ТАЪРИХИ ТАШАККУЛИ НИЗОМИ АНДОЗ ВА РУШДИ ФАЪОЛИЯТИ СОҲИБКОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Автор: ИИПСАЕ

Расм

  Дар инкишофёбии усулҳои андозситонӣ мо метавонем 3 давраи асосиро ҷудо намоем:
  Давраи 1-ум – аз дунёи қадим то аввали асрҳои миёна, давлат сохтори молиявӣ барои муайянкунӣ ва ҷамъоварии андозҳоро надошт. Давлат танҳо маблағеро муайян мекард, ки ба он эҳтиёҷ дошт ва ҷамъоварии онҳоро ба шаҳрҳо ва ҷамоатҳо месупорид.
  Давраи 2-юм – аз асри XVI то авали асри XIX – дар як қатор мамлакатҳо муассисаҳои молиявӣ пайдо гардида, давлат як қисми вазифаҳоро ба ӯҳдаи худаш мегирифт. Давлат имтиёзҳои андозбандиро муайян намуда, аз болои ҷамъоварии андозҳо назорат мебурд.
  Давраи 3-юм – давраи муосир – давлат тамоми вазифаҳоро оид ба муқарраркунӣ ва ситонидани андозҳоро ба зиммаи худ мегирад, чунки муқаррароти андозбандӣ аллакай сохта шудаанд. Мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ бо давлат нақши ёрии тарафайнро мебозанд, ки ин ё он дараҷаи мустақилиятро доранд [4. С-9].
  Асозгузори макотиби классикӣ, иқтисодчӣ ва яке аз асосгузорони назарияи андозбандӣ А.Смит дар асари машҳураш «Тадқиқот оиди табиат  ва сабабҳои боигарии халқҳо» гуфтааст, ки: «...андозҳо барои шахсоне, ки онҳоро мепардозанд, хусусияти ғуломӣ нею хосияти озод буданро маънидод мекунанд...» [6.-с.4].
  А. Смитро ҳамчунин асосгузори назарияи андозбандӣ мешуморанд ва маҳз ӯ чор принсипи классикии андозбандиро таҳия намуда буд, ки то ҳанӯз аҳамияти худро гум накардаанд ва дар низоми андози тамоми мамлакатҳо мавриди истифода қарор дорад. Ба ақидаи ӯ принсипҳои андозбандӣ бояд чунин бошад (ниг. расми 1):

                        
                                                                   Расми 1. Принсипҳои андозбандӣ [6.-с.11]
  Ислоҳоти низоми андози давраи навин бо таҳияи усулҳои нави ҳавасмандгардонии андозӣ барои фаъолияти сармоягузории субъектҳои хоҷагидорӣ, ки ба рушди сиёсати фискалӣ мусоидат мекунад, алоқаманд аст.
  Андоз пардохти ҳатмӣ барои ҳамаи субъектҳои хоҷагидорӣ ба шумор рафта, ба буҷети давлат пардохт мешавад, ки аз ин ҳисоб давлат метавонад вазифаҳои иҷтимоии худро иҷро намояд [8.-с.27].
  Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз замони истиқлолият то ин ҷониб ислоҳоти низоми андозбандӣ идома дошта, дар ин самт якқатор натиҷаҳо ба даст оварда шудааст, ки он ба рушди босуботи соҳаҳои хоҷагии халқ таъсири мусбат мерасонад. Мувофиқи Кодеки андозе, ки аз соли 1998 то 2004 мавриди амал карор дошт 18 намуди андозро дар бар мегирифт. Дар кодеки андози солҳои 2005 - 2012 бошад 21 намуди андоз мавҷуд буд, баъд аз ислоҳоти соли 2012 дар самти низоми андозӣ ҷумҳурӣ аз 01.01.2013 дар Кодекси андоз намудҳои андоз аз 21 ба 10 адад расид ва дар КАҶТ дар тақрири нав, ки аз 01.01.2022  мавриди амал қарор гирифт 7 намуди андозро ташкил медиҳад (ниг. ҷадвали 1), ки аз ду зина иборат мебошад:
  1) андозҳои умумидавлатӣ;            
  2) андозҳои маҳаллӣ.
                         Ҷадвали 1. Намудҳои андоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
   

аз соли 1998 то 2004

аз соли 2005 то 2012

аз соли 2013 то 2021

аз соли 2022

Андозҳои умумидавлатӣ

1.        

