ТЕРРОРИЗМ – ХАТАРИ ГЛОБАЛӢ

Автор: ИИПСАЕ

Расм

   Яке аз масъалаҳои доғе, ки имрӯз тамоми ҷаҳониёнро ба ташвиш овардааст, ин терроризм ва экстремизми динӣ ва мазҳабӣ мебошад. Ба назари муҳаққиқон ва коршиносон, терроризм - сиёсат бар асоси истифодаи мунтазами террор ба ҳисоб меравад. Аммо, новобаста аз қувваи ҳуқуқии истилоҳи «терроризм», таърифи он то кунун духӯра боқӣ мемонад. Вожаи «террор» (лот. terror - ҳарос, даҳшат) дар забони форсӣ-тоҷикӣ ба унвони «ваҳшатафканӣ», «даҳшатафканӣ» ё «ҳаросафканӣ» ном бурда шудааст. Аз рӯйи ҷуғрофия терроризм ба терроризмҳои давлатӣ, фаромиллӣ, маҳаллӣ ва фардӣ тақсим мешавад, вале ин ягона тақсимбандӣ нест. Олимон боз терроризмро ба терроризми сиёсӣ, динӣ, миллигароӣ, терроризми ҷаҳонӣ, наркотерроризм, кибертерроризм ва терроризми ҳастаӣ, кимиёвию биологӣ тақсим намудаанд. [1]    Экстремизм бошад, ин пайравӣ ба назария ва чорабиниҳои ифротӣ (хусусан, дар сиёсат), ифротталабӣ мебошад.
   Мо ҳама шоҳиди он мебошем, ки қариб ҳар рӯз дар ҳар гӯшаю канори дунё амалҳои даҳшатноки террористӣ бо истифода аз моддаҳои тарканда, аслиҳаи оташфишон, яроқи сард ва шахсони худкуш ба амал меояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки худ ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронидааст ва ин даҳшатро батамом эҳсос менамояд, дар қатори дигар кишварҳои ҷаҳон бо терроризм ва экстремизм мубориза мебарад. Дар ин замина асноди марбута ба тасвиб расидааст, аз ҷумла бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 2016, №776 Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020 тасдиқ карда шудааст. Яке аз вазифаҳои марҳилаи аввали татбиқи Стратегияи мазкур муаррифии васеи Стратегия ва ҷалб намудани таваҷҷуҳи мақомоти давлатӣ ва аҳли ҷомеа ба он буда, ҳамзамон бахши махсуси он ба масъалаҳои гендерӣ ва ҷалби занон ба пешгирии экстремизм бахшида шудааст.
   Тавре Роҳбари давлат қайд карданд, вазъи имрӯзаи минтақа ва ҷаҳон аз ҳамаи мақомотҳои қудратӣ тақозо дорад, ки барои ҳама гуна ҳолатҳо омода бошанд. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии кишвар бояд диққати асосиро ба касбият ва омодабошии ҳайати шахсӣ равона карда, ҳама вақт дар мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва қочоқи маводи мухаддир омода бошанд. Ҳодисаҳои охири Шарқи Наздик, Осиё ва Африқо аз он шаҳодат медиҳанд, ки терроризм имрӯз ба масъалаи рақами як табдил ёфтааст. Зиёд шудани амалҳои террористӣ дар минтақа, аз ҷумла дар Афғонистон, боз ҳам вазъи ҷойдоштаро мураккаб месозад. Терроризм ва экстремизм ба ҳар як кишвар ҷиддӣ таҳдид мекунад ва аз ин лиҳоз бо ин зуҳуроти номатлуби асри XXI бояд якҷоя мубориза бурд. [2]
   Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон дар самти мубориза бо ин вабои аср аз тамоми имконот истифода мекунад. Ҳангоми суханронии худ дар кушодашавии конфронси байналмиллалии сатҳи баланд дар Душанбе дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва экстремизм” Президенти кишвар қайд карданд, ки яке аз омилҳои паҳншавии террроризм интернет мебошад. Бар ин асос ташкилотҳои террористӣ технологияҳои иттилоотии замонавиро фаъолона мавриди истифода қарор медиҳанд. Аз ҷумла, онҳо шабакаҳои интернетиро барои ташвиқу тарғиби экстремизм, ҷалби насли наврас ва ҷавон ба сафҳои худ, омода ва роҳбаладии онҳо барои амалҳои зишт ва харобиовар истифода мебаранд. Қочоқи маводи мухаддир яке аз сарчашмаҳои маблағгузории терроризм ва экстремизм буда, аз соли 1994 то соли 2018 аз ҷониби сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва мақомотҳои қудратӣ зиёда аз 120 тонна маводи мухаддир мусодира карда шудааст.[3] Маҳз фурӯши ғайриқонунии маводи мухаддир, яроқи оташфишон яке аз манбаъҳои асосии маблағгузории терроризм ба шумор меравад.
