ДАР БОРАИ ИНСТИТУТ
Расм
ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПОИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-таҳқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016, таҳти №466 дар сохтори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ташкил шудааст.

Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши сиёсат, иқтисодиёти ҷаҳон, афкори иҷтимоӣ, забон, адабиёт, таърих, муносибатҳои байналмилалӣ, ҷунбишҳои мазҳабӣ ва сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ ва масъалаҳои фарҳангӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Амрико машғул мебошад.

 

СОХТОРИ ИНСТИТУТ

1.Шуъбаи ИДМ

-Бахши таҳқиқоти Россия

2.Шуъбаи Шарқи Наздик ва Миёна

-Бахши арабшиносӣ

-Бахши туркшиносӣ

3.Шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ

4.Шуъбаи Аврупо

5.Шуъбаи ШМА ва Канада

 

ЛОИҲАҲОИ ИНСТИТУТ

  1. Таърихи ҳамкории муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо: дастовардҳо ва дурнамои он (барои  солҳои 2019-2023)
  2.  Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ: самтҳои асосии ҳамкорӣ: мушкилот ва дурнамо (барои солҳои 2019-2023)
  3. Тамоюлҳои рушди вазъияти сиёсию иҷтимоӣ ва масоили амниятӣ дар кишварҳои Шарқи Наздик ва Миёна (барои солҳои 2021-2025)
  4. Муштаракоти таърихиву фарҳангӣ ва робитаҳои иқтисодию фарҳангии халқи тоҷик бо кишварҳои Шарқи Миёна ва Наздик ва дурнамои он (барои солҳои 2021-2025)
  5. Масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии равандҳои геополитикӣ ва интегратсионии кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ (барои  солҳои 2021-2025)

САМТҲОИ ҲАМКОРӢ

-таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамаддун, фарҳанг ва забони кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;

-омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сиёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;

- бурдани таҳқиқоти илмӣ оид ба масъалаҳои вобаста ба низоъҳои дохилӣ ва минтақавӣ, бехатарӣ дар мубориза бо ҷиноятҳои дохилӣ ва фаромиллӣ (аз ҷумла дар мубориза бо ифротгароӣ ва даҳшатафканӣ);

-омӯзиши масъалаҳои ваҳдатсолорӣ, ҳамгироии иҷтимоӣ дар низоми ҷомеа, низоъҳои иҷтимоӣ ва роҳҳои ҳалли он, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳалли мушкилоти маҳалгароӣ, зиддияти байни маҳалҳо ва қавмҳо; 

- ташкили конфронсҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои гуногун;

-ташкили назарсанҷӣ ва пурсишҳо дар қишрҳои гуногуни ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мавзӯъҳои мухталиф;

-ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ. 

 

Суроға: ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 33

Индекс: 734025

Телефон: 221-03-28

E-mail: info@osiyoavrupo.tj

Сомона:http://www.osiyoavrupo.tj


Расм
ШУЪБАИ ОСИЁИ ҶАНУБУ ШАРҚӢ

Самтҳои фаъолияти илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ин аз масоили кишваршиносӣ, геопалитика, таърихи муносибатҳои байналмилалӣ ва робитаҳои адабию фарҳангии кишварҳо иборат аст.

Номи лоиҳа: Геополитикаи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ; Вижагиҳои таърихию фарҳангӣ ва мазҳабии равандҳои геопалитикӣ дар Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ.

Дар Шуъба мутобиқи барнома нишастҳои илмӣ, семинар, конфронс, симпозиум ва дигар чорабиниҳои илмӣ баргузор мешавад.

Телефон: +992 000 00 00 00

Email: email@gmail.com


Расм
ШУЪБАИ ШАРҚИ МИЁНА ВА НАЗДИК

Шуъбаи Шарқи Миёна ва наздик масоили кишваршиносӣ, геополитикӣ, таърихи муносибатҳои байналмилалӣ ва робитаҳои адабию фарҳангии кишварҳои минтақаи Шарқи Миёна ва Наздикро мавриди таҳқиқ ва омӯзиш қарор медиҳад.