андози даромад ва шахсони воқеӣ

андоз аз даромади шахсони воқеӣ

андоз аз даромад

андоз аз даромад

2.        

андози фоида ва шахсони ҳуқуқӣ

андоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ

андоз аз фоида

андоз аз арзиши иловашуда

3.        

андоз аз арзиши иловашуда

андоз аз арзиши иловашуда

андоз аз арзиши иловашуда

аксизҳо

4.        

аксизҳо

аксизҳо

аксизҳо

андозҳо барои захираҳои табиӣ

5.        

пардохтҳои иҷтимоӣ;

андози иҷтимоӣ

андози иҷтимоӣ

андози иҷтимоӣ

6.        

андози замин;

андози замин

андозҳо барои захираҳои табиӣ

андоз аз фурӯш (алюминий).

7.        

андоз барои истифодаи захираҳои табиӣ

андоз аз истифодабарандагони қаъри замин

андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард

---

8.        

андоз аз амволи корхонаҳо

андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард

андоз аз фурӯши алюминийи аввалия

---

9.        

андоз аз соҳибони воситаҳои нақлиёт

андозе, ки тибқи низоми соддакардашуда  пардохта мешавад

---

---

10.     

андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард

андози ягона барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ

---

---

11.     

андози субъектҳои соҳибкории хурд аз рӯи системаи соддакардашуда

боҷи гумрукӣ ва дигар пардохтҳои гумрукӣ

---

---

12.     

андоз аз фурӯш (пахтаю алюминий)

боҷи давлатӣ

---

---

13.     

боҷи гумрукӣ ва дигар пардохтҳои гумрукӣ

андоз аз фурӯш (нахи пахта ва алюминийи аввалия)

---

---

14.     

боҷи давлатӣ

андози ҳадди ақал аз даромадҳо

---

---

15.     

андози ягона барои хоҷагиҳои деҳқонӣ

андоз аз маҳсулоти коркарди молҳо

---

---

16.     

 

роялти барои об

---

---

17.     

 

дигар пардохтҳои ҳатмии умумиҷумҳуриявӣ

---

---

АНДОЗҲОИ МАҲАЛӢ

1.        

андоз аз амволи uайриманқули шахсони воқеӣ

андоз аз амволи ғайриманқул

андоз аз воситаҳои нақлиёт

андоз аз молу мулк

2.        

андоз барои нигоҳдории нақлиёти ҷамъиятии мусофиркаш

андоз аз соҳибони воситаҳои нақлиёт

андозҳо аз молу мулки ғайриманқул

---

3.        

андоз аз амволи uайриманқули шахсони воқеӣ

андоз аз фурӯши  чакана

---

---

4.        

 

дигар пардохтҳои ҳатмии маҳаллӣ

---

---

   Манбаъ: Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон //Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, №21, 1998, №12. 2004, № 9, 2012,   2021.
 
