Аз донишҷӯён низ дар навбати худ талаб карда мешавад, ки луғатҳои зиёдро ҳифз намоянд ва сарфу наҳвро хуб омӯзанд.
Аз ин рӯ, имрӯз донишҷӯёни ин риштаҳо мутахассисони хуби забон ҳастанд, дар вазорату сафоратҳо ва ташкилотҳои бонуфуз фаъолият мебаранд ва инчунин рисолаҳои номзадии хешро дифоъ намудаанду тадқиқотҳои худро идома медиҳанд. Ногуфта намонем, ки устод роҳбарии илмии бисёре аз ин муҳаққиқонро ба дӯш доранд ва ҳамаи ин номзадони илм сарбаландона бо роҳнамоии устод рисолаҳои худро  дифоъ намудаанд.
Бояд ёдовар шавем, ки бахшида ба 60-солагии устод Н. Ғиёсов соли 2015 китобе бо номи “Ховаршинос” чоп шуд, ки аз 716 саҳифа иборат буда, муҳаррири масъули ин китоб номзади илмҳои филология Саидумрон Саидов мебошанд. Дар китоби мазкур дӯстону наздикони устод Ғиёсов, олимону шоирону нависандагони маъруфи  кишвар дар бораи фаъолияти эшон мақолаҳову иродатномаҳо навиштаанд. С. Саидов дар мавриди ин китоб чунин  зикр кардаанд: “Китоби мазкур аз меҳрномаи азизон таҳти унвони “Аз сари ихлосу муҳаббат” бахшҳои “Забоншиносӣ”, “Адабиётшиносӣ”, “Таърих ва ҷомеашиносӣ” ва “Осорномаи Нуруллохон Ѓиёсов” иборат аст.
Дар ибтидои китоб  Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона перомуни устод Ғиёсов чунин ҳарфҳоро гуфтаанд:
“Донишвари нерӯманд Нуруллоҳ Ѓиёсов аз ҷумлаи муҳаққиқони забонпажӯҳест, ки латофатҳои чандин забонро дар ҳадди камол дарёфта ва ин ганҷи шойгонро ҳудуди чиҳил сол аст, ки барои ганҷпазирон армуѓон мебахшад. Ӯ бо огоҳии тамом аз илму адаби Машриқу Маѓриб ба арсаи таҳҳиқ омадааст ва бо чароѓи андешаҳои ҷаҳонафрӯзаш шогирдонро ба вусъатободи илму ирфону тамаддун қутбнамоӣ мекунад” [8, 8].
 Муҳаққиқи нуктасанҷ Ғиёсов Н.И на танҳо илму адаби Машриқ, балки осори адибони Мағрибзаминро низ ба риштаи таҳқиқ кашидаанд ва  чароғи робитаро дар ин чода низ фурӯзон кардаанд. Дар ин китоби пурмуҳаббату волоарзиш академик Носирҷон Салимӣ, доктори  илмҳои филологӣ , проф. Абдуҷамол Ҳасанов, д.и.ф, проф.Туғрал Шокиров дар  сифоти устод Ғиёсов мақолае навиштаанд таҳти унвони “Арабшиноси доно ва сомонипажӯҳи тавоно”, ки чанд порчае аз мақола иқтибос оварда хоҳад шуд: Ғиёсов Н. И  “...умри бобаракати худро баҳри пешрафти илми забоншиносии тоҷику араб ва ошкор намудани усулҳои беҳтару самараноки тадриси забонҳои тоҷикиву арабӣ равона кардааст. Дар тӯли фаъолияти дурударозаш таваҷҷӯҳи устоди арҷманди моро тадқиқи масоили гуногуни забонҳои тоҷикиву арабӣ ба худ ҷалб кардааст.Ӯ дар радифи муҳаққиқоне қарор дорад, ки мехоҳад ба асрори бисёр масоили печидаи забонҳои номбурда рӯшанӣ андозанд. Доираи пажӯҳиши мавсуф басо вусъатнок буда, онҳо қариб кулли бахшҳои забоншиносии тоҷику арабро дар бар мегиранд. Як ҳиссаи ин гуна осори таҳқиқӣ ба масоили робитаи забонӣ бахшида шудаанд. Асару мақолоти«Вожаҳои форсии миёна дар эҷодиёти шоири араби садаҳои VI-VII ал-Аъшо» (ба забони русӣ, 1990), «Забони англисӣ ва ҷойгоҳи он дар нақшаи стратификатсионии вазъи забонӣ дар мамолики араб» (ба забони русӣ, 1991), «Истилоҳоти тоҷикии мусиқӣ дар забони арабӣ» (ба забони русӣ, 1999), «Иқтибосҳои арабӣ дар таркиби воҳидҳои фразеологии забони адабии ҳозираи тоҷикӣ» (2013) ва м. инҳо аз ҷумлаи ҳамин гуна пажӯҳиш ба шумор меоянд” [11, 9]