   Ҳодисаҳои нангини чанд соли ахир, ки дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон иттифоқ афтодааст, аз вуҷуд ва ҳузури фарогири терроризм ва экстремизм дар зиндагии рӯзмарраи мардуми сайёра дарак медиҳад. 15 марти соли 2019 дар масҷиди ан-Нур ва Маркази исломии Линвуд дар шаҳри Крайчестчерчи Зеландияи Нав амали террористӣ анҷом ёфт, ки дар натиҷа зиёда аз 50 нафар ҳалок шуданд. Ин амали нангин аз ҷониби Брентон Харрисон Таррант, шаҳрванди 28-солаи Австралия ва шарикони ӯ анҷом дода шуд. Онҳо бо як бераҳмӣ бо яроқи оташфишон одамонро зери ҳадаф қарор доданд, ки асосан шаҳрвандони оддӣ буданд. Мусулмонон дар Зеландияи Нав камтар аз 2 дар сади аҳолиро ташкил медиҳанд. Вале дар даҳсолаи охир шумораи онҳо аз ҳисоби муҳоҷирони Осиёи ҷанубу шарқӣ рӯ ба афзоиш дорад, ки онҳо барои ҷустуҷӯи кори хуб бо маоши баланд ва шароити беҳтари зиндагӣ ба ин кишвар сафар мекунанд. Ҳамчунин дар шаҳр донишҷӯёни зиёд аз кишварҳои Осиё ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки онҳо барои таҳсил ва гирифтани маълумоти олӣ меоянд.[4]
   Аз сӯйи ғайримусулмонон мавриди ҳадаф қарор гирифтани мусулмонон далели он аст, ки терроризм ва экстремизм дар доираи як дин ва ё мазҳаб маҳдуд намешавад ва дар хама ҳолат таҳдиди ҷиддиест барои инсоният. Амали террористии дар Зеландияи Нав ба вуқӯъ пайваста Сарвазири кишвар Ҷасинда Ардернро бетараф гузошта натавонист ва ӯ оид ба ин ҳодисаи мудҳиш вокуниши ҷиддӣ нишон дода, зуҳури ин ҳодисаро яке аз рӯзҳои сиёҳтарин дар таърихи мамлакат унвон кард. Мавсуф таъкид намуд, ки: “он чи ки дар ин ҷо рух дод, амали ногуфтании зуроварӣ мебошад. Бисёре аз ҷабрдидагон аъзои ҷамъияти муҳоҷирон мебошанд ва Зеландияи Нав хонаи онҳо мебошад, онҳо – мо ҳастем”.[5]
   Ин амали террористӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳкум карда шуд. Вале, мутаассифона, баъд аз чанд муддате дар Шри Ланка амали террористӣ ба анҷом расид, ки бар асари он зиёда аз 253 нафар ҳалок ва зиёда аз 500 нафар захмӣ шуданд. Рӯзҳои 21 ва 22 апрели соли 2019 дар чанд шаҳри Шри Ланка, аз ҷумла маркази фарҳангӣ ва молиявии ин кишвар шаҳри Коломбо, дар се калисои католикӣ ва чаҳор меҳмонхона таркишҳо ба амал омаданд, ки шумораи онҳо ба нуҳ расид. Аз ҷониби мақомоти қудратӣ 40 нафар террорист дастгир карда шуданд, ки онҳо бо ташкилоти “National Thowheeth Jama’ath” алоқамандӣ доштанд. Аз нуҳ таркиши рухдода дутои он аз ҷониби террористони худкуш анҷом дода шудааст. Дар ин ду ҳолати дар боло зикршуда метавон боз як бори дигар хулоса кард, ки терроризм дин, миллат, забон, сарҳад ва давлат надорад.
