Таърих гувоҳ аст, ки дӯстиву робитаҳои адабию фарҳангии мардуми аҷам бо кишварҳои араб ҳанӯз аз давраҳои қадим вуҷуд доштанд. Ҳатто дар давраҳои тоисломӣ низ тарҷумаи китобҳои арабӣ ба паҳлавӣ ва паҳлавӣ ба арабӣ ба роҳ монда шуда буданд. Масалан, Абдулло ибни Муқаффаъ китобҳои “Калила ва Димна”, “Тоҷнома”, “Худойнома”, “Номаи Тансар” ва амсоли онро ба забони арабӣ тарҷума намудааст, ки дорои арзиши бузург аст.
Баъди соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон 150 кишвари олам Тоҷикистонро ба расмият шинохтааст. Дар “Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин дарҷ ёфтааст: “Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти мустақили ҳуқуқи байналхалқӣ бо давлатҳои хориҷӣ алоқаҳои дипломатӣ, консулӣ, тиҷоратӣ ва робитаҳои дигар барқарор менамояд, бо онҳо мубодилаи намояндагони салоҳиятдорро анҷом медиҳад ва шартномаҳои байналхалқӣ мебандад”. [14,1] .
Қобили тазаккур аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорчӯбаи 50-солагии Ассамблеяи умумии Созмони Миллали Муттаҳид ба Ню–Йорк сафари корӣ намуд ва бо намояндаи расмии подшоҳи Арабистони Саудӣ – шоҳзода Султон ибни Абдулазиз вохӯриҳои судманд гузаронид, ки пас аз он дарҳои ин мамолик ба ҳамдигар боз гардиданд [5,35].
Дар баробари ин, роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон 3 маротиба (солҳои 1997, 2001 ва 3юми январи 2016) аз Шоҳигарии Арабистони Саудӣ боздиди расмӣ ба амал овардааст. Дар рафти ин сафарҳо мулоқоту музокироти Сарвари Тоҷикистон бо Подшоҳ ва Валиаҳди Арабистони Саудӣ, ҳамчунин бо дигар шахсони воломақоми ин кишвар доир гардиданд. Дар мулоқоти охирон, яъне 3-юми январи соли 2016 миёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Подшоҳи Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд маҷмӯи васеи масоили вобаста ба муносибати ду кишвар баррасӣ шуд ва ҳамчунин, санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд.
24-26 майи 2016 Раиси Маҷлиси Шӯрои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Иброҳим Оли Шайх ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом дод.
22 феврали 1992 робитаҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ (ШАС) барқарор гардидаанд. Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 11 январи 1992 Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохт.
Сафорати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Душанбе моҳи октябри соли 2010 ифтитоҳ ёфт. Нахустин Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Арабиcтони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доктор Бандар Муҳаммад Ҷамил Маҳмуд ба ҳисоб мерафт. Сипас, иҷрокунандаи вазифаи сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Ҳамза Бахит ал Ҳарбӣ, кордори сафорати Саудӣ ба ҳисоб мерафт. Аз сентябри соли 2016 инҷониб, Абдулазиз Муҳаммад ал-Бодӣ сафири фавқуллода ва мухтори ШАС дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад.
Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2008 дар шаҳри Риёз, яъне дар пойтахти Шоҳигарии Арабистони Саудӣ кушода шуд. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкориҳои исломӣ Заробиддин Қосимӣ мебошад.
Собиқ сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ доктор Бандар Ҷамил дар яке аз мусоҳибаҳо перомуни ҳамкории байни донишгоҳҳои ду кишвар, яъне Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ чунин зикр намудааст: “Ҳамзамон мо мехоҳем, ки дар оянда ҳамкориҳоро байни ниҳодҳои илмӣ ба роҳ монем. Инчунин Сафорати Саудӣ дар Душанбе кӯшиш мекунад, ки ба табъу нашри баъзе китобҳо саҳмгузорӣ кунад. Масалан, ба қарибӣ китоби Ибни Надим «Ал- Феҳрист», ки аз арабӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума шудааст, чоп хоҳад гашт. Бо ташаббуси Сафорат Қуръони карим ба забони тоҷикӣ ба таври электронӣ мунташир гаштааст, инчунин барои ҳоҷиён як китобча низ чоп намудааст”[12,1].
