Ҷумҳурии Ҳиндустон дар солҳои 1996-2001 чигуна нақшро дар ҳаллӣ буҳрони Афғонистон дошт?

Автор: ИИПСАЕ

Расм

Имрӯзҳо қазияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон баъди маротибаи дуюм аз ҷониби “Толибон” запт шудан, таваҷҷуҳи тамоми муҳақиққону донишмандонро ҷалб намудааст. Ҳайати мазкур дар воқеияти асли саъй доранд, ки перомуни ин кишвари ба хун оғушта, ки мардумаш (ба хусус занони ин кишвар) зиёда аз чаҳор даҳсола ба ин ҷониб оромию сулҳу суботро орзуманданд, фикру ақида ва ё назареро иброз дошта бошанд.
Мо низ дар паҳлуи пажуҳишгарону сиёсатшиносони дохилию хориҷӣ хостем ба ҳайси муҳаққиқи ҷавон чанд нуктаро дар мавриди “Ҷумҳурии Ҳиндустон чи гуна нақшро дар солҳои 1996-2001 дар ҳалли буҳрони Афғонистон дошт”, мавриди баҳс қарор диҳем.  
Новобаста аз он ки Ҷумҳурии Ҳиндустон бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон сарҳади муштарак надорад, лекин дар фазои ягонаи геополитикӣ ва робитаҳои анъанавӣ дар заминаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ муносибат доранд. Ҷумҳурии Ҳиндустон Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати хориҷии худ меҳисобад. Зеро ҳалли буҳрони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ҷавобгӯи манфиатҳои миллии ин кишвар мебошад. Муташанниҷ шудани вазъият дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон барои Ҷумҳурии Ҳиндустон ҳамчун давлати сермиллат ва федеративӣ метавонад омили ноустувор шудани вазъият гардад.
Ҷумҳурии Ҳиндустонро аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон қаламрави Ҷумҳурии Исломии Покистон - давлате, ки муддати тӯлонӣ рақиб ва мухолифи Ҳиндустон аст, ҷудо мекунад. Тавре ки сафири собиқи Ҳиндустон дар Афғонистон В. Каҷу таъкид кардааст, ки “...Ҳиндустон ба Афғонистон тавассути айнакҳои кишвари сеюм нигоҳ намекунад, бо вуҷуди ин, Деҳлӣ нақши Покистонро дар рушди рӯйдодҳои Афғонистон аз охири солҳои 1970 ва 1980-уми асри гузашта фаромӯш карда наметавонад” [1,32]. Дар муқовимат бо гурӯҳҳои мухолифи ҳукумати Афғонистон, Ҳиндустон, “Эътилофи шимол”-ро аз нигоҳи сиёсӣ ва ҳарбӣ дастгирӣ мекард, ки неруҳои асосии онро бештар тоҷикони Афғонистон ташкил мекарданд [2].
Ҳиндустон ҳамеша амалҳои башардӯстонаи худро нисбат ба Афғонистон аз назари эҳтиромгузори ба кишвари мусулмон ва дини ислом иҷро менамуд. Зеро зиёда аз як саду бист миллион аҳолии онро мусулмонон ташкил мекунанд. Ба сари ҳукумати Афғонистон омадани ифротгароёни ҳаракати “Толибон” Деҳлиро нигарон сохта буд, ки ба ин далел эҳтимоли гурӯҳҳои исломии радикалии худи Ҳиндустон фаъол шаванд. Ҳиндустон барои истифода набурдани ҳудуди Афғонистон ҳамчун пойгоҳи омӯзишии инфротгароёни минтақаи Кашмир ва қочоқи маводи мухаддир аз қаламрави Афғонистон нигарон мебошад.
Бояд зикр намуд, ки баъд аз пошхӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ нигоҳ доштани муносибатҳои дӯстона бо Афғонистон барои Ҳиндустон муҳим гашт, зеро ин омили хуби ривоҷ ёфтани робитаҳои ӯ бо давлатҳои нави соҳибистиқлоли Осиёи Марказӣ буд. Аз вазъияти Афғонистон имкониятҳои тараққиёти робитаҳои иқтисодии Ҳиндустон бо ҷаҳони Осиёи Марказӣ вобаста буд, чунки аз қаламрави он тамоми муносибатҳои байни Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ мегузаштанд, ки онҳо метавонистанд ба даст овардани манбаъҳои энергетикии минтақаро барои Деҳлӣ осон гардонанд.
Дар давраи ҳузури нерӯҳои Шӯравӣ дар Афғонистон, Ҳиндустон дар баробари муқобил будан ба дахолати як давлат ба корҳои дохилии як давлати дигар, ворид шудани Иттифоқи Шуравӣ ба Афғонистонро рӯирост маҳкум намекард. Баъд аз баровардани қушунҳои Шӯравӣ ва пошхӯрдани Иттифоқи Шӯравӣ, мавқеи Россия ва Ҳиндустон дар масъалаи Афғонистон рост меомад.
