ОМИЛҲОИ АҚИБМОНИИ МАОРИФИ АФҒОНИСТОН БАЪД АЗ СУҚУТИ ҲАРАКАТИ «ТОЛИБОН»

Муаллиф: Қудратов Комрон

Дар ин мақола вазъи маориф дар Афғонистон пас аз суқути ҷунбиши Толибон ва оғози амалиёти низомии Нерӯҳои Байналмилалии Кӯмак ба Амният (ISAF) баррасӣ ва таҳлил шудааст. Тавре таҳлилгарон ва коршиносони масоили сиёсӣ ва фарҳангии ҷаҳон дар мавриди баҳси Афғонистон ва маорифи он назарпардозӣ намудаанд, ки решаҳои ақибмондагии маорифи Афғонистон ба бӯҳрони сиёсиву иҷтимоии чаҳор даҳсолаи ахир иртибот дошта, ин раванд ба таълиму тарбия таъсири манфӣ гузошта, барои шаҳрвандони мамлакат ҳазорҳо душвориҳоро ба миён овардааст. Муаллиф низ мушкилтарин чиз дар соҳаи маорифи Афғонистонро дар набуди амният, иқтисоди ақибмонда, набуди иттиҳоду ҳамбастагӣ, баробарӣ ва бародарӣ мебинад. Афғонистон пас аз конфронси Бонн, бахусус дар бахши маориф, аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои Амрикову Аврупо, Осиё ва ҳатто Австралия, ки ҳазорон миллион доллар кӯмакҳои байнулмилалӣ мекунанд, дуруст идора нагардидааст ва аз ин рӯ, барномаҳои имдодии байнулмилалӣ ба таври бояду шояд амалӣ нашудаанд. Дар мақолаи мазкур диққати асосӣ ба кӯмакҳои байналмилалӣ ба Афғонистон дар соҳои маориф равона карда мешавад ва ҳаминро бояд қад кард, ки ниҳодҳои кӯмаккунандаи байналмилалӣ дар Афғонистон кӯмакҳои зиёдеро ба мардуми Афғонистон кардаанд, аммо ҳеҷ вақт бозрасӣ ва ҳисобдиҳии шаффоф аз ин кӯмакҳо сурат нагирифтааст.

БОЗГАШТ