   Дар ин ду ҳолат ҳам шаҳрвандони оддие, ки ба сиёсат сари кор надоштанд, кушта шуданд. Пас, чӣ гуна метавон ин махлуқон(террористон дар назар аст)-ро, ки дар вуҷуди онҳо ягон зарра раҳму шафқати инсонӣ вуҷуд надорад, инсон номид? Албатта, инҳо инсон нестанд, танҳо сурати инсонӣ доранду халос.
   Тақрибан ҳар рӯз тариқи васоити омма хабарҳо дар бораи амалҳои террористӣ дар давлатҳои мусулмон, ба монанди Афғонистон, Покистон ва амсоли инҳо паҳн мешаванд, ки ин ҳам хеле нигароникунанда аст.
   Маҷаллаи англисии “Economist” қайд мекунад, ки байни солҳои 2000 ва 2004 дар натиҷаи 240 ҳуҷуми дорои характери динӣ 620 нафар ҳалок шуд. Аз он марҳила то ин замон сатҳи чунин намуди амалҳои террористӣ якбора боло рафта, байни солҳои 2013 - 2017 шумораи онҳо ба 1400 расида, бар асри ин навъ ҳаводиси номатлуб зиёда аз 4 ҳазор нафар ҷони худро аз даст дод.
   Аз лаҳзаи созмон ёфтани ба ном “Давлати Исломии Ироқу Шом” (ДИИШ) дар соли 2014 ҷуғрофиёи терроризми динӣ тавсеа ёфт. Агар пештар террористон тамоми ғазаби худро нисбати “душмани дур” (ИМА ва Ғарб) равона мекарданд, имрӯз бошад, пайравони онҳо тибқи дастури хоҷагони худ ба масҷидҳо, калисоҳо, синагогаҳо ва дигар амокини ҷамъшавии мардум ҳуҷумҳои марговар анҷом медиҳанд. Асосан, ҳадафи террористон одамони бегуноҳ қарор мегиранд ва мақсади онҳо паҳн намудани ваҳму даҳшат ва нооромӣ дар кишвар мебошад. Вале ин амалҳои нанговар ба ягон дин ва мазҳаб рост намеояд ва онро наметавон бо ягон далел сафед кард. Чунки ба қатл расонидани инсон бо ҳар шаклу услуб ин худ ҷиноят ҳисоб мешавад, новобаста аз он ки он аз ҷониби намояндаи кадом дин ва равияи динӣ амалӣ шудааст. Аз ин ҷост, ки террорист душмани тамоми башарият ҳисобида мешавад.
   Пас аз пош хӯрдани халифати исломӣ дар Сурия, пеш аз ҳама, дар натиҷаи амалиётҳои ҳарбии Федератсияи Россия, тақрибан панҷяки урдуи 40- ҳазорнафараи зархаридон ба кишварҳои худ баргаштанд, ки ин ҳам бошад, зиёда аз 80 давлати дунёро дар бар мегирад. Алоқа, таҷриба ва кӯшишҳои онҳо дар мубориза бо “кофирон” амалҳои онҳоро басе хатарнок менамояд.
   То имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ имконияти муваффақонаи мубориза бурданро бо терроризми байналмиллалӣ надорад. Сурия, Ироқ, Ливия, Яман, Миср, Алҷазоир, Малӣ, Афғонистон – аз ҷумлаи кишварҳое маҳсуб меёбанд, ки имрӯз аз фаъолияти густурдаи террористон ва экстремистон ранҷ мебаранд. Ҳодисаҳои мудҳиши террористӣ дар ҳар гӯшаю канори ҷаҳон аз фаъолияти густурдаи шабакаҳои террористӣ ва экстремистӣ гувоҳӣ медиҳад ва ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд ҳама неруи худро барои мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб муттаҳид созад, то ин ки роҳи сар задани дигар амалҳои террористӣ гирифта шавад. Вале, мутаассифона, сиёсати духӯраи баъзе кишварҳо сабаби он мешавад, ки ин вабои асри 21 дар ҳар тарафи дунё бо тобишҳои нав зуҳур кунад ва аз ин тариқ таҳдиду фишорҳо алайҳи башарият ва ҷомеаи ҷаҳонӣ афзун гардад. [6]
   Ҳанӯз аз қадим маълум буд, ки ҳар қадар ин ё он сохтор мураккаб бошад, ҳамон қадар барои фишор аз берун мусоид аст.Тамаддуни имрӯзаи постиндустриалӣ он қадар мураккаб аст, ки бе ягон террорист ҳар сари чанд вақт метаркад, яъне барои инсон хатарнок мебошад. Шумораи зиёди коммуникатсияҳо, ки ба осонӣ метавон онҳоро аз ҳам ҷудо кард, нуқтаҳои ҳаётан муҳим, ки онҳоро метавон нест кард ва ҳамин тариқ, эффекти домино ва бетартибии идоранашавандаро ба вуҷуд овард.
