Сабки Саъдӣ дар ашъори арабӣ

Автор: ИИПСАЕ

Расм

Ниёзе ба гуфтан нест, ки Саъдӣ устоди мусаллам дар порси гӯӣ аст ва дар ин паҳно, дар пешинаи адаби порсӣ дорои сабки мутамоиз ва барҷастае аст. Тасалут ва чирагии ӯ бар забони форсӣ ва зарофатҳои он, ба гунае аст, ки таъсири онро дар ашъори арабии ӯ низ ба роҳатӣ метавон ташхис дод. Баррасӣ ва таҳлили ашъори арабии ӯ нишон медиҳад, ки «ҳама ҷо чеҳраи ин ашъорро ҳолҳои латиф ва мармуз аз хусусиёти шеъри форсӣ дар бар гирифтааст. Як хонандаи бо завқ ва аҳл метавонад тамоми хусусиёти  сабки сухани порсиро, айнан дар осори арабияш мунъакис бубинад»[9,25]. Ин таъсир ҳатто дар сувари хаёли ашъораш ба вежа истиора, ки мавзӯъи ин пажӯҳиш буд, ошкор аст. Он гуна, ки метавон намунаҳҳои мутааддиде аз истиорҳҳоро сӯроғ гирифт, ки бо ҳамон сохтор ва мафҳум дар ашъори форсии вай низ ба кор рафтааст. Ин нукта таъкидӣ аст бар ин назар, ки «Саъдӣ ҳатто дар арабинависӣ ҳам мутаасир аз забони форсӣ аст»[10,158]. Дар идома, барои таъйиди ин мавзӯъ, ба ду маврид аз тасовири истиории муштарак дар ашъори форсӣ ва арабии вай ишора мешавад.
«Хок сабзранг ва бодгулафшон ва об хуш абр марвориди борон ва ҳавои мушкбӯст»[14,444].
Истиораи «марворид» барои «борон» , ки дар ин шеъри  арабӣ ҳам ба кор рафтааст:[14,778].
«في الجَوِّ تُمطِرَ لُؤلُؤاً    علي الرَوضِ لَكِنَّا عَلَيَّ كَحَاصِب اَري سُحُباً»
Яъне: «Дар осмон абрҳоеро мебинам, ки бар боғ марворид меафшонад ва бар ман, тагарги бало»[9,31].
 
«Соъиди дил чун надошт қуввати бозӯи  сабр,
Дасти ғамаш даршикаст панҷаи неруи ман»[14,587].
Истиораи муканния «бозӯи сабр» дар шеъри арабии Саъдӣ такрор шудааст [14,774]:
«اَضحَت عَلَيَّ يَدُ الغَرامِ طَويلَة       و ذِراعُ صَبرِي لا يَزالُ قَصيراً »
Яъне: «Дасти ишқ бар ман дароз гашт ва ҳамчунон бозӯи сабр кутоҳ ва нотавон аст»[9,103].
Дар поён корбурди анвоъи истиораҳо дар қолабҳои мухталифи шеърӣ дар намудори зер ироа мешавад.

Қасоиди арабӣ

Ғазалҳои муламмаъ

Ғазалҳои форсӣ

Қитаъот

Мусалласот

          85

                21

           1

        

