Ваҳдати миллӣ рамзи шарафу номуси ватандорӣ

Автор: ИИПСАЕ

Расм

      Имсол аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бисту чор сол сипарӣ мешавад. Бо шарофати ба имзо расидани ин Созишномаи такдирсоз мо тавонистем ба муноқишаҳои дохилӣ ва муқовимати мусаллаҳона хотима бахшида, ба марҳалаи нави таърихи Тоҷикистон — гузоштани пойдевори сулҳ, таъмини ваҳдати миллӣ ва дар ин асос ба эътидол овардани фаъолияти иқтисодии кишвар ва рушди он оғоз намоем.
    Ваҳдати  миллӣ  муқаддастарину  азизтарин  неъмати дунё, рамзи шарафу номуси ватандорӣ,  кафолати хонаи ободу неруи таконбахши ҳаёти ҳаррӯзаи мо мебошад. Мо  ин  ҷашни  муқаддаси  миллиро  бояд  чун  гавҳараки чашм пос дорем, ифтихор аз  Ватану  ватандорӣ  ва  ваҳдату  якпорчагии  Тоҷикистони азиз кунем. Солҳои 1992-1997 дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷангу низоъҳои хунин миёни тоҷикон боиси хисороти зиёди моливу ҷонӣ гардида, ба якпорчагии мамлакат ва ҳастии миллати тоҷик   таҳдид мекарданд.  Дар  ҳамон замон кашмакашҳои дохилӣ ва эълони озодиҳои демократӣ ба шаклгирии тафаккури исломи сиёсӣ оварда расониданд.  Арзишҳои  воло  ва  муқаддасоти   диниро танҳо ва танҳо барои расидан ба ғаразҳои сиёсӣ истифода мебурданд ва таъсиси ҳизбро аз нигоҳи дин асоснок  менамуданд,  вале  тасаввуроти   бисёрҳизбию   ҷаҳонбинии дигарро эътироф  намекарданд. Дар ҳамон солҳо душманони миллат мехостанд Ҷумҳурии Тоҷикистонро  порча – порча  кунанд.
      Хушбахтона, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тадбирҳои хирадмандона,  матонат  ва зиракиву ҳушёрии худ кишварро аз вартаи фалокат берун овард, мардуми парокандаро сарҷамъ намуд ва садҳо ҳазор муҳоҷирро ба Ватан баргардонд. Президенти кишвар дар як муддати кӯтоҳ вайронкориҳоро ба ободӣ   табдил  дода, барои ба ҳам пайвастани тамоми гӯшаву канори кишвар талоши азим кард.
Бузургтарин дастоварди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барқарор кардани сулҳи комил ва ваҳдати  миллӣ  дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Ваҳдати   миллӣ  ин  афзал  донистани  манфиатҳои  миллӣ  бар  манфиатҳои  шахсӣ ва гурӯҳӣ  аст,  зеро ҳеҷ як аз манфиати шахсӣ ё гурӯҳӣ дар алоҳидагӣ берун аз доираи манфиатҳои миллӣ вуҷуд дошта наметавонад.  Аз ин нигоҳ, Ваҳдати миллӣ омили  ҳастии  миллат  ба  шумор меравад. Ба андешаи ман, чанд омил мавҷуд аст, ки  Ваҳдати  миллиро  барои   мардуми кишвари мо дучанд муҳим сохта, онро арзиши  мутлақ  мегардонад. Ин омилҳоро метавон ба ду қисм — хориҷӣ ва дохилӣ ҷудо намуд.
    Ба омилҳои хориҷӣ метавон ходисаҳои охири чаҳони имрӯза, бахусус, рӯйдодҳои  Афғонистон, Сурия, Ироқ ва Либияро шомил сохт. Яъне заиф будани ваҳдати  миллӣ  дар  ин  мамлакатҳо, ба  абарқудратҳо  имкон дод, ки бо баҳонаи риояи арзишҳои  демократӣ ба ин мамлакатҳо мудохила карда, бад-ин васила, манфиатҳои геополитикии худро дар минтақа амалӣ созанд.
Ба омилҳои дохилӣ муносибати на он қадар дӯстонаи баъзе мамлакатҳои ҳамсоя ва бархе шарикони стратегиеро,  ки дар роҳи пешрафти иқтисодии кишвари мо ҳар гуна монеаҳои сунъӣ  эҷод  месозанд, метавон дохил намуд. Дар чунин ҳолатҳо дар атрофи роҳбарияти Ҳукумати ҷумҳурӣ зичтар муттаҳид гардидан ва нозукиҳои мушкилоти  сунъиро  эҳсос  намуда, бо дарки  амиқи масъулияти шаҳрвандӣ ба ин мушкилот назар андохтан айни ифодаи Ваҳдати миллӣ хоҳад буд.
Зикр намудан зарур аст, ки барои таҳкими ваҳдати миллӣ, пеш аз ҳама, таъмини амнияти миллии кишварро мустаҳкам намудан зарур аст. Аз дидгоҳи он, ки минтақаи Осиёи  Марказӣ  дар  чорроҳаи   бозиҳои геополитикӣ ва манифатхоҳии давлатҳои абарқудрат қарор дорад, Тоҷикистон ҳамчун узви ин минтақа аз доираи таъсир берун буда наметавонад. Фазои минтақа тақозо менамояд, ки муҳити идеологиву сиёсии кишвар боз ҳам пурқувват  карда  шавад.
