Муаллиф: Соҳиби Баҳруло
Давлати муваффақ ва таҷрибадор на танҳо дар минтақаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, балки дар ҷаҳон доир ба муқовимат бо коррупсия Ҷумҳурии Сингапур мебошад, ки аз ҷиҳати пешрафти иқтисодиёт дар радифи давлатҳои мутараққӣ қарор дорад. Дар мақолаи мазкур муаллиф стратегияи муқовимат бо коррупсияи Сингапурро бо далелҳои илмӣ таҳқиқ намудааст. Дар он роҳҳои муҳимми стратегияи муқовимати Сингапур, ки ба воситаи он ба яке аз давлатҳои рушдёфтаи ҷаҳон мубаддал гардидааст, ба таври возеҳу равшан мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Муаллиф стратегияи мазкурро ба таври амиқ омӯзиш ва таҳлил намуда, таҷрибаи самарабахш ва амалии онро барои Тоҷикистон пешниҳод кардааст.