Сулолаи хушкор ва хушном

Автор: ИИПСАЕ

Расм

      Дар бораи Сомониён ба қавли академик В. Бартолд  «давраи истибдоди мунаввара», бузургмардони таъриху адаб гӯё ҳама, ё қариб ҳама гапҳои нағзи илмӣ ва чизҳои муҳимму асосиро олимона гуфтаанд.
   Вале чунин ба назар мерасад, ки дар ин арса адабшиносон, ки ба баррасии танҳояк маҳсули кори онҳо-шеъру адаб пардохтаанд, нисбат ба дигар риштаҳои илм муассиру муваффақтаранд. Зеро чунон ки мебинем, ҳатто имрӯз ҳам дар маҳфилу суҳбатҳои оддии фарҳангӣ ҳаргоҳ сухан аз Сомониён ба миён ояд, ҳозирин бештар фарҳангпарварӣ, донишу адабдӯстӣ ва шоирнавозии онҳоро ба ёд меоранд ва дар бораи дигар дастоварду комёбиҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳарбӣ ва иҷтимоии онҳо маълумоти зиёде надоранд.
     Он ҳама осори гаронқадре, кибо дасти устодони соҳибназар ва қаламҳои тавоно навишта шудааст, аксаран китобҳое мебошанд тахассусӣ, илмӣ-академӣ, ки мутолиа ва фаҳмидани онҳо барои бисёре аз хонандагони серкори ин асри мошинӣ душвор ва барои касбу корва зиндагии рӯзмарраи онҳо зарур ҳам намебошад.
    Аммо дар ин фархундарӯзгор, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол ба сӯи эҳё ва таҷаддуди фарҳангу тамаддуни бостонӣ ва таърихи давлату давлатдории хеш муваффақона равон аст, омӯзиш ва муаррифии бештари дастовардҳои моддӣ ва маънавии ин сулолаи некном, ки аҳди онҳо давраи шукуфоии фарҳангу дониш ва растохези таърихи давлатдории тоҷикон аст, аҳамияти миллӣ ва сиёсии вижа дорад.
    Ин дудмони хушкору хушном аз миёни хонадонҳои ватанпарасту истиқлолталаби замони худ чун Тоҳириёну Саффариён ягона қуввае буд, ки пас аз ҳамлаи араб тавонист шукуҳу обрӯи аз дастрафтаи ватану мардумони хешро боз гардонад ва аз як ҳукумати мухтасари тобеъи маҳаллӣ як давлати муқтадири амалан мустақиле барпо намояд, ки аз ҷиҳати иқтидори сиёсӣ, низомӣ, пойгоҳи иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар минтақа рақиб надошт ва дар асрҳои пасин назир наёфт.
    Масалан дар тӯли таърихи беш аз 1100-солаи тоҷикон ва умуман ориёнажодони форсизабон сулолаи дигареро намешиносем, ки таърихнигорону адибон дар ситоиши фарзандони бузурги он инқадар суханҳои нағзу барҷаста гуфта бошанд.
    Дуруст аст, ки фармонравоёни ин силсила ҳама аз ҷиҳати истеъдоди сиёсӣ ва давлатдорӣ мисли Исмоили Сомонӣ «бораи Бухоро» шуда натавонистанд, вале мояи ифтихори ворисон ва бозмондагони ин силсила аст, ки онҳо суннатҳои додгустарӣ ва фарҳангдӯстии падарони худро нигаҳ доштанд ва аз нӯҳ амире, ки дар тӯли тақрибан 110 соли умри давлати Сомонӣ фармонравоӣ карданд, ҳеҷ кадом ба золимию беадолатӣ ва ҷаҳолату бадахлоқӣ ном набаровардааст.
    Бинобар ин, тоҷое ки хондаем ва боварӣ дорем, ба ҷуръат гуфта метавонем, ки аз тамоми сулолаҳое, ки баъди араб бар сарзаминҳои паҳновари мо ҳукумат ронданд, хушақлоқтарин ва покизарӯзгортаринашон Оли Сомон мебошад.
    Қобили ёдоварист, ки гузашта аз назару арзёбиҳои илмӣ, теъдоди ҳикояҳои ширини омӯзанда ва нақлу қиссаҳои гарму дилчаспи таърихӣ дар бораи баъзе фарзандони ин хонадон он қадар зиёд аст, ки агар ҳамаи онҳо аз матни китобҳои қадиму ҷадид ҷамъоварӣ шавад, бешубҳа маводу китоби ҷолибе хоҳанд шуд, барои шинохти таърихи сиёсӣ-иҷтимоӣ ва ахлоқии ин давра ва махсусан сирату рафтор ва шуҳрату маҳбубияти халқии бунёдгузори воқеии давлати Сомониён ва фармонравои пирӯз дар сиёсату пайкори ин сулола, Исмоили Сомонӣ.
    Навиштаи ҳозир танҳо ба ҳамин мақсад, яъне ошноӣ бо ҳамин адабиёти пароканда дар таърихҳо таҳияи шуда, дар он, зимни сайри мухтасар дар зиндагинома, хостгоҳу зодгоҳи ниёкони ин хонадон ва ёдоварии чанд лаҳзаи роҳнамои таърихӣ, баъзе мисолу намунаҳо аз ингуна тавсифҳо ва қиссаву ҳикояҳои таърихӣ аз чанд китоби донишмандони машҳур, интихоб ва барои маълумот пешкаши хонандагони мӯҳтарам гардида аст.

