Муаллиф: Давлиёрова Сафаргул
Мақола ба таҳқиқ ва омӯзиши дунявият ҳамчун модели муваффақи давлатдорӣ бахшида шудааст. Қайд гардидааст, ки дунявият низомест, ки дар он фаъолиятҳои сиёсӣ ва динӣ аз ҳам ҷудо амал мекунанд. Яъне ниҳодҳои сиёсию динӣ аз ҳам ҷудо амал мекунанд. Дар ин низом қонунгузорӣ дар чорчӯбаи зарурриятҳои иҷтимоӣ ба роҳ монда шуда, асли ҷудоии ҳукумату дин дар қонуни асосии бисёре аз кишварҳои демократӣ сабт гардидааст. Нақши низоми дунявӣ ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҷомеа дар ҷаҳони имрӯз нишон дода шудааст. Дигар ин ки, дунявият ҳамчун нерӯи ақлу хирад, дониш ва дастовардҳои илмӣ дониста шудааст. Тибқи он бояд ҳар мушкили сиёсию иҷтимоӣ дар доираи илмӣ муайян ва мавриди баррасӣ қарор бигирад.