Муноқишаҳои тадриҷан шиддатёбанда дар Афғонистон Ҳукумати Ҳиндустонро маҷбур сохт, ки дар назди қувваҳои нав дар Афғонистон симои ҳамсояи дӯстро нигоҳ дорад (ҳарчанд ки барои Ҳукумати Ҳиндустон бисёр мушкил буд). Аз соли 1992 муноқишаҳо миёни гурӯҳҳои исломгаро дар атрофи Кобул ва дигар шаҳрҳои бузурги Афғонистон шиддат мегирифт ва  Ҳукумати Ҳиндустон маҷбур мешуд, ки фаъолияти кории намояндагиҳои дипломатӣ ва агентиҳои худро зуд-зуд маҳкам кунад [13]. Чигунае, ки имрӯзҳо тариқи расонаҳо мо мебинем айни ҳамон солҳои пешин (1992) Ҷумҳурии Ҳиндустон 17- уми  августи соли равон   тамоми сафоратхонаҳояшро мебандад ва кормандонаш бошад тарки ин кишвар мекунанд. Инчунин Ҷумҳурии Ҳиндустон аз шаҳрвандони дигаре, ки дар қаламрави ин кишвар ҳастанд хоҳиш намуд, ки ба ватани худ баргарданд.
Моҳи марти соли 1996 дар арафаи сафари вазири корҳои хориҷии собиқи Русия Е.М. Примаков ба Ҳиндустон, маҷаллаи ҳиндии «indian time» ба монандии мавқеи Россия ва Ҳиндустон, ки ба забти минтақаҳои асосии Афғонистон аз ҷониби толибон ва дахолат кардани Покистон, ИМА ва баъзе давлатҳои халиҷи Форсро ба корҳои дохилии Афғонистон таъкид мекард [3, 26]. Устувор гаштани ҳокимияти “Толибон” чӣ дар Москва ва чӣ дар Деҳлӣ ҳамчун таҳдид ба манфиатҳои стратегии онҳо дар минтақа ба ҳисоб мерафт.
Ҳукумати Ҳиндустон 12 уми октябри 1996 сол барои барқарор кардан ва мустаҳкам гардонидани қувваҳои мусаллаҳ ва аз ҳама муҳим озодии мардуми афғон, кушиши зиёди худро ба харҷ дод, ки дар натиҷа СММ ҷонибдори Ҳиндустон шуд. 16 октябри соли 1996 намояндаи доимии Ҳиндустон дар СММ Пракош Шоҳ дар нишасти Шуроӣ Амният бо изҳороти махсус оид ба вазъияти Афғонистон баромад кард. Ӯ ёдовар шуд, ки “Ҳукумати Ҳиндустон Бурҳониддин Раббониро чун пештара, президенти расмии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон қабул дорад”. Ба ақидаи Ҳукумати Ҳиндустон, агар кишварҳои абарқудрат ва ҳамсоякишварҳо хоҳанд, ки ҷанги шаҳрвандӣ дар Афғонистон ба анҷом расад, бояд онҳо ба як хулоса омада, манфиатҳои худро бо роҳҳои зӯроварӣ дар Афғонистон истифода набаранд. Ҳиндустон ягона кишвари ташаббускоре буд, ки дар ҳама конфронсҳои байналмилалӣ барои сулҳу оромии Афғонистон сухан меронд. Моҳи ноябри соли 1996 дар шаҳри Ню – Ёрки ИМА конфронс оид ба ҳалли буҳрони Афғонистон баргузор гардид, ки дар он 19 кишвар аз ҷумла ИМА, Покистон, Эрон, кишварҳои Осиёи Марказӣ, Туркия, Хитой ва кишварҳои абарқудрати аврупоӣ иштирок намуданд. Дар ин конфронс намояндаи Ҳиндустон К. Рангунат иброз намуд, ки “Афғонистон метавонад бе дахолати кишварҳои дигар тинҷиву оромиро дар кишвари худ пойдор созад”. Инчуни зарур аст, ки дар Кобул зулм ва қувваи низомиро қатъ намоянд, то ин ки раванди сиёсии кишвар ба танзим дароварда шавад [4].
Дар охирҳои соли 1999 ҳукумати Ҳиндустон барои боз ҳам хуб кардани муносибатҳои худ бо Афғонистон сиёсати фаъолтарро пеш гирифт. Ҳамин тавр, 31 уми августи соли 1999 вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон Ҷасват Сингҳ дар Деҳлӣ дар мусоҳиба бо хабарнигорон изҳор дошт, ки “қарори ҳукумат оиди сиёсати расмии кишвар дар муносибати Афғонистон аз нав дида баромада шавад ва ҷиддӣ ба роҳ монда шавад” [5,35]. 2 сентиябри соли 1999 ду дипломати баландмартабаи ҳукумати Ҳиндустон дар ҳамин мавзӯъ ба ИМА сафар карданд ва дар ин сафар бо ёрдамчии президенти ИМА оид ба Осиёӣ Миёна С. Карлом суҳбат намуданд. Ҳамин тариқ, бар зидди ҳаракатҳои фаъоли террористие, ки 90 % шаҳру минтақаҳои Афғонистонро забт карда буданд, чораҷӯӣ намуданд [4,35].
Сабаби фаъолшавии Ҳиндустон дар муносибат бо Афғонистон дар он буд, ки шаҳру минтақаҳои дар зери нуфузи ҳаракати Толибон буда озод сохта шаванд. Дар минтақаҳое, ки Толибон назорат мекарданд, ҳуқуқи шахс аз ҷумла занҳо поймол мешуд ва ин тарзи муносибат онҳоро ба асри миёнагӣ бурда мерасонд. Толибон рӯирост террористи асосии байналмилалӣ Усома бин Лоданро, ки дар ҳаракатҳои ифротӣ бар зидди ҳукумати Кобул ширкат меварзид ва инчунин ҷомеаи ҷаҳониро инкор мекард, дастгирӣ мекарданд.