Ногуфта намонем, ки Сафири Арабистони Саудӣ дар Душанбе ҷаноби Абдулазиз ал-Бодӣ моҳи майи соли 2017 ба Институти омӯзиши масъалаҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон низ бо таклифи директори Институт, номзади илмҳои фалсафа, устод Ниёзӣ Ё.Б ташриф овардааст. Дар рафти мулоқот чандин масъалаҳои сиёсиву илмӣ аз тарафи тарафайн баррасӣ ва таҳлил гардидааст. Масалан, аз тарафи институт пешниҳод карда шуд, ки сафорат гӯшаи фарҳангии худро дар институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо барпо кунад ва ҳамчунин, омӯзиши дарсҳои арабиро ба олимон ба роҳ монад, ки дар ҷавоб сафорат рад кард. “Чунин гӯшаи фарҳангӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон мавҷуд аст, ки дарсҳои арабӣ ба хоҳишмандон ба таври ройгон монда шудааст ва ҳоҷат ба кушодани дигар гӯша нест,” - зикр намуд сафири Арабистони Саудӣ, Муҳаммад Ал - Бодӣ. Ҳамчунин, пешниҳод карда шуд, ки олимони институт бо барномаҳои илмӣ ва фарҳангӣ ба институтҳои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ барои такмили ихтисос равона карда шаванд. Инчунин, робитаи илмию фарҳангии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо институтҳои МАС мустаҳкам шавад, ки сафорат ба ин пешниҳодҳо розӣ шуд ва ваъда дод, ки дар оянда робитаҳо боз ҳам густариш хоҳанд ёфт. Сафорати Арабистони Саудӣ ҳар сол чандин кормандони шуъбаи Шарқи Миёна ва наздики Институти омӯзиши масъалаҳои Осиё ва Аврупоро ба ҷашни миллии худ таклиф менамояд, ки ин ҳам аз робитаҳои дӯстиву фарҳангии ин ду кишвар шаҳодат медиҳад.
Нуктаи ҷолиби таваҷҷуҳ он аст, ки сафорати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон гӯшаи фарҳангӣ дорад.
Гӯшаи фарҳангӣ санаи 29 - марти соли 2013 бо ҳузури ноиби вазири хориҷии шоҳигарии Арабистони Саудӣ Амир Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ибни Сауд ва вазири фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ расман ифтитоҳ гардид. Гӯшаи фарҳангии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ шурўъ аз санаи 2-юми сентябри соли 2013 расман фаъолияташро оғоз намуд.
“Гӯшаи мазкур дорои зиёда аз 3000 номгӯи китобҳои гуногунҷабҳаи арабӣ буда, паҳлўҳои гуногуни илмро дар бар мегирад. Аз ҷумла, китобҳои илмию амалӣ, луғат, ҷуғрофия, илмҳои сиёсӣ, таърих, таърихи исломӣ, фарҳанги умумӣ, маълумотҳои умумӣ, техникию иттилоотӣ, қиссаҳо ва китобҳои таълимии забони арабӣ барои донишҷўёну наврасон мебошад. Ҳамчунин аз ин маҷаллаву рӯзномаҳои арабиро низ дорост. Гӯша бо таҷҳизоти техникии муосир муҷаҳҳаз мебошад”[13,1].
