Автор: ИИПСАЕ
Рушд ва суботи минтақа ягона роҳи тараққӣ ва афзоиши тиҷорат ва савдо ба ҳисоб меравад. Ин субот метавонад, кафолат барои зиндагии шоистаи мардум ва пешравии иқтисодӣ ва иҷтимоии он гардад.
Осиёи Ҷанубӣ аз лиҳози ҷуғрофӣ бо Осиёи Миёна, Осиёи Шарқӣ, Ховари Миёна ва уқёнуси Ҳинд пайвандӣ дорад. Ин минтақа аз 8 кишвар: Афғонистон, Бангладеш, Бутан, Ҳиндустон, Молдиф, Непал, Покистон ва Шриланка иборат аст. Аҳолии он зиёда 1,7 миллион нафар буда, 21 фоизи аҳолии дунёро ташкил медиҳад. Рушди равобити иқтисодӣ, амниятӣ ва кашмакашу ихтилофот аз масоиоли умдаи ин минтақа арзёбӣ шудаанд. Баҳсу равандҳои геополикии дунё ба монанди “ҷанги сард”, “ҷиҳоди Афғонистон” ва “мубориза бо терроризм” низ ба ин минтақа асар гузошта, монеаи рушди иқтисодии он шудааст. Ва ниҳоятан коҳиши суботи минтақавӣ ва хатару тероризм инҷоро ба таҳдид гузоштааст.
Суботи минтақавии он метавонад, рушди иқтисодӣ ва иҷтимоиро афзоиш дода, зиндагии мардумро беҳтар созад. Мисол, истеҳсоли ангишти Ҳиндустон, таъмини барқ тавассути газу нафти Покистону Бангладеш, истеҳсоли барқи гидрогении Бутан ва Непал аз масодири аслии ин минтақааанд, ки энергияи ин минтақаро меафзоянд.
Ин манотиқ аъзои фаъоли Созмони Милали Муттаҳид буда, дар аксари барномаҳои иқтисодӣ ва мадании ин созмони ҷаҳонӣ саҳми чашмрас доранд. Созмони ҳамкории минтақавии бо номи Созишномаи Ҳамкориҳои минтақавии Осиёи Ҷанубӣ (SAARC) низ аз муҳимтарин муассисаи пайвандгарест, ки бар асоси рушд ва нумуи иқтисодӣ ва иҷтимоии ин манотиқ ташкил шудааст. Интиқоли нерӯи барқ аз Осиёи Миёна ба Осиёи Ҷанубӣ ё CASA-1000 ва интиқоли лулаи газ аз Осиёи Миёна ба Осиёи Ҷанубӣ ё TАPI (Туркманистан, Афғонистон, Покистон, Индия) низ аз созмонҳои муҳими иқтисодианд, ки дар рушд ва тиҷорати минтақавӣ кумак мерасонанд.
Бо мавҷудияти чунин тавоноӣ ва имконият, ҳануз нофаҳмиҳое ҳастанд, ки рушди тиҷоратӣ ва иҷтимоиро зери суол гузошта, аз роҳбарон ва шарикони рушди онҳо тақозо мекунад, то аз ақли солим ва созанда истифода карда, ин масоилро ҳал намоянд. Бояд қайд кард, ки хатар ва набудани амният ва суботи имрӯза тамоми роҳбарони дунёро мавриди баҳс ва гуфтугӯ қарор дода, барои истиқрор ва оромии он талош менамоянд. Онҳо ба ин назаранд, ки адолат, субот ва рушди ҳар минтақаи дунёро метавон бо барқарор кардани амният ва сулҳ ба даст овард.
Чунин назару тавсияҳо аз тарафи якчанд роҳбарони минтақаи Осиёи Ҷанубӣ, ки мардуми он гоҳу ногоҳ дар кашмакашҳо ва мухолифатҳо қарор доранд, муҳимтар арзёбӣ шудааст. Доимо даҳшати тиру террори хиёбонҳои Кобул, нофаҳмӣ ва мухолифатҳои ду кишвари ҳамсоя ва ҳамзабону дорои расму русуми муштарак ва дигар мушкилоти минтақаро мавриди омӯзиш қарор дода, метавон арзиш ва қимати сулҳу суботро ташхис кард ва гуфт, ки устувории рушди ҷомеа ва равобити тиҷоратии он вобастагии комил ба суботи минтақавии он мебошад.
Бояд эътироф кард, ки Афғонистон чун марказ ва пули иртиботиест, ки Осиёи Миёна, Осиёи Ҷанубӣ ва Осиёи Ғарбиро бо ҳам пайваст карда, равобити тиҷоратии минтақавиро таҳким мебахшад.
Инҷо бояд саволе мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирад, ки оё Осиёи Ҷанубӣ сулҳ ва оромии минтақавиро намехоҳад ва барои таҳкими равобит ва некуаҳволии мардум омода нест?! Ва оё субот ва амнияти Осиёи Миёна метавонад барои таҳкими муносибатҳои минтақавӣ кӯмак расонад, то пули тиҷоратии ин минтақа устувор ва рушд боқӣ монад?!
Оид ба ин саволҳо баъзе таҳлилгарони Кобул, Коломбо, Катманду, Исломобод ва Бейҷинг бо нашри китобе таҳти унвони “Таҳкими сулҳ ва ҳамкорӣ дар Осиёи Ҷанубӣ: Ҳавасмандиҳо ва маҳдудиятҳо” таҳия карданд.
Таҳиякунандагони китоб дар қадами аввал эътироф карданд, ки баъзе барномаҳои умдаи созмони ҳамкории минтақавии SAARC иҷро намешаванд ва ба ислоҳоти шадид зарурат доранд. Масоили марбут ба таҳкими равобити инсонӣ ва рушди иҷтимоӣ ва ҷилавгири аз воқеаҳои номуносиби ҷомеа дар афзоиши иқтисодӣ ва тиҷоратии минтақа монеа эҷод мекунанд.
SAARC яке аз созмонҳои стратегии минтақа буда, метавонад муштаракоти минтақаро аз нав барррасӣ карда, барои рушд ва суботи минтақа ҳамаро муттаҳид созад.
Таҳлилгарон барои рушд ва суботи минтақа шиори наверо таҳти унвони “афзоиш дар тиҷорат”, “коҳиш дар ҷангу ҷаҳолат”, “ҳамзабонӣ ё тиҷорати осмонранг” тавассути соҳилҳои дарёӣ ва заминӣ чун сутуни рушди устувор ва амният қабул карда, тавсия медиҳанд, ки таҳти ин шиор метавон муҷаддан ҳамкориро бо кишварҳои минтақа таҳким бахшид, минтақаро ба як маркази нави тиҷоратӣ, сайёҳатӣ ва саноатии Осиё табдил кард.
Хулоса, минтақаи Осиёи Ҷанубӣ ва Осиёи Миёна аҳамияти стратегии иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангии муштарак дошта, субот ва амнияти ин минтақа суботи равонӣ ва руҳии тамоми дунёро меоварад, зеро ин манотиқ таммаддун ва марокизи таърихиеро доранд, ки ҷаҳон ва хусусан Аврупо маъшуқ ва мафтуни онаст.
М. Раҳмонов,
ходими илмии Институт
Манбаъ: Islamabad Policy Research Institute SAARC and TAPI Online CASA-1000.org