Муаллиф: Нарзиева Дурахшон
Ҷумҳурии Мардумии Чин аз аввалин кишварҳоест, ки соҳибистиқлолӣ ва мустақилияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро эътироф намуд. Муносибат бо Чин дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон яке аз мавқеъҳои марказиро ишғол намудааст. Ҷумҳурии Мардумии Чин бо Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд ҶТ) 4 – уми январи соли 1992 робитаҳои мустаҳками дипломатӣ барқарор намуда, пас аз як моҳ 12 – уми марти ҳамон сол Кордори муваққатии ин кишвар дар Душанбе ба фаъолияти худ оғоз намуд.