         Пуштибонони ҷунбиши “Толибон” худи Амрико, Арабистони Саудӣ ва Покистон буданд, ки дар охир  Амрико фаъолияти худро бар муқобили ин ҷунбиш ба роҳ монд [3,29]. Аз аввал ба он ақида буданд, ки ғалабаи Толибон низоми баъд аз Шӯравӣ дар Афғонистонро решакан менамояд ва вазъи ин кишварро ба як тартиби муайян медарорад, аммо ин пурра амалӣ нагашт. Инчунин ба ақидаи намояндагони департаменти давлатии Амрико “агарчӣ ақидаи онҳо фундаменталӣ ҳам бошад, лекин ҳадафҳои зидди Амрикоро ба монанди Эрон пайравӣ намекунанд” [7,28]. Аммо баъдан ҳукумати Амрико ҳаракати “Толибон”-ро дигар дастгирӣ накард, зеро ки Толибон Усома бин Лоданро қабул ва паноҳ карда буд.
         Дар натиҷа, ҳукумати ИМА Усома бен Лоданро душмани “рақами яки” худаш эълон кард ва 5 миллион доллар барои ҷойи ин шахсиятро ошкор кардан ва ба Ҳукумати Амрико хабар додан, пешниҳод кард.
Террористи байналмилалӣ Усома бен Лодан аз ҷониби худ ба ду кишвар, дар аввал Амрико ва баъдан ба Ҳиндустон ҷиҳод эълон кард. Аввалҳои моҳи октябри соли 1999 дар Ҷалолобод, ҷанги муқаддас бар зидди Ҳиндустон эълон шуда буд. Дар эъломия чунин гуфта шуда буд: – “Душманони асосии мо Ҳиндустон ва ИМА мебошад, ки мо бояд ба онҳо дарси ибрат диҳем”. Инчунин дар ин эъломия омадааст, ки “ҳаракаҳои Ҳиндустон дар Кашмир маргбор аст” ва Бен Лодан тайёр аст ба муҷоҳиддини Кашмир дасти ёрӣ дароз кунад. Дар баробари ин гурӯҳҳои муҷоҳиддонро дар Покистон мебояд муттаҳид шуда, бар муқобили ИМА ва Ҳиндустон мубориза баранд [3,135].
Бо ин васила, Ҳиндустон ҳадафи тайёр барои содир кардани амалҳои террористи аз ҷониби вилоятҳои Ҷамму ва Кашмир буд, ки барои эҷод кардани хатар аз тарафи террористи машҳур Усома бен Лодан ва муҷоҳидони афғон ҳеҷ мушкилие надошт.
Яке аз сабабҳое, ки Ҳиндустонро ба ташвиш меовард, ин ифротгароёни динии афғон буданд, ки аз сарҳади ҳамсоякишвари худ Покистон ба вилоятҳои Ҷамму ва Кашмир ба осонӣ ворид гардида, амалҳои террористии худро содир мекарданд. Содир кардани амалҳои номатлуб ва эҷод кардани ҳар гуна хатарҳои ифротгароӣ дошта дар минтақаҳои сарҳадие, ки бо Покистон мегузашт, дар он буд, ки Ҳиндустон мавқеи онҳоро дар Афғонистон танг мекард ва намемонд бар зидди мардуми осоишта ва ҳукумати кишвар биҷанганд. Яке аз омилҳои ҷудогонаи ин ҳодисаҳо аз солҳои 80-ум ин ҷониб ба ҳамагон маълум аст, ки силоҳу аслиҳа дар тамоми шаҳру минтақаҳои ин кишвар паҳн шуда буданд. Муҷоҳидоне, ки дар Афғонистон буданд, дар гурӯҳҳои “Ал – Ансор” ва “Ал – Фаран” амал мекарданд, ки баъдтар соли 1995 дар Кашмир 5 сайёҳи ғарбиро ба гарав гирифта буданд [4,29]. Ин гуна қабилаҳо гурӯҳҳои ҷанговароне буданд, ки танҳо аз сарҳади Покистон ба вилоятҳои Ҷамму ва Кашмир ворид мегардиданд. Шумораи ҷанговарони ин гуна қабилаҳои афғонӣ дар Кашмир зуд - зуд тағйир меёфт.
Ҳиндустон дар шабакаи интернетӣ саҳифаи махсусе бо номи “Ҳақиққат дар Кашмир” дошт, ки соли 1999 дар як мақолаи “Толибон дар Кашмир” ба нашр мерасад. Дар ин мақола нуқтаи назари таҳлилгарони ҳиндӣ ва Кашмириро оварда қайд мекунад “аз вақте, ки Толибон дар Афғонистон ғолибиятро ба даст оварда буданд, зиёдшавии ҷанговарони исломӣ ва амалҳои ношоистаи онҳо дар Кашмир ба назар мерасид” [7,128].
Вале ин маънои онро надорад, ки муҷоҳидони афғон дар қаламрави Ҷамму ва Кашмир дар задухурдҳо иштирок накарда бошанд. Онҳо дар атрофи Ҳиндустон ҷойгир шудаанд, аммо шумораи онҳо он қадар зиёд нест.
Мавзӯи дигаре, ки аз замони ҷунбиши “Толибон” то ба имрӯз Ҳукумати Ҳиндустонро ба ташвиш овардааст ва меорад, ин сикхҳои ҳинд мебош, ки дар қаламравҳои гуногуни Афғонистон умр ба сар мебаранд ва пайваста дар зери фишору хатари Толибон қарор доранд.
Бо таваҷҷӯҳ ба факту рақамҳо ва мисолҳои зикршуда, метавон натиҷагирӣ намуд, ки Ҳиндустон дар он солҳо (1996-2001) нақши бисёр боризро гузошта буд, ки дар натиҷа соли 2001 “Толибон” аз қудрат рафтанд ва мардуми Афғонистон тавонист нисбатан як ҳукмати ҳамашумул бо сардории Ҳомид Карзай, ки 22 уми декабри соли 2001 иҷрокунандаи вазифаи роҳбари Идораи муваққати Афғонистон интихоб шуда буд, бисозад.