   Лоиҳаҳои шуъба: “Ҷунбишҳои сиёсӣ, идеологию мазҳабӣ ва низоҳои минтақавии Шарқи муосир: ҳадафҳо, тамоюлот ва пайомадҳо”. Дар чаҳорчӯби ин лоиҳа масъалаҳои умдаи ҷунбишҳои сиёсӣ, мазҳабӣ ва нақши онҳо дар авҷгирии низоъҳои минтақавӣ, омилҳои ташаккули ҷунбишҳои динӣ, омилҳои этникӣ ва мазҳабӣ дар низоҳои минтақавӣ ва вижагиҳои муносибатҳои таърихӣ ва руҳиву равонии кишварҳои Шарқи наздик ва Миёна таҳқиқ мешаванд.

Телефон: +992 000 00 00 00

Email: email@gmail.com


Расм
ШУЪБАИ ШТАТҲОИ МУТАҲИДАИ АМЕРИКА ВА КАНАДА

Cохтори шуъба. Шуъбаи Штатҳои Мутаҳидаи Америка ва Канада бо қарори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон №148 аз 4 декабри соли 2023 таъсис ёфтааст. Дар бораи тағйироти сохтори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ аз санаи 02.01.2024 шуъбаи Аврупо ва Амрико ба 2 шуъба ҷудо намуданд. Шуъбаи ШМА ва Канада аз 02.01.2024 дар сохтори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ фаъолияти худро оғоз намуд. Шуъба дар доираи лоиҳаи илмӣ-таҳқиқотӣ, ки барои панҷ сол (2024-2028) бо мавзӯи «Мақом ва нақши ШМА ва Канада дар муносибатҳои байналмилалии замони муосир» таъсис гардида, фаъолияти хешро дар самти омӯзиш ва таҳқиқи омилҳои иҷтимоӣ, иқтисодию сиёсии муваффақиятҳои рушди устувори ШМА ва Канада, мушкилиҳо ва дурнамои мақому нақши онҳо дар даҳаи сеюми асри XXI ба хотири истифодаи дурусти онҳо дар шароити Тоҷикистон ҳамчун омили рушди устувор ва амнияти миллии кишвар амалӣ менамояд. Дар шуъба 4 нафар кормандони илмӣ бо кори илмӣ-таҳқиқотӣ, тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳаҳои сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои баналмилалӣ ва нашри маҳсули илмӣ машғул мебошанд.

Ҳайати кормандони Шуъба:

  • Мудир – Дороншоева Некбахт Шоқосумовна, номзади илмҳои сиёсӣ.
  • Сарходими илмӣ – Каримов Шамсиддин Турсунматович, доктори илмҳои сиёсӣ.
  • Ходими пешбари илмӣ – Юсуфҷонов Фаридун Муҳаммадиевич, номзади илмҳои сиёсӣ.
  • Ходими хурди илмӣ – Саъдуллоев Озод Фарҳодович

Ҳадафи фаъолияти шуъба: Таҳқиқи масъалаҳои байналмиллалии сиёсӣ; таҳия ва нашри мақолаҳои илмӣ, монографияҳо ва дигар нашрияҳои илмӣ; кор бо аспирантон, унвонҷӯён, магистрантон, докторантон ва докторантони PhD.