Бояд тазаккур дод, ки дар гўшаи фарҳангии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ омӯзиши забони арабӣ барои хоҳишмандон ба роҳ монда шудааст, ки дарсҳо комилан ройгон мебошанд. Ҳамчунин филмҳои тасвирӣ барои наврасон, филмҳову барномаҳои ҷолиби таълимӣ роҷеъ ба мавзўъҳои гуногун барои тамошо омодаанд ва дар ҷараёни дарс истифода мешаванд. Дар назар аст, ки китобҳои мухталифу лозима ва дарсӣ пурра гардонида шавад.
“Арабистони Саудӣ ба ҳайси яке аз марказҳои ҷаҳонии нуфуз шинохта шудааст. Ҳамзамон ба пешбурди сиёсати фаъолонаи исломӣ (ҷонибдории ислом дар миқёси ҷаҳонӣ, расондани кумаки ҳамаҷониба ба кишварҳои мусулмоннишин, маблағгузории барномаҳои гуногуни мазҳабӣ) Арабистони Саудӣ робитаҳои устувори низомӣ - сиёсӣ ва иқтисодиву тиҷоратиашро бо Ғарб гум накардааст. [11,7].
Дар ин замина пай дар пай ҳамкориву таваҷҷуҳи кишварҳо ба ҳамдигар беш гардида, дар ҳаёти сиёсиву иқтисодиву фарҳангиву адабӣ фаъолона ширкат меварзанд. Дар замони муосир низ ин ҳамдастиву пайвандгароӣ баръало ҳис карда мешавад. Кишварҳо дарҳоро ба рӯи якдигар кушода, рӯзҳои фарҳангии хешро барпо менамоянд, ки боиси боз ҳам наздиктару пайванд гардидани давлатҳо мешавад. Бояд тазаккур дод, ки рӯзҳои фарҳангии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон, ки моҳи майи соли 2018 барпо шуданд, муҳимтарин падида ба ҳисоб меравад.
Қобили зикр аст, ки ҳайати эҷодии Рӯзҳои фарҳангии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 3 майи соли 2018 ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд. Меҳмононро дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Давлатзода, Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ, директори Рӯзҳои фарҳанги Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Олим Акрамов пешвоз гирифтанд.
Баъдан, санаи 5 майи соли 2018 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон мулоқоти расмии собиқ вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода бо роҳбари ҳайати расмии Рӯзҳои фарҳангии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари департаменти фарҳанги вазорати фарҳанг ва иттилоъоти Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Аҳмад ал-Музайяд баргузор гардид.
Роҳбари департаменти фарҳанги вазорати фарҳанг ва иттилооти Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Аҳмад ал-Музайяд дар ин нишасти матбуотӣ чунин изҳор дошт: “ Мо мардуми ду кишвар дар забон, мусиқӣ ва шеър муштаракоти зиёде дорем ва баргузории рӯзҳои фарҳанги кишвари мо дар Тоҷикистон доираи ин муштаракотро васеъ хоҳад намуд” [9,2].
Дар аснои ин чорабинӣ Созишномаи ҳамкориҳои фарҳангӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба имзо расид, ки тибқи он тарафҳо минбаъд дар фестивалу муколамаҳои фарҳангии ҳарду кишвар мубодилаи афкору таҷриба хоҳанд намуд.
5 майи соли 2018 дар даромадгоҳи театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва либосҳои миллӣ, ғизоҳои миллии арабӣ ва санъати наққошӣ, хаттотию аккосии ҳунармандони халқии Арабистони Саудӣ шурӯъ гардид, ки то 9 майи соли 2018 идома ёфт.
Барномаи консертии ҳунармандони араб 5 майи соли 2018, соати 16:00 дар театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор шуд, ки аҳли толор суруду мусиқӣ, рақси фолклорӣ ва рақсҳои мардумии арабҳоро бо шамшер бо кафкӯбиҳои пурмавҷ пешвоз гирифтанд.
