Муаллиф: Дороншоева Некбахт
Об ва захираҳои обӣ дар ҳар як давлат, аз ҷумла Тоҷикистони соҳибистиқлол, яке аз омилҳои асосии рушду такомули ҳаёти иқтисодиву тиҷоратӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ маҳсуб меёбанд. Бесабаб нест, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пиромуни мавқеъ ва аҳамияти беқиёси оби ошомиданӣ ҷиддан таъкид намудааст: «Ҳамагон бояд бидонанд, ки арзиши об баҳри рушди ояндаи устувори мамлакат ва минтақа аз нафт, газ, ангишт ва сарватҳои дигари табиӣ камтар нест». Ин суханони пурмӯҳтавои сарвари сиёсии Тоҷикистон аз минбари баланди СММ ҳанӯз даҳ сол қабл садо дода буд.