Бояд тазаккур дод, ки дар Афғонистони ҳамсоя баъд аз 20 соли муборизаҳои шадид ва хунрезиҳои бесобиқа гурӯҳҳои тундрави Толибон бо дастгирии давлатҳои алоҳида, ки солҳо мақсади ғасби Ҳукумати ќонунии Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро доштанд, рӯзҳои охир ба мақсадҳои ғаразнок ва ноадолатонаи худ расида, мардуми дар тули таърих азияткашидаи афғонро боз аз сари нав овораву саргардон гардониданд. Ин табаддулоти давлатӣ, ки боиси сарнагун гаштани ҳокимияти ќонунии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон гардид, имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳониро ба изтиробу ташвиш оварда, оромӣ ва бехатарии минтақаи Осиёи Марказиро зери суол мебарад.
Мутаассифона, кишварҳои минтақа дар нисбати эътирофи ҳаракати Толибон мавқеи ягона ва устувор надоранд. Чунин ба назар мерасад, ки аксари онҳо вобаста ба манфиатҳои сиёсию иқтисодӣ ва ё пайравӣ бо давлатҳои абарқудрат кӯшиши шинохтани ин ҳаракатро доранд. Ин ҳаракат, ки қудратро дар кишвари ҳамсоя ба даст гирифтааст бунёди Аморати исломиро ба роҳ мондааст. Табиист, ки дар он ҳуқуқи занону духтарон ва инчунин риояи меъёрҳои қабулшудаи шаҳрвандии давлатҳои пешрафтаи дунёро зери суол мебарад. Набояд фаромӯш кард, ки буҳрони сиёсие, ки имрӯзҳо дар Афғонистон ҳукмрон аст, танҳо бо ин кишвар маҳдуд нашуда, хусусияти минтақавӣ дорад ва барои ҷомеаи ҷаҳонї низ хатарзо мебошад, зеро кӯшишҳои ғасбкоронаҳои ҳаракати Толибон имрӯз ба фаъол гардидани гурӯҳҳои мухталифи террористиву экстремистӣ ва ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромиллӣ, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир сабаб мегардад. Чунин ба назар мерасад, ки дастаҳои террористӣ, экстремистию радикалӣ бо истифода аз вазъи мураккаби Афғонистон ҳадафҳои харобкоронаи худро дар минтақаҳои гуногун паҳн намуда, фаъолияти харобкоронаи худро густариш медиҳанд.
Таҷрибаи талхи ҷанги давомдор дар ин кишвар дар тӯли 40 соли охир собит мекунад, ки мушкилоти Афғонистон ҳалли низомӣ надорад. Мо ҳалли мушкилоти имрӯзаи Афғонистонро дар истифодаи васеи воситаҳои дипломатӣ ва сиёсӣ, бо андешидани чораҳои муассир оид ба таъмини рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар мебинем. Дар шароити мураккаби феълӣ ҷомеаи байналмилалӣ, пеш аз ҳама кишварҳои кумакрасон, бояд дастгирии худро ба мардуми пурсабри Афғонистон идома диҳанд.
Ихтилофкориҳои ҷангҷуён ҳамоно дар ин кишвар идома ёфта, феълан тамоми қаламрави ин давлат ба ҷуз як қатор мавзеъҳои дастнораси кӯҳистони водии Панҷшер дар Толибон қарор дорад. Бояд тазаккур дод, ки ин минтақаи тоҷикнишин маъруф бо қуллаҳои баланд ва дараҳои шебу фарозаш дар беш аз чил соли охир ҳеҷ гоҳ дар баробари ҳуҷумҳои мусаллаҳонаи ягон қувваи беруна, ҳатто кувваҳои мусаллаҳи қудратҳои бузурге чун Шуравӣ ё Амрико таслим нашудааст. Имрӯзҳо ҳам сокинони ин води ҷойгир дар баландкӯҳҳои Ҳиндукуш дар самти 150 километраи ҷануби Кобул, муборизаро идома медиҳанд. Ин ҷанбаи муқовиматро писари шери Панҷшер Аҳмадшоҳи Маъсуд, собиқ вазири дифоъи Афғонистон Аҳмад Маъсуд сарварӣ мекунад. Бояд гуфт, ки Панҷшер ягона вилоятест дар Афғонистон, ки ба пурагӣ таҳти назорати Толибон нест.
Мардуми шарифи Афғонистон аз ҷанги таҳмилшуда, ки дар натиҷаи мудохилаи беруна ба умури дохилии онҳо оғоз шуда буд ва то имрӯз идома дорад, хеле азият мекашанд. Мутаассифона, ҷараёни бесуботкунии амнияту тартиботи кишвар дар ин рӯзҳо ранги нав пайдо мекунад, ки ин на танҳо барои кишвари мо, балки барои тамоми минтақа хеле нигаронкунанда аст. Умед аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва махсусан ҷаҳду талошҳои Президенти кишвар Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳалли мусолиҳаомези қазияи Афғонистон, инчунин ташаббус ва пешниҳодҳои нави кишварҳои минтақа ва ҷаҳон ҷиҳати дарёфти механизмҳои ҳамкорӣ ва расонидани кумакҳои башардӯстона ба мардуми Афғонистонро ҳамчун як масъалаи муҳим баррасӣ мешаванд.
Вобаста ба вазъияти пешомада, ҷунбиши муқовимати миллӣ, ки дар шимоли Афғонистон таҳти роҳбарии Аҳмади Масъуд ташкил шудааст, ҷонибдори иттиҳод ва якпорчагии давлати Афғонистон бо ташкили ҳукумати ҳамашумул, яъне ҳукумати фарогир аз ҳама қавму миллатҳои маскуни ин кишвар ва пуштибонї аз Ҳукумати конститутсионӣ – ҷумҳуриявӣ буда, ба мавқеи аксари давлатҳои пешрафтаи дунё ва созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ якранг мебошад, хеч гоҳ ба муқобили мардуми заҳматкашу азияткашидаи Афғонистон равона нашудааст ва умед бар он дорем, ки дар оянда ба бунёди ҷомеаи рушдёфтаи мутараққӣ дар ин сарзамин мусоидат мекунад.
Собир Бостон
корманди АМИТ