 1 

           1

 
14- Натиҷа

Дар ин пажӯҳиш тасвири истиорӣ дар ашъори арабии Саъдӣ аз манзари балоғӣ баррасӣ ва таҳлил шуд ва бояд гуфт, ки суханвари Шерозӣ дар сурудани ин ашъор, дар сатҳи васеъи таҳти таъсири балоғати ашъори форсии худ будааст. Аз ҳамин рӯ, метавон мавориди мутаъаддиде аз тасовири истиории ашъори арабии ӯро сӯроғ гирифт, ки бо ҳамон сохтор ва мазмун дар ашъори форсии ӯ низ ба кор рафтааст. Дар ин ашъор, дар маҷмӯъ 109 маврид истиора ба кор рафта ки 84 маврид истиораи муканния ва 25 маврид ҳам мусарраҳаанд. Дар миёни истиораҳои мусаррҳа, бештарин корбурдро истиораи мутааллақа бо 15 маврид дорад. Нуктаое, ки метавонад далели арзиши ин истиораҳо бошад, чаро ки ин гуна аз истиораи мусарраҳа аз дигар анвоъи он арзишҳои тахайюлӣ ва тасвири бештаре дорад. Аз маҷмӯъ 84 маврид истиораи муканния низ 82 маврид аз тариқи ташхис ироа шудааст.
Шоистаи таваҷҷуҳ ин ки дар 69 маврид аз теъдоди кулли ташхисҳо, «мушаббаҳун биҳи» маҳзуф инсон аст. Ин шеваи корбурди истиораи муканния, бештарин имконро барои густариши доманаи хаёлварзӣ ва ғиноии тасовири истиорӣ дар ихтиёри гӯянда қарор медиҳад. Ин омор баёнгари он аст, ки ғолиб тасовири истиорӣ дар ин ашъор, тасовири зинда ва пӯё ҳастанд, ки ҳаёти инсонӣ доранд. Бояд гуфт дар аксар  ин истиораҳо падидаҳои беҷон ва мафоҳими зеҳнӣ дар ҳолати аз андуҳ ва дард тасвир шудаанд. Аз манзари дигар бояд гуфт, ки дар ин ашъор, ҳатто як маврид аз истиорҳои тасаннӯъӣ ва сохтагӣ, ки сабаби такаллуф ва ибҳоми тасвир шавад, ба кор нарафтааст. Њамаи тасовир, ошно ва зудёбанд, ба гунае, ки хонанда ба содагӣ ва вузӯҳ, ба дӯр аз ҳар гуна ибҳом ва печидаии
зеҳнӣ метавонад ба ваҷҳи шибҳ ва иртиботи байни ду сӯи истиора пай бибарад. Албатта он гуна, ки нишон дода шуд, Саъдӣ бо ҳунармандӣ аз бархе  истиораҳои суннати шеъри форсӣ ошноии зиёде  карда, дубора тасвири тоза ва ғариб аз онҳо ироа кардааст. Нуктаи арзишманде ки дар сохтори истиораҳои Саъдӣ ба чашм мехӯрад, риояти иқтизои ҳол ва мақом дар истифода аз қароини таҷридия ва таршеҳия аст. Ќасди шоир, танҳо ироаи тасвир нест, балки кайфияти илқои маъно ва истифода аз қароини ҳолия ва мақомия пас аз интихоби алфози муносиб, ҳунаре аст, ки каломи Саъдиро ба авҷ расонидааст.
(Мақолаи Муҳаммадамири Машҳадӣ - донишёри забон ва адабиёти форсии Донишгоҳи Сиистон ва Балуҷистон
Ризо изоӣ - донишёри забон ва адабиёти араби Донишгоҳи Сиистон ва Балуҷистон
 Ҳусайн Иттиҳод - докторанти забон ва адабиёти форсии Донишгоҳи Сиистон ва Балуҷистон)

