Муаллиф: Қудратов Комрон
Минтақаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ яке аз минтақаҳои рушдкардаи ҷаҳон ба шумор меравад. Осиёи Ҷанубу Шарқӣ аз нигоҳи афзоиши иқтисодӣ ба яке аз марказҳои пешрафта мубаддал гардидааст ва ин кишварҳо тавонистаанд дар баробари комёбиҳои иқтисодӣ, ҳамчунин ба дастовардҳои бузурги илмиву технологӣ ноил гарданд. Дар мақола омилҳои асосии рушди ин минтақа - демографӣ, илмӣ-фановарӣ, ҷугрофӣ-ҳудудӣ ва сиёсӣ таҳқиқ карда шудаанд. Дар мақолаи мазкур муаллифон вазъи демографӣ, илмӣ—фановарӣ, ҷуғрофӣ- ҳудудӣ ва сиёсии кишварҳои минтақаро баррасӣ намуда, муайян намудаанд, ки ин нишондодҳо боиси рушди босуръати минтақа гардидаанд ва дар як муддати кӯтоҳ кишварҳои минтақа аз кишварҳои дар ҳоли рушд ба кишварҳои пешрафта табдил гаштаанд. Аз ин лиҳоз, омӯзиши омилҳои асосии рушд ва таҷрибаи гузарондаи давлатҳои минтақаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, барои давлатҳои дар ҳоли рушд қарор дошта бисёр ҳам муҳим аст ва бо назардошти ин таҳқиқоти мазкур саривақтӣ ва зарур дониста мешавад.