Индикаторҳои муҳити сармоягузорӣ ва ҷойгоҳи кишварҳои Осиёи Шарқӣ дар онҳо

Муаллиф: Меҳр Собириён

Кишварҳои муваффақи Осиёи Шарқӣ тавонистаанд ба рушди иқтисодии босуръат даст ёфта, ба гурӯҳи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ворид гарданд. Омӯзиши таҷрибаи онҳо ва муҳити сармоягузорие, ки сохтанд, барои ҳар кишвари рӯ ба рушд манфиатовар мебошад. Дар ин мақола маълумот доир ба интикаторҳои асосии муҳити сармоягузорӣ оварда шуда, ҷойгоҳи кишварҳои Осиёи Шарқӣ ва Тоҷикистон дар онҳо муайян карда шудааст. Муаллиф хулоса мекунад, ки барои такрори муваффақияти ин кишварҳо дар баробари боло бурдани имтиёзҳои худ дар ҳар як нишондиҳандаи истифодашуда дар индикаторҳои муҳити сармоягузорӣ, дар амал дуруст татбиқ кардани қонуну қоидаҳо шарт ва зарур мебошад. Яъне як кишвар метавонад ба қонуну қоидаҳои худ ислоҳоти дуруст ворид карда, дар индикаторҳои мазкур ҷойгоҳи худро боло барад, вале дар амал татбиқи дуруст накардани онҳо расидан ба ҳадафро номумкин мегардонад.

БОЗГАШТ