                        Асл ва насаби Сомониён
     
      Таърихнигорони гузашта дар бораи решаи аҷдодӣ ва ниёкони ин хонадон силсилаи бисёр дарозе навишта, асли онро ба Баҳроми Чӯбина, сардори диловари Сосонӣ ва ё баъди зикри 44 насл ё ном ба Каюмарс-нахустинсон ва аввалин подшоҳи устуравии эрониёни қадим расонидаанд.
    Вале бо вуҷуди чунин шефтагӣ пажуҳишгарони муосир дар бораи шарҳи ҳол ва ҷараёни зиндагии сарсилсилаи ин дудмон-Сомонхудот иттилои зиёде дар даст надоранд. Аз рӯи маълумоти мухтасару пароканда дар сарчашмаҳои таърихӣ ва адабии гузашта шарҳи ҳоли тахминии он чунинаст:
      Насаби Сомониён ба Сомонхудот мерасад. Сомонхудот номи шахсе набуда, он калимаи мураккабест иборат аз ду қисм-«Сомон» номи ҷое ё маҳалле буда ва «худот», ки вожаи Худо аз он баромада, ба маънои молик, соҳиб, раис, чунон ки фармонравоёни Бухороро дар қадим «Бухорхудот» мегуфтанд.
Бо илова аз манобеи дигар Сомонхудот шахсе буда, аз деҳқонони зардуштӣ ва бузургони маҳаллӣ, молики деҳаи калоне ба номи Сомон ва соҳиби эътибор дар ноҳия ва диёрихеш.
      Ин деҳқони зардуштӣ зоҳиран марди муҳтарам ва фаъолу кордоне будааст. Бо волии араби Хуросон, Асад ибн Абдуллоҳ ал-Қасрӣ иртибот барқарор намуда, ислом меназирад (соли 724-728) ва ба эҳтироми ӯ ва ба қавли дигар «барои наздикӣ ва хушомад» писарашро Асад меномад.
      Бо эҷоди дӯстӣ бо ал-Қасрӣ зери чатри ҳимояту инояти ӯ қарор гирифт, робитаи писараш Асадро бо дастгоҳи сиёсии замон, давлати Аббосиён барқарор менамояд.
      Пас аз ин, дар бораи Сомонхудот ва ҷараёни зиндагии ӯ дар манбаҳои таърихӣ маълумоти дигаре дида нашудааст ва ҳатто таърихи вафот ва оромгоҳаш равшан маълум нест.
      
                    Зодгоҳу хостгоҳи Сомониён
 
       Дар ҷуғрофиёи қадими ин минтақа се маҳалла ё ҷой бо номи Сомон будааст, яке дар Балх, дигаре дар Исфаҳон, ки ҳанӯз ҳам деҳаи ободон аст ва сеюмӣ дар атрофи Самарқанд.
      Бисёр донишмандони машҳури муосир, аз ҷумла устодон Мир Ғуломмуҳаммад Ғубор1 ва доктор Абдулҳусайни Зарринкӯб2 шояд бо такя ба қавли соҳиби «Таърихи Бухоро» Абубакр Муҳаммад Ҷаъфари Наршахӣ: «Ва ӯро Сомонхудот бад-он сабаб хонданд, ки деҳе бино кардааст ва онро Сомон ном карда, ӯро ба он ном хонданд, чун ки амирони Бухороро - Бухорхудот»,3зодгоҳи ӯро деҳаи Сомони атрофи Балх шуморидаанд.
       Вале ба ақидаи дигар маҳалли хостгоҳ ва зиндагии ниёкони Сомон дурусттар ҳамон макони сеюм, яъне атрофии Самарқанд аст.
       Зеро ин ноҳия аз дигар маҳаллоти номбурда калонтару маъруфтар буда, ҳокимони мустақиле доштааст.
Аз ҷиҳати баромади иҷтимоӣ бошад, ин сулола чун номи «Худот» (шаҳриёрӣ) доштанд, маълум, ки аз мардумони асил буданд ва гумоне низ мавҷуд аст, ки «шояд аз шоҳзодагони Сосонӣ бошанд, ки дар Мовароуннаҳр ҳукумати меросӣ доштанд».4
Ба ин тартиб Сомониён пеш аз расидан ба қудрат зоҳиран чанд пушт наҷибу наҷибзода буда ва он шеъру ривоятҳо дар бораи шутурбонӣ ва айёрии Сомон бештар сохта ва нодуруст ба назар мерасанд.