   Департаменти давлатии ИМА ҳамасола гузориши худро оид ба тамоюли терроризми байналмиллалӣ бо омор ва таҳлили дақиқназарона нашр мекунад. Дар ин гузоришҳо маълумотҳои беандозаи гуногунро метавон дарёфт намуд. Маълум мешавад, ки тамоми шаклу жанрҳои терроризм маълум ва аз тарафи мутахассисон таҳлил карда шудаанд. Якум, ин терроризми байналмиллалӣ мебошад, ки дар он макони ин ё он амалҳои террористӣ он қадар муҳим нест ва дар миёни террористон ашхоси миллатҳо ва динҳои гуногун қарор доранд. Дар чунин ҳолат актҳои террористӣ бар зидди назароти сиёсию динӣ ва ташкилотҳои байналхалқӣ равона шуда, фаъолияти террористӣ бошад, аз хориҷи кишвар маблағгузорӣ карда мешавад. Дуюм ин ки, терроризми дохилӣ, ки дар он амалҳои террористӣ дар дохили кишвар амалӣ мешаванд, гурӯҳи террористӣ аз шаҳрвандони як кишвар, миллат ва мазҳаб иборат буда, объекти мубориза бошад, мушкилоти дохилии кишвар мебошад (масалан, баскҳои Испания ё Армияи ҷумҳуриявии Ирландия). Дар алоҳидагӣ боз як шакли дигари терроризм – иншоотӣ ва маҳаллӣ ишора мешавад, ки дар он амалҳои террористӣ нисбати объектҳои ҳаётан муҳим, ки онҳоро террористон хатарнок ва зиёновар меҳисобанд, амалӣ мешавад.
   Тавре ки муаллифи китоби “Психологияи терроризм” Д. В. Олшанский дар китоби худ қайд мекунад: “Дар бораи терроризм ёд доштан ин аз ҳама кори осон ва ҳамзамон аз ҳама мураккаб аст. Ҳатто таркиши биноҳои истиқоматӣ дар Москва ба сокинони пойтахт бодиққат буданро наомӯхт. Нақл мекунанд, ки пеш аз таркиш дар Волгодонск кадоме аз террористон ба як ҳуҷраи ин бинои маҳкумшуда занг зада пурсидааст, ки чӣ хел шумо дар дӯзах мехобед? Албатта, ин далели ниҳоят даҳшатангез аст. Вале даҳшат дар он, ки нафареро дар нимашаб аз хоб бедор карданд ва ӯ танҳо дашном дода гӯшакро гузоштааст. Ӯ ба чунин занг аҳамият надод, чунки имкон доштани терроризм дар мафкураи мо ҳанӯз ҷой нагирифтааст. Бовар кунед, дар ин ҳолат дар Испания, Ирландия ва ё Иcроил тамоман дигар хел аксуламал нишон медоданд. Одами аз хоб бедор кардашуда танбалӣ накарда ба пулис телефон мекард, бонги хатар мезад, хонаашро тарк мекард. “Эҳтиёткорро, - чунонки мегӯянд, - Худо нигоҳ медорад”. Бо беэҳтиётон чӣ мешавад, мутаассифона, маълум аст.