Собиқ вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ва роҳбари департаменти фарҳанги вазорати фарҳанг ва иттилооти Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Аҳмад ал-Музайяд иштирокчиёни рӯзҳои фарҳангӣ ва аҳли толорро бо ифтитоҳи рӯзҳои фарҳангӣ муборакбод намуда, оид ба таҳкими робитаҳои ду кишвари дӯст ва аҳамияти рӯзҳои фарҳангӣ сухан гуфтанд. Аҳмад ал - Музайяд дар баромади худ чунин изҳор дошт: “Рӯзҳои фарҳангии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон аввалин рӯзҳои фарҳангӣ аст, ки Арабистони Саудӣ дар кишварҳои хориҷӣ баргузор менамояд. Ин нишонаи таваҷҷӯҳи роҳбарияти кишвари мо барои густариши ҳамкориҳо бо Тоҷикистон аст”[3,5].
Қобили зикр аст, ки “Рӯзҳои фарҳангии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар ҷумҳуриамон аввалин бор доир гашта, дар таърихи муносибатҳои ду давлат саҳифаи навро кушод”[4,3].
Дар вохӯрӣ инчунин сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон ҷаноби Абдулазиз ал-Бодӣ ва сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ иштирок намуданд.
“Муколамае, ки дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи “Мавқеи зан дар Арабистони Саудӣ” бо иштироки профессор, доктори илмҳои ҷомеашиносӣ ва маорифи донишгоҳи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Фозия Албакр баргузор гардид, ба олимону муҳаққиқон ва рӯзноманигорони тоҷик имкон дод, ки оид ба тарзи зист ва фаъолияти бонувон дар Арабистони Саудӣ шинос гарданд” [6,4].
8 майи соли 2018 дар майдони 800 - солагии Москва, ки айни замон боғи Куруши Кабир ном дорад, пӯшидашавии рӯзҳои фарҳангии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Роҳбари гурӯҳи эҷодии рӯзҳои фарҳангии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Холид ал - Умейр ба роҳбарият ва вазоратҳои ду кишвар арзи сипос намуда, аз пазироии гарми мардуми тоҷик муассир будани худро иброз намуд. Сипас ӯ ба ҳунарпешагони Арабистони Саудӣ сипосномаҳо супорид.
Дар ин муддат, яъне аз 3-юм то 9-май делегатсияи арабҳо аз манзараҳои зебою нотакрори Норак, Ҳисор ва Варзоб дидан намуданд.
Абдулазиз ал-Бодӣ, сафири фавқуллода ва мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни маросими таҷлили 89-умин солгарди Рӯзи миллии Арабистони Саудӣ дар суҳбат бо хабарнигорон аз сатҳу сифати ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ якчанд суханҳо гуфтааст, ки фишурдаи он музокирот ин ҷо оварда шуд:
“Ҳамкориҳо байни Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд. Роҷеъ ба ҳамкорӣ дар соҳаи иқтисод як силсила лоиҳаҳо ҷиҳати маблағгузорӣ аз ҷониби Шоҳигарӣ мавриди омӯзиши Бунёди Саудии рушд ва маркази малик Салмон оид ба имдод ва ёриҳои башардӯстона қарор доранд. Бунёди саудии рушд то имрӯз, дар маҷмӯъ, барои тадбиқи лоиҳаҳои зерсохтории Тоҷикистон 167 миллион доллар ҷудо намудааст, ки он барои сохтмон ва таҷдиди роҳҳои мошингард, мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва бемористону марказҳои тиббӣ сарф шудааст. Аз ҷумла, маркази мазкур ба Тоҷикистон 10 миллион доллар кӯмак расонд, ки он дар соҳилмустаҳкамкунӣ барои ҳимояи моликияти мардум аз хатари обхезиҳо масраф шудааст. Ҳамчунин, (бинои) маркази омӯзиши Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ва муҷаҳҳаз карда шуд”[2,2].