  Дар ҳолатҳои дахлдор тибқи тартибе, ки КАҶТ пешбинӣ намудааст, андозсупорандагон метавонанд аз низоми махсус ва соддакардашудаи андозбандӣ истифода баранд. Бояд гуфт, ки баъзе
  Андоз аз даромад андози умумидавлатӣ буда, нақши муҳимро дар даромадҳои  буҷети давлатӣ дошта, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ситонида мешавад, ки қисми махсуси Кодекси андоз маҳз аз ҳамин андоз оғоз меёбад. Дар кодекси якуми андози кишвар ки аз соли 1998 то 2004 мавриди истифода қарор дошт, андози мазкур бо меъёри прогресивӣ яъне бо дар назардошти зиёд шудани даромади андозсупоранда меъёри андоз 10%, 15% ва 20% барои шахсони воқеӣ боло мерафт ва аз соли 2005 то соли 2021 меъёри 8% ва 13% буд. Барои корхонаҳо соли 1999 то 2004-ум 30% ва то соли 2021 ба 23% андозбандӣ карда мешуд. Айни ҳол андоз аз даромад барои кормандон 12% ва корхонаҳо 18 ва 20% мебошад.
  Андоз аз арзиши иловашуда андози умумидавлатӣ ва ғайримустақим аст, ки дар ҳар давра ва дараҷаи истеҳсолот ва савдои мол, иҷрои корҳо ва хизматрасонӣ аз афзоиши арзиш, инчунин дар мавриди воридоти мол рӯёнда мешавад [2.-с.420].
  Шахси машғули фаъолияти соҳибкорӣ, ки даромади умумиаш дар давраи пешинаи давомнокиаш на зиёда аз 12 моҳи пурраи пай дар пайи тақвимӣ аз ҳадди даромади 1 миллион сомонӣ зиёд шудааст, ӯҳдадор аст дар муҳлати на дертар аз 30 рӯзи тақвимӣ ба андозбандӣ тибқи низоми умумӣ гузарад ва ба мақоми андози маҳалли баҳисобгирии худ ҷиҳати бақайдгирӣ барои мақсадҳои андоз аз арзиши иловашуда якҷоя бо ариза барои гузаштан ба андозбандӣ тибқи низоми умумӣ ариза диҳад.
           Ҷадвали 2. Меъёрҳои андоз аз арзиши иловашудаи стандартӣ
дар давлатҳои Осиёи Миёна