   Дар ёд доштани он ки мо дар даврони терроризм зиндагӣ мекунем, ин маънии онро дорад, ки бояд худро, мафкура ва рафтори худро ба дарку фаҳми гирду атроф, он чи ки рух медиҳад ва рафторамонро ба зиндагӣ мутобиқ кунем. Ин маънои онро дорад, ки мо бояд на танҳо рақамҳои машҳури «01», «02» ва «03», ки ба ин рақамҳо дар шаҳрҳои калон акнун занг задан хеле душвор шудааст, инчунин телефонҳои аз ин ҳам фаврӣ ва натиҷабахши Хадамоти наҷотдиҳӣ, гурӯҳҳои маҳаллии Вазорати мудофиаи гражданӣ ва ҳолатҳои фавқуллодаро бояд аз ёд донем. Ин маънои онро дорад, ки мо бояд пешакӣ ба куҷо давидан ва дар ҳолатҳои фавқулода ва буҳронӣ-критикӣ чӣ карданро донем. Ин маънои онро дорад, ки ҳуҷҷатҳо ва пулҳои худро, ашёҳои эҳтиёҷоти аввалияро на дар паси ҳафт қулф, балки дар ҷойҳои дастрас нигоҳ дошта ва дар ҳолати зарурӣ вақти зиёди худро барои кофтукови онҳо сарф накунем.
   Таҷрибаи кишварҳо ва халқҳои гуногун нишон медиҳад: агар одамон дар хотир дошта бошанд, ки дар зиндагӣ терроризм ва терррористҳо вуҷуд доранд, рафтори онҳо худ аз худ бо тарзи автоматӣ таҳти таъсири таҳдидҳои потенсиалӣ қарор мегирад. Он вақт одамон бодиққат, эҳтиёткор, ҳушёр мешаванд. Дар ҳеҷ ваҷҳ, сухан дар бораи воҳима, тарси доимӣ, ки бо он зиндагӣ кардан номумкин аст, намеравад. Вақти он расидааст, ки аз одатҳои номураттабӣ, беаҳамиятӣ, саҳлангорӣ, бепарвоӣ ва амсоли инҳо даст кашем ва ҳамеша дар ҳолати омодабош қарор бигирем.
   Дар муқоисаи орзуҳои мо, “тавакалӣ”-и дустоштаи мо, танҳо сатҳи баланди худинтизомӣ даркор аст. Худ ва муҳити атрофро боинтизом карда, одамон онро ба даст меоранд, ки террорист дар чунин муҳит намоён мешавад, чунки ӯ ҳама вақт ин ё он қоидаҳои муқаррарии “интизоми” зиндагиро вайрон мекунад. Шахси бадандеш ягон чизи ғайримуқаррарӣ, калон ва ғайримаъмулӣ печонида шударо дар даст дорад. Ё ин ки ҷайби ӯ бо тарзи аҷиб намоён мебошад. Ё ин ки вай ба зери автомашинаи шахси бегона даромада, дар он ҷо ба чӣ коре машғул мебошад. Ё ин ки худро ба таври дигар нишон медиҳад, ки дар пасманзари зиндагиии имрӯза аҷоиб мебошад.[7]
   Тавре ки ишора кардем, шинохти терроризм ва экстремизм тақозои замон аст ва бехабарию ноогоҳӣ аз ин навъ таҳдидҳои ҷиддии башарӣ зиндагиро дар сайёраи инсонӣ мушкил месозад. Зеро ки террористон ва экстремистон дар ҳар миёни ҳар қавму миллат ва ҷомеа вуҷуд доранд ва илова бар ин, гурӯҳҳо ва созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ аз ҷониби иддае аз қудратҳои ҷаҳонӣ ва хадамоти махсуси иттилоотии баъзе кишварҳо пуштибонии молию пулӣ ва сиёсию мафкуравӣ меёбад. Ин ҳолат моро водор месозад, ки пайваста ҳушёру зирак бошем ва дар иттиҳоду ҳамбастагии равонӣ, фикрию иҷтимоӣ ва сиёсию мафкуравӣ алайҳи ҳама гуна фишору тааррӯз ва террору ифротгаройӣ муборизаи беамон бубарем.
Иззатулло Саримсаков,
ходими илмии Институт

[1] https://tg.wikipedia.org/wiki/Терроризм
[2] http://avesta.tj/2016/01/20/emomali-rahmon-o-terrorizme-sirii-i-sentyabrskom-myatezhe
[3] https://tj.sputniknews.ru/main/20180504/1025467886/rahmon-prichiny-nazval-terrorizm.html
[4] https://www.gazeta.ru/social/2019/03/15/12243355.shtml
[5] https://www.gazeta.ru/social/2019/03/15/12243355.shtml
[6] http://www.ng.ru/world/2019-04-29/8_7569_terror.html
[7] Дмитрий Вадимович Ольшанский. ПСИХОЛОГИЯ ТЕРРОРИЗМА. Питер, 2002. С.197

НАЗАД