             Перомуни че
ҳраи ахлоқӣ ва мардумии Оли Сомон
 
     
Дар китобҳои таърихӣ ва адабии гузашта перомуни ахлоқи писандида ва корҳои неки амирони ин сулола таърифу тавсифҳои фаровоне гуфта шудааст. Баъзе ин фармонравоён аз ҷиҳати хулқу атвор ва хушрафторӣ чунон ба ҳам монанд ҳастанд, ки муаррихон дар ситоиши онҳо як мазмуну як ибораҳоро такрор кардаанд.
Аммо дар миёни фарзандони ин хонадон ва бародарон амироне буданд, ки аз ҷиҳати заковату мамлакатдорӣ дар шуҳрату тақвияти давлати Сомонӣ саҳми бештар гузоштаанд.
Масалан Ҷузҷонӣ дар «Табақоти Носирӣ» Аҳмад ибни Асадро (набераи Сомон, падари Насрва Исмоили Сомонӣ) чунин муаррифӣ мекунад:
«Аҳмад бини Асад шаҳимтари зирактар буд… ва ба ҷалодату (нерумандӣ) муборизот ва кордонӣ дар атрофии мамолики Эрон ва Тӯрон мазкурва машҳур буд».5
Ибну-л-Асир дар «Таърихи комил» аз ин тавсифи хушки расмӣ чунин ахлоқномаи гарми зинда сохтааст:
«Аҳмад бини Асад шарифу афиф ва хушрафтор буд. Ришва намегирифт, ҳеҷ аз утабои хидматгорони ӯ ҳам ҳаққи ришвахорӣ надоштанд…  Муддати сӣ сол дар вилояти худ зист ва рӯзе, ки ба гур супорида шуд, чокарони ӯ гурусна монданд, (ки зиндагии онҳоро таъмин мекард)».6
Вале дар осори таърихӣ ва адабии гузашта аз ҳама фармонравоёни дигари ин хонадон дар мавриди фазилату бузургворӣ ва сирату ҳусни рафтори Исмоили Сомонӣ бештар сухан гуфта шуда аст.
Исмоил писари Аҳмад, набераи Асадва абераи Сомон моҳи апрел-майи 849 дар Фарғона ба дунё омад. Дар 16-солагӣ падарашро аз даст додва таҳти тарбияи бародари калониаш Наср, ки ҷонишини падар гардида буд, қарор гирифт. Бародараш дар тарбия ва парвариши ӯ саъйи кофӣба харҷ дод. Дар 26-солагӣ (с. 875) Наср ӯро ба аморати Бухоро фиристод.
Исмоил баъди 58-соли зиндагии пуршӯру пурифтихор соли 907 дар деҳаи Зармони Суғд аз олам даргузашт ва бо шуҳрати азиму номи нек ба ҷовидонагӣ пайваст. Тобуташро ба Бухоро оварда, дар мақбарае, ки имрӯз ҳам зебову обод аст, ба хок супориданд.
Муҷассамаи ӯ дар пойтахти Тоҷикистон, шаҳри Душанбе зиёратгоҳи хосу ом ва ба ҳайси рамзи давлатдории тоҷикон мавриди эҳтироми меҳмонони кишвари мо мебошад.
Барои маълумот мухтасар хотирнишон мешавад, ки аз ҳафт амири баъди ӯ, ба истиснои аҳди Наср ибни Аҳмад (Насри II, писари Аҳмад, набераи Исмоил, ваф.942), ки давраи нисбатан ором ва ривоҷи илму дониш ва фарҳангу адаб аст ва устод Рӯдакӣ шеъри маъруфи худ:

            «Бӯи ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме,
            Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме»-ро
барои ҳамин амир сохта ва суруда буд, даврони дигар амирони боқимонда бештар дар фитнаву моҷароҳои дохили хонаводагӣ, кӯр кардан ва террори сиёсии баъзе амирон ва ҷангу задухӯрдҳо бо «ғуломону галлабонони» дирӯзи хеш, чун Ғазнавиёну Қарахониён гузашт.
Саранҷом сардори Қарахонӣ Илекхон Бухороро гирифт (с. 999) ва охири амири Сомонӣ Абдулмалик ибни Нӯҳ асир афтод ва дар ҳабси ӯ вафот кард.
Аммо бародари ӯ Исмоил ибни Нӯҳ, машҳур ба лақаби «ал-Мунтасир», ки марди далеру диловаре будааст, аз ҳабси Илекхон гурехта, лашкар ҷамъ кард ва Бухороро боз пас гирифт. Вале бо саҳлангории хеш шикаст хӯрда ба Табаристон гурехт ва дар онҷо аз тарафи яке аз қабилаҳои араб (с. 1005)  кушта шуд.
Пас аз ӯ, бо тағйири авзои сиёсӣ-низомӣ дар минтақа, интиқомхоҳе аз ин сулола ва ё муборизи ватанпарасти дигаре аз миёни мардум ин диёр бар нахост ва қудрат дар иқлими паҳновари давлати Оли Сомон ба тадриҷ ба дасти туркон гузашт.
Бад-ин тартиб дурахшонтарин фасли таърихи давлату давлатдории тоҷикон пӯшида шуд ва ба қавли доктор Зарринкӯб «дар тамоми Мовароуннаҳр баъд аз инқирози Сомониён дигар ҳеҷ сулолаи тоҷик фурсати эҷоди як давлати пойдори муқтадир наёфт».7
Дар заволу суқути ин давлати мутамаддини замони худ донишмандони гузашта ва муосир бо таассуф сухан гуфтаанд. Муаррих ва нависандаи намоёнМақдисӣ дар «Аҳсан-ул-тақосим…» суқути хонадони Сомониёнро ба маънои ҳатто «нобудӣ» дониста, дар матни китоби хеш бо ҳарорат чунин хитоб мекунад: «Марг бод бар душманони хонадони Сомонӣ!»8
Шарқшиноси маъруф профессор Т. Нелдеке заволи Сомониёнро дар Осиёи Миёна «яке аз фалокатҳои ғамангезтарин дар таърихи ин сарзамин арзёбӣ намуда аст».9
Исмоили Сомонӣ, ки як сулолаи бузург ва як давлати устувор падид овард, натанҳо қавитарин даст дар сиёсату майдони ҳарбу зарби замони худ, балки шахсияти бузург ва дорои хислату ахлоқи наҷиб дар ҳавзаи ҷавонмардиҳо, гузашту меҳрубониҳо ва муҳимтар аз ҳама адолатпарварию мардумдорӣ низ будааст.
Аз ин рӯ таърихнигорону адибон ба шахсият ва фаъолияти ӯ дидгоҳҳои гуногун, яке дар майдони пайкору мубориза, дигаре дар арсаи сиёсату фазилат, саввумӣ дар ҳавзаи адолату раиятпарварӣ нигаристаанд.
Аз ҷумла дар сарчашмаҳои таърихӣ ва адабии асрҳои гузашта дар бораи фазилатҳо ва кирдору рафтори ӯ бо мардум ва дӯстону душманон нақлу ҳикояҳои зиёде мавҷуд аст. Ба намунаҳои зерин ки, аз асари муҳақиқи соҳибназар дар мавзӯъ Ҷаводи Ҳиравӣ «Эрон дар замони Сомониён» (с. 204 - 209), ки пештар иқтибос шуд,таваҷҷуҳ намоед:
Масалан ин ҳикоя дар чанд манбаъ омадааст, ки Исмоил ба ҳангоми мушкил шудани рафту омад ба сабаби сармо худаш ба назди арзу шикоятдорон мерафтааст. ва Чунон ки Низомулмулк дар «Сиёсатнома» менависад: «…танҳо барнишастӣ ва ба майдон омадӣ ва то намози пешин бар пушти асп будӣ» ба ин мақсад, ки шояд «мутазаллиме (ситамдида, додхоҳ) ба даргоҳ ояд ва ҳоҷате дорад ва ӯро нафақоте ва маскане набуд ва чун ба узри сармо ва барф моро набинад ва бар мо расидан бар вай душвор бошад, чун бибинад, ки мо инҷо истодаем, биёяд ва кори худ бигузорад ва ба саломат боз гардад».
Мегӯянд Амир Исмоил, ҳангоме ки хабари зулм ва шикояте мерасид, саъй мекард зуд онро санҷида, ҳал кунад. Яке аз мисолҳои маъруф моҷарои санги хироҷи Рай аст.
«Чун ба ӯ хабар доданд, ки дар Рай санге, ки ба воситаи он аз раият хироҷ мегиранд, вазнинтар аз миқдори қонунӣ аст, фавран маъмуре фиристод то сангро ба Бухоро биёранд. Чун кашиданд ва маъмум шуд, ки вазнинтар аст.Ҳокими Райро бозхост намуд ва зиёдати санавоти қаблиро дастур дод, ки боз диҳанд».
Лашкариёни Исмоил таҳти таъсири рафтори амири худ хислатҳои нек ёфтанд ва дар таърихҳо дар бораи сипоҳиёни мардумӣ ва некрафтори ӯ суханони хуб бисёр гуфта шудааст.
Масалан, Қозӣ Аҳмади Ғаффорӣ дар «Таърихи нигористон» ин ҳикояро овардааст:
«Ҳине, ки Амир Исмоил мутаваҷҷеҳи дафъи Амри Лайс буд, гузараш ба кӯчае аз боғҳои Ҳирот афтода, дар он кӯча дарахти пурсеб дид, ки аз девор сар ба роҳ ниҳода.
Амир шахсеро бар он дошт, ки мулоҳиза намояд, ки касе оё осеб бад-он дарахт мерасонад ё на. Аз фарти адолат ҷумлагӣ лашкар аз он роҳ гузаштанд ва аҳде касе аз он себ начид».
Ғазолӣ дар «Насиҳат-ул-мулак» дар бораи тартибу расми гузашти сипоҳиёни ӯ аз ноҳияҳову маҳалҳо чунин нақл мекунад:
«Исмоил бини Аҳмад ба Марв фурӯ омада буд ва расми ӯ он буд, ки ҳар куҷо фурӯ омад, мунодӣ карданд, ки «лашкариро ба раияти ман кор нест!»
Пас харбандае аз он ба полезе андар шуд ва андак мояи зиён кард. Ба дари сарои амир омаданд ва бинолиданд. Амир бифармуд то харбандаро биоварданд ва гуфт:
Туро музд ҳаст? Гуфт: Ҳаст. Гуфт: Мунодии ман нашунидӣ? Гуфт: Шунидам. Гуфт: Пас чаро раияти маро зиён кардӣ? Гуфт: Хато кардам. Гуфт: Ман аз баҳри хатои ту ба дузах натавонам рафт! Пас бифармуд то дасташ бибуриданд».