Манобеъ:
  1. Зарринкӯб, Абдулҳусайн, Бо корвони ҳалла. Чопи 14, Теҳрон: “Сухан”, 1384. 368 с.
  2. Зидри Насуӣ, Шаҳобуддин, Нафсатуламасдур. Тасҳеҳ ва тавзеҳ Амирҳусайни Яздгардӣ. Чопи 1,Теҳрон: “Тӯс”, 1381.- 950 с.
  3. Зоҳидӣ, Зайнуддин, Равиши гуфтор (Илмулбалоға). Машҳад: “Донишгоҳи Машҳад”, 1346.- 488 с.
  4. Кадканӣ, Шафиъӣ. Муҳаммадризо. Сувари хаёл дар шеъри форсӣ. Чопи 9, Теҳрон: “Огаҳ”, 1383.- 732 с.
  5. Каззозӣ, Мирҷалолуддин, Баён. Чопи 6, Теҳрон: “ Нашри марказ ” , 1381.- 207 с.
  6. Љурҷонӣ, Абдулқоҳир, Асрорулбалоға. Тарҷумаи Ҷалил Таҷлил. Чопи 5, Теҳрон: “Донишгоҳи Теҳрон”, 1389.- 410 с.
  7. Мансур, Ҷаҳонгир. Кулиёти Саъдӣ. Чопи 1, Теҳрон: “Эҳё китоб”, 1384.- 1180 с.
  8. Манучеҳри Домғонӣ, Абулнаҷм Аҳмад. Девони ашъор, ба кӯшиш Барот Занҷонӣ. Чопи 1,Теҳрон: “Донишгоҳи Теҳрон”, - 526 с.
  9. Муайиди Шерозӣ, Ҷаъфар. Симои Саъдӣ, Шероз: Интишорот “Донишгоҳи Шероз”, - 117-120 с.
  10. Муваҳҳид, Зиё, Саъдӣ. Теҳрон: “Тарҳи нав”, - 239 с.
  11. Низомӣ Ганҷавӣ, Илёс бин Юсуф, Хусрав ва Ширин. Тасҳеҳ ва шарҳи муҷаддад Беҳрӯз Сарватиён. Чопи 1,Теҳрон: “Амиркбир”, - 1153 с.
  12. Раҷоӣ, Муҳаммадхалил. Маъолимулбалоға дар илми маонӣ ва баён ва бадеъ. Чопи 4, Шероз: Интишорот “Донишгоҳи Шероз”, - 444 с.
  13. Сафавӣ, Куруш. Нигоҳе ба адабиёт аз дидгоҳи забоншиносӣ. Чопи 1, Теҳрон: “Анҷумани шоирони Эрон”, - 214 с.
  14. Саъдӣ Шерозӣ, Муслиҳ ибни Абдуллоҳ. Девони ғазалиёт, ба кӯшиши Халил хатиб раҳбар.Чопи 10, Теҳрон: “ Моҳтоб ”, -1109 с.
  15. Тақво, Насруллоҳ. Ҳинҷори гуфтор, Теҳрон: “ Чопхонаи маҷлис ”. - 350 с.
  16. Тақӣ, Пурномдориён. Сафар дар маҳ. Чопи 4, Теҳрон: “Сухан”. - 592 с.
  17. Тафтазонӣ, Саъдуддин. Мухтасарулмаъонӣ. Қум: “Дорулфикр”, - 324 с.
  18. Фурӯғӣ, Муҳаммадалӣ. Кулиёти Саъдӣ, Чопи 15, Теҳрон: “Амиркбир”, 1389.- 1180 с.
  19. Фурӯғӣ, Муҳаммадалӣ. Шеърҳои арабӣ Саъдии Шерозӣ. Чопи 1, Шероз: Интишорот “Донишгоҳи Шероз”, -152 с.
  20. Ал-Ҳошимӣ, Аҳмад, Ҷавоҳирулбалоға. Тарҷума ва шарҳи Ҳасан Ирфон. Чопи 3, Қум: Нашри “Балоғат”, 1381. - 448 с.
  21. Ҳумоӣ, Моҳдухтбону. Маъонӣ ва баён, ба. Чопи 1, Теҳрон: “Нашри ҳумо”, - 248 с.
  22. Ҳумоӣ, Ҷалолуддин. Фунуни балоғат ва саноъоти адабӣ. Чопи 29,Теҳрон: “Нашри ҳумо”,- 438 с.
  23. Шамисо, Сирус баён. Чопи 2, Теҳрон: “Митро”, - 352 с.
  24. Юсуфӣ, Ғуломҳусайн. Ғазалҳои Саъдӣ, Тасҳеҳ ва тавзеҳ. Чопи 1,Теҳрон: “Хоразмӣ”,- 808 с.
  25. Юсуфӣ, Ғуломҳусайн. Гулистони Саъдӣ, Тасҳеҳ ва тавзеҳ Ғуломҳусайн Юсуфӣ. Чопи 8, Теҳрон: “Хоразмӣ”, - 816 с.
 
Қаландарзода С.
докторанти (PhD),
(Баргардон аз хатти форсӣ)

НАЗАД