Тоҷикистон

Узбекистон

Қирғизистн

Қазоқистон

меъёри -15%

меъёри - 15%

меъёри -12%

меъёри - 12%

    Манбаъ: Муаллиф дар асоси Кодекси андози давлатҳои мазкур тартиб додааст.
  Қайд кардан зарур аст, ки дар ҷумҳуриҳои Қирғизистон ва Қазоқистон (кишвари дорои сатҳи даромади аз миёна баланд) меъёри андоз аз арзиши иловашуда ба 12% баробар мебошад, ки ин сарбориро барои мизоҷон ва истеъмолкунандагон кам мекунад.
  Тавре аз маълумоти ҷадвали 4 аён аст, фарқияти байни меъёри ААИ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷумҳуриҳои ҳамсоя 6 фоизро ташкил дода, дар шароити авҷ гирифтани ҷаҳонишавӣ ба паст шудани рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ ва ҷолибияти сармоягузории кишвар оварда мерасонад.
  Бо мақсади таъмини бартарияти рақобатӣ, дастгирӣ ва ҳимояи манфиатҳои содиркунандагони ватанӣ дар бозорҳои хориҷӣ, тавсеаи иқтидори иқтисодӣ аксарияти кишварҳо ҳангоми содироти молҳо меъёри сифрии ААИ татбиқ менамоянд.
  Барои таъмини ҳавасмандгардонии ширкатҳои ватании баъзе соҳаҳои афзалиятнок дар низоми андози кишварҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон меъёрҳои пасткардашудаи ААИ мавҷуда аст, аз ҷумла дар Тоҷикистон:
- барои воридоти гандум 10%;
- иҷрои кори сохтмонӣ, хизматрасонии меҳмонхонавӣ ва хизматрасонии хӯроки умумӣ 7%;
- барои фурӯши маҳсулоти кишоварзии истеҳсоли дохилӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, хизматрасонии таълимӣ ва фаъолияти оид ба хизматрасонии тиббӣ дар осоишгоҳҳо ва истироҳатгоҳҳо 5%.
  Дар ҷумҳурии ҳамсоя Ӯзбекистон:
- барои соҳаи сохтмонӣ 8%;
- барои соҳаи савдо 6%;
- барои меҳмонхона ва хӯроки умумӣ 10%;
- барои соҳаи кишоварзӣ 4%;
- барои дигар фаъолиятҳо7%.
  Меъёри сифрӣ чунин маъно дорад, ки ААИ барои молҳои содиршаванда аз ҷониби таҳвилкунандагон пардохтшуда, ки бевосита ба хароҷоти истеҳсол ва фурӯши молҳои содиршаванда дохил мешаванд, метавонанд ба ҳисоб гирифта шуда, аз буҷети давлат ҷуброн карда шаванд. Моҳияти меъёри сифрӣ мусоидат ва ҳавасманд намудани молистеҳсолкунандагони ватанӣ барои содир кардани маҳсулоти худ ба хориҷи кишвар мебошад.
  Озодкунӣ аз ААИ чунин маъно дорад, ки фурӯшанда ҳангоми фурӯши мол дар дохили кишвар ва содироти он дар хароҷоти фурӯши мол ААИ-ро ҳисоб намекунад.
  Акcиз (аз калимаи лотинӣ «accido» гирифта шуда, маънояш мебурам мебошад) - андози ғайримустақими умумидавлатӣ буда, асосан аз молҳое (хизматрасониҳое) гирифта мешавад, ки барои тамоми аҳолӣ зарурӣ ва ё аввалиндараҷа намебошанд [3]. Аксиз андози ғайримустақим мебошад, ки ба нархи фурӯши молҳои (хизматрасониҳои) зераксизӣ дохил карда мешавад.
  Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз истеҳсолот ё воридоти молҳои андозпазир, ғайр аз мавридҳое, ки онҳо аз ин андоз озод карда шудаанд, аксиз рӯёнда мешавад [2.-с.420].
  Меъёрҳои андози аксиз аз ҷониби Ҳукумати ҶТ мутобиқи Номгӯи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ҳар сол муқаррар карда мешаванд. Меъёрҳои аксизҳо метавонанд бо фоизҳо (адвалорӣ) ва ё бо маблағи устувор (мутлақ) муқаррар карда шаванд.
  Меъёри аксиз барои хизматрасонии тлекомуникатсионӣ, алоқаи мобилӣ ва барқӣ дар ҳаҷми 5% то соли 2021 буд ва аз 01.01.2022 ба 7 фоизи манбаи андоз муқаррар карда шудааст.
  Андози иҷтимоӣ барои сафарбар кардани маблағҳо барои амалӣ намудани ҳуқуқи шаҳрвандон ба нафақаи давлатӣ ва таъминоти иҷтимоӣ (суғурта) равона шудааст.
  Андози иҷтимоӣ андозест, ки корфармо (муассисаи давлатӣ) барои кормандон аз ҳисоби фонди музди меҳнат бо меъёри 25% ва кормандон бо меъёри 1% ба фонди суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа пардохт менамояд. Дар муассисаи ғайридавлатӣ бошад корфармо барои кормандон аз ҳисоби фонди музди меҳнат бо меъёри 20% ва кормандон бо меъёри 2% ба фонди суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа пардохт менамояд.
  Андоз аз фурӯши алюминийи аввалия андози умумидавлатӣ буда, аз фурӯши алюминияи аввалия пардохт карда мешавад.
  Супорандагони андоз аз фурӯши алюминийи аввалия шахсоне мебошанд, ки объекти андозбандӣ доранд. Меъёри андоз аз фурӯш барои алюминийи аввалия 3 фоиз муқаррар шудааст. Бояд қайд кард, ки дар ҷумҳурӣ айни замон ин намуди андозро танҳо як андозсупоранда - КВД "ТАЛКО" пардохт менамояд.
  Бинобар ин, ҳамчун андози алоҳида бекор кардани андоз аз фурӯши алюминийи аввалия ва ҷорӣ намудани боҷи алоҳидаи давлатӣ барои фурӯши алюминийи аввалия ҷиҳати коҳиш додани шумораи андозҳо мувофиқи мақсад мебошад [7.- с.175,176].
  Шумораи умумии соҳибкорон (хусусӣ ва коллективӣ) ҷумҳурӣ ва дигар шаклҳои моликият дар ҷадвали 3 мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифтаанд.
                     Ҷадвали 3. Шумораи умумии субъектҳои хоҷагидор
аз руйи шакли моликият дар 1999 - 2020

