Занонро гар зи дониш зеваре ҳаст,
Умеди рӯзгори беҳтаре ҳаст.
Агарчи аз занон пайғамбаре нест,
Ҳама пайғамбаронро модаре ҳаст.
Ғамхорӣ ба Зан-Модар ба ифодаи Максим Горкий ба сарчашмаи хушкнашавандаи ҳаёти башар ин ғамхорӣ ба ояндаи миллат буда, оянда ва ҳастии ҳама гуна давлатҳову халқиятҳо аз занону духтарони соҳибмаърифат вобаста аст.
Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирии занону бонувон ва инчунин баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа бисёр тадбирҳои судмандро амалӣ намуд. Ҳоло аз шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ 25 фоиз, аз ҷумла кадрҳои роҳбарикунанда қариб 20 фоизро бонувону занон ташкил медиҳанд. Инчунин, бонувону занон дар соҳаи маориф 73 фоиз, тандурустӣ 71, фарҳанг 47, бонкдорӣ 39, алоқа 25, аз ҷумла дар соҳаи хизматрасонии иттилоотӣ қариб 40 фоиз мебошанд [1].
Ба чунин андоза бардоштани мақоми Зан-Модар ва арҷгузорӣ ба шахсияти ӯ аз ҳаққи табиӣ ва рисолати зиндагисози ӯ бармеояд. Зеро Модар вуҷуди муқаддас буда, оғозҳои зиндагӣ низ ба ӯ марбут аст.
Зан - Модар олиҳаест, ки шукуҳу ҷилои сайёра ва гармии хонавода аз меҳру муҳаббати ӯ сарчашма мегирад. Аз ин лиҳоз, донистани қадру қимати модар ва ҳурмату иззати занону хоҳарон рисолат ва қарзи инсони худогоҳу бонанг аст.
Хизмати модар барои башарият беҳадду ҳудуд аст. Аз ин хотир муҳаббат ва ранҷи ӯ ҷуброннопазир мебошад [2].
Зани тоҷик бо хиради азалию офаридгорӣ, меҳру самимият, ботамкинӣ, иффату ахлоқи ҳамида тарбиятгару бунёдкорӣ ҷомеа мебошад, чунки
Агар зан намебуд, олам намебуд,
Нишоне зи авлоди одам намебуд.
Аз фурсати муносиб истифода намуда, кулли модарону бонувони азизи кишвар ва бонувони ҳамкасбу ҳамкори худро бо чунин ҷашни пурифтихор ва фарорасии фасли зебои сол - баҳор ва Рӯзи Модар аз самими қалби пурмеҳру муҳаббати хеш табрику таҳният намуда, барояшон дар раванди зиндагӣ беҳтарин хушиҳои рӯзгорро таманно дорам. Ид муборак, бонувони арҷманд!
Манбаъ:
- Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ ”. 23.12.2022, шаҳри Душанбе, КВД КТН “Шарқи озод”, саҳ.37-38.
- Эмомалӣ Раҳмон. Зиндагӣ аз модар сарчашма мегирад. Зери таҳрири умумии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонова Р.А. Душанбе, “Адиб”, 2013. Саҳ. 4-5.
Сафаргул ДАВЛИЁРОВА,
Раиси Шӯрои бонувони
Институти Осиё ва Аврупои АМИТ