ОМИЛҲОИ ДУБОРА БА ҚУДРАТ РАСИДАНИ «ТОЛИБОН»

Муаллиф: Қудратов Комрон

Дар мақолаи мазкур сабабҳои суқути режим дар Афғонистон дар натиҷаи буҳроне, ки дар ин кишвар бар асари шикасти сиёсати пешгирифтаи ҳукумати Амрико ва ҳокимони маҳаллии афғон дар бист соли охир ва дубора ба қудрат расидани ҳаракати «Толибон» мавриди таҳқиқот қарор гирифтааст. Стратегияи ИМА дар Афғонистон аз ибтидо дар пояҳои ноустувор сохта шуда буд - ба ҷои таъмини дастаҷамъии намояндагони тамоми халқҳои кишвар дар қудрат ва иқтисодиёти кишвар ва манфиатҳои миллии он ИМА танҳо ба як гурӯҳ - паштунҳо такя мекард. Инчунин, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико манфиатҳои Толибонро қонеъ карда, дар чаҳорчубаи созишномаҳои махфӣ дастгирӣ меёфтанд. Дар дубора ба қудрат омадани «Толибон» инчунин тафриқаи дохилӣ, фурупошии сохтори ҳокимияти давлатӣ ва баргузории интихоботҳои президентии тақаллубӣ нақши муҳим бозидаанд. Дар натиҷа, дар солҳои ахир дар ин кишвар дар робита ба ҳукумати Афғонистон «буҳрони эътимод» авҷ гирифт ва «Толибон» дар ҷомеа маҳбубияти бештар пайдо карданд. Маҳз ҳамин буҳрони эътимод ба Толибон имкон дод, ки дар як муддати кутоҳ ба чунин муваффақиятҳои назарраси низомӣ ноил шаванд ва воқеан ба сари қудрат расидани онҳоро дар Афғонистон таъмин кунанд. Бо таваҷҷуҳ ба ин, кушиш ба харҷ дода шудааст, ки дар мақолаи мазкур сабабҳо ва омилҳои дубора ба қудрат расидани ҳаракати «Толибон» мушаххас ва баррасӣ карда шаванд.

БОЗГАШТ