Сари мафҳуми муқаддаси истиқлолият ва калимаҳои ҳаммаънои он аз қабили озодӣ ва мустақилият мутаффакирон ҳазорон сол боз андешаҳои худро баён карда, ҳамзамон, доираи ин баҳси басо муҳим ва барои ҳама давраҳо фарохтар мегардад. Аммо барои амиқан ба ин масоил сарфаҳм рафтан лозим аст, ки мантиқан ба чанд паҳлӯҳои он назар афканем. Бо фаҳми он, ки худи Истиқлолият мафҳуми нисбӣ арзёбӣ мешаваду дар он иқтисодиёт (истиқлолияти иқтисодӣ) мавқеи муҳим дорад, пас метавон гуфт, ки дар шакли сода ҳам бошад барои таъмини эҳтиёҷоти худ одамон дар ибтидо як навъ рӯ ба иқтисодиёт ва таъмини иқтисодии худ менамуданд. Пеш аз ҳама дар баъзе ҳолатҳо барои мавҷудияти худро нигоҳ доштан бақои насл лозим буд, ки муттаҳид шаванд ва «баробарӣ»-и худро нигоҳ доранду истиқлолиятеро соҳиб бошанд ва дар фикри таъмини он гарданд. Вале худи омилҳои мухталиф, аз ҷумла, шароитҳои табиӣ, иқлим ва таъсиру ҳуҷуми қабоили пурзӯри дигар метавонист истиқлолиятро ба зудӣ халалдор намояд.
Дар ин маврид дарки соҳибихтиёрӣ, озод будан, истиқлолро нигоҳ доштан бештар эҳсос мегашт, дар баробари ин, худи дарк зиёдтар мақом мегирифту зарурати озодӣ ва озод будан эҳсос мегашт. Дарк мешуд, ки таъсиррасонию халалдор кардани истиқлолият мавҷуд асту он кам ҳам нест. Аммо аз ҷониби дигар баробари баланд кардани мавқеи ин ё он шахс дар ҷомеа баробарии ҳамагон камтар шуда, дар баробари шаклгирии ҷомеаи асосан патриархалӣ як навъ ҳокимиятҳои нав ё нигоҳ аз рӯи усули «қувва» бештар мешуду дарки истиқлолиятҳо зиёдтар мегашт. Ба ибораи оддӣ қадри «обу нон дар набуданаш» зиёдтар эҳсос мешуду «шикастаустухон донад қадри мумиёиро». Зарурату дарк гӯё муддате баробар қадам мегузоштанду яке дигерро пурра мекард.
Дарки истиқлолият дар ҷомеаи ғуломдорӣ бештар эҳсос гашту ғуломон, асирону шахсони камҳуқуқу беҳуқуқ ва аз имтиёзҳои дастрасӣ ба неъматҳои моддӣ ва маънавӣ маҳрумшуда дарк карданд, ки чӣ гуна дастоварду ганҷеро аз даст додаанд. Агарчӣ аслан бо қувваи бемаблағи онҳо садҳо қасрҳои бузургу аҳромҳои нодиру устувор сохта шудаю то ба имрӯз қисман по барҷоанд, лек инсоният ба фаҳми он рафт, ки чӣ гуна қасру кӯшки мӯҳташаму бузургро, ки номаш «истиқлолияту озодист» аз даст додааст. Аз тарафи дигар нерӯ ё ҳокимияти қудратҳо на аз пайи мустаҳкамии истиқлолияту озодии ҷонибдору такягоҳи худ буданд, балки бештар ҳокимияти хешро мустаҳкам карданду шакли автокартияю монархӣ зуҳур карда, пурқувват шуда, хонаводаҳои алоҳидаи дар сари ҳукуматҳо қарор гирифта, онро меросӣ намуда, худро ашрофзодаю элита медонистанд. Вале каме дертар ба ин ҳама унвону рутбаҳои олимартаба қонеъ нашуда, ҳатто хешро «сояи Худоҳо» ва ё «Худои заминӣ» номиданду гурӯҳи ҷонибдор аз пайи талқини шукӯҳу шаҳомати онҳо шуданд, ҳамчунин дарки озодӣ дар ин мавридҳо суръати дигар гирифт. Дар назар доштан лозим аст, ки бо гузашти солҳо ва ҳатто қарнҳо омма мартабаи ҳокимонро абадӣ дониста, ҳатто сидқан ба он итоат мекарданд ва ҷамъият як навъ қолаб мегирифту ҳокимияти «бузургон»-ро доимӣ меҳисобиданд. Албатта қиёму исёнҳои оммавӣ аз он шаҳодат медоданд, ки пояҳои зулм зиёд шуда истодаасту мардум барои дубора ба озодӣ соҳиб шудан талош карданд, аммо аксарияти шӯришҳо ба шикаст дучор шуда, дастгоҳи давлатӣ метавонист тамоми зиддиятҳоро саркӯб намояд.
