ИБНИ ҚУТАЙБАИ ДИНАВАРӢ-МАШҲУРТАРИН МУХОЛИФИ ШУУБИЯ

Муаллиф: Беков Комилҷон

Мақолаи мазкур бо номи “Ибни Қутайбаи Динаварӣ‐машҳуртарин мухолифи шуубия” ба масъалаҳои сиёсӣ ва фарҳангии асрҳои миёна бахшида шудааст. Мухолифати қавму миллатҳо дар таърих яке аз мавзуъҳои ҳассос ва доманадор аст. Донишмандони соҳаҳои мухталиф низ дар нисбат ба андешаву ақидаҳои ҳамкасбон ва ё мухолифони худ бетараф набудаанд. Дар ин мақола ба таври мушаххас назари яке аз муҳаққиқони соҳаи адабу фарҳанги асримиёнагии исломӣ Ибни Қутайбаи Динаварӣ доир ба ҳаракати муқовиматии шуубия мавриди таҳлил қарор гирифтааст. Муаллиф дар асоси сарчашмаҳои муътамади таърихӣ бо забонҳои тоҷикӣ, форсӣ ва арабӣ андешаҳои Ибни Қутайбаро баён намуда, таъкид менамояд, ки Ибни Қутайба ҳарчанд эронӣ ва аз шаҳри Динавари назди Ҳамадони Эрон аст, бо сабабҳои объективӣ ва субъективӣ ба муқобили миллат ва фарҳанги эронии худ баромада, аз дину фарҳанги араб ва ислом пуштибонӣ намудааст.

БОЗГАШТ