Исмоил чунон ки аз дигарон талаб мекард, нисбати худ низ ҳамон гуна сахтгир будааст.
Дар «Зиннат-ул-маҷолис» ин мисол омадааст:
Исмоил рӯзе дар Марв ба одати ҳамешагии худ машғули бозрасии корҳо буд, шутуре дид, ки дар киштзоре даромада буд. Фармуд тафтиш кунанд, ки шутури кист. Маълум шуд, ки шутури худи ӯ будааст.
«Одам фиристод сорбонро оварданд ва аз ӯ пурсид, ки шутури ман дар киштзори мусулмон чӣ мекунад? Сорбон савганд хӯрд, ки ин шутур аз дирӯз рамида ва ман то кунун дар ҷустуҷӯи вай ҳастам.
Амир узри ӯро қабул намуда, соҳиби киштзорро талабида ба ӯ гуфт: Шутури ман дар киштзори ту рафта ва харобӣ кардааст, нуқсони онро баён кун.
Он шахс маблағе ба забон овард. Амир фармуд то изофайни ду баробари  он ба ӯ доданд»
Дар бораи бахшояндагӣ ва вақфиёти ӯ низ дар китобҳои қадимӣ намунаву мисолҳои зиёд мавҷуд аст. Чунон ки мегӯянд, Исмоил бархилофи амирону ҳокимони дигар, ки пас аз забт ва харидани мулке ё ҷое онро ба моликияти шахсии худ меафзуданд, ӯ аксаран ин моликиятро ба муҳтоҷону ниёзмандон мебахшид.
Аз ҷумла, вақте ки ба қавли Наршахӣ маҳаллаи бас зебо ва сарсабзеро, ки сипас ба номи Ҷӯи Мулиён шуҳрат ёфт, харид онро ба ғуломон, ё маволиёни (бандагони озодшудаи) хеш вақф намуд. Ва ё деҳи қадим ва бузургеро харид, онро вақф кард «ду донг бар алавиён ва ҷаъфариён ваду донг ба дарвешон ваду донг ба варасаи (ворисони) хеш» дод ва ғайра.
Дар боби садоқат ва содагию якрангӣ дар дӯстӣ ва рафоқат ӯ низ мегӯянд, ки вақте ба аморати Мовароуннаҳр расид, дар муносибат бо ёрону рафиқонаш ҳеҷ тағйироте рӯй надодва ӯ бо ҳамон шеваи қадим рафтор мекард, «то аморат ӯро мағрур насозад ва ихлоси дӯстонаш зиёдтар шавад».
Гузашта аз корҳои сиёсӣ ва давлатдорӣ, Исмоил дар масъалаҳои оилавӣ ва тарбияву таҳсили фарзандони хеш низ бисёр мулоҳизакор будааст.
Таърихнигори маъруф Ибну-л-Асир дарин бора ҳикояти ҷолибе дорад:
Рӯзе Исмоил бидуни иттилои муаллим мегузашт, шунид, ки ӯ ба фарзандаш дашном медод ва мегуфт: Худованд ту ва он касе, ки ту фарзандаш ҳастӣ гиромӣ ва хуш надорад!
Исмоил бар ӯ дохил шуд ва гуфт: Эй мард, оё гумон мебарӣ мо гунаҳкор ҳастем, ки ба мо носазо ва фаҳш медиҳӣ, оё метавонӣ моро аз дашном маоф бидорӣ?
Муаллим сахт ҳаросид ва Исмоил дид ӯ тарсида, дастур дод ба ӯ инъом ва сила бидиҳанд».
Дар боби дилбастагии Сомониён ба забону адаб ва эҳёи суннатҳои фарҳангии ниёкони хеш ва эҳтиром ба аҳли илму дониш мисолу намунаҳо дар китобҳо фаровон мавҷуд аст.
Аз ҷумла хондаем, ки донишмандон дар баробари шоҳони Сомонӣ маҷбур ба заминбусӣ набуданд.
Аз забони Исмоил овардаанд, ки «дар Самарқанд будам, рӯзе барои истимои (шунидани) шикоят ва тазаллуми мардум нишастам, бародарам Исҳоқ дар канорам нишаст.
Абӯабдуллоҳ бини Наср, фақеҳи шофеӣ ворид шуд. Ман барои эҳтироми илм ва дини ӯ бархостам. Пас аз рафтани ӯ бародарам ба ман гуфт:
Ту амири Хуросон ҳастӣ, марде аз руаёи ту бар ту ворид мешавад, ту бармехезӣ, сиёсатро бо ин қиём аз байн мебарӣ».
Таваҷҷуҳ кунед, тафовути фазилати ин ду бародар аз куҷо то ба куҷост. Агар ба қавли бародараш рафтор мекард, ӯ низ ҳамон Исҳоқи бе ному нишон мебуд.
Исмоили Сомонӣ бо он ки дасти зӯр ва бурандатарин шамшери Сомониён буд, дар айни ҳол дар авфу гузашт ва тараҳҳуму рафтори неку бо асирони ҷангӣ низ лашкаркаши одил буд. Ин рафтори нек ва меҳрубонӣ то ҷое  будааст, ки ҳатто баъзе сарони лашкарҳои шикастхӯрда асорати Исмоилро авлотар дониста, ба урдугоҳи хеш барнамегаштанд.
Масалан дар яке аз набардҳо бо Амри Лайси Саффорӣ (бародари Яъқуби Лайс ва ҷонишини ӯ) бо 20-ҳазор мард ба сипоҳи ӯ шабехун зад ва лашкари ӯро торумор намуд.
«Рӯзи дигар амир Исмоил сипоҳи Амрро бинавохт, улуфа (ҷамъи алаф, хӯроки чорвоён) додва ба наздики Амри Лайс фиристод»
Ва ё дар ҷанги дигар, ки сипоҳи Амри Лайс аз ӯ шикаст хӯрд, теъдоди зиёде ба асорат афтоданд, ки иддае аз бузургони Нишопур буданд.
«Исмоил дигар рӯз ҳамаро хилъат дод боз пас фиристод».
Бузургони лашкар чун эътироз карданд, ки онҳо бо мо ҷангиданд ва ту ҳамаро хилъат дода ва боз пас фиристодӣ. Амир Исмоил гуфт:
«-Чӣ хоҳед аз ин бечорагон? Бимонед, то ба мулки хеш бираванд. Эшон ҳаргиз ба ҳарби шумобоз наояд ва дигаронро дил табоҳ кунанд»10
Агар таваҷҷуҳ кунем ин амал ҳам тараҳҳуми шуҳратафзо барои Исмоил буд ва ҳам василаи заифу суст кардани рӯҳияи сипоҳи душман.
Яке аз маъруфтарин намунаи бузургвории Исмоил саҳнаи ҷанг бо бародараш Наср бини Аҳмад мебошад, ки ба таври кутоҳу дароз дар таърихҳо бисёр сабт шудааст.
Наср ба далели «нофармонии» Исмоил ба Бухоро (с. 878) лашкар кашид. Гардезӣ дар таърихи маъруфи худ ин саҳнаро чунин тасвир кардааст:
«Исмоил бар Наср зафар ёфт ва Насрро дастгир карданд ва пеши Исмоил оварданд.
Чун Исмоилро чашм бар вай афтод, пиёда шуд ва пеши ӯ омад, бар дасти ӯ бӯса дод ва аз вай узр хост ва ӯро бар сабили (тариқ, роҳ) хубӣ, бо ҳама ҳашам ва ҳошият ба Самарқанд боз фиристод».
 
