Аҳамияти омӯзиши таҷрибаи иқтисодии кишварҳои муваффақ барои кишварҳои рӯ ба рушд

Муаллиф: Меҳр Собириён

Имрӯз муносибатҳои мутақобилаи фарҳангӣ, тиҷоратӣ ва амниятӣ миёни кишварҳои гуногуни ҷаҳон ба роҳ монда шудааст ва ин омӯзишҳо роҳҳои мувофиқро барои такомул додани муносибат дар байни давлатҳо ва миллатҳои гуногун фароҳам меоварад. Кишварҳои қавӣ ва тараққикарда кишварҳои дигарро барои бозорёбӣ, дастрасӣ ба захираҳои табиии онҳо ва барои рушди туризм меомӯзанд. Кишварҳои рӯ ба инкишоф, дар баробари ин масъалаҳо, моделҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии кишварҳои пешрафтаро меомӯзанд, то аз таҷрибаи онҳо истифода карда, давлату миллати худро ба роҳи рушду шукуфоии устувор дароваранд. Дар мақолаи мазкур аҳамияти омӯзиши таҷрибаи кишварҳои пешрафта мавриди омӯзиш қарор гирифтааст.

БОЗГАШТ