Муаллиф: Дороншоева Некбахт
Дар ҷомеаи имрӯза яке аз масъалаи ҷаҳоние, ки онро олимон ва таҳқиқотчиён “вабои асри XXI” меноманд, ин паҳншавии радикализми сиёсӣ, экстремизми динӣ ва терроризми байналмилалї мебошанд, ки онҳо хусусияти глобалӣ дошта, тамоми кишварҳо ва минтақаҳои оламро фаро мегиранд. Маълум аст, ки дар айни ҳол, ягон кишвари дунё наметавонад дар танҳоӣ бо амалҳои номатлуби радикализми сиёсӣ, экстремизми динӣ, терроризми байналмилалӣ ва дигар таҳдиду хатарҳои замони муосир мубориза бурда, муваффақ гардад.