Фаъолияти илмии устод Ғиёсов хеле вусъатманд ва бисерсамт аст.                Устод дар баробари он ҳама тааҳҳуд рисолати хуҷастае, ки дар боло шумор карда шуд, тарҷумони камназир низ мебошанд: “Ӯ ҳамчунин ба ҳайси тарҷумони чирадаст дар тарҷумаи маънои Қуръон саҳми муносиб гузошта, дар тӯли панҷ сол (1990-1995) дар маҷаллаи «Илм ва ҳаёт» порчаҳоеро аз Қуръон тарҷума карда буд.” [11, 11-12]
“Алалхусус нашри асари дуҷилдаи «Сомониён дар оинаи таърих» (соли 1998) падидаи тозае дар сарчашмашиносии таърихӣ ва ошно намудани муҳаққиқон ва кулли дӯстдорони таърих бо таърихномаи Сомониён маҳсуб меёбад. Дар асар муаллифон мӯшикофона тамоми матнҳоро доир ба таърихи Сомониён, ки бо забонҳои форсӣ (ҷилди якум бо фарогирии зиёда аз бист осори матни форсӣ) ва арабӣ (ҷилди дуюм бо фарогирии беш аз понздаҳ матни аслии ба забони тоҷикӣ тарҷума шудаи осори арабӣ), ки ба қалами таърихнигорони асрҳои миёна мансубанд, гирд овардаанд. Бояд зикр намуд, ки матнҳои мазкур бори нахуст дар Тоҷикистон ба ҳуруфоти кириллӣ баргардон шудаанд ва маҳз хидмати устод Н. Ѓиёсов дар тарҷума ва ба чоп омода намудани матнҳои арабӣ хеле назаррас аст.” [11, 20]
Ҳамчунин, устодони  номвар проф. Абдуманнон Насриддинов (равонашон шод бод), Акбарҷон Нозимов, Саидмухтор Ҷалолов, Мирзо Додохонов мақолаеро таҳти унвони “Олими амин” ҳанӯз соли 1994 дар рӯзномаи “Тирози ҷаҳон” чоп намуданд, ки порчае аз он дар ин мақола оварда мешавад:
“Имрӯзҳо  саъю тараддуди дӯсти мо афзунтар шудааст. Он кас усулҳои нави таълиму нақшаҳои тозаи таълимиро ҷустуҷӯ ва дарёфт мекунанд, дар садади тарбияи шогирдони қобилиятноканд, азми барпо кардани мактаби илмии хешро доранд. Билохира ният доранд, ки дар Донишгоҳ бахши арабшиносӣ таъсис ёбад, зеро ин бахш зевари аксари донишгоҳҳои дунёст.” [12, 26]
Бояд тазаккур дод, ки омодакунандагони китоби мазкур осори устод Ғиёсовро бо соли нашраш якояк баршумурдаанд, ки теъдоди онҳо зиёда аз 330 адад мебошад. Ҳамчунин асарҳои зиёдеро устод таҳрир намудаанд, ки дар ин китоб 32-тои он бо соли чопаш зикр   шудааст. 
Устод Ғиёсов, ки дар шумори нухбагони илми Тоҷикистон ҳастанд,  инсони комилу покҷавҳар ва нобмашраб мебошанд, ки барои ҳамагон чун оинаи ибрат таҷалло мекунанд. Аз ин лиҳоз китоби “Ховаршинос”, ки бахшида ба 60 - солагии устод интишор шудааст, саросар аз меҳру ихлосномаҳои бузургону дӯстону пайвандон аст.   Дар оинаи ин китоби арзишманд  симои мунири устод, ки  пур аз фурӯғи  илму хираду доноист, тулӯъ мекунад.
Дар ин мақола муаллиф кӯшиш кард, то ба тариқи фишурда дар мавриди  шарҳи ҳол ва осору интишорномаҳои ховаршиноси муътабар Н.Ғиёсов    чанд нуктаи муқаддамотӣ изҳор созад ва бо ин далели рушан, ки устод ба ҳайси донишвари саршиносу қутбнамо барои муаллифи ин нигошта низ имрӯзу ҳамеша чароѓи ҳидоят маҳсуб меёбанд. Ҳамчунин, муаллифи мақола кӯшиш намуд, ки гуфторҳои нухбагону фарҳехтагони Тоҷикистонро роҷеъ ба ҳайсияту шахсияти устод Н. Ғиёсов ҷамъоварӣ намояд.