Ягона ҳодисаеро, ки дар тамоми муддати фармонравоии Исмоил таърихнигорон бо таассуф сабту тасвир кардаанд, ин ҷанги миёни Амри Лайс ва Исмоили Сомонӣ дар Балх (с. 901) мебошад.
Ин ҷангро, кибо шикасту асорати Амр анҷомид, саҳнаи вохӯрии ин ду амири «ватанпараст»-ро таърихнигорон ба шаклҳои гуногун, шарҳу тафсир ва обутоби зиёд инъикос кардаанд.
Наршахӣ дар «Таърихи Бухоро» онро чунин тасвир кардааст:
Пас аз асир шудан «Амри Лайсро пеши амир Исмоил оварданд. Амри Лайс хост, ки пиёда шавад, амири мозӣ (марҳум) дастурӣ надод…
Ва бифармуд то Амри Лайсро ба саропарда фурӯд оварданд ва бародари хешро ба нигоҳ доштани ӯ фиристод… Ва номаи амирулмуъминин расид ба Самарқанд ба талаби Амри Лайс.
Чун нома ба амир Исмоил расид, андӯҳгин шуд аз ҷиҳати Амри Лайс. Фармони халифаро рад натавонист кардан. Фармуд то Амри Лайсро дар аморӣ (тахти равон) нишонда ба Бухоро оварданд. Ва амир Исмоил аз шарм рӯй ба вай нанамуд ва кас фиристод, ки «агар ҳоҷате дорӣ бихоҳ» Амри Лайс гуфт:
-Фарзандони маро неку дор ва касоне, ки маро мебаранд васият кун то эшон маро неку доранд.
Амир Исмоил ҳамчунон кард ва дар аморӣ нишонда ӯро ба Бағдод фиристод»11
Тавзеҳот ва таассуфи муаррихон дар он аст, ки Тоҳириён ба дасти Саффориён аз байн рафтанд ва Саффориён баъди ин ҷанг тавассути Сомониён. Агар ин се сулола ва давлат, ки «ҳубби ватан» доштанд ва ҳавои истиқлол бо ҳам муттаҳид мешуданд, таърихи минтақа яқинан таври дигар навишта мешуд.
Таърихнигори маъруф Ибну-л-Асир дар ин боб чунин мегӯяд:
«Тасмим бар ҷанг бо Сомониён ҳам бадтарин равия буда в-агарна бо машварати ёрон ва носеҳин амал мекард (Амри Лайс) ва агар Амр ва Исмоил муттаҳид мешуданд, метавонистанд озодӣ ва истиқлолу азамати Эронро таҷдид кунанд».12
Ва дурандешии Исмоил дар ин воқеа он аст, кибо вуҷуди ҳамлаву ҳуҷуми саффориён ба Бухоро ва дигар қаламрави сомониён ва мушкилоту дардисарҳои зиёде, ки Амр барои Исмоил эҷод карда буд, ӯ дар фикри интиқомгирӣ наафтод ва Амрро накушт ва оқилона ӯро Бағдод фиристод, то ки қотили ӯ халифаи араб бошад.
Яке аз шеваҳои ҷолиби фармонравоии сулолаи Сомониён, аз ҷумла Исмоил ва ба қавли пажуҳишгарони муосир «турфа он аст», ки онҳо дар кори давлатдорӣ ва мулкдорӣ ба «ангезаи қавмӣ» такя надоштанд ва ба истилоҳи имрӯзӣ дар интихоби кадрҳо бештар ба маҳорат, ахлоқ ва кордонии онҳо аҳамият медоданд.
Мисоли равшани онро муҳаққиқон дар «Таърихи Табаристон»-и Ибни Исфандиёр хондаанд:
Пас аз фатҳи Табаристон Исмоил Абдулаббосро, ки «шахсияти тавоно ва дурусткор буд, ба аморат гумошта ва фарзандашро (Аҳмад) ба итоати ӯ дастур дод, ҳол он ки Аҳмад валиаҳдаш буд.
Илова бар ин, вақте ки Абулаббос номаи шикоятомезе дар бораи саҳлангорӣ ва сусткории Аҳмад ба ӯ навишт «Исмоил фарзанди хешро танбеҳу сарзаниш намуда, носазо гуфт ва сипас ӯро бисёр насиҳат кард».
Дигар он ки Сомониён, чунон ки ба қавли устод Саид Нафисӣ «сиёсати махсуси нажодӣ ва миллӣ» доштанд, зоҳиран ҳамон гуна сиёсати динӣ низ доштанд, зеро Мовароуннаҳр хитае буд, ки дар он аз қадим боз миллатҳо ва динҳои гуногун чун зардуштӣ, монавӣ, будоӣ, масеҳӣ ва яҳудӣ бо ҳам мезистанд. Ин сулолаи хирадпарвар бидуни таасуботи динӣ дар баробари эҳёи суннатҳои фарҳанги аҷдодони хеш ва нашру таблиғи осори исломӣ, «таҳаммулпазирии» диниро мухолифат бо дини ислом намешумориданд.
Ҳатто дар даргоҳи набераи Исмоили Сомонӣ Наср бини Аҳмад расмҳо ва оинҳои ҳамаи мамолик аз Руму Туркистон ва Ҳиндустону Чин ва Ироқу Шом ва Мисру Занҷ (Зангиён) мавриди мутолиа воқеъ мешуд.13
Яке аз сифатҳои олии Исмоил ва умуман Оли Сомон, ки образи онҳоро аз ҳама сулолаҳои ҳокими ҳамаср ва пас аз он барҷаста сохтааст, он аст, ки онҳо ба ғайр аз амалиётҳои мудофиавӣ ба ҳеҷ давлату сарзамини ҳамсоя ба қасди талаву тороҷ ва ғорати сарвату ғаниматҳои моддӣ лашкаркашӣ накардаанд.
Тамоми дороиҳои кишвар ва имконоти иқтисодии мавҷудаи давлатро бо тадбиру эҳтиёткорона сарфи ободии кишвар, таҳкими қудрати давлатӣ, таъмини шоистаи лашкар, ривоҷу равнақи касбу ҳунарҳои нав карда, давлати муқтадиру зиндагии нисбатан орому осудае барои мардуми худ сохтанд.
Ибни Ҳавқал дар «Сафарнома»-и худ чунин навиштааст:
«Дар саросари Машриқ ҳукумати Оли Сомон устувортар, иддаашон (лавозими зиндагӣ) ва созу баргашон (лавозими ҷангӣ) комилтар ва муназзамтар ва атоёяшон бештар ва ҷираи (нормаи хӯроки) сарбозонашон фаровонтар ва бистгонишон (маоши сипоҳ) муддавомтар аст, бо он ки ҷибоятҳо (боҷу хироҷ) ва хироҷҳо ва амволашон дар хазина камтар аст»14
Ҳамин сиёсати дурусти иҷтимоӣ ва ҳусни тараҳҳум ва кӯмак ба аҳли ниёзманди ҷомеа ва дар маҷмӯъ адолату раиятпарварӣ буд, ки мардум низ ӯро дар ҳама сахтиҳо ва набардҳо танҳо намегузоштанд.
Масалан, бино ба маълумоти «Таърихи Табаристон» вақте, ки Амри Лайс бо сипоҳи калон ба Мовароуннаҳр ҳуҷум кард «Исмоил бини Аҳмад андар Мовароуннаҳр мунодӣ кард, ки Амр омад, ки Мовароуннаҳр бигирад ва мардумон бикушад ва молҳо ғанимат кунадва занону фарзандон ба роҳ кунад. Чун чунин буд, ҳарчи андар Мовароуннаҳр кас буд мардони корӣ ҳама бо ӯ бархостанд ва ба ҳарби Амр омаданд ва гуфтанд «ба мардӣ кушта шавем, беҳ аз он ки асир».
Ва ё таърихнигори машҳур Табарӣ дар мавриди ҳамлаи туркон ба Мовароуннаҳр (соли 913-914) чунин менависад:
«Се рӯз монда аз раҷаб дар ду масҷиди ҷомеи Мадинат-ул-ислом номаи Исмоил бини Аҳмад, ки аз Хуросон омада буд, хонда шуд, ки дар он гуфта буд, ки туркон бо сипоҳи анбуҳ ва ҷамъи бисёр оҳанги мусулмонон карда буданд…
Ва ӯ яке аз сардорони хешро… фиристод ва миёни мардум нидое ҳаракат дод, ки мардуми бисёр аз довталабон бурун шуданд. Сардори сипоҳ бо ҳамроҳони хеш сӯи туркон рафт. Мусулмонон… ба туркон тохтанд, ки бисёр кас аз онҳо кушта шуданд ва боқимонда ҳазима(гурезон) шуданд…»15
Дар мавриди зиндагии шахсӣ ва одобу рафтори Исмоил ва хонадони вай низ муаррихону нависандагон айбу ифроте зикр накардаанд. Ин сулолаи аксарон, нексиришту додгарбуда ва бахусус Исмоил бештари вақти худро сарфи умури давлатдорӣ ва расидагӣ ба масъалаҳои дохилӣ ва хориҷии кишвар карда, дар пайи зоҳирпарастию шуҳратталабӣ набуд.
Берунӣ дар «Осор-ул-боқия» дар зикри лақабҳои Сомониён мегӯяд, ки Сомониён нисбат ба лақабҳои пурдабдабаи дарборӣ рағбат надоштанд ва танҳо ба куния (ибн) иктифо кардандва пас аз марг ба «шаҳид» ва «ҳамид»… номида мешуданд. «Ва касоне, ки аз Сомониён, ки аз ҳадд таҷовуз кардандва худро «амирулолам» ва ё алқоби дигар номиданд, Худованд зиллати дунявиро ба эшон чашонд ва нотавонии инонро ба ҷаҳониён ироя нишон дод…»16
Илова бар ин амирони Сомонӣ, ки аксарият дар ғояти содагӣ мезистанд, ба базму масхарабозӣ ва хушгузарониҳои дарборӣ алоқа ва майл надоштанд ва ҳатто дарбориён аз ин ҷиҳат онҳоро маломат мекарданд. Ба ривояти Авфӣ дар «Ҷавомеъ-ул – ҳикоёт…», вақте ки надимон охирин амирзодаи нокоми ин силсила Абӯиброҳим Исмоилро маломат карданд, ки чаро мисли дигар подшоҳон базму маҳфили сурур намеороӣ, ӯ ба ин қитъаи латифҷавоби онҳоро дод:

