Муаллиф: Соҳиби Баҳруло
Барқароршавӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои Тоҷикистон бо кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ яке аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Махсусан, ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Индонезия дар ин раванд аз дастовардҳои муҳимми дипломатияи тоҷик аст. Вобаста ба ин, дар мақолаи мазкур муаллиф раванди ҳамкориҳои дуҷонибаро таҳқиқ намуда, проблемаҳо ва дастовардҳои муносибатҳои дипломатии дуҷонибаро нишон додааст. Ҳамкориҳои дуҷониба, –қайд намудааст муаллиф, – дар самтҳои гуногун тайи 26 соли муносибатҳои дипломатӣ рушд намудаанд. Муаллиф қайд менамояд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Индонизия дар самтҳои рушди тиҷорат, тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва омўзиши имкониятҳои ҷалби сармоя ба он, ҳамчунин, таҳкими робитаҳои гуманитариву фарҳангӣ фаъолияти хешро пурзўр менамоянд.