Нуктаи ҷолиби таваҷҷӯҳ ин аст, ки бахшида ба 60-солагии устод Н. Ғиёсов соли 2015 китобе бо номи “Ховаршинос” чоп шуд, ки аз 716 саҳифа иборат буда, муҳаррири масъули ин китоб номзади илмҳои филология Саидумрон Саидов мебошанд. Дар китоби мазкур дӯстону наздикони устод Ғиёсов, олимону шоирону нависандагони маъруфи  кишвар дар бораи фаъолияти эшон мақолаҳову иродатномаҳо навиштаанд. С. Саидов дар мавриди ин китоб чунин  зикр кардаанд: “Китоби мазкур аз меҳрномаи азизон таҳти унвони “Аз сари ихлосу муҳаббат” бахшҳои “Забоншиносӣ”, “Адабиётшиносӣ”, “Таърих ва ҷомеашиносӣ” ва “Осорномаи Нуруллохон Ѓиёсов” иборат аст.
Дар ибтидои китоб  Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона перомуни устод Ғиёсов чунин ҳарфҳоро гуфтаанд:
“Донишвари нерӯманд Нуруллоҳ Ѓиёсов аз ҷумлаи муҳаққиқони забонпажӯҳест, ки латофатҳои чандин забонро дар ҳадди камол дарёфта ва ин ганҷи шойгонро ҳудуди чиҳил сол аст, ки барои ганҷпазирон армуѓон мебахшад. Ӯ бо огоҳии тамом аз илму адаби Машриқу Маѓриб ба арсаи таҳҳиқ омадааст ва бо чароѓи андешаҳои ҷаҳонафрӯзаш шогирдонро ба вусъатободи илму ирфону тамаддун қутбнамоӣ мекунад” [8, 8].
 Муҳаққиқи нуктасанҷ Ғиёсов Н.И на танҳо илму адаби Машриқ, балки осори адибони Мағрибзаминро низ ба риштаи таҳқиқ кашидаанд ва  чароғи робитаро дар ин чода низ фурӯзон кардаанд. Дар ин китоби пурмуҳаббату волоарзиш академик Носирҷон Салимӣ, доктори  илмҳои филологӣ , проф. Абдуҷамол Ҳасанов, д.и.ф, проф. Туғрал Шокиров дар  сифоти устод Ғиёсов мақолае навиштаанд таҳти унвони “Арабшиноси доно ва сомонипажӯҳи тавоно”, ки чанд порчае аз мақола иқтибос оварда хоҳад шуд: Ғиёсов Н. И  “...умри бобаракати худро баҳри пешрафти илми забоншиносии тоҷику араб ва ошкор намудани усулҳои беҳтару самараноки тадриси забонҳои тоҷикиву арабӣ равона кардааст. Дар тӯли фаъолияти дурударозаш таваҷҷӯҳи устоди арҷманди моро тадқиқи масоили гуногуни забонҳои тоҷикиву арабӣ ба худ ҷалб кардааст.Ӯ дар радифи муҳаққиқоне қарор дорад, ки мехоҳад ба асрори бисёр масоили печидаи забонҳои номбурда рӯшанӣ андозанд. Доираи пажӯҳиши мавсуф басо вусъатнок буда, онҳо қариб кулли бахшҳои забоншиносии тоҷику арабро дар бар мегиранд. Як ҳиссаи ин гуна осори таҳқиқӣ ба масоили робитаи забонӣ бахшида шудаанд. Асару мақолоти«Вожаҳои форсии миёна дар эҷодиёти шоири араби садаҳои VI-VII ал-Аъшо» (ба забони русӣ, 1990), «Забони англисӣ ва ҷойгоҳи он дар нақшаи стратификатсионии вазъи забонӣ дар мамолики араб» (ба забони русӣ, 1991), «Истилоҳоти тоҷикии мусиқӣ дар забони арабӣ» (ба забони русӣ, 1999), «Иқтибосҳои арабӣ дар таркиби воҳидҳои фразеологии забони адабии ҳозираи тоҷикӣ» (2013) ва м. инҳо аз ҷумлаи ҳамин гуна пажӯҳиш ба шумор меоянд” [11, 9]
Фаъолияти илмии устод Ғиёсов хеле вусъатманд ва бисерсамт аст. Устод дар баробари он ҳама тааҳҳуд рисолати хуҷастае, ки дар боло шумор карда шуд, тарҷумони камназир низ мебошанд: “Ӯ ҳамчунин ба ҳайси тарҷумони чирадаст дар тарҷумаи маънои Қуръон саҳми муносиб гузошта, дар тӯли панҷ сол (1990-1995) дар маҷаллаи «Илм ва ҳаёт» порчаҳоеро аз Қуръон тарҷума карда буд.” [11, 11-12]
“Алалхусус нашри асари дуҷилдаи «Сомониён дар оинаи таърих» (соли 1998) падидаи тозае дар сарчашмашиносии таърихӣ ва ошно намудани муҳаққиқон ва кулли дӯстдорони таърих бо таърихномаи Сомониён маҳсуб меёбад. Дар асар муаллифон мӯшикофона тамоми матнҳоро доир ба таърихи Сомониён, ки бо забонҳои форсӣ (ҷилди якум бо фарогирии зиёда аз бист осори матни форсӣ) ва арабӣ (ҷилди дуюм бо фарогирии беш аз понздаҳ матни аслии ба забони тоҷикӣ тарҷума шудаи осори арабӣ), ки ба қалами таърихнигорони асрҳои миёна мансубанд, гирд овардаанд. Бояд зикр намуд, ки матнҳои мазкур бори нахуст дар Тоҷикистон ба ҳуруфоти кириллӣ баргардон шудаанд ва маҳз хидмати устод Н. Ѓиёсов дар тарҷума ва ба чоп омода намудани матнҳои арабӣ хеле назаррас аст.” [11, 20]
Ҳамчунин, устодони  номвар проф. Абдуманнон Насриддинов (равонашон шод бод), Акбарҷон Нозимов, Саидмухтор Ҷалолов, Мирзо Додохонов мақолаеро таҳти унвони “Олими амин” ҳанӯз соли 1994 дар рӯзномаи “Тирози ҷаҳон” чоп намуданд, ки порчае аз он дар ин мақола оварда мешавад:
“Имрӯзҳо  саъю тараддуди дӯсти мо афзунтар шудааст. Он кас усулҳои нави таълиму нақшаҳои тозаи таълимиро ҷустуҷӯ ва дарёфт мекунанд, дар садади тарбияи шогирдони қобилиятноканд, азми барпо кардани мактаби илмии хешро доранд. Билохира ният доранд, ки дар Донишгоҳ бахши арабшиносӣ таъсис ёбад, зеро ин бахш зевари аксари донишгоҳҳои дунёст.” [12, 26]
Бояд тазаккур дод, ки омодакунандагони китоби мазкур осори устод Ғиёсовро бо соли нашраш якояк баршумурдаанд, ки теъдоди онҳо зиёда аз 330 адад мебошад. Ҳамчунин асарҳои зиёдеро устод таҳрир намудаанд, ки дар ин китоб 32-тои он бо соли чопаш зикр   шудааст. 
Устод Ғиёсов, ки дар шумори нухбагони илми Тоҷикистон ҳастанд,  инсони комилу покҷавҳар ва нобмашраб мебошанд, ки барои ҳамагон чун оинаи ибрат таҷалло мекунанд. Аз ин лиҳоз китоби “Ховаршинос”, ки бахшида ба 60 - солагии устод интишор шудааст, саросар аз меҳру ихлосномаҳои бузургону дӯстону пайвандон аст.   Дар оинаи ин китоби арзишманд  симои мунири устод, ки  пур аз фурӯғи  илму хираду доноист, тулӯъ мекунад.
Дар ин мақола муаллиф кӯшиш кард, то ба тариқи фишурда дар мавриди  шарҳи ҳол ва осору интишорномаҳои ховаршиноси муътабар Н.Ғиёсов чанд нуктаи муқаддамотӣ изҳор созад ва бо ин далели рушан, ки устод ба ҳайси донишвари саршиносу қутбнамо барои муаллифи ин нигошта низ имрӯзу ҳамеша чароғи ҳидоят маҳсуб меёбанд. Ҳамчунин, муаллифи мақола кӯшиш намуд, ки гуфторҳои нухбагону фарҳехтагони Тоҷикистонро роҷеъ ба ҳайсияту шахсияти устод Н. Ғиёсов ҷамъоварӣ намояд.

Каримова Ш.Т.,
ходими илмии Шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики
Институти омӯзиши масъалаҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

НАЗАД