Терроризм ва эстремизм яке аз мушкилотҳои ҷаҳони мусосир ба ҳисоб меравад, ки ҳамаи ҷаҳониёнро бо таҳдиду хатарҳои зиддиинсонияш ба ташвиш овардааст. Гарчанде ки мафҳуми тероризм ва экстеримизм танҳо ба Ислом ва мазҳабҳои он рабт дода шавад ҳам, дар асл терроризм ва экстеримизм дину мазҳаб надорад. Зеро ба гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ гурӯҳи одамоне ҳамроҳ мешаванд, ки дониши кофӣ надоранд. Сардорони гурӯҳҳои террористӣ бошанд, бо истифода аз ҳар гуна таблиғотҳои ифродгароӣ барои ноором кардани манотиқҳои гуногуни сайёраи олам одамонро бо роҳи фиреб ба сафи худ ҳамроҳ намуда, гурӯҳҳои калони террористиро ташкил медиҳанд, ки имрӯзҳо мутаассифона шумораи онҳо зиёд шуда истода, илова бар ин, қариб дар ҳамаи минтақаҳои олам ба чашм мерасанд.
Бинобар ақидаи коршиносон, терроризм як навъи шиддати сиёсӣ буда, дар вақтҳои охир на танҳо сохтору низоми давлатӣ, балки низоми байналмилалиро зери хатар гузоштааст. Терроризм як намуди фаъолияти тундгароӣ-сиёсие мебошад, ки барои тамоман аз байн бурдан ва ё тағйироти куллӣ ворид кардан ба режими сиёсии ҷорибудаи ягон давлат ва ба роҳ мондани як қатор фаъолиятҳои радикалии ғайриқонунӣ дар шакли гурӯҳӣ аз ҷониби террористон равона карда шудааст. Терроризм дар бисёре аз мавридҳо ҳамчун воситаи асосии “шӯришҳои мардумӣ”, “муқовиматгарони зиддиконститутсионии ҷудоихоҳ”, “ҷангҳои дохилӣ” ва “ҷангҳои динию мазҳабӣ” аз ҷониби қувваҳои беруна бар муқобили давлат ё ҳукумат рӯи кор оварда мешаванд, ки ҳамаи ин ҳодисаҳо аз як тараф бар хилофи қонун буда, аз тарафи дигар саросар дорои характери тундгароӣ ва ифродгароӣ мебошанд. Ба маънои умум террор, амали якҷояи гурӯҳест, ки бо истифода аз яроқу аслиҳа ва идеологияи тундгароӣ бар зидди давлат равона карда шудааст.
Коршиносон терроризмро вобаста ба мақсади ташкилёбиаш ба се гурӯҳ ҷудо мекунанд: 1. терроризми идеологӣ (чапу рост), 2. терроризми нажодӣ (миллатгароӣ/ҷудоихоҳӣ) ва терроризми динӣ.
Имрӯзҳо, дар ҷаҳон, гарчанде ки якчанд намуди гурӯҳҳои террористию экстримистӣ фаъолият дошта бошанд ҳам, вақте ки калимаи “терроризм ва экстремизм” – ро рӯи забон орем, сараввал дар ойинаи шуури мо терроризми динӣ намудор мешавад, ки ин мантиқан дуруст ва айни муддаост. Зеро дар замони мосир ин намуди терроризм аз ҷониби сенаристоне, ки бозиҳои калони ҷаҳониро тарҳрезӣ мекунанд, бисёртар рӯи кор омада истодаасту инсониятро бисёртар ба ташвиш овардааст. Агар мо ба таърихи пайдоши терроризми динӣ нигарем, дидан мумкин аст, ки якумин гурӯҳи террористии динӣ дар солҳои 60-73 – и мелодӣ бо номи “гурӯҳи Зеалот” дар миёни пайравони дини Масеҳӣ ба миён омадааст.