Солҳо

Давлатӣ

Хусусӣ ва коллективӣ

Дигар шаклҳои моликият

Ҳамаги

адад

%

адад

%

адад

%

адад

1999

5757

29,1

13695

69,3

309

1,6

19761

2000

5784

27,2

15174

71,3

328

1,5

21286

2001

5976

24,7

17844

73,7

381

1,6

24201

2002

6138

22,7

20447

75,6

461

1,7

27046

2003

6166

20,7

23142

77,7

487

1,6

29795

2004

6370

15,8

33360

82,8

570

1,4

40300

2005

6601

14,7

37754

83,9

645

1,4

45000

2006

6760

13,5

42570

85,1

688

1,4

50018

2007

7611

13,7

47358

84,9

818

1,4

55787

2008

8599

13,6

53829

85

923

1,4

63351

2009

2581

13,5

15492

81,5

951

5

19024

2010

2592

10,3

21496

85,6

995

4,1

25083

2011

6868

23,6

21731

74,8

469

1,6

29068

2012

7618

23,4

24463

74,8

603

1,8

32684

2013

8856

22,2

30364

76,3

604

1,5

39824

2014

9047

21,4

32473

77

686

1,6

42206

2015

9161

21,6

32507

76,8

690

1,6

42358

2016

9356

22,1

32137

75,9

854

2

42347

2017

9098

21,7

32197

76,6

736

1,7

42031

2018

8940

20,7

33361

77,2

951

2,1

43252

2019

9838

21,2

35592

76,6

1035

2,2

46465

2020

10150

21,3

36434

76,5

1052

2,2

47639

2020 нисбати 1999

%

176,31

 

266,04

 

340,45

 

241,08

+,-

4393

 

22739

 

743

 

27878

  Манбаъ: Тоҷикистон 30 – соли истиқлолияти давлатӣ // Маҷмӯаи оморӣ. - Душанбе, АОПҶТ, 2021. 368 саҳ.
  Лозим ба қайд аст, ки шумораи умумии субъектҳои хоҷагидор дар давраи таҳлилӣ аз 19761 субъект дар соли 1999 то 47639 субъектро дар соли 2020 ташкил намуд. Субъектҳои хусусӣ ва коллективӣ, ки бахши соҳибкориро дар бар мегирад аз 70%-и шумораи умуми (13695 субъект) дар соли 1999 то 76,5% (36434 субъект) дар соли 2020 баробар шудааст, ки 22739 субъект корхона бештар мебошад. Дигар шаклҳои моликият бошад дар соли 1999-ум 309 корхона фаъолият намуда, ин нишондод дар солҳои минбаъда афзоиш ёфт, ки соли 2020 ба 1052 корхона расид ва нисбатан 743 корхона зиёд шудааст.
  Маблағҳои андозии пардохтнамудаи собъектҳои соҳибкории дар боло зикр гардида, нисбат ба буҷети давлат ва ММД тули солҳои 2015-2020 дар диаграммаи 1 мавриди таҳлил ва барраси карор дода шудааст.
  Аз рӯйи таҳлилҳо боят гумаълум гашт, ки воридоти андозӣ дар соли 2015 ба 10613,4 млн. сомонӣ ва то соли 2020-ум то ба 16952 млн. сомонӣ баробар шуд ва нисбат ба ММД 20%-ро ташкил намуд. Нишондиҳандаи мазкур дар давраи таҳлили аз 64% то 68%-и буҷети давлатӣ баробар гашт. Ҳамзамон буҷети давлатӣ дар соли 2015 аз 16586,5 млн. сомонӣ то 2020 ба 25065 млн. сомонӣ расидааст, ки нисбат ба ММД тамоюли тағирёбандаро медиҳад, соли 2015 буҷети давлатӣ ба 32,5% ва то соли 2020 ба 30,4%-и ММД баробар гаштааст.
 