Самтҳои афзалиятноки пажӯҳиш дар шуъба:

  • Таҳия ва танзими асосҳои назариявию методологӣ ва амалӣ ҷиҳати омӯзиши вазъи кунунӣ, мушкилот ва дурнамои инкишофи муносибатҳои дуҷонибаи ШМА ва Канада бо Тоҷикистон.
  • Омӯзиш ва таҳқиқи омилҳои иҷтимоӣ, иқтисодию сиёсии муваффақиятҳои рушди устувори ШМА ва Канада, мушкилиҳо ва дурнамои мақому нақши онҳо дар даҳаи сеюми асри XXI ба хотири истифодаи дурусти онҳо дар шароити Тоҷикистон ҳамчун омили рушди устувор ва амнияти миллии кишвар.
  • Омӯзиш ва тадқиқи таҷриба ва дастовардҳои ШМА ва Канада дар бобати истифодаи дуруст ва пурсамар аз нерӯи нарм ва дипломатияи мардумӣ дар доираи муносибатҳои байналмилалӣ баҳри мусоидат кардан ба равандҳои созандаи Тоҷикистон, таъмини рушди устувор ва амнияти миллии кишвар.
  • Тадқиқи нақши ШМА ва Канада дар таъйини тамоюл ва равандҳои низоми муносибатҳои байналмилалии замони муосир ва таъсири онҳо ҳамчун ангезандаи беруна ба раванди давлатдории миллии Тоҷикистон, таъмини рушди устувор ва амнияти миллии кишвар дар даврони истиқлолияти давлатӣ.
  • Тадқиқи масъалаҳои марбут ба сиёсати давлатии ШМА ва Канада дар бобати муҳоҷират, мушкилиҳо ва дурнамои он. Таҳия ва омода сохтани пешниҳодҳо ҷиҳати истифода дар барномасозиҳои стратегӣ, консепсияҳои миллӣ ва таъйини самтҳои афзалиятноки Тоҷикистон баҳри ташаккул ва таҳкими бештари давлатдории миллӣ ва таъмини амниятӣ дар кишвар.

Дастовардҳои Шуъба дар ду моҳи аввал:

Дар шуъба 4 семенари илмӣ-амалӣ гузаронида шудааст. Аз ҷониби кормандони шуъба дар тӯли ин муддат 3 монография ва зиёда аз 10 мақолаҳои илмиву оммавӣ ба табъ расидаанд.

Почтаи электронӣ: dusacanada@gmail.com

 

Ҳайати кормандони Шуъба:

Мудири шуъбаи Штатҳои Мутаҳидаи Америка ва Канада

Ному насаб: Дороншоева Некбахт Шоқосумовна

Вазифа: Мудири шуъбаи Штатҳои Мутаҳидаи Америка ва Канада

Таҳсилот: Соли 2006 факултаи фалсафаи Донишгоҳи Давлатии Миллии Тоҷикистонро хатм карда, солҳои 2007-2010 таҳсилоти аспирантураро дар Институти фалсафаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба итмом расонидааст. Солҳои 2014-2015 дар факултети сиёсатшиносӣ ва журналистикаи Донишгоҳи ба номи Адам Мицкевича дар ш. Познанӣ Лаҳистон таҳсил кардааст. Соли 2020 рисолаи илмиашро барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои сиёсӣ дар мавзӯи «Основные направления и перспективы развития взаимоотношений Таджикистана и США» аз рӯи ихтисоси «23.00.04 – масоили сиёсии муносибатҳои байналмиллалӣ, рушди глобалӣ ва минтақавӣ» ҳимоя кардааст.

Дастовардҳои муҳими илмӣ ва касбӣ: Муаллифи як қатор мақолаҳои илмӣ доир ба муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ИМА, муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷумла Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон, масъалаи об, терроризм ва ғайра мебошад.