Гурӯҳҳои терористии ЕГИЛ, ДОИШ, Толибон, Ихвон-ул-муслимин, ва ғайра бошанд, маъмултарин гурӯҳҳои террористии характери динидоштаи ҷаҳони имрӯз ба ҳисоб мераванд. Ногуфта намонад, ки Ҳизби назҳати ислом, ки бинобар характер ва амалҳои террористӣ доштанаш фаъолияти он дар кишварамон аз 29 -уми сентябри соли 2015 қатъ ва ин ҳизб ба рӯйхати гурӯҳҳои террористӣ – экстремистии ҷаҳонӣ дохил карда шуд, яке аз гурӯҳҳои терористӣ – экстремистии характери динӣ – мазҳабидошта ба ҳисоб меравад.
Ва, чигунае ки дар боло низ қайд кардем, гурӯҳҳои террористӣ одатан шахсони гумроҳу бемаълумотро бо истифода аз роҳҳои гунонун ба ҷониби худ мекашанд, ки маъмултарини онҳо ВАО ва шабакаҳои интернетӣ мебошад. Онҳо тавассути шабакаҳо ва сомонаҳои гуногуни интернетӣ, ки ин ба онҳо имкони дар як вақт ба кулли олам паҳн кардани ҳамагуна маълумотро фароҳам меоварад, корҳои ташвиқу таблиғотии тундгароии худро пеш бурда, қишрҳои гуногуни ҷомеаро ба худ ҷалб менамоянд, ки аксарияти онҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд. Бинобар ин, барои пешгирӣ кардани ҷалб шудани ҷавонон ба ин гурӯҳҳо, моро мебояд, ки фаъолиятро шурӯъ аз муҳити оила то макотибҳои оливу ҳама намуди корхонаву ташкилотҳо, новобаста аз шакли фаъолият ва мансубияти моликиашон пурзӯр намоем. Ташвиқи садоқат ба ватан ва арзишҳои миллӣ дар байни ҷавонон, баланд бардоштани рӯҳияи ватанпарварию меҳандорӣ, ташкил ва гузаронидани ҷорабиниҳо ва семинарҳо бобати қавигардонии зиракии сиёсӣ дар байни ҷавонон, ҳамкории мунтазами мақомот ва сохторҳои қудратӣ бо ҷомеа ва хусусан ҷавонон метавонад, садди роҳи ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ бошад. Аммо ин танҳо як тарафи роҳи ҳалли масъаларо ташкил медиҳад. Тарафи дигари роҳи ҳалли масъала пурзӯр кардани фаъолиятҳои пешгирикунӣ аз радикализм ва терроризм тариқи шабака ва сомонаҳои интернетӣ ташкил медиҳад. Зеро дар ҷаҳони имрӯз интернет босуръаттарин, бонуфузтарин ва дастрастарин манобеи иттилоотӣ ба ҳисоб меравад, ки тариқи он ҳамагуна маълумот дар муддати сонияҳо пешкаши зиёда аз 4 миллиард истифодабарандагони шабакаҳои иинтернетӣ карда мешавад. Аз ҳамин лиҳоз, бояд барои ҳифзи амният ва манфиати миллӣ, пеши роҳи гардиши ҳама гуна маводҳои тарғиботии хусусияти терористӣ–экстремистидоштаро дар шабакаҳои интернетӣ бо истифода аз технологияҳои назоратии муосир, ки баҳри боздошти маълумотҳои бардуруғу ифротангез равона карда шудаанд, гирифт. Дар ин самт бошад моро мебояд, ки аз таҷриба ва стратегияи давлатҳое, ки дар самти мубориза бо терроризм ва роҳҳои пешгирӣ аз он ба натиҷаҳои навзаррас ноил гардидаанд самарранок истифода намоем. Ва ин самт бояд ҳамкориҳои мунтазамро бо ниҳодҳои дохилӣ ва ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ пурзӯр намоем. Зеро мубориза барҳи наҷоти ояндаи инсоният аз ифротгароию тундгароӣ алалхусус терроризм, ки ҳамаи инҳо дар натиҷа амалҳои дорои характери ҷиноятӣ ба ҳисоб мераванд, дар якҷоягии ҳамаи халқиятҳо оссонтар, таъсировартар ва натиҷабахш хоҳад буд.
Турсунов Ҳусен
ходими хурди илмии шуъбаи
Шарқи Миёна ва Наздик