28-уми январи соли 2020 раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим сафири фавқуллода ва мухтори шоҳигарии Арабистони Саудӣ Абдулазиз ибни Муҳаммад ал-Бодиро ба ҳузур пазируфт. Суҳбат оид ба густариши робитаҳои адабии байни ду кишвар мерафт. Раиси Иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон Низом Қосим зикр намуд, ки осори бадеиву илмии гузаштагони моро бе истифода аз забони арабӣ тасаввур кардан номумкин аст, зеро ин робитаҳо таърихи қадима доранд. Ӯ иброз дошт, ки ба шарофати таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фаъолияти адибон ва робитаҳои адабӣ имкониятҳои васеъ ба вуҷуд омадаанд. То ҳол тарҷумаи осори адибони ду ҷониб аҳёнан буд, ҳоло бошад, тибқи барнома сурат хоҳад гирифт.
Ҳамчунин, Низом Қосим ба суханони худ зам намуд, ки адибони нотакроре ба амсоли Садриддин Айнӣ ва Мирзо Турсунзода барои пайванди адабиёт ва таҳкими дӯстии халқи Осиё ва Африқо, минҷумла бо давлатҳои араб корҳои бузургеро анҷом додаанд.
“Боиси ифтихори мост, ки Конфронси адибони Осиёву Африқо сардафтари адабиёти навини тоҷикро дар шумори се адиби забардасте зикр намуд, ки ба адабиёту тафаккури халқи гуногуни ин қитъаҳо таъсиргузор будаанд” [1,5].
Шоири тавонои тоҷик Мирзо Турсунзода роҳбари Кумитаи ҳамраъйии адибони Осиёву Африқоро ба уҳда дошт.
Ҷаноби Абдулазиз ал-Бодӣ аз ташкил шудани маркази тарҷума дар назди Иттифоқи нависандагон ва фаъолияти бахши арабӣ қаноатманд гашт. Инчунин изҳор дошт, ки барои ташкили чорабиниҳои дуҷонибаи адабӣ ва ривоҷи тарҷумаи асарҳои ҳарду кишвар руҷӯъ хоҳад намуд.
“Боиси хушнудист, ки ба забони арабӣ вожаҳои зиёди тоҷикӣ - форсӣ дохил гашта, ба моли худӣ табдил ёфтаанд. Забони тоҷикӣ низ аз калимаву ибораҳои арабӣ хеле ғанист. Ин аз ҷумла имкон медиҳад, ки омӯхтани забони тоҷикӣ барои ман осон бигардад” [1,5].
Ҳамчунин, нақши олимону мутарҷимон низ барои рушду таҳкими давлатҳо хеле бориз аст. Устодон Тоҷиддин Мардонӣ, Нарзуллоҳи Назар, Низомидддин Зоҳидӣ, Умеда Ғаффорова, Фахриддин Насриддинов, Нурулло Ғиёсов, Сулаймон Саидраҳмонов, Қобилҷон Дадобоев, Абдушукур Ғафуров, Фия Исаева, Субҳиддин Зиёев ва даҳҳо номҳои ховаршиносонро метавон баршумурд, ки барои таҳкими робитаҳои фарҳангиву адабии Тоҷикистон бо кишварҳои араб саҳми назаррас гузоштаанд.
Нарзуллоҳи Назар, мутарҷим, узви Иттифоқи Нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқ сафири Тоҷикистон дар Миср барои таҳкими робитаҳои адабӣ байни ин ду кишвар саҳми назаррас гузоштааст. Тарҷумаи арабии “Суруди миллӣ” - и Тоҷикистон низ ба қалами Н. Назар мутааллиқ аст. Инчунин, шоҳасари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих» дар 3 муҷаллад дар зери назар ва таҳрири Назруллоҳи Назар ба забони арабӣ тарҷума ва соли 2009 дар Қоҳира нашр карда шуд. Бояд тазаккур дод, ки маҷмӯаи мақолаҳои Сарвари давлат таҳти унвони "Назаре ба мероси Имоми Аъзам Абуҳанифаи Нӯъмон" низ дар зери назари Н. Назар ба арабӣ тарҷума ва соли 2009 дар Ар-Риёз чоп карда шудааст.