                                                       Диаграммаи 1. Динамикаи ҳиссаи воридоти андозӣ ва буҷети давлатӣ
                                                                     нисбат ба ММД дар солҳои 2015-2020 (млн. сомонӣ)

                                  
  Манбаъ: Тоҷикистон 30 – соли истиқлолияти давлатӣ // Маҷмӯаи оморӣ. - Душанбе, АОПҶТ, 2021. 335 саҳ.
  Нақши маблағҳои соҳибкорон дар рушди фаъолияти сармоягузорӣ назаррас будар дар  диаграммаи 4 вазъи сармоягузорӣ ба сармояи асосӣ аз рӯйи шакли моликият оварда шудааст, ки дар соли 2020 аз рӯйи ҳамаи сарчашмаҳо ба маблағи 11775,5 млн. сомонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сармоягузорӣ шудааст, ва нисбати соли 2015-ум 120,8% зиёд буда, нисбат ба соли 2019 бошад ба андозаи 742,2 млн. сомонӣ ва ё 6%  ва соли 2018-ум 1585,5 млн. сомонӣ ва ё 12% коҳиш ёфтааст.
  Ҷадвали 4. Сармоягузорӣ ба сармояи асосӣ аз рӯи  шаклҳо моликият ( млн. сомонӣ)

Нишондиҳандаҳо

2015

2016

2017

2018

2019

2020

2020 нибати 2015

(бо %)

Ҳамагӣ дар ҷумҳурӣ

9750

11179,7

11371,5

13361

12517,7

11775,5

120,8

аз он ҷумла:

       

 

 

 

1

Давлатӣ

3446,0

4399,9

5013,8

6468,8

6261,4

5714,3

165,8

бо фоиз

35,3

39,4

44,1

48,4

50

48,5

 

2

Аҳолӣ

572,4

483,5

457,5

436,3

468,2

612,0

106,9

бо фоиз

5,87

4,3

4

3,3

3,7

5,2

 

3

Дигар ташкилотҳо

5731,5

6296,3

5900,3

6455,9

5788,2

5429,3

94,7

бо фоиз

58,8

56,3

51,9

48,3

46,2

46,1

 