          Гӯянд маро чун салаби[1] хуб насозӣ,
          Маъвогаҳи ороставу фарши мулавван.
          Бо нағми гурдон чӣ кунам лаҳни муғаннӣ,
          Бо наъраи аспон чӣ кунам лолаи гулшан.
          Ҷӯши майю нӯши лаби соқӣ ба чӣ кор аст,
          Ҷӯшидани хун бояд бар ғайбаи[2] ҷавшан.
          Асп асту силоҳ аст маро, боргаҳу бор,
          Тир асту камон аст маро, лолаву савсан.17
    Дар хотима бояд гуфт, ки ин қиссаву ҳикояҳо, ки андаки онҳо дар боло оварда шуд, дар сарчашмаҳо ба таври мухтасару муфассалтар ва забону баёни гуногун нақл шудаанд. Албатта инкор наметавон кард, ки тайи қарнҳо дар онҳо мудохилоте сурат гирифта ва ҷузъиёти муболиғаомезе афзуда шуда бошад.
    Шояд баъзе муаллифони наздик ба ҳодиса зери шуои шуҳрати «расмӣ» ва шефтагиҳои мардумӣ нисбати ин сулола ва махсусан фарзанди бузурги ин хонадон Исмоили Сомонӣ қарор гирифта бошанд ва ё муаррихону нависандагони асрҳои баъдӣ, ки шоҳиди ҷангу хунрезиҳои ваҳшатнок буданд, ин нақлу сифатномаҳоро бо каме тағйирот барои панду насиҳати фармонравоёни замони худ ва баъдӣ дар «Сиёсатнома»-ҳо ва «Насиҳат-ул-мулук»-ҳои худ дарҷ карда бошанд.
     Вале дар ҳар сурат ин афзудаҳо он қадар ҷиддӣ нестанд, ки моҳияти воқеаҳоро тағйир диҳанд. Зеро муаллифони ин ҳикоя ва тавсифномаҳо, аввал он ки муаррихони барҷастаи асрҳо буда, дар сиҳати калому қаламашон шакке нашудааст ва дуввум он ки онҳо дар нигоришоти худ бешак ҳодисаҳои воқеӣ ва мисолу намунаҳои мушаххас дар даст доштанд, яъне «то набошад чизаке, мардум нагӯянд чизҳо».
    Дар маҷмӯъ ҳамин ҷузъиёти ба истилоҳ адабӣ ва нафаси гарми зиндагии асрҳо дар пайванди муносиб бо воқеиятҳо ва вижагиҳои писандидаи ахлоқӣ ва албатта хираду заковати давлатдорӣ ва ҷасорату шуҷоати шахсӣ, амир Исмоилро шахсияти бузурги таърихӣ – Исмоили Сомонӣ ва давраи Оли Сомонро намунаи ҳукумати адл ва ақлу тадбир сохтааст. Ба қавли шоир:
           Гар ишқ набудиву ғами ишқ набудӣ,
           Чандон сухани хуб, кӣ гуфтӣ, кӣ шунидӣ?
 
