Муаллиф: Давлиёрова Сафаргул
Дар мақола оид ба аз овони наврасӣ дар ҷавонон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, ҳимояи манфиатҳои Ватан, хизмати содиқонаю фидокорона ба халқу ватан аз вазифаҳои муҳимтарин дар низоми таълиму тарбия ва ҷомеаи шаҳрвандии кишвар сухан меравад. Инчунин дар замири ҷавонон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ ва ташаккулу рушди худшиносии миллӣ метавонад бар зидди таҳдидҳои замони муосир ҳамчун қувваи бузурги ҳимояи ватану таърихи он ва рӯҳияи шикастнопазири миллат хизмат намояд. Аммо аз ҷониби ҷавонон пайваста дарк карда натавонистани хавфу хатари терроризм дар ҷаҳони мутамаддин ба раванди таълиму тарбия, сатҳи фарҳанг, эҳтирому садоқат таъсири манфӣ мерасонад.