Муаллиф: Ҷаҳонгир Нарзиев
Дар мақола муаллифон раванди ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Японияро мавриди таҳлил қарор доданд. Дар он нишондиҳандаҳои гардиши тиҷоратии кишварҳо муайян карда, динамикаи ҳамкориҳои тиҷоратии Тоҷикистону Японияро муаяйн намудаанд. Дар рушди ҳамкориҳои иқтисодиёт саҳми роҳбарояти кишварҳо назаррас мебошад. Япония кишваре мебошад, ки ба қатори кишварҳои абарқудрат шомил буда, бо техникаю технологияи нав ба нави худ дар дунё машҳур гардидааст. Нигоҳи Япония ба Осиёи Марказӣ назаррас буда, бо кишварҳои минтақа робитаҳои гуногунсамтаи худро бевосита дар амал татбиқ намуда истодааст. Тоҷикистон бо Япония дар ҳамаи соҳаҳо ҳамкориҳои дуҷонибаро ба роҳ монда ва бо ин восита тавонист ба рушди пайвастаи иқтисодиёти кишвар саҳми бепоёни худро гузоштааст.