ҲИНДУҲО ДАР ОСОРИ САДРИДДИН АЙНӢ

Муаллиф: Мардонӣ Тоҷиддин

Яке аз нависандагони маъруфи тоҷик, ки дар осори ӯ перомуни миллатҳои гуногуни сокини Осиёи Миёна маълумоти ҷолиб ироа шудааст, ин сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ мебошад. Айнӣ инсонест, ки аз мактаби бузурги зиндагӣ гузашта, донишҳои анъанавии ниёгонро омӯхта, дорои ҷаҳонбинии васеъ, дониши амиқ гашта, ва борикбину нуктасанҷ мебошад. Ӯ дар баробари тасвири ҳаёти ҳамватанони хеш–тоҷикон,–тавонистааст, ки аз ҳаёту рӯзгори дигар қавмиятҳои сокини Бухоро маълумот диҳад, ки чи тавр онҳо дар фазои иқтисодӣ–иҷтимоӣ ва сиёсии аморати Бухоро дар асри XIX ва аввали асри XX умр ба сар мебурданд. Садриддин Айнӣ дар осори худ бо як диди ҷолиб пайваста аз қавмиятҳои русу ӯзбек, яҳудию араб, ҳиндуҳо ва амсоли онҳо сухан гуфтааст.

БОЗГАШТ