 Дар  шароити  имрӯза чораҳои ҳифзи ваҳдати миллиро бе мубориза бар зидди гурӯҳҳои ифротгароии динӣ тасаввур намудан ғайриимкон аст, зеро дар баъзе кишварҳо гурӯҳҳое  ҳастанд, ки зери ниқоби ислом метавонанд ҳар лаҳза амният ва суботро барҳам   зананд. Бахусус, равона намудани таваҷҷуҳи асосӣ ба ҷавонон, ки асоси  устуворӣ  ва   ояндаи   кишваранд, мувофиқи мақсад мебошад, зеро давлатҳо ва  гурӯҳҳои  манфиатхоҳ   дар   навбати аввал мекӯшанд, ки таъсири идеологии худро дар муҳити ҷавонон устувор гардонда, минбаъд онҳоро барои амалисозии мақсадҳои  сиёсии худ моҳирона истифода баранд.
      Бо мақсади ҳифзи минбаъдаи суботи сиёсии дохилӣ ва болоравии иқтисоди  кишвар  моро  зарур  аст,  ки  маҷмӯи тадбирҳои босамарро ҷиҳати таҳкими  ваҳдати  миллӣ  тарҳрезӣ  намоем, ки чанде аз онҳоро зикр менамоем:
1.Тарҳрезии Барномаи миёнамуҳлати миллӣ доир ба рушд ва таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ. Зарурат ба санади мазкур аз худи ҳаёт бармеояд. Қобили зикр аст, ки Тоҷикистони   соҳибистиқлол  дар  роҳи  эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, ягона  устувор   меистад ва заминаи муҳими давлати мазкур, бешубҳа, фаъолиятнокии   ниҳодҳои  асосии ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад. Имрӯз ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ, ВАО-и мустақими электронӣ ва чопӣ маҳаки ҷудонашавандаи ҷомеаи мо гардидаанд. Дараҷаи фаъолиятнокии онҳо меъёри муҳими  ҷомеа  демократӣ  мебошад.  Барнома бояд иқтидор ё захоири амалинашудаи  ташкилотҳои  ғайри  ҳукуматиро  низ дар бар гирад.
2.Омили дигари назаррас ё қобили аҳамият рушд ва такмили низоми маорифи давлатӣ  мебошад.
3.Махсусиятҳои  низоми  муосири  сиёсӣ  ва  иқтисодии  ҷаҳонӣ  ҷараёни  ҷаҳонишавӣ (глобализатсия) мебошад, ки мутобиқи он мо ба иқтисоди ҷаҳонӣ қадам ба  қадам  ҳамгиро  мешавем. Бешубҳа, ҷаҳонигароӣ ҷараёни объективӣ буда, натиҷаи  пешрафти  ҷомеаи  инсонӣ мебошад, вале аз сӯи дигар, таъсири мутақобилаи  муайяни манфии он низ вуҷуд дорад, ки он, қабл аз ҳама, ба маънавиёти  миллат  дахл  дорад.  Аз  ин  рӯ, мо бояд арзишҳои ҳақиқиро аз арзишҳои  тахайюлию  дурӯғин  фарқ  карда  тавонем.
  1. Равнақ додани соҳаи  рушди  туризми  дохилӣ  дар  саросари  кишвар.
5.Нашр  намудани  китобҳо, ривоятҳо, осори андешамандон  ва  нависандагон  дар бораи  ваҳдати  миллӣ  ва  паҳн  намудани  онҳо  дар  тамоми  китобхонаҳои саросари  кишвар  ба  тариқи  сайёр.
Президенти  мамлакат  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  тавассути  таъмини  сулҳу  субот ва ваҳдати  миллӣ  маҳз  бо заҳмату талошҳои пайгиронааш Тоҷикистонро дар интиҳои  асри  ХХ ва ибтидои ХХI аз фоҷиаи миллӣ раҳо кард ва миллати тоҷик баъд  аз ҳазор сол дар роҳи эҳёи давлатдории миллӣ ба дастовардҳои бузурги таърихӣ  ноил  гардид  ва  имрӯз  ба  сӯи  ояндаи  нек  устуворона  қадам  мегузорад.
Ҷаҳду  талошҳои  Асосгузори  сулҳу  Ваҳдати  миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  барои  ободиву  шукуфоии  Ватан  ва  таҳкими Ваҳдати  миллӣ  барои  мо  ҷавонон  манбаи  илҳом  барои  азму  ғайрати  дучанд  аст. Ҷавонон бояд аз ҳамаи имкониятҳо самаранок ва оқилона истифода баранд ва барои  дар  оянда  боз  ҳам  ободу  зебо  шудани  Тоҷикистони  азиз  саҳм  гузоранд.
Имсол кишварамон  30 -  солагии истиқлолияти  худро  ҷашн мегирад. Бинобар ин, бо итминон  метавон  гуфт, ки  тӯли ин  солҳо ба шарофати Пешвои  миллатамон Ваҳдати  миллӣ таъмин гардид ва ин, ба ақидаи банда,  дастоварди  муҳим  ба ҳисоб меравад.
Аз фурсат истифода карда, ҳамаи ҳамватанони гиромиро бо ин ҷашни фархунда  табрику муборакбод мегӯям. 

Хоҷаев Ҳикматулло Ҳимматович,
ходими  илмии Шуъбаи ИДМ-и
Институти омӯзиши масъалаҳои
давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ
                                                                                   22.06.2021
 
 

НАЗАД