Ба қарибӣ китоби тозанашре бо номи “Хамосаи панҷгона” дар шаҳри Ар-Риёз нашр шуд, ки дар он ашъори панҷшуарои муосири тоҷик: Низом Қосим, Гулназар, Гулрухсор, Фарзона ва Доро Наҷот ба забони арабӣ аз тарафи устод Назруллоҳи Назар тарҷума шудааст.
Инҷо чанд нуктае роҷеъ ба ховаршиноси дигаре, ки барои пайванди робитаи адабиву илмиву фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои араб хидматҳои беҳисоб намудааст, зикр намудан бамаврид аст.
Устод Тоҷиддин Мардонӣ арабшинос, олим, муҳаққиқи нотакрор низ барои рушду таҳкими робитаи адабии арабу аҷам басо саҳми калон доранд. Доктори илмҳои филологӣ, профессор, сарходими илмии шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба шумор мераванд. Китобҳои камназирро таълиф намуда ба амсоли “Саҳифаҳое аз равобити арабу аҷам”, “Дузабонӣ дар шеъри асрҳои IX-X”, “Носири Хусрав ва фарҳанги арабӣ”, “Равобити адабии Арабу Аҷам”, “Шеъри арабии Ибни Сино”, “Масъуди Саъди Салмон ва шеъри арабӣ”, “Рӯдакӣ ва адабиёти араб”, “Сухане дар бораи Абӯалӣ ибни Сино. Тадқиқот ва тарҷумаҳо”, “Ақвоми Шарқ дар осори Садриддин Айнӣ” ва ғайра. Устод Тоҷиддин Мардонӣ осори бисёре аз эҷодиёти Абубакри Розӣ, Хоҷа Юсуфи Ҳамадонӣ, Абӯалӣ ибни Сино ва дигаронро аз забони арабӣ ба забони русӣ тарҷума намуда, муаллифи зиёда аз сесад мақолаҳои илмӣ мебошанд, ки мақолаҳояшон на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар хориҷи кишвар низ ба табъ расидааст.
Ҳамчунин, устод Тоҷиддин Мардонӣ раиси Ҷамъияти дӯстии “Тоҷикистон - мамлакатҳои Араб” буда, бо сафоратҳои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва сафорати Қатар пайваста дар иртиботанд ва барои рушду нумӯи робитаҳои адабию фарҳангии Тоҷикистон бо мамолики Араб хизматҳои шоиста намудаанд.
Ҷамъияти дӯстии “Тоҷикистон Тоҷикистон - мамлакатҳои Араб” дар назди Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ 10-уми июли соли 2012 таъсис ёфтааст. “Мақсад аз таъсиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Мамлакатҳои Араб» ин густариши равобити илмию фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои араб мебошад. Тавассути комёбиҳои илмӣ ва фарҳангии ҷумҳурии мо мардуми кишварҳои араб аз урфу одат, анъанаҳои миллӣ огаҳии бештар пайдо намоянд. Бо истифода аз дипломатияи мардумӣ табодули таҷрибаи фарҳангӣ метавон робитаҳоро боз ҳам қавитар гардонд” [8, 22-23].
Аъзои Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон - мамлакатҳои Араб» ва кормандони Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣӣ бо Сафири Фавќулода ва Мухтори Мамлакати Арабистони Саудї дар Љумњурии Тољикистон Бандар Муњаммад Љамил санаи 13-октябри соли 2012 дар бинои Сафорати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Душанбе мулоќот гузаронида, масъалањои њамкории фарњангии дуљонибаро мавриди баррасї ќарор доданд. Сафири ШАС Бандар Муњаммад Љамил аъзоёни Љамъиятро ба ҷамъомади тантанавї бахшида ба 82-юмин солгарди ташкилёбї – Рўзи миллии Мамлакати Арабистони Саудї даъват намуд ва аъзоён даъватро пазируфта дар ин маросим иштирок намуданд.