Дар саҳнаҳои ояндаи таърихӣ худи исёну зиддиятҳо бо шакли комилтар аён гашта, барномаю роҳҳои мубориза ва усулу василаҳо ранги дигар гирифтанд. Метавон гуфт, ки «дарки мардумӣ» барои расидан ба қадри истиқлолият оммавитар гашту ҳар гуна монархияҳои констутсионӣ аз рӯи зарурат рӯи кор омаданд, ҳамзамон доираи инқилобҳо ба давлатҳои гуногун интиқол ёфта, минтақаҳои калонро фаро гирифт. Аз тарафи дигар дар ҳама давр шахсони алоҳида, хосса аз аҳли зиё роҳҳои мусолиҳатомези гуманистиро пешниҳод мекарданду ҳокимонро насиҳату маслиҳате медонаду мардумро ба сабру таҳаммул ва ё мулоҳиза даъват мекарданд. Аммо кам «гӯши шунаво ва чашми бино» дар ин маврид ёфт мешуд. Табақабандии ҷомеа (сарватмандону қашшоқон) зиёдтар ба чашм мерасиду ҳатто дар баъзе манотиқ аз ҳар ҷиҳат (аз нигоҳи мазҳабию динӣ, нажод ва симои антропологӣ) байни одамон тафриқа бараъло дида мешуд.
Зарурату дарк гӯё ба масъалаи «доғи рӯз» табдил ёфта, зиёдтар равшан мегашт ва тадриҷан дар ҷомеаи инсонӣ дар тамоми олам фаҳмида мешуд. Зарурат ба истиқлолияту азодӣ ва дарки онҳо гӯё фаҳмотар мешуд.
Аз нигоҳи истиқлолияти мардумӣ бо фарогирии тамоми миллатҳои як давлат ва давлатҳо зарурат ба истиқлолият албатта афзалияти бештар дошта, агарчӣ давлатҳои муосир аксаран бо номи миллатҳои зиёдтари онҳо унвонгузорӣ шудаанд, аммо ин маънои кам кардани қадру имтиёз ва озодии дигар миллатҳоро надорад ва бояд ҳамагон худро шаҳрванду сокини давлат донанд ва бо ифтихор номи ватани худро гиранд. Агарчӣ давлатҳои миллӣ дар амалӣ намудани оромонҳои миллӣ ҳастанд, вале сирф давлати фарогири як миллат дар замони муосир мавҷуд несту давлатҳо бо пайхаси ин масъала талаботи ҳамагонро таъмин менамоянд.