Сарходими илмии шуъбаи Штатҳои Мутаҳидаи Америка ва Канада

Ному насаб: Каримов Шамсиддин Турсунматович

Вазифа: Сарходими илмии шуъбаи Штатҳои Мутаҳидаи Америка ва Канада

Дараҷа ва унвони илмӣ: Доктори илмҳои сиёсӣ

Таҳсилот: Соли 1983 факултаи забонҳои Шарқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм карда, солҳои 1983-1987 дар Донишгоҳи Кобул кор кардааст. Соли 1992 рисолаи илмиашро барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филология дар мавзӯи «Семантикаи ғазалиёти Ҳофиз» ҳимоя кардааст. Соли 2003 факултаи ҳукуқшиносии Донишгоҳи миллиро хатм ва дар соли 2016 рисолаи илмиашро таҳти унвони «Нақши созмонҳои ғайридавлатӣ дар ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон» барои дарёфти унвони илмии доктори илми сиёсатшиносӣ бомуваффақият дифоъ намудааст. Солҳои 1994 – 2006 дар созмони амрикоии Академияи инкишофи маориф (AED) ба сифати роҳбари ҳамин ташкилот кор кардааст. Шамсиддин Каримов ҳамчун муҳаққиқ ва ходими ҷамъиятӣ дар кишварҳои зиёди Аврупо, Амрико, Осиёи Миёна, Россия, Ҳиндустон, Ҷопон, Малайзия, Туркия, Афғонистон ва ғайра гузоришҳои илмӣ ва суханрониҳо кардааст.

Дастовардҳои муҳими илмӣ ва касбӣ: Муаллифи зиёда аз 50 монография, брошюра ва мақолаҳои илмӣ доир ба масъалаҳои моҳият ва ташаккули сиёсати хориҷии давлат, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ғ. мебошад. Ду барномаи таълимӣ «Гражданское общество и СМИ», «Граждановедение» ва як дастури таълимӣ – «Пунктуация в таджикском языке» барои донишҷӯён ва омӯзгорони мактабҳои Олӣ. Китоби дигар «СҒД ҳамчун ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон» ва ғ.

Ходими пешбари илмии шуъбаи Штатҳои Мутаҳидаи Америка ва Канада

Ному насаб: Юсуфҷонов Фаридун Муҳаммадиевич

Вазифа: Ходими пешбари илмии шуъбаи Штатҳои Мутаҳидаи Америка ва Канада

Дараҷа ва унвони илмӣ: Номзади илмҳои сиёсӣ

Таҳсилот: Соли 1998 факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро хатм карда, солҳои 2007-2010 дар шуъбаи аспирантураи Донишгоҳи Калифорнияи шаҳри Беркли таҳсил кардааст. Соли 2018 рисолаи илмиашро барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои сиёсӣ дар мавзӯи «Место и роль Таджикистана в системе современных международных отношений» аз рӯи ихтисоси «23.00.04 – масоили сиёсии муносибатҳои байналмиллалӣ, рушди глобалӣ ва минтақавӣ» ҳимоя кардааст.

Дастовардҳои муҳими илмӣ ва касбӣ: Муаллифи як қатор мақолаҳои илмӣ доир ба масъалаҳои моҳият ва ташаккули сиёсати хориҷии давлат, равандҳои ҳамгироӣ, таҳдид ва чолишҳои байналмилалӣ мебошад. Монографияи «Таджикистан в системе международных отношений»-ро соли 2020 ба табъ расондааст.

Ходими хурди илмии шуъбаи Штатҳои Мутаҳидаи Америка ва Канада

Ному насаб: Саъдуллоев Озод Фарҳодович

Вазифа: Ходими хурди илмии шуъбаи Штатҳои Мутаҳидаи Америка ва Канада

Таҳсилот: Солҳои 2005-2007 ва 2011-2013 таҳсил дар кафедраи иқтисодиёти ҷаҳони Донишгоҳи Технологии Тоҷикистон. Солҳои 2007-2010 таҳсил дар факултаи муносибалҳои байналмиллии Донишгоҳи Давлатии штати Небраскаи ШМА. Солҳои 2021-2023 таҳсил ва хатми магистратура дар Институти Омӯзиши Масъалаҳои Давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ихтисоси Муносибатҳои байналмилалӣ.

Дастовардҳои муҳими илмӣ ва касбӣ:  Тарҷумаи китобҳо ва мақолаҳо аз забони англисӣ ба тоҷикӣ ва муаллифи мақолаҳои илмӣ.