Љамъияти дўстии «Тољикистон – Мамлакатњои Араб» моҳи апрели соли 2013 миёни донишҷӯёни шуъбаи арабии Донишгоњи исломии Тољикистон ба номи Имоми Аъзам озмун гузаронид, ки иборат аз ќироати шеър буд, ки дар натиҷа ѓолибон аз тарафи раёсати Ҷамъият ва Ректори Донишкада Давлатов С. бо туњфањои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд. Ҳамчунин озмуни љумњуриявии «Њифз ва ќироати Ќуръони карим», ки аз санаи 10 то 12 - майи соли 2013 дар Маркази равобити пойтахт баргузор гардид, маҳз Љамъияти дўстии «Тољикистон – Мамлакатњои Араб» сањми назаррас дорад.
Бо ташаббуси Љамъияти мазкур санаи 18-майи соли 2013 донишљўёни факултаи филологияи шарќи Донишгоњи исломии Тољикистон ба номи Имоми Аъзам бо арабшиноси мумтоз, устоди Донишгоњи миллии Тољикистон Исаева Фия Абдулбариевна вохўрї намуданд, ки барои донишҷӯён дарси садоќату ростӣ, муҳаббат ба илм буд.
Соли 2014 дар толори Донишкадаи исломии Тољикистон ба номи Имом Абўњанифа њамоиши илмию амалї таҳти унвони «Наќши таърихии забони арабї дар рушди забони тољикї ва фарњанги миллї» баргузор шуд.
Ҳамчунин, моҳи апрели соли 2017 дар кафедраи забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода низ дар мавзӯи “Наврӯзу навбаҳорон дар осори адибони Арабу Аҷам” конференсияи илмию амалӣ баргузор гардид. Ба ин конфронс Сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулазиз ибни Муҳаммад ал - Бодӣ ва Сафири Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алӣ Муборак ал-Муҳаннадӣ ба меҳмонӣ даъват шуда буданд, ки меҳмонони олимақом даъватро пазируфтанд. Онҳоро ректори донишкада Раҷабзода М., ноибони ректор, деканҳои факултаҳо пешвоз гирифтанд. “Суруди миллии Тоҷикистон ба забони арабӣ дар иҷрои донишҷӯёни курси сеюм, ки ҳусни ифтитоҳи конференсия буд, ҳамаро, алалхусус Сафиронро ба ваҷд овард” [10, 48-49].
Сухани ифтитоҳиро ректори донишкада М. Раҷабзода оғоз бахшид ва сипас сухан ба дипломатҳо, яъне Сафирони Арабистони Саудӣ ва Қатар дода шуд. Баъдан бахши фарҳангии конфрос ифтитоҳ шуд, ки донишҷӯён бо саҳначаву шеърхонӣ, гуфтани панду ҳикмат ва латоифи арабӣ ва ғайра табъи меҳмононро болида намуданд.
Дар интиҳо ба ғолибони озмун аз дасти ректори донишгоҳ ва сафирон туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.
Дар натиҷаи омӯзиш ва тадқиқот бароямон возеҳ гардид, ки дар давраҳои Шӯравӣ низ муносибати Тоҷикистон бо давлатҳои араб хуб будаанд: “РСС Тоҷикистон дар муддати нисбатан кӯтоҳ аз кишвари қафомондаи мустамликаи Россияи подшоҳӣ ба давлати мутараққии шукуфон табдил ёфт. Ин аст, ки Тоҷикистони имрӯзаро омӯхтани мамлакатҳои Шарқ ва умуман дигар мамлакатҳои хориҷӣ аҳмияти хеле калон дорад, зеро дар миёни ҳайати намояндагӣ ва вакилони ҷудогонае, ки аз мамлакатҳои хориҷа ба РСС Тоҷикистон меоянд, бештар намояндагони мамлакатҳои Осиё ва Африка ҳастанд” [ 7,5].
