Муаллиф: Давлатова Фарида
Дар IX-XI асрҳои дар баробари таъсиси давлатҳои миллӣ тамоюлҳои феодалӣ тақвият ёфта, равобитӣ иқтисодӣ-тиҷоратӣ ба роҳ монда шуданд. Хусусан дар давраи Сомониён на танҳо тиҷорати дохилӣ, балки байналмилалӣ рушд намуд. Иштироки фаъоли ин минтақа дар тиҷорати байналмилалӣ асосан бо он вобаста буд, ки роҳи Бузурги Абрешим, ки Шарқро бо Ғарб мепайваст, аз қаламрави он мегузашт. Дар мавриди вазъият, дараҷаи равнақу ривоҷ ва баъзе хусусиятҳои савдои дохилии онвақта сиккаҳои он давраҳо, хоҷагии мукаммали пулӣ ва хусусияти аниқу дақиқи таърихии муомилоти пулӣ дарки пурарзиш медиҳад. Дар асрҳои ІХ-Х дар давлати Тоҳириён ва Сомониён намудҳои гуногуни дирамҳо сикка зада мешуд ва хар як дирам номи махсус ва кадри махсус дошт. Аз асри ІХ, алалхусус, аз асри Х сар карда, сиккаи мунтазами дирамҳои умумидавлатии нуқра оғоз ёфт. Дар ин дирамҳо ягон расме нест, фақат хатти арабии куфӣ ҳаст. Дар асри Х ин тангаҳоро аз номи Исмоили Сомонӣ тангаҳои «исмоилӣ» меномиданд. Тангаҳои «исмоилӣ» дар худи Осиёи Миёна кам ёфт шудаанд, ҳол он ки дар Аврупои Шарқӣ ва дар нохияҳон Назди Балтика садҳо ганҷинаҳои пули ин гуна дирамҳо ба даст омаданд. Дар мақолаи мазкур доир ба шаклҳои заминдорӣ, навъҳои сиккаҳо ва тиҷорати байналмиллаии давлати Сомониён бо Хилофати Бағдод пурра баррасӣ шудааст.