Автор: ИИПСАЕ
Ҳарчанд Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ - тадқиқотии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёбад ҳам, дар соли 2018 он ба дастовардҳои зиёд ноил гардид.
Ин дастовардҳо бештар дар таҳлилу таҳқиқи мавод ва баланд бардоштану муаррифӣ намудани илми тоҷик ба назар мерасад. Бояд тазаккур дод, ки ин дастовардҳо ба шарофати олимону муҳаққиқон, ба мисли узви вобастаи, АИ ҶТ, д.и.ф., М. Муллоаҳмад, д.и.ф., Т. Мардонӣ, д.и.ф., О. Хоҷамуродов, д.и.т., Қ. Искандаров, д.и.т., Н. Мирзоев, д.и.ф., д.и.ф., Ҳ. Раҷабов, С. Воҳидова, н.и.ф., Ё. Ниёзӣ, н.и.и., Н. Амиров, н.и.ф., Н. Ваҳҳобова, А. Мамадазимов, н.и.с., С. Мирзоев, н.и.ф., Ғ. Қодиров, н.и.т., И. Раҳматов, н.и.ф., Б. Комил, н.и.т., У. Саидалиев, н.и.и., М. Оймамадов, н.и.ф., Давлиёрова, н.и.т. К. Қудратов, н.и.ф., А. Амон; кормандони илмӣ М. Мирвайсов, М. Раҳмонов, Б. Раҳимов, Х. Шозедов, Ш. Шамсиддинов, Г. Мадимарова, М. Ҷумъа, Д. Мусоева, А. Салимов, Н. Душанбиева, А. Ашуров, А. Зуҳуров, З. Малахова ва пажуҳишгарони ҷавон аз қабили Ҳ. Мирзоев, У. Пудинаев, С. Зиёев, Н. Рузибоиён, Х. Раҷабалиев, М. Қурбонова, Н. Файзуллоева, Б. Насимова, Ф. Субҳонова, М. Наимов ба даст оварда шуданд.
Натиҷаи дастовардҳоро 16 монография, 98 мақолаи илмӣ ва зиёда аз 120 мақолаи илмӣ-оммавӣ ташкил медиҳанд. Ба ғайр аз таҳия ва чопи монография ва мақолаҳои илмӣ ва илмӣ-оммавӣ дар тӯли як соли ҳисоботӣ зиёда аз 30 семинар ва 20 конференсия дар сатҳи ҷумҳириявӣ ва байналмилалӣ баргузор гардид.
Нуктаи дигарро бояд қайд намуд, ки айни ҳол дар институт 6 аспиранти рӯзонаву ғоибона, 4 докторант (PhD) ва 76 магистрант аз рӯи ихтисосҳои гуногун таҳсил намуда, ба мутахассисони соҳибтаҷриба вобаста карда шудаанд.
Ҳамчунин, бояд зикр намуд, ки соли 2018 барои Институт соли пурбарор ва соли дастовардҳо маҳсуб меёбад ва соли оянда низ роҳбарият ва кормандони илмӣ ҳамаи имкониятҳои хешро истифода бурда, ният доранд, ки дастовардҳои бештарро ба даст биёранд.
Гулмоҳ Шозиёева,
котиби илмии Институт,
номзади илмҳои филологӣ