Истиқлолият осон ба даст намеояд, истиқлолият ба ҳама насиб намешавад, истиқлолият ноне нест, ки касе онро пухта диҳад, истиқлолият муфт дастрас намешавад. Истиқлолият талош, мубориза, ҷонбози, нотарсию далериро меписандад. Баробари ба он зарурат пайдо кардану дарки он, боз масъалаи нав ба нав пеш меояд, аммо дар ин миён масъулият-мафҳуми муқаддаси дигар ҷойгоҳи хосро касб кардааст. Маҳз ҳамин масъулияту масъулиятшиносӣ ҳидоятгари корҳои нек дар раҳи мустаҳкамии истиқлолият мегардад. Аммо масъулият бояд воқеӣ, табиӣ ва ҳамагонӣ бошад. Дар назар доштан лозим аст, ки масъулиятро ба касе ва ё ба гурӯҳе маҷбурӣ бор карда намешаваду дар ин ҳолат худи масъуилият моҳияти аслиашро гум мекунад. Аз ин рӯ, тухми масъулиятшиносиро бояд дар тинати одам бо меҳр кориду муҳаббат ба ватан, сарзамини аҷдодӣ ва муқадассоти миллиро эҳтиром намуд. Дар ин ҳолат ҷавҳари ҳастии миллату бақои давлат рӯи ваҳдати миллӣ ва истиқлоият нерӯманд мегардад.
Масъулият барои ҳама бояд як навъ ба рафтори доимӣ табдил ёфта, кору зиндагӣ ҷараёни созанда гирад. Тавре маълум аст кишварҳои зиёдеро имрӯз мисол овардан мумкин аст, ки ғояҳои умумимиллӣ дар баробарии муттаҳидии онҳо ва корҳои муташшакилонаашон боз дар роҳи расидан ба пешрафту ояндаи неки кишвар сабру таҳаммулро пеша менамоянд ва мардум ба ҳам дар лаҳза ва давраҳои душвор кӯмак мекунанд, маслиҳат медиҳанд ё дар бари ҳам истода «қуввати дил» мешаванд. Чунончӣ қаҳрамонии мардум Ҳиндустон, ҳангоми мубориза барои истиқлолият ҷаҳониёнро ба ваҷҳ оварда буд. Масъулият ро метавон яке аз муҳимтарин омил ҳисобид, ки истиқлоиятро қудрат мебахшад, яъне агар дар кори худ, дар хонаю кӯча масъулшинос бошад корҳо хубтар, ҷамъият пешрафта ва давлат нерӯманд гашта, ватан ободу зебо мешавад.
Тоҷикистон аллакай соҳибистиқлол гашта, дар минтақа ва ҷаҳон ҳамчун субъекти фаъол ва ташаббускори сиёсӣ шинохта шуда, равобити ҳамаҷонибааш тақвият ёфта истодааст. Мардум рӯзҳои мудҳиши марҳилаи ҷанги шаҳрвандиро дар ибтидои замони соҳибистиқлолӣ диду азобҳои зиёдеро аз сар гузаронид ва хушбахтона ба рӯзҳои саид низ расид. Зарурату дарки озод будан, мустақилона дар фазои ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ зистанро бо хубӣ фаҳмид ва донист, ки ҳама гуна мушкилот танҳо дар гузашту муросо ва ба ҳам ёрӣ расонидан тезр ва ба ҳама мувофиқ ҳал мегардад, ки намунаи олии он дар ин давра ба даст овардани Ваҳдати миллӣ дар соли 1997-ум буд.
Ҳамин тавр, Истиқлолият бо паҳлӯҳои худ аз қабили зарурату дарк ва масъулият бо шакли зебо ҷилва мекунад, зеби дигар мегирад ва дар воқеият дастовардҳо насиби ҳамагон мешавад. Давлати мо ин роҳи тиллоиро дарёфт, агарчӣ дар остонаи он қарор дорад, аммо аллакай ин ҷодаи душвору зарурӣ Тоҷикистонро ба ояндаи хубу зебо мебарад.
Ҳабибҷон МИРЗОЕВ,
Хуршед ШОЗЕДОВ,
Аҳмадҷон ОДИНАЕВ,
ходимони илмии Институт