Рӯйхати адабиёти истифодашуда:
  1. Aunohita Mojumdar. Indo-Pak. Rivalry in Afghanistan // Hindu, Madras, 220 саҳ.
  2. Security Situation in Afghanistan: India’s Options // SAPRA India Monthly Bulletin. September 2003. https://www.google.com/search?q=2.+Security+Situation+in+Afghanistan%3A+India%E2%80%99s+Options+%2F%2F+SAPRA+India+Monthly+Bulletin.+September+2003
  3. Т.Л. Шаумиян. Индия и Афганистан в региональном контексте//Современный Афганистан и сопредельные страны (Сборник статей): Москва, 2011. 315 сах.
  4. Indian Express, 20.11.1996. https://indianexpress.com/article/india/politics/once-upon-a-poll-11th-lok-sabha-election-1996/
  5. Mainstream, New Delhi, 04.09.1999, vol. XXXVII, ;№ 37, 280 саҳ.
  6. Mainstream, New Delhi, 11.09.1999, vol. XXXVII, ; №38, 285 саҳ.
  7. Современный Афганистан и сопредельные страны (Сборник статей): Москва, 2011. 315 сах.
  8. Ф.Ҷалол. Қудрати сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар Афғонистон. Душанбе: 2019, Эр-граф. 349 саҳ.
  9. Искандаров Қ. Афғонистони имрӯз: омилҳои дохилӣ ва хориҷии ҷангу сулҳ. Душанбе: 2018, Доинш, 219 саҳ.
  10. Имомов Ш. История общественной мысли Афганистана во второй половине XIX - первой половине XX в. / Ш. Имомов. – Душанбе: 2001. – 398 с.
  11. Искандаров К. Политические партии и движения Афганистана во второй половине XX века / К. Искандаров. – Душанбе: 2004. – 499 с.
  12. История Афганистана. (отв. ред. Ю.В. Гонковский) / – Москва: Мысль, 1982. – 368 с.
 
Хайрулло Раҷабалиев,
докторанти PhD-и соли дувуми  Институти омӯзиши
масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ
 
 

НАЗАД