  Манбаъ: Ҳисоби муаллиф дар асоси маълумотҳои Тоҷикистон 30 – соли истиқлолияти давлатӣ // Маҷмӯаи оморӣ. - Душанбе, АОПҶТ, 2021.  Саҳ. – 483.
  Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши маблағгузорӣ аз ҳисоби давлат дар манбаъҳои сармоягузорӣ ба сармояи асосӣ муҳим арзёбӣ мегардад. Дар давраи солҳои 2015-2020 дар маҷмӯъ аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ 31304,2 млн. сомонӣ ба сармояи асосӣ маблағгузорӣ гардидааст, ки дар соли 2020 ҳаҷми сармоягузории давлатӣ дар муқоиса бо соли 2015–ум 165,8%-ро ташкил дода, аз 3445,9 млн. сомонӣ ба 5714,3 млн. сомонӣ расид, ки 48,5 фоизи ҳаҷми умумии сармоягузориҳои соли 2020-ро ташкил намудааст.
  Дигар ташкилотҳои фаъолияти соҳибкорӣ, дар соли 2015 ин нишондиҳанда 5731,5млн. сомониро  ташкил дод, ки ин нишондиҳанда дар соли 2020 динамикаи тағийрёбандаро касб намуда ба 5429,3 млн. сомонӣ  ё 46,1%-и ҳаҷми сармоягузорӣ ба сармояи асосиро дар ин давра ташкил намуда.
  Нақши маблағҳои аҳолӣ дар сармоягузорӣ ба сармояи асосӣ назаррас буда соли 2015 ба маблағи 572,4 млн. сомонӣ баробар шуд, аз соли 2016 то 2018 ин  нишондиҳанда коҳиш ёфта маблағи 436,3 млн. сомониро дар соли 2018 ташкил намуд, ки 3,3%-и ҳаҷми сармоягузориҳоро дар бар гирифт, соли 2019 афзоиш ёфта 3,7% ё 468,2 млн. сомонӣ ва соли 2020 ба 5,2%-и сармоягузориҳоро (612 млн. сомонӣ) ташкил дод.
  Баҳри дарёфти ҳаллӣ муаммоҳо оид ба ҷамъоварии воқеии андозҳо пешниҳодҳои зерин пешкаш карда мешавад:
- ҷамъоварии даромадҳои давлатӣ, аз ҷумла андозӣ дар асоси пешгӯии воқеии иқтисодӣ моливӣ таҳия шуда, ҳамчун нақшаи ҳатмии ҷамъоварии даромадҳо арзёбӣ карда нашаванд;
- кам кардани хароҷоти андозсупорандагон бо роҳи васеъ намудани хизматрасониҳои электронӣ ва бекор кардани баъзе хароҷотҳои давлатӣ барои бақайдгирии андозсупоранда ба ҳайси соҳибкор;
- бештар намудани корҳои фаҳмондадиҳй ба андозсупорандагон;
- васеъ намудани табодули маълумот байни мақомоти гуногун аз ҷумла ташкилотҳлои карзӣ оиди ба таври электронӣ пардохт намудани андозҳо;
  Татбиқи чораҳои мазкур ҷиҳати бартараф намудани мушкилотҳои қайдгардида дар низоми андози ҶТ саҳмгузор хоҳад буд. Қайд кардан зарур аст, ки баробар кардани сатҳи меъёрҳои андозҳои дар мақомоти гумрук пардохтшаванда ба давлатҳои ҳамсоя албатта коҳиш додани меъёрҳои андози ААИ, боҷи гумрукӣ ва андозҳои аксизӣ ба маҳсулоти воридшаванда ва дарёфти сарчашмаҳои воридоти андозиро ба буҷети давлат дар назар дорад.
  Дар навбати худ камомади кӯтоҳмуддати буҷети давлат дар натиҷаи паст кардани меъёрҳои андоз ва боҷҳои гумрукӣ аз ҳисоби ҷалби сармоягузорону соҳибкорон аз иқтисодиёти ниҳонӣ ба иқтисодиёти расмӣ, кам шудани қочоқ, васеъ гардидани сарчашмаҳои андозбандӣ аз ҳисоби афзоиши майл ба фаъолияти соҳибкорию сармоягузорӣ ва зиёд шудани таъсиси субъектҳои нави соҳибкорӣ, инчунин роҳандозии хизматрасониҳои муосири давлат ба аҳолӣ ва соҳибкорон рӯйпӯш карда мешавад.
 
                                                                                     АДАБИЁТ
  1. Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон //Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, №21, 1998, №12. 2004, № 9. 2012, 2021.
  2. Омори солонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон. // Маҷмӯаи оморӣ. - Душанбе, АОПҶТ, 2017-2020 саҳ. - 20, 207, 420.
  3. Сомонаи Википедия “Энсклопедияи озод” URL: https://tg.wikipedia.org/wiki/Аксиз (санаи муроҷиат 20.01.2022).
  4. Николаев И.П. Экономическая теория: Учебник для студентов вузов / Под ред. проф. И.П. Николаевой, проф. Г.М. Казиахмедова. 3-е изд., перераб. и доп.-М.: ЮНИТИ-ДАНА, 2005
  5. Тоҷикистон 30 – соли истиқлолияти давлатӣ // Маҷмӯаи оморӣ. - Душанбе, АОПҶТ, 2021. 368, 472 саҳ.
  6. Черник Д.Г. Налоги и налогообложение. // Учебное пособие, под. ред. Д.Г. Черник - 2-е изд., перер. и доп. - М.: ЮНИТИ-ДАНА, 2011. С. 11, 19 
  7. Яқубзода М.С. Паст кардани меъёрҳои андоз ҳамчун воситаи ҳавасмандгардонии фаъолияти сармоягузорӣ // Паёми Донишгоҳи технологии Тоҷикистон. - № 3(42), Душанбе: ДТТ, 2020. с.175-176.
  8. Яқубзода М.С. Танзими андозбандӣ ва таъсири он ба фаъолияти сармоягузорӣ дар иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон // Монография. Душанбе: ДТТ, 2022. с.27.
 
Яқубзода Маъруф Садруддин
ходими илмии шуъбаи
Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ

НАЗАД