                          Адабиёти иқтибосшуда:
  1. Мир Ғуломмуҳаммад Ғубор. Афғонистон дар масири таърих, Кобул, 1968, - с. 97.
  2. Доктор Абдулҳусайни Зарринкӯб. Рӯзгорон. Таърихи Эрон аз оғоз то суқути салтанати Паҳлавӣ, Теҳрон, 1392, - с.390
  3. Абубакр Муҳаммад Ҷаъфари Наршахӣ. «Таърихи Бухоро» (мураттибон: Ғолиб Ғоибов, Кароматулло Олимов, Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ, тавзеҳотаз Ғолиб Ғоибов), Душанбе, 2012, - с. 114; Минбаъд: Наршахӣ. Таърихи Бухоро, - с.
  4. Доктор Алиасғари Ҳалабӣ. Таърихи танзу шӯхтабъӣ дар Эрон ва ҷаҳони исломӣ (то рӯзгори Убайди Зоконӣ), Теҳрон, 1377, - 351.
  5. Ҷаводи Ҳиравӣ. Эрон дар замони Сомониён (таърихи Сомониён аз оғоз то салтанати Насри дуввум), Машҳад, 1371, - с. 56-57; Минбаъд: Ҷ.Ҳиравӣ. Эрон дар замони Сомониён, - с.
  6. Наршахӣ. Таърихи Бухоро (тавзеҳоти Ғ. Ғоибов), - с. 336.
  7. Доктор Зарринкӯб. Рӯзгорон…,- с. 408.
  8. Ҷ. Ҳиравӣ. Эрон дар замони Сомониён, - с. 258.
  9. Наршахӣ. Таърихи Бухоро (тавзеҳоти Ғ. Ғоибов), с. 336.
  10. Наршахӣ. Таърихи Бухоро, - с. 160.
  11. Ҳамон асар, - с. 112.
  12. Ҷ. Ҳиравӣ. Эрон дар замони Сомониён, - с. 114.
  13. Доктор Зарринкӯб. Сайре дар шеъри форсӣ, Теҳрон, 1384, - с. 3.
  14. Ҷ. Ҳиравӣ. Эрон дар замони Сомониён, - с. 256.
  15. Ҳамон асар, - с. 130.
  16. Ҳамон асар, - с. 258.
  17. Доктор Зарринкӯб. Сайре дар шеъри форсӣ, Теҳрон, 1384, - с. 3-4.
 
 
Ходими пешбари илмии Шуъбаи
Шарқи Миёна ва Наздики ИОМДОА
АМИТ Қодиров Ғиёсиддин
 
[1] Салаб-ҷома, ҷавшан.
[2] Ғайба-пулакҳои филизии рӯи ҷавшан

НАЗАД