Метавон ба чунин хулоса омад, ки робитаи фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Арабистони Саудӣ дар сатҳи бисёр хуб қарор доранд. Бастани созишномаҳо байни ду давлат, гузаронидани рӯзҳои фарҳангӣ ва дарҳои кушод шоҳиди онанд. Зикр кардан ҷоиз аст, ки дар Тоҷикистон якчанд факултетҳои забонҳои Шарқ фаъолият доранд, ки бевосита барои омӯхтани забони арабӣ барои донишҷӯён мусоидат менамоянд. Ҳамчунин, марказҳои таълимиву омӯзишӣ низ аз худ намудани забони арабиро ба роҳ мондаанд. Олимони тоҷик пайваста бо тарҷума намудани китобҳои нодири арабӣ машғул ҳастанд ва дар кишварҳои Араб низ тарҷумаи осори гаронмояи тоҷикӣ низ ба роҳ монда шудааст, ки тарҷумаи ин мавод як мавзӯи васеъи дигарро дар бар мегирад, ки ин масъала дар оянда ба таври муфассал ба таҳқиқ хоҳад расид.
Пайнавишт:
- А. Мирзозода. Суҳбат бо сафир. Адабиёт ва санъат, 30-юми январи соли 2020, №5 (2028), саҳ. 5.
- Мунаввари Сафар, “Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ, Марҳилаи нави рушди ҳамкориҳо”, “Ҷумҳурият”, 23 сентябри соли 2019, № 181 (23784) , саҳ.2
- “Намоиши фарҳангии тамаддуни арабҳо дар Душанбе, рӯзномаи ИмрӯзNews, 7 майи 2018, саҳ. 5
- “Рӯзҳои фарҳангии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон” маҷаллаи Фирӯза 4-5, 2018, саҳ. 3.
- Саидов З. “Республик Таджикистан на межгосударственной арене до и после объявление политики “открытых дверей””, - Душанбе, 2015. - 315 стр., стр. 35.
- Тоҷикистон дар ҳақиқат биҳишти рӯи замин будааст, Баҳори Аҷам №14 (453), 16 майи соли 2018, саҳ.4
- Тиллобег Багадирович Акбаров. Равобити байналхалқии РСС Тоҷикистон. “Ирфон”, Душанбе – 1965, - 58 саҳ; саҳ.5
- Файзулло Тиллоев. Маҷаллаи “Дӯстӣ”, шумораи №1, 2013с, саҳ.22 - 23
- Фарзонаи Файзалӣ . Рӯзҳои фарҳангии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон, Ҷумҳурият, 7 майи соли 2018, № 89 (23432)
саҳ. 2
- “Ҷавонон - таъмингарони равобиту дӯстӣ” Маҷаллаи Дӯстӣ, № 1 - 2, соли 2017, саҳ. 48-49
- Шарипов А. Н. “Ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои ҶТ бо кишварҳои араб”. Душанбе, - 2017, 108 саҳ, саҳ. 7.
- www. khowar.tj. Марзия Саидова, АМИТ «Ховар», Душанбе, 26 сентябр соли 2013
- www.khowar.tj. Раъно Нусратуллоева, АМИТ “Ховар”, Душанбе, 13 сентябри соли 2013
- www.mfa.tj
- Гулджонов М. История международных отношений и внешняя политика Таджикистана (1917 -2008 гг.), -Душанбе: Нодир, 2009, -224 стр.)
- Раззоқов Ш.А. История становления и развития дипломатических отношений РТ с арабскими государствами Персидского залива (1991-2010), Душанбе - 2010, 138стр.
Каримова Шоҳона,
ходими илмии
